Санъати суннатии фалаксароӣ яке аз бахшҳои баргузидаи фарҳанги миллати мост, ки аз замонҳои хеле дур ба мо мерос мондааст. Ин арзишҳои фарҳангӣ, ғолибан бозгӯкунандаи пиндору гуфтору рафтори нек ҳастанд, ки дар гузашта аҷдодони мо офаридаву ҳифз кардаанд. Фалаксароёни ҳақиқӣ дар баробари ҳунари воло ва овози марғуладору лаҳни булбулсон доштан, боз аз асрори фалаки даввор ва неку бади он воқиф буданд. Фалак сароидан, маънии розу ниёз гуфтан бо Кирдигор. Ва дигар хусусияти санъати фалак ин аст, ки шикоятҳо аз асрору муаммоҳои дунёи дун мекунад ва ҳам даст ба гиребон бо қисмату қазову қадари рӯзгор мебарад, ки ин вижагиҳои санъати фалак таваҷҷуҳи мардумро ба худ мекашад ва мардум низ таскини дили худро аз он дарёфтаанд, ки аксар аз ин санъат бархӯрдоранд. Як асрори дигари санъати фалак ва дар байни мардуми мо паҳн гардиданаш дар он аст, ки сарзаминҳои мо барои хониши фалак мувофиқ ва созгор ҳастанд, зеро дар байни куҳҳо ва дараҳо садо хеле баланд мешавад ва акси садо медиҳанд, ки он акси садои мегуфтаи пешиниёнро дар замони мо «эхо» ном мебаранд. Ва дигар асрораш ин аст, ки дар баландиҳо садо сардиҳӣ ва акси садои худро бишнавӣ, инсонро ба дунёи хаёлот ва руъё мебарад, ки ин лаззат ва кайфияти хосе дорад.
Гулчеҳра Содиқова яке аз фалаксароёни номвари тоҷик ва таълимдидаи мактаби эҷодии ҳунарманди нотакрор Одина Ҳошим аст, ки дар байни мардуми натанҳо ҷумҳурӣ, балки берун аз марзҳо низ шуҳратёру шинохта гардидааст. Гулчеҳра Содиқова сарояндаи сирф мардумист, аз ин лиҳоз, ки тамоми паҳлуҳои ҳунараш, рафтору гуфтораш, этикаву эстетикаи ҳунарвариаш аз оғози фаъолият то ин ҷониб аз ҷавҳари фарҳангӣ моддиву маънавии мардум файзбор гаштааст ва онро дар пироҳани бағоят баланди санъати ҳунари суннатӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Умри азизи хешро фидои санъату ҳунар намуда, дар дунёи пурпечу тоби ҳунарварӣ бо комёбӣ ва сарфарозӣ мавқеъ ва мартабаи хешро дарёфтааст, ки дар воқеъ давомдиҳандаи мактаби бузурги устодаш-Одина Ҳошим мебошад. Вақте мавсуф ба саҳнаи ҳунар мебарояд, бешак, дар шахсияти ӯ санъати волои гузаштагон ҳувайдо мегардад ва ин хусусияти хос ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳаводорони санъати суннатиро хаёлан ба гузаштаҳои дури таърихи аҷдодамон бибарад ва асолату ҷавҳари мусиқии суннатии фалакро дар зеҳну тафаккури эшон бозгӯ намояд. Ин гуна истеъдодро на ҳар ҳунарманд дорад, вале Гулчеҳра чи тавре, ки аз номаш бармеояд, чеҳраи санъати асилро ба шунавандагону бинандагон боз мекунад ва ба ин васила мухлисонашро дар дунёи андешаву афкор, муаммову асрор ғутавар мегардонад.
Хонанда шояд, дар банди он бошад, ки ҳофизаи ғамгудоз аз хурди ин пешаро касб кардааст ё… бале, фалаксароиро сароянда Гулчеҳра дар айёми кӯдакиаш сар кардааст. Ва шояд устоди нахустанаш ҳамон куҳҳову пуштаҳову дарёҳо бошанд, ки ӯ вақте садо сар медод онҳо акси садо мекарданд ва эҳтимол «ҳамовоз» мешуданд, Гулчеҳра бароварду фаровард ва ҷӯру ноҷӯрии садояшро аз акси садоҳои «ҳамовозӣ» дуруст мекард ва ҳамон тур садояшро «Эй фалак дод аз ҷафоят..» гӯён ба сӯи фалак тез мекард. Гулчеҳра худ ёде аз кӯдакии хеш карда, изҳор медорад, ки «ҳанӯз ҳангоми дар синфи дуюм хонданам, миёни мардум бо унвони «Гулчеҳраи фалакхон» ном бароварда будам ва дар ҷашнҳои арӯсӣ барои ҳамдиёрони худ таронаҳои дилфиребу дилангез месурудам. Наметавонистам сухани касеро рад намоям, зеро мардум ба ин чиз одат карда буданд. Баъд аз чанд маъракае, мардуми деҳа дигар ба сӯроғи ҳунармандони бегона намерафтанд». Ва дар ҳамон айём Гулчеҳараи хурдакак, вале боистеъдод дар озмуни фалаксароён иштирок карда, ҷои аввалро сазовор мегардад ва чи тавре, ки Гулчеҳра худ баён мекунад: «ҳанӯз ҳангоми дар синфи шашум хонданам, дар озмуни «Фалаксароён» иштирок карда, сазовори ҷои аввал гардидам. Баъд аз як моҳ маро ба Сталинобод (Душанбе) даъват карданд ва дар ин озмун низ ҷои аввалро соҳиб шудам. Акнун мебоист, озими Маскав мешудам. Вале модарам барои рафтанам ба Маскав розӣ нашуд. Падару модарам дар колхоз кор мекарданд ва ман низ узви хоҷагӣ будаму масъулиятам сари баландие нишаста, фалак хондан буд». Бале, меҳр ва муҳаббати ҳар як касбу кор дар вуҷуди инсон дар тифлиаш ҷӯш мезанад ва оҳиста-оҳиста он рушду нумуъ мекунад…
Қисмат ба Гулчеҳра Содиқова хеле саодатмандӣ ва рӯзгори хуш дар баробари атои ҳунари воло додааст, ки ӯ фарзандони ба гунаи худ ҳунарманд ва дӯстдори шеъру наво ба дунё овард, ҳама имрӯз ҳунармандони касбианд. Албатта, барои тарбияи эшон, нақши Гулчеҳра бузургу бемисл аст. Фарзандони Гулчеҳра зери навои мусиқӣ ва суруд бузург шудаанд ва албатта ин ҳама бетаъсир намемонад ва натиҷааш имрӯз ба мо маълум аст, зеро ҳама аз санъат ва ҳунар бархӯрдор ҳастанд ва ҳам пешбарандаи касби падару модари хеш мебошанд. Гулчеҳра аз фарзандони ҳунармандаш ҳамвора ифтихор доранд, ки тарбият ва заҳматҳои кардааш барабас нарафтаанд. Фарзандонаш имрӯз дар канораш ҳунарнамоӣ мекунанд ва пеш аз ҳама, дар пешрафт ва инкишофи санъати тоҷик саҳми боризи хешро гузошта истодаанд. Фарзандони мавсуф аксарияти асбобҳои миллӣ ва хориҷиро ба дараҷаи касбӣ хуб менавозанд. Магар саодат ва комронӣ аз ин зиёд буда метавонад? Бо фарзандони ҳунармандаш Гулчеҳра як ансамблеро бо номи «Орзу» ташкил дод, ки дар як муддати кӯтоҳ обрӯву нуфузи зиёде касб карда, шуҳрату асолати санъати тоҷикро ба дуриҳои дур бурда тавонист. Ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Содиқова бо ансамбли худ, қариб ба тамоми гӯшаҳои дунё сафари ҳунарӣ анҷом додааст ва дар оянда ҳам хоҳад кард.
Зоҳири САЙФУЛЛО