Таври маълум, имрӯзҳо нуқтаҳои фиттафурӯшии кишвари моро фиттаҳои филмҳои тасвирии хориҷӣ пур кардаанд. Мушоҳида мешавад, ки харидорони ин қабил фиттаҳо кам нестанд. Ба ҳамин хотир, ҳафтаномаи «Фараж» тасмим гирифт, ки мавзуи мазкурро пайгирӣ ва ба соҳибназарон – падару модарон бо чунин суол муроҷиат намояд:
Давлатмурод КАРИМОВ, падар:
— Ин албатта вобаста ба ҳадафи офарандагони филм мебошад. Филм албатта ҳам паҳлуҳои мусбат дорад, ҳам манфӣ. Филмҳое, ки аслан характери манфӣ доранд, албатта онҳо бетаъсир намемонанд, чун кӯдак хурд аст, зеҳнаш тоза аст ва ҳар он чизе, ки мусбат аст ё манфӣ, ба худ мекашад. Масалан, филми тасвирии «Маша и медвед» ҳам паҳлуи мусбат дорад, ҳам манфӣ.
Наҳтӯтӣ АЛИЕВА, модар:
— Аслан, дар Тоҷикистон филмҳои тасвирии тоҷикӣ кам аст. Мо аз кадом филмҳои тасвирӣ ҳарф занем? Ин суолест, ки матраҳ аст. Масъулини соҳаи фарҳанг, масъулини соҳаи филмсозӣ ва дигар ниҳодҳоро водор мекунад, ки чаро имрӯз дар Точикистон филмҳои тасвирӣ кам андар каманд? Чаро имрӯз кӯдакони мо ба филмҳои тасвирии бегонаи хориҷи кишвар рӯ овардаанд? Оё метавон гуфт, он филмҳои тасвирии бегонае, ки масалан дар синамои мо нишон дода мешавад ё дар фиттаҳои мо нишон дода мешавад, дар бозори мо роҳ ёфтаанд, таъсири мусбат расонанд ва онҳо, ки анъанаҳоро дар мафкураи кӯдакон сабт мекунанд, метавонанд дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, шинохти арзишҳои миллӣ, ватандорӣ тарбия намоянд? Ҳамаи инҳо суоланд. Посухи ин суолҳоро бояд аз забони худи масъулини соҳаҳо шунавем. Чаро имрӯз масъулият эҳсос намекунанд? Телевизиони «Баҳористон»-ро гоҳ-гоҳ тамошо мекунам, он чизе, ки ба дарди кӯдаку навраси мо мехӯрад, қариб вуҷуд надорад. Филмҳое ҳастанд, ки аслан тарҷума мешаванд. Чаро масалан давлатҳои дигар ин қадар филмҳои тасвирӣ пешниҳод мекунанд, ҳама анъанаҳои худро пешкаши бинандагон мегардонанд? Ҳамон филмҳои тасвирие, ки онҳо таҳия мекунанд, аз анъанаҳо сарчашма мегиранд. Мо аз худшиносӣ ҳарф мезанем. Оё метавон гуфт, ки ин худшиносӣ аст? Пас, аз кадом филмҳо ҳарф занам? Мо филм надорем. Филми тасвирӣ дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим мебозад. Кӯдак аз филми тасвирӣ бисёр чизҳоро метавонад аз худ кунад. Масалан, рангшинос, сухандон, фарҳангшинос, маънавиётшинос мешавад. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки филмҳои тасвирии бегона ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд. Мо бояд филмҳои ватании худамонро дошта бошем.
Зарина КЕНҶАЕВА, равоншинос:
— Филмҳои тасвирӣ бояд равияи тарбияткунандагӣ дошта бошанд. Хоҳему нахоҳем, зинаи эҳсосоти кӯдакро дар раванди таҳияи филми тасвирӣ бояд ба инобат гиранд. Масалан, инъикоси филмҳои тасвирие, ки бештар ба куштор, ба задан, ба ҷангу хархаша бурда мерасонад, бояд камтар шавад. Айни замон дар тамоми ҷаҳон чунин филмҳо хеле зиёд шудаанд. Лекин филмҳои тасвирие ҳастанд, ки ба шакли ҳайвонча, ба шакли бозича, ба шакли дигар чизҳои ба кӯдак мувофиқ инъикос мегарданд ва шакли афсонавӣ доранду дар охир ҷамъбасти онҳо ба хушбахтӣ меанҷомад. Чунин филмҳо нақши муҳим доранд.
Айни замон, ман аҳамият медиҳам, ки бархе волидайни ҷавон нисбати тарбияи фарзанд беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Миёни ҳамин оилаҳои ҷавон фарзандон низ ҷабрдидагони асосӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо, ки тарбияи куллии оилаташкилкуниро надидаанду нашунидаанд, тани танҳо тарбияи дуруст дода наметавонанд.
Барои тарбияи фарзанд давраҳои ташаккулёбии кӯдак вуҷуд дорад. Дар ҳар давра кӯдакро ба таври дурусту индивидуалӣ бояд тарбия дод. Масалан, баъди давраи тифлӣ давраи бачагӣ аст ва дар ин давра бача кигӯяку чигӯяк мешавад ва ҳар чизеро бинад, суол медиҳад. Аз сабаби худшиносии эгоистӣ волидайн фаромӯш мекунанд, ки бояд бо кӯдак суҳбат намуд. Афсона ана ҳамин нақшро мебозад. Яъне, модар бояд бо ҳиссиёт ба кӯдак пеш аз хоб афсона нақл кунад. Ана ҳамин нақл кардани афсонаи модар ба кӯдак дар оилаҳо вуҷуд надорад. Ин чиз аз миён рафтааст. Барои он, ки бача хоби бофароғат равад, бояд аз модар пеш аз хоб афсонаву ҳикоя шунавад.
Баъзан вақт филмҳои тасвирӣ ҷойгузини афсонаҳои падару модар ҳастанд. Афсонагӯйӣ, ки аз байн бурда шуд, ба ҷойи он айни замон филмҳои тасвирӣ пайдо шуданд. Агар филмҳои тасвирӣ дар кӯдак хусусиятҳои дурбинона, некбинонаро бедор кунанд, албатта манфиати хеле олӣ дорад. Дар тамоми ҷаҳон ба филмҳои тасвирӣ бештар аҳамият медиҳанд. Нисбати филми тасвирӣ бетафовут будан даркор нест. Аммо бояд кӯшиш намоем, ки филмҳои тасвирии хуб бошанд.
Беҳрӯз ШУКРУЛЛОЕВ, падар:
— Филмҳои тасвирӣ ба он нигаронида шудаанд, ки бояд барои тарбияи кӯдак саҳмгузор бошад. Ба андешаи ман, зимни таҳияи филмҳои тасвирие, ки дар давраи шӯравӣ тамошо мекардем, он вақтҳо завқу фаҳмиши кӯдак ба назар гирифта мешуд. Омилҳои таъсиррасонии манфӣ умуман набуданд. Ман ёд надорам, ки дар филмҳои тасвирие, ки дар замонаш тамошо мекардем, дашном бошад, муштзанӣ бошад, амалиётҳое, ки барои кӯдак бисёр баданд, ин гуна саҳнаҳо дар онҷо тарғиб карда шавад. Ин гуна саҳнаҳо набуданд. Ба андешаи ман, филмҳои тасвирӣ бояд намунаи ибрати рафтору гуфтору ҳаракатҳо бошанд. Мо дорем филмҳои тасвирие, ки барои дониши кӯдак нафъ доранд. Аммо, мутаассифона, ҳастанд филмҳои тасвирие, ки ба тарбияи кӯдак зарари манфӣ мерасонанд. Бо тамошои онҳо метавонад завқаш кунд, андешааш манфӣ шавад. Аз ин гуна филмҳои тасвирӣ метавонад зӯроварӣ, ҷангу хархашаро омӯзад. Фикр мекунам, дар шароити имрӯз барои мо бисёр муҳим аст, ки баҳри рушди филмҳои тасвирии миллиамон асос гузорем. Мо афсонаҳои халқии миллие дорем, ки барои кӯдакон тарбияи хуби худшиносиро меомӯзанд. Шояд имрӯз зарурате пайдо шудааст, ки нафарони дар ин замина фаъолиятбаранда дар боби дастовардҳои миллии худ андешанд.
Ман шахсан намегузорам, ки фарзандонам аз ҳад зиёд филми тасвирӣ тамошо кунанд, зеро зарар дорад. Вақти дар кор буданам фарзандонро ба модар вобаста мекунам, ки мабодо филмҳои тасвирии ба тарбияи кӯдак зараровар тамошо накунанд. Танҳо барои тамошои филмҳои тасвирии омӯзишӣ иҷозат медиҳам.
Моҳира САФАРОВА, модар:
— Филмҳои тасвирӣ ба кӯдакон ҳам таъсири мусбат доранд, ҳам манфӣ. Манфиаташ дар он аст, ки тавассути филми тасвирӣ хазинаи луғавии кӯдак бой мегардад, бо муҳити атроф ҳарчи бештар ошноӣ пайдо мекунад ва идеали худро аз филмҳои тасвирӣ пайдо мекунад. Аммо гап сари он аст, ки оё қаҳрамонони имрӯзаи филмҳои тасвирӣ лоиқи тақлид ҳастанд? Мавзуҳое, ки дар филмҳои тасвирӣ баррасӣ мешаванд, ба маънавиёти кӯдакон мусоидат карда метавонанд? Таъсири филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон дар он аст, ки тамошои зиёди он кӯдакро танбал менамояд. Филмҳои тасвирии хориҷӣ барои ба даст овардани маблағ аз баҳри вазифаи асосии худ гузашта истодаанд, яъне аксаран бо тарғиби саҳнаҳои агрессивӣ, бо истифода аз эффектҳои махсуси таъсиррасонии техникӣ диққати кӯдаконро ҷалб карданӣ мешаванд ва мутаассифона, ба ин муваффақ ҳам мегарданд. Мо ҳамаи онҳоро бад гуфта наметавонем, аммо аксарияташон ба тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонанд. Мо филми тасвирӣ ниҳоят кам дорем ва дар рақобати филмофарӣ қудрати иштирок намудан надорем. Санъати филмофарӣ дар мо чун соҳаи ҷиддӣ қабул карда намешавад, ки ин боиси таассуф аст.
Таҳияи Таҳмина ЮСУПОВА