Донишгоҳи славянии РусияТоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешсаф ва замонавӣ дар бахши тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳиму зарурии кишвар, аз қабили васоити ахбори омма, маориф, иқтисод, робитаҳои байналмилалӣ, фарҳангшиносӣ, инчунин технологияҳои муосири информатсионӣ нақши боризе дорад.

Мусаллам аст, ки масъалаи сатҳу сифати таълим яке аз масоили аввалиндараҷа ва умда дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вобаста ба он дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки дар соҳаи маориф мушкилиҳои асосии ҳалталаб вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо — ин норасоии кадрҳои баландихтисос ва дигаре баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои миёна ва олии кишвар маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, пеш аз ҳама диққати ҷиддӣ додан ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, хусусан дар муассисаҳои олии кишвар, ки бевосита дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос нақши босазоеро мебозанд, бисёр зарур ва ҳатмист. Зеро ояндаи дурахшони миллати куҳанбунёди тоҷик маҳз аз саъйу талош ва салиқаи донишандӯзӣ ва гомҳои устувори равандагони роҳи маърифат, яъне ҷавонон вобастагии калон дорад.

Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат ҷавононро «ояндаи миллат » номидаанд. В-аз ин боис донишманду соҳибфарҳанг ва соҳибкасбу бомаърифат ба воя расидани ин қишри ҷомеа басо муҳим аст.

Ва кунун меоем сари матлаби аслӣ, ки равшанӣ андохтан ба масъалаи саҳми ДСРТ дар амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки барои таъмини сифати таҳсил се омили асосӣ мусоидат мекунанд:

Омили якум тайёр будани муаллим мебошад. Ин омил бахшҳои зиёдеро фаро мегирад, ки дониши педагогӣ, такмили ихтисос ва ғайра аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Хушбахтона, дар ДСРТ муаллимони соҳибтаҷриба аз ҳисоби хатмкунандагони ин даргоҳ тайёр карда мешаванд, ки натиҷабахш ва босамар аст. Зеро ин хатмкунандагон таҳсилкардаи ҳамин донишгоҳанд ва илова бар он ки донишу таҷрибаи устодони варзидаи худро аз худ кардаанд, боз аз руҳияву рафтори таҳсилкунандагон, инчунин аз фазои фарҳангӣ-илмии донишгоҳ комилан бохабаранд, ки ин барои хубтар ба роҳ мондани таълим ва дар сатҳи олӣ гузаронидани машғулиятҳо аввалиндараҷа аст.

Омили дуюм — ин китоб ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки бевосита аз тарафи Донишгоҳи славянӣ барои донишҷӯён ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли китобӣ, яъне чопӣ фароҳам оварда шудааст. Ғайр аз ин, донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ мебошад, ки донишҷӯён метавонанд аз он тамоми намуди маводҳои лозимиро дастрас ва мутолиа кунанд.

Омили саввум — ин таъмин намудани шароит буда, хеле зарур арзёбӣ мешавад. Дар ин самт ДСРТ яке аз пешқадамтаринҳо буда, дар он шароитҳои замонавии таълим фароҳам оварда шудааст, ки дар саросари кишвар қариб назираш дида намешавад.

Донишгоҳи славянии Русия — Тоҷикистон дар тобеияти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия қарор дорад. Ва аз ин сабаб дорои мақоми донишгоҳи давлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки 5-уми апрели соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 141 тибқи шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.05.1993 таъсис ёфтааст. Муассисон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии донишгоҳ ҷорӣ намудани ғояҳо, принсипҳо ва технологияҳои муосир буд, ки он барои дар сатҳи баланд гузаштани тайёрии касбии мутахассисони оянда хеле заруру лозимӣ ба шумор мерафт. Дар соли 1996 тайёр кардани мутахассисон дар ду факултаи донишгоҳ — гуманитарӣ ва иқтисодӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Факултаи гуманитарӣ то соли 1998 мутахассисони филологияи рус, журналистика, забоншиносӣ, таърих, робитаҳои байналмилалӣ ва фарҳангшиносиро омода мекард. Аллакай пас аз як сол таълим дар донишгоҳ дар се факулта: филологӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ҳуқуқӣ сурат мегирифт. Дар моҳи сентябри соли 2000-ум факултаи таърих ва ҳуқуқ ба факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи ҳуқуқшиносӣ тақсим карда шуд.

Ҳамин тавр, шуҳрати донишгоҳи нав афзоиш ёфт, шумораи донишҷӯён зиёд гардиданд, доираи фарогирии факултетҳо васеъ шуд ва ҳайати омӯзгорон мустаҳкам гардид. Дар соли 2000-ум ҳайати омӯзгорон аллакай 240 нафарро ташкил медоданд, аз ҷумла докторҳои илм, профессорҳо — 43 ва номзадҳои илм ва дотсентҳо 85 нафар.

Дар замони кунунӣ сохтори донишгоҳ дорои 6 факултет, Институти такмили ихтисоси муаллимон, мактаби миёна, маҷмааи амалияи таълимӣ дар шаҳри Норак ва дигар шуъбаҳои илмӣ мебошад. Айни замон дар ин даргоҳи маърифат таълими донишҷӯён тибқи барномаҳои таълимие, ки ба стандартҳои давлатии дар Федератсияи Русия муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, сурат мегирад. Аъзои ректорат, профессорон, олимон, устодон ва хусусан ректори донишоҳ муҳтарам Хоҷазода Тоҳир Абдулло ва муовинонашон пайваста саъйу талош доранд, то сатҳу сифати таҳсил дар дараҷаи баланд ва ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳони муосир бошад.

Моҳи августи соли 2016 дар маросими ифтитоҳи бинои нави донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карданд, ки тайи солҳои охир дар ДСРТ беш аз 12 ҳазор мутахассис тайёр шудааст.

Раванди таълим ва тарбияи кадрҳои илмӣ

Дар ДСРТ таълим дар 16 самти бакалавр, 11 самти дараҷаи магистр аз рӯи 16 барномаи таълимӣ ва як соҳаи ихтисос (Тарҷума ва таълими он) ба роҳ монда шудааст, ки ба талаботҳои байналмилалии сифати таҳсил ҷавобгӯст. Инчунин, илова бар ин, машғулиятҳо бо забони русӣ мегузаранд, ки барои боз ҳам хубтар шудани дараҷаи амалии забондонии донишҷӯён мусоидат мекунад.

Пас аз хатми донишгоҳ дипломи бакалавр ба мутахассис дода мешавад, ки ба талаботҳои давлатии Федератсияи Русия ҷавобгӯ мебошад.

Нуктаи муҳимеро бояд қайд кард, ки дар аспирантураи ДСРТ кадрҳои илмӣ ва педагогӣ аз рӯи ихтисосҳои таърих ва бостоншиносӣ, иқтисод, васоити ахбори омма, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ таълим дода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар донишгоҳ шӯрои диссертатсионӣ Д 777 .011.01 аз рӯи ихтисосҳои 10.01 .10 ва 10.02.20 — лингивистикаи муқоисавӣ дар илмҳои филологӣ мавҷуд аст ва маҷаллаи «Паёми донишгоҳ» («Вестник университета») нашр карда мешавад, ки ба рӯйхати маҷаллаҳои илмии Русия дохил карда шудааст .

Боиси хушбахтии бепоён аст, ки дар ДСРТ якчанд марказҳо фаъолият мекунанд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани донишҳои назариявӣ — амалиявии донишҷӯён, мутахассисон, пажуҳишгарон нақши калон мебозад. Аз ҷумлаи чунин марказҳо маркази русии «Ҷаҳони Русия», Маркази фарҳанг, Маркази забони тоҷикӣ, Маркази UNICO, Маркази санҷиши забони русӣ, Маркази захиравии туризм, Маркази геополитикӣ, Маркази таҳқиқоти минтақавӣ, Маркази иттилоотии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иртиботи иттилоотӣ, Маркази забон ва фарҳанги рус ва ғайра мебошанд. Инчунин, дар соли таҳсили 2015-2016 марказҳои нав — Маркази байнисоҳавии иттилоотӣ-таҳлилии омӯзиши минтақаҳои ҷаҳонӣ ва маркази мубориза бо терроризм ва экстремизм таъсис дода шуданд.

Ниҳоят, натиҷаи кӯшишу ғайрати аҳли ин боргоҳи маърифат буд, ки бо дарназардошти шуҳрат ва сатҳи таълим аз соли 2000-ум инҷониб донишҷӯён аз хориҷи кишвар ба ДСРТ дохил шуданро сар карданд. Дар тӯли тамоми давраи таҳсил хориҷиён забони русиро меомӯзанд, ки бо ин васоит албатта бо гӯшзад ва таъкиди устодон, каме ҳам бошад, аз фарҳанги бойи ниёгонамон, ки бо забони русӣ дар ин бора маълумот дарёфтан имконпазир аст, бархӯрдор мешаванд.

Ногуфта намонад, ки пас аз супоридани бинои нави таълим дар соли 2016, лабораторияҳои муосири лингафонӣ барои таълими забонҳо ба истифода дода шуданд, ки сатҳу сифати таълимро боз ҳам баландтар сохт.

Дар донишгоҳ аз 11 давлати ҷаҳон, ба монанди Афғонистон, Арманистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон, Русия, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунанд.

Хурсандиовар аст, ки дар ДСРТ ягона радиожурнали донишҷӯён дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ амал мекунад, ки онро дар сайти донишгоҳ, дар бахши радиолабораторияи ДСРТ шунидан мумкин аст.

Дар донишгоҳи мазкур имсол вебинар оид ба татбиқи стандартҳои аврупоӣ оид ба таъмини сифат дар таҳсилоти олӣ баргузор гардид. Он аз панҷ марҳила иборат буда, дар пешрафти ҳаматарафаи донишгоҳ хеле муфид арзёбӣ шудааст.

Донишгоҳи славянии Русия — Тоҷикистон — ин ояндаи дурахшон ва фардои пурумеди ҳар яки мост.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here