Дар зиндагӣ одамоне, ки донишманду ошиқи кори худ бошанд, кам ҳастанд. Ҳамин одамони донову ошиқони пуркор ҷомеаро пеш мебаранд. Дигарон аз онҳо ибрат мегиранд ё ҳатто ба онон тақлид менамоянд. Агар ин кордонҳои ҷоннисор дар ҳама соҳаи сиёсату фарҳангу иқтисодиёт зиёд бошанд, он гоҳ кишвар низ зуд рушд мекунад ва рӯзгори мардум бештар обод мешавад. Ба ин васила барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан, бояд ҷавононро тарбият кард, то теъдоди донишмандон бештар шаванду миллат ва кишвар ободтар гардад. 

Хушбахтона, дар ҳар соҳае касоне ҳастанд, ки бо кори неки худ барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. Онҳоро на фақат дӯстону шогирдони содиқ, балки ҳар касе, ки мешиносаду мефаҳмад, қадр менамояд. Яке аз чунин касоне, ки дар илми арабшиносӣ, аз ҷумла таълифи фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ ва ҳам тоҷикӣ-арабӣ кори мондагоре кардааст, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ аст.
Устод Сулаймонӣ арабшинос аст. Тамоми умри худро ба омӯзиш ва пажӯҳиши забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги мардуми араб бахшидааст. Ӯ бо заҳмат асарҳои зиёдеро таълиф, тарҷума, таҳия намудааст, ки ба ин восита номаш дар таърих сабт гаштааст. Корҳои илмиву фарҳангии ӯ ба осонӣ ба даст наомадаанд, балки дар натиҷаи талошу омӯзиш, ғайрату кӯшиш, ҷустуҷӯву хониш ва гирифтани дониш амалӣ шудаанд. Барои он ки як одам касбашро дуруст интихоб намояд, роҳи пурпечутобро тай менамояд ва барои натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан аз омӯзгорон сабақ мегирад, аз таҷрибаи бузургсолон истифода менамояд, ҳамеша машғули мутолиа мешавад. Фақат дар ҳамин сурат кас метавонад корҳои шоистаеро ба анҷом расонад.
Роҳи устод С. Сулаймонӣ аз доманаи қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикобод оғоз гардидааст. Устод соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омад. Дар ҳамон ҷо мактаби миёнаро хатм кард ва соли 1964 ба шӯъбаи арабии факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил гардида, соли 1969 онро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонд. Дар раванди таҳсил ошиқи забону фарҳанги мардуми араб шуд. Пас аз хатми шӯъбаи арабӣ як лаҳза ҳам аз омӯзиш ва пажӯҳиш дар канор набуд. Ҳамин талошҳои эшон буд, ки аз соли 1969 то 1970 ӯро ба сафи Артиши Шӯравӣ ба ҳайси тарҷумон-афсари ҳарбӣ даъват намуданд. Баъд аз соли 1970 то соли 1971 ба Ҷумҳурии Арабии Яман ба сифати тарҷумони ҳарбӣ фиристоданд, ки ҳам аз арабӣ ба русӣ ва ҳам аз русӣ ба арабӣ тарҷумонӣ мекард. Тарҷумонӣ барои боз ҳам дақиқтар ва дарки бештари нозукиҳои забон таҷрибаи хубе буд. Баъди баргаштан аз хизмати аскарӣ як сол (1971-1972) ҳамчун муаллими забони арабӣ дар мактаби миёнаи рақами 53-и шаҳри Душанбе кор кард. Ҳангоми дарс додан аз забони арабӣ донишашро такмил медод ва орзуҳои ширинеро дар дил мепарварид, ки луғати арабӣ-тоҷикӣ таҳия намояд, осори бузургони миллати тоҷикро, ки ба забони арабӣ навиштаанд, тарҷума кунад, ба пажӯҳиши забон ва адабиёти араб машғул гардад.
Ҳамин кӯшишу ғайрати ӯро ба инобат гирифта, ӯро соли 1972 ҳамчун лаборант ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор мегиранд. Диданд, ки ҷавони пурталош аст, соли 1974 ба аспирантура пешниҳод менамоянд. Акнун ҳамчун омӯзгор дар кафедра кор мекард ва ба пажӯҳиш машғул мешуд. Он солҳо, аз сабаби набудани шӯрои дифоъ оид ба ихтисоси забони арабӣ, дар Тоҷикистон дифоъ кардани арабшиносон мушкил буд. Дар ин муддат борҳо ба Маскав сафар кард, аз китобхонаҳо ва донишмандони арабшинос оид ба масъалаҳои гуногуни забон ва фарҳанги мардумони араб пурсуҷӯ кард. Дар натиҷа пас аз кӯшишу ғайратҳои зиёд соли 1979 дар мавзӯи «Асосҳои лингвистии топонимика дар асари «Мӯъҷаму-л-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ» (асри XIII) дар шаҳри Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рисолаи номзадии худро дифоъ кард. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ то соли 1980 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кард.
Инак, як кадри пухтаву донишманд омода шуд. Акнун роҳи ӯ боз буд. Ҳар муасисае, ки ба забони арабӣ ниёз дошт, кӯшиш менамуд, ки ӯро ба кор гирад. Ӯ низ ошиқона кори худро идома медод. Маҳз дониш ва кӯшиши вайро ба инобат гирифта, соли 1980 эшонро ба Ҷумҳурии Ироқ ҳамчун тарҷумон-референти Мушовир оид ба равобити иқтисодии сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Ироқ ба кор фирстоданд. То соли 1983 С. Сулаймонӣ дар он кишвар на танҳо кори расмӣ кард, балки адабёти зиёди илмӣ ва бадеиро омӯхт ва бо худ овард.
Пас аз бозгашт устод С. Сулаймонӣ боз ба кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омада, ҳамчун дотсент аз соли 1983 то соли 1985 кор кард. Кору заҳмати устодро ба инобат гирифта, соли 1985 ӯро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун корманди калони шӯъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс ба Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ даъват намуд. Чунки ба чунин инсони пуркору донишманд барои тарҷумаи осори донишмандони тоҷик, ки ба забони арабӣ таълифоти зиёд доранд, ниёз буд. То онҳо ба тоҷикӣ баргардон шаванд. Заҳмати зиёд, андешаҳои илмӣ, корҳои фаровон боиси он гардид, ки устод С. Сулаймонӣ аз соли 1992 то соли 2005 дар вазифаи мудири Шӯъбаи тарҷума ва таҳияи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс фаъолият намояд.
Баробари корҳои тарҷумонӣ, таҳқиқ, навиштани мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ профессор С. Сулаймонӣ кӯшиш кард, ки дар мавзӯи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи докторӣ навишта, онро соли 1997 дифоъ намояд.
Устод ҳамеша ба таҳқиқ, таълим ва тарбияи шогирдон машғул буданд. Аз ин рӯ, соли 2005 аз тариқи озмун мудири кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 2012 дар ин вазифа фаъолият намуданд.
Умр равон аст, вале корҳо зиёд, андешаҳо бояд навишта шаванд. Ба ин ҷиҳат устод аз соли 2012 чун профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, тамоми нерӯи худро барои таълифи асарҳои илмӣ, таҳияи фарҳангҳо, тарҷумаи осори мутафаккирон равон намуд.
Профессор С. Сулаймониро дар Тоҷикистон ҳамчун пажӯҳишгари пуркору ҷоннисори илм мешиносанд. Устод дар соҳаи забоншиносии араб ва тоҷик, бахусус луғатгнигорӣ, баррасии осори адабӣ ва таърихнигорӣ, таҳқики тамаддуни мардуми исломӣ ва арабӣ осори зиёде таълиф намудаанд. Ҳар кадоме аз ин навиштаҳо як ҷиҳати муҳими барои хонанда ва пажӯҳанда ноаёнро маълум месозад.
Устодро аз овони ҷавонӣ омӯзиши осори ҷуғрофияшиносони араб ҷалб менамояд. Ин буд, ки таҳқиқи ин масъала ҳамчун рисолаи номзадӣ дифоъ гардид ва устод мақолаҳои зиёд оид ба истилоҳот ва номҳои ҷуғрофӣ ва моҳияти он таълиф намуд. Профессор С. Сулаймонӣ чунон заҳмат мекашад, ки таваҷҷӯҳи эшонро нозукиҳои забони арабӣ ва осори фалсафии он ба худ ҷалб намуд. Аз ин рӯ, кӯшиш намуд, ки ин масъаларо ба таври муқоисавӣ ва дар иртиботи забони модарии худ — тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳад.
Аз сабаби он ки устод бо тарҷумаи осори арабии яке аз нобиғаҳои миллати мо Абуалӣ Ибни Сино, аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ машғул буданд, истилоҳоти илмии фалсафии он таваҷҷӯҳи эшонро ба худ ҷалб намуд. Маҳз ҳамин заҳматҳо боис гардид, ки С. Сулаймонӣ роҷеъ ба «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи илмӣ таълиф намоянд. Ин масъаларо соли 1997 ба ҳайси рисолаи докторӣ дифоъ намуда, то ба имрӯз эшон оид ба он мақолаҳои зиёд таълиф намудаанд. Ҳамчунин дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ маърӯзаҳо карда, аҳли илмро бо моҳияти масъала шинос сохтаанд.
Устод муаллифи китобҳои зиёди илмӣ мебошанд. Аз ҷумла асарҳои илмӣ ва таълимии эшон «Дастури мукотиботи бозаргонӣ» (1999), «Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ» (2006), «Китоби хониш» (2006) ва «Матнҳои баргузида барои қироат» (2013) дар омӯзиш ва пажӯҳиши забон ва адаби арабӣ ҳамеша мавриди истифодаи донишҷӯён, аспирантҳо ва муҳаққиқони арабшинос мебошанд.
Яке аз корҳои дар воқеъ мондагори профессор С. Сулаймонӣ таълиф ва нашри нахустин фарҳанги забони арабӣ-тоҷикӣ аст. Таҳияи ин фарҳанг заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Нашри аввали он зери унвони «Фарҳанги шимоли арабӣ — тоҷикӣ» соли 2005 чоп шуда, беш аз 70 000 калимаро дар бар мегирифт. Барои он ки ин луғатнома мавриди истифодаи бештар қарор бигирад, соли 2008 фарҳанги мазкур ба таври мухтасар таҳти унвони «Фарҳанги васити арабӣ — тоҷикӣ» нашр гардид, ки он дорои 30 000 калима мебошад.
Профессори донишманд ҳар лаҳзаи умри худро истифода мебарад, кор мекунад, то барои ояндагон судманд бошад. Ҳамин заҳматҳо буд, ки нашри дуввуми «Фарҳанги шомили арабӣ — тоҷикӣ» соли 2010 чоп шуд, ки он беш аз аз 100 000 калимаро дар бар мегирад. Ин фарҳанг диққати арабшиносон, донишҷӯён ва ҳатто он касонеро, ки ба омӯхтани забони арабӣ, пажӯҳиши осори арабӣ ва матнҳои динӣ машғул ҳастанд, ҷалб намуд. Таълифи ин луғатнома кори донишпажӯҳони зиёдро осон гардонид.
Аз сӯҳбатҳо бо устод маълум шуд, ки ҳоло эшон ба таълиф ва таҳияи «Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ — тоҷикӣ — русӣ» машғул ҳастанд. Ба гуфти устоди пуркору заҳматкаш, ин фарҳанг беш аз 120 000 калимаро дар бар мегирад. Агар ин китоб нашр шавад, кори ҳазорон арабшиносонро осон месозад ва яке аз корҳои беназир мебошад. Ин ошиқи пуркор ҳамзамон боз ба таҳияи луғатномаи дигар машғул ҳастанд, ки он «Фарҳанги муосири тоҷикӣ — арабӣ» ном дошта, иборат аз 40 000 калима аст.
Профессор С. Сулаймонӣ ҳар лаҳзаи умри худро бобаркат истифода менамоянд. Яке аз самтҳои фаъолияти эшон тарҷумаи осори фалсафии мутафаккирони тоҷику форс мебошад. Устод матнҳои зиёдеро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва ба русӣ, ҳамчунин баръакс аз форсӣ ба забони русӣ тарҷума кардааст. Барои амалӣ намудани ин кор дар сатҳи баланд донистани забон, доштани дониши густурда, сабру таҳаммул ва заҳмати зиёд лозим аст. Ҳамин хислатҳо буд, ки устод С. Сулаймонӣ осори зиёдеро тарҷума карданд. Бахусус тарҷумаҳои осори зиёди Ибни Сино ба қалами он кас мансуб аст, ки аз ҷумла инҳо: «Ҳикмати машриқия», «Ал-Қиёс», «Ҳидоя», «Ибора», «Ал-Муғолата», «Китоб-ул-ҳайвон» аз «Китобу-ш-шифо», маҷмӯи «Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино», аз ҷумла рисолаҳои «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Андар салот», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Андар ҳузн», «Аршия дар сифоти Аллоҳтаоло» ва ғайра. Имрӯз хонандагони зиёди тоҷик ба забони худ ин асарҳоро мутолиа менамоянд.
Осори зерини Ибни Сино бо заҳмати эшон ба забони русӣ тарҷума шудааст: «Восточная философия», «Руководство по философии», «Книга спасения», «Родники мудрости», «Об истолковании» из «Книги исцеления», «Силлогизм» из «Книги исцеления», «О софистических опровержениях», «Книга о животных» из «Книги исцеления», трактаты: «Об определениях», «Комментарии к некоторым сурам Корана», «Об этике», «О любви», «Живой сын Бодрствующего», «Саламан и Абсал», «О птицах», «Касыда о душе». Ин тарҷумаҳо дар солҳои гуногун чоп шудаанд.
Ҳамчунин, профессор С. Сулаймонӣ осори фалсафии Умари Хайёмро ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ соли 2003 ба нашр расонд, ки аз он дӯстдорони осори Хайём истифода мебаранд. Агар ба фаъолияти тарҷумонии ин донишманди фарзона назар андозем, мебинем, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ба қалами эшон тарҷумаи рисолаи «Аршия»-и Садриддини Шерозӣ бо номи «Небесная мудрость» ба забони русӣ тарҷума гардида, соли 2004 дар Алмаато чоп шуд. Тарҷумаи асарҳои «Житие Имама Хусейна» (Сайидҷаъфар Шахиди), «Подобный весенним цветам. Новый взгляд на жизнь и личность великого пророка ислама», «Бог в исламской философии» (Мухаммад Таки Месбах-и Йезди) низ марбути қалами эшон аст.
Профессор С. Сулаймонӣ ҳамеша кор мекунад, қадри умри хешро медонад. Ин умри худододро барои анҷом додани корҳои илмию тарҷумонӣ сарф менамояд, то аз он дигарон баҳра баранд. Ӯ на фақат мутарҷим аст, балки дар таҳияи осори фалсафии адибони тоҷику форс низ ҳисса гузоштааст. Аз ҷумла чанд асари Носири Хусравро ба чоп омода намудааст. Аз ҷумла: «Зоду-л-мусофирин» ва «Рисолаи ҳикматӣ». Ҳоло осори таҳиянамуда, тарҷумашуда ва мақолаҳои навиштаю чопнашудаи ӯ зиёд аст.
Профессор С. Сулаймонӣ узви Шӯрои дифои рисолаҳои доктории ДМТ аст. Ҳар боре, ки унвонҷӯе дар соҳаи забоншиносӣ дифоъ менамояд, ӯ дар аксари маврид бо саволҳои муҳими илмӣ, андешаҳои муфиду пухта назари худро мегӯяд, то барои беҳбудии кор кумаке расонида бошад.
Ҳамеша дар ғайби устод мегӯям, ки ӯ кори чандин касро ба танҳоӣ анҷом медиҳад. Боре ба худаш гуфтам: «Устод, бо самимият ва воқеъбинона мегӯям, Шумо кори як пажӯҳишгоҳро ба танҳоӣ ба сомон мерасонед». Профессор С. Сулаймонӣ ҳалимона ва хоксорона табассум карду посух дод: «Муболиға накунед, ҳоло корҳо зиёд аст, кор бояд кард…». Бале, одами ошиқи пешаи худ фақат кор мекунад, то ба мардум ва пешрафти ҷомеа муфид бошад. Агар ҳар кас дар ҷомеа садоқатмандона вазифаи худро иҷро намояд, дар як фурсати наздик кишвар ва миллат даҳчанд пешрафат менамояд.
Дӯсти арҷманду меҳрубони мо профессор С. Сулаймонӣ ба синни мубораки 70 расида, боз ҳам бо ҷидду ҷаҳди дучанд, бо садоқат ва муҳаббат аз пайи корҳои мондагоре ҳастанд, ки арзиши он беназир аст. Ҳанӯз нияти нек ва барномаҳои зиёди илмӣ доранд, ки он барои таълим, тарбия ва пайванди фарҳанги тоҷикон дар робита бо кишварҳои арабӣ муфид аст. Барои амалӣ намудани корҳои нав ба нави олимона ба устоди гиромӣ аз яздон тандурустӣ ва нерӯи дучанд таманно дорем.

Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here