(Чанд мулоҳиза дар атрофи муҳаққиқи муосири миллӣ, устод Ҷамолиддин Саидзода)

Дар ҷомеаи муосир на фақат тамаддунҳо, балки фарҳангҳо, ҷараёнҳои сиёсиву иҷтимоӣ, динҳо, мазҳабҳо, ақидаҳо ва соири равандҳои ҷомеа метавонанд ба бархӯрд ё ба истилоҳи дигар, ба гуфтугӯ оянд. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ягон соҳа ба сари худ мустақил ва бидуни робита бо дигар соҳаҳо вуҷуд дошта наметавонад. Муҳаққиқон зарурати бархӯрди мантиқии тамаддунҳо ва созиши ҷавомеи мутамаддинро асли воқеиёти имрӯзӣ талаққӣ карда, бар он ишора намудаанд, ки гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳо роҳро барои табодули афкор, ҳамгиройӣ ва барҳам задани сӯитафоҳумот ҳамвор месозад. Ин нуқтаназар моро ба натиҷае мерасонад, ки дар раванди гуфтугӯи тамаддунҳо ба ҳам омадан ва ё бархӯрди масоили гуногун вобаста ба соҳаҳои муайян як амри воқеӣ хоҳад буд. Дар замоне, ки соҳаи техникаю технология бештар бартарӣ пайдо кардааст, дар зери мафҳуми “тамаддун”, фақат масъалаҳои фарҳанги техникиро фаҳмидан ба мақсад мувофиқ намеояд. Бархӯрди масъалаҳои ахлоқӣ, динӣ, фалсафӣ, адабӣ, тарбиявӣ, иттилоотӣ ва ғайра низ метавонад дар бархӯрди тамаддунҳо ҷойгоҳи худро дошта бошад. Зеро бархӯрду мубодилоти гуногуни фикрию ақидатӣ боиси зуҳури “фикрии вежае” мегардад. Бо ин мақсад, аксари муҳаққиқони соҳаҳои гуногун кӯшидаанд, мушоҳидаю таҷрибаҳои худро дар корхонаи соҳаҳои дигар баррасӣ намоянд, то ки ба натиҷаи барои ҷомеа муҳим дастёб гашта бошанд.

Дар муҳити Тоҷикистони азизи мо чунин бархӯрдҳои илмиро дар пажуҳиши баъзе муҳаққиқони нуктасанҷ ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Масалан, академик Зафар Усмонов дар натиҷаи истифодаи баъзе шеваҳои риёзӣ дар тадқиқи масоили гуногуни забоншиносӣ, соҳаи наверо бо номи лингвистикаи иттилоотӣ фаъол намуда, дар ин ришта пажуҳишҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Яъне,  истифодаи усулҳои тадқиқи  илмҳои табиӣ дар ҳалли масоили гуногуни  забоншиносии муосир боиси ба вуҷуд омадани натиҷаҳои нисбатан дақиқ ва воқеӣ  мегардад.

Муҳаққиқ ва адабиётшиносӣ фаъол ва сермаҳсул Ҷамолиддин Саидзода дар фаъолияти илмии худ бар он талош намудааст, ки шеваҳои тадқиқоти илмиро дар ҳар соҳаи ба ӯ мувофиқ санҷида, натиҷаи онро дар шакли мақола ё рисолаи илмӣ пешниҳод намояд. Ӯ дар соҳаҳои гуногун тадқиқоти пурарзиш анҷом додааст ва натоиҷи пажуҳиши ӯ мавриди эътирофи чандин муҳаққиқони варзида қарор гирифтааст. Агар ба майдони илм Ҷамолиддин Сайидзода ҳамчун педагог ворид шуда бошад, минбаъд ӯ масоили педагогиро дар соҳаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ, нақди адабӣ ва амсоли инҳо  мавриди татбиқ қарор додааст. Академик Маҳмадулло Лутфуллоев дар яке аз нигоштаҳои худ ин паҳлуи фаъолияти илмии Ҷамолуддин Саидзодаро ба мушоҳида гирифта, чунин хулоса кардааст: “…Ҷамолиддин Саидзода бештар дар ду самт қалам меронад: яке адабиётшиносӣ, дигаре педагогика ва дар ҳар ду ҳам комёбу дастболост. Мунаққидону адабиётшиносон барои асарҳою тақризҳои пурмазмуну ширадораш, омӯзгорону мушовирон барои мақолаҳои таълимию раҳнамояш эҳтиромаш мекунанд” (ниг.: Лутфуллоев М. Шеър далели гуфтори ӯст. //Сорбони илм. Душанбе, 2012. С. 11).

Дар ҳақиқат, Саидзода дар ин ду соҳаи муҳим рисолаю мақолаҳои зиёде таҳия намудааст, ки дар ҳар як нигоштаи ӯ бархӯрд ва омезиши масоили адабиётшиносӣ ва педагогикаро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Ин гуна таҷрибаро мо дар фаъолияти илмии бисёр муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ дида метавонем. Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода яке аз пажуҳишгарони адабиёти тоҷик дар солҳои 80 китоби дарсии “Адабиёти тоҷик”- ро барои синфи 8 макотиби миёна таҳия намуданд, ки то ҳол назири худро надорад. Шахсияти Ҷамолиддин Саидзода, ки аз роҳи омӯзиши масоили соҳаи педагогика ба таҳқиқи мушкилот ва муаммоҳои адабиётшиносии муосир иқдом намудааст, боиси эътироф ва эҳтиром мебошад.

Саидзода рисолаи номзадии худро ба таҳқиқи вижагиҳои таълимии  эҷодиёти шоири бузурги форсу тоҷик Соиби Табрезӣ бахшида, онро соли 1995 чун тадқиқоти алоҳидаи адабиётшиносӣ таҳти унвони “Соиб – шоири халоқулмазомин” ҷамъбаст ва чоп намуд.  Тадқиқоти мазкур ҳамчун кори илмии ҷамъбастшуда аз муқаддима,  се боб ва понздаҳ зербоб иборат мебошад, ки он дар се самт вижагиҳои ашъори Соиб, баҳрабардории Соиб аз шоирони пешин ва ҳузури Соиб дар шеър ва адаби Мовароуннаҳр мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Заминаи донишҳои педагогӣ ба Саидзода имкон додааст, ки аз эҷодиёти Соиб бештар вижагиҳои ахлоқиро ҷустуҷӯ намояд. Худи муҳаққиқ ин масъаларо дар раванди таҳқиқ борҳо таъкид менамояд: “Зимнан бояд гуфт, ки Соиб бештар ба халқи мазомини ахлоқӣ даст задааст ва осораш мамлӯ аз мазмунҳои ахлоқиву таврбиявӣ мебошад” (ниг.: Саидзода Ҷамолиддин. Соиб — шоири халлоқулмазомин. Душанбе, 2015. С. 27).

Интихоби масъалаи ахлоқ дар эҷодиёти Соиб, аз як ҷониб, ба таваҷҷуҳи Саидзода ба донишҳои педагогӣ бастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, муҳаққиқ хеле дақиқ дарёфтааст, ки дар ғазалиёти шоир аз мазмунҳои дигар дида, масъалаи ахлоқ муҳимтар ва барҷастатар мебошад. Ин хулосаи муҳаққиқро бештари донишмандон, аз ҷумла Аҳмад Суҳайли Хонсорӣ, Хусрави Фаршедвар, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Муҳаммадамини Риёҳӣ ва дигарон таъкид кардаанд.  Ин ҷо месазад, андешаи донишманди шаҳири эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯбро оварем, ки ин вижагии шеъри Соибро ба мушоҳида гирифтааст: “Аҳамияти ӯ бештар барои ғазалҳои ӯст. Баъзе абёти ин ғазалҳо шоҳкори завқу андеша аст. Дар бештари ин абёт шоир латифтарин нукоти ахлоқиро бо кумаки амсол-амсоле, ки аз ҷузъиёти зиндагии ҷорӣ гирифтааст, рӯшан мекунад…” (ниг.: Соиб ва сабки ҳиндӣ. -Теҳрон, 1371. С.80). Саидзода масъалаи ахлоқиро ҳамчун як рукни побарҷои тарбия баррасӣ менамояд ва дар ҳар ҳолат кӯшиш мекунад, ки масъалаи мавриди назар дар бастагӣ бо сатҳу сифати тарбиятии хонандагони муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ арзёбӣ гардад. Барои тақвият ва таъсиррасонии хулосаҳои худ муҳаққиқ аз эҷодиёти Соиб шоҳбайтҳоеро интихоб намудааст, ки онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳар доништалаб муассир буда метавонанд.

Шахсияти Соиб ва мушаххасоти эҷодиёти ӯ боис гардидааст, ки масъалаи сабки ҳиндӣ ва эҷодиёти намояндагони он ба  яке аз паҳлуҳои фаъолияти илмии муҳаққиқ бадал шавад. Аксари намояндагони сабки ҳиндиро хонандаи имрӯзаи тоҷик тавассути мақолаю рисолаҳои илмии Саидзода шинохта, аз эҷодиёти онҳо баҳраҳо мебарад. То имрӯз Саидзода зиёда аз 40 мақолаи илмӣ доир ба эҷодиёти намояндагони сабки ҳиндӣ Калими Кошонӣ, Фиғонӣ, Назирӣ, Соиб, Урфӣ, Шавкат, Зуҳурӣ, Толиби Омулӣ, Носиралии Сарҳиндӣ ва дигарон интишор намуда, вижагиҳои сабки ҳиндиро дар шеъри ин шоирон кашф ва ошкор намудааст.

Саидзода дар тамоми нигоштаҳояш ба ҳунари маъниофарии шоирони классик ва муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва бар он мекӯшад, ки вижагиҳои суханофаринии ҳар як суханварро нишон диҳад. Масалан, дар рисолаи “Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ”  муҳаққиқ аз шеъри устоди шоирони форсигӯй дурдонаҳои маъниро дарёфта, нишон медиҳад, ки устод Рӯдакӣ дар эҷоди маъниҳои бикр ва мазмунҳои тоза аз тамоми шуарои давру замон боло меистад, зеро маъниҳои офаридаи шоир хеле зинда, дастрас, даркшаванда ва воқеӣ мебошанд. Ин гуна ибтикороти шоири тирачашми равшанзамир метавонад барои шоирони имрӯз сабақи муҳим бошад. Зеро дар адабиёти муосир шоироне ҳаваси маъниофарию тасвирсозӣ менамоянд, ки ашёву чизҳои тасвиршавандаи онҳо дар олами хаёл воқеияти худро гум мекунанд ва хонандаро аз олами шеър дилгир карда, аз китобу китобхонӣ тадриҷан канор мебаранд. Барои он ки ин анъана дар адабиёти муосир ривоҷ пайдо кунад, муҳаққиқ шеъри Бозор Собирро чун намуна мавриди пажуҳиш қарор медиҳад. Вобаста ба мавзӯи мавриди тадқиқ муҳаққиқ дар ду рисолаи пурарзиши худ “Бозор Собир-тасвиргари бузург”(2009)  ва “Бозор Собир-бонии тарзи хаёл”  шеъри  устод Бозорро мавриди таҳқиқи доманадор қарор медиҳад. Муҳаққиқ пас аз баррасиҳои зиёд ба хулоса меояд, ки  Бозор Собир дар адабиёти муосири тоҷик чун Нодири Нодирпур бо тасвирҳои шоиронааш метавонад барои навқаламон шоистаи пайравӣ бошад ва шеъраш, онҳоеро, ки дар олами тахайюлот роҳ меҷӯянд, раҳнамоӣ намояд.

Ҷамолиддин Саидзода дар шинохти Мавлавӣ ва осори гаронқадри ӯ мақолаҳои зиёде нигошта, дар ҳамоишу чорабиниҳои илмӣ бо гузоришҳои баҳснок ва пурмуҳтаво иштирок намудааст. Ӯ яке аз аввалин муҳаққиқоне мебошад, ки бар муқобили “Румӣ” унвон кардани Мавлоно баромада, бо санадҳои илмӣ зодаи шаҳри Балх будани вайро собит намудааст. Ин иқдоми Саидзода минбаъд дар тамоми марказҳои мавлавишиносӣ эътироф гардида, мавриди эътибори аҳли таҳқиқ қарор гирифт.

Саидзода дар шинохт ва муаррифии шеър ва мусиқии муосири Афғонистон ва Эрон ҷустуҷӯҳои муҳими илмӣ ба анҷом расонидааст. Рисолаи пурарзиши ӯ таҳти унвони “Нигоҳе ба шеър ва мусиқии муосири Афғонистон”(2012) на фақат шоирони муосири кишвари ҳамсояро ба мо ошно мекунад, балки ҳамзамон ашъори Халилуллоҳи Халилӣ, Беранги Куҳдоманӣ, Қорӣ Абдулло шоирони муборизи ин ҳавзаи шеъри дарии форсиро бо ашъори Рӯдакӣ, Иқбол, Лоҳутӣ ва амсоли инҳо муқоиса менамояд ва ба хулоса меояд, ки умумияти фарҳангӣ имкон додааст, ки ашъори саромадони шеъри форсӣ дар ташаккули адабиёти Афғонистон таъсири амиқ расонад.

Муқоиса намудани ашъори шоирон як вижагии хоси фаъолияти илмии Ҷамодиддин Саидзода мебошад. Муҳаққиқ бо ин усул баҳрабардории шоиронро аз шеъри пешиниён нишон дода, ба хулосае меояд, ки ин баҳрабардориҳои шоирон аз тақлид ва пайравии кӯр-кӯркурона орӣ буда, як василаи ташаккули равандҳои адабӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, муҳаққиқ дар рисолаи “Соиб-шоири халлоқулмазомин” аввалин таъсири шоирони пешин, чун Фиғонӣ, Толиб ва Калимро ба эҷодиёти Соиб нишон медиҳад ва дар боби дигар ҳузури Соибро дар шеър ва адаби Мовароуннаҳр, хосатан дар эҷодиёти устод Айнӣ ва Турсунзода хеле равшан баррасӣ менамояд. Дар зимн, дар шеъри устод Лоиқ ҳам таъсири Соибро бештар ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Масоили нақди адабии муосир аз назари Ҷамолиддин Саидзода берун намондааст. Ӯ дар мақолаи “Нақди солим ва носолим” вазъи нақди адабиро дар чанд соли охир мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва ба хулосае меояд, ки маҳз дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зиёд шудани нақди носолим ва ғайривоқеӣ боис гаштааст, ки адабиёти муосир хонандаи худро аз даст дода, бозори асарҳои беарзишро зиёд карда истодааст.

Агар ба феҳрасти мақолоти Ҷамолиддин Саидзода таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ӯ дар бораи вижагиҳои хоси шоирони бузурги тоҷик, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно, Ҳофиз, Бедил ва дигарон мақолаю рисолаҳои алоҳида таҳия намудааст. Ӯ муаллифи 500 мақолаи илмӣ ва 45 рисолаи тадқиқотӣ мебошад, ки дар аксари онҳо масоли худшиносии миллӣ ва ваҳдати мардуми тоҷик дар мадди аввал қарор доранд. Саидзода дар ҳар тадқиқоти худ  мекӯшад, аз эҷодиёти шоирони гузашта ва имрӯза нуктаҳоеро мавриди таваҷҷуҳ қарор бидиҳад, ки онҳо дар баланд бардоштани руҳи худогоҳии миллӣ мусоидат карда тавонанд. Маҳз ҳамин сифати шахсиятӣ устод Саидзодаро миёни хонандаи тоҷик ва табақоти гуногуни ҷомеа соҳибэҳтиром намудааст. Зиёда аз ин, барои Саидзода манфиати миллат ва ҳимояи адолати таърихӣ дар нисбати тоҷикон муҳимтар аз ҳама гуна талошҳои бебунёд мебошад. Ӯро қисмати пурфоҷеаи миллат ҳамеша ба андеша мебарад ва сабабҳои мушкилоти ҳувиятӣ ва шикасти руҳи миллиро на аз таърихномаҳои бардурӯғ, балки аз эҷодиёти Фирдавсӣ барин мутафаккирони бузург ҷустуҷӯ мекунад. Ӯро ҳамеша ин шоҳбайти Фирдавсии бузург ба қаъри андешаҳо мекашад:

Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

Куҷо ин саранҷоми бад доштем.

Саидзода баҳри посух ба ин суоли бузургон китоб ба даст мегирад ва давот дар сари сатрҳои таърихи пурфоҷеаи миллат равон мекунад, зеро ягона ҳамрози ӯ дар ин лаҳзаҳо танҳо китоб асту давот, ки мехонаду менигорад, то миллати худро аз фоҷеаҳои таърих огоҳ ва насли имрӯзро ба роҳи созандагию худшиносӣ раҳнамун созад.

Месазад, ки заҳматҳои ин ноқиди сухан ва ровии қиссаҳои пуршикасти миллат дар мақомоти боло қадрдонӣ шавад ва нисбати меҳнати пурсамари нимасрааш масъулин бетафовут набошанд.

Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,

ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here