Дар доираи барномаи муаррифии муассисаҳои олии касбӣ дар ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар, донишгоҳе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нахустин муассисаи олии касбӣ арзи ҳастӣ кардааст, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овардем. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода моро хуш пазируфта, бо рафти таълиму тарбия дар муассиса шинос намуданд. Мо аз лабараторияҳои муосири таълимӣ, синфхонаҳои васеъу барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама аёниятҳо, ташхисгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толорҳои ҷаласавию варзишӣ дидан намуда, инчунин бо устодону шогирдони зиёде ҳамсуҳбат шуда, маводи мазкурро омода намудем. Омӯзиши мо нишон дод, ки сатҳу сифати таълиму тарбия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории давлатии ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, феълан ҳама имкониятҳо барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ муҳайё аст.

 Пайроҳае то шоҳроҳ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбиест, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси равияи омӯзгорӣ дар бозори меҳнат рақобатпазиру поягузор мебошад.

Маориф, ки омили муҳимтарини наҷоти миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, аз солҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омода намудани омӯзгорони касбии дорои маълумоти олӣ ва ташкил намудани нахустин мактаби олии Точикистон — Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик аз 18-уми июли соли 1931 дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тазаккур бояд дод, ки бо чунин мақсад ибтидои солҳои 30-юм, бо қарори КМ ҲК(б) Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ғайримуттамарказгардонии макотиби олиро пеш гирифт. Тибқи ин амал, тамоми низоми макотиби олии мамлакат бо усули тақсимоти соҳавӣ аз нав сохта шуд. Сохтори мактабҳои олии дорои факултетҳои зиёд тағйир дода шуда, дар заминаи факултетҳои онҳо донишкадаҳои олии тахассусӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, сохтори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна низ мувофиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати марказӣ аз нав тарҳрезӣ гардида буд.

Аз замони таъсисёбии муассисаи мазкур то ба кунун шахсиятҳои маъруф, ба монанди Абдуҳамид Пулодов, Тоҳир Кенҷаев, Маҳмуд Атоев, Абдукарим Ҳақбердиев, Евсеев Павел Георгевич, Ҳошим Содиқов, Ориф Шукуров, Мақсудҷон Мирмуллоев, Ҳотам Солеҳбоев, Қандил Ҷӯраев, Мунзифа Ғаффорова, Эргаш Ямоқов, Қурбон Расулов, Худойназар Асозода, Нуриддин Саид, Зариф Шарифов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Носирҷон Салимӣ роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол сарварии муассисаи мазкурро доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода бар уҳда дорад.

Сохтори донишгоҳ

Сохтори имрӯзаи раёсати донишгоҳ аз қисмҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва дигар зерсохторҳо иборат мебошад.

Донишгоҳ дорои 14 факултет (9 бинои таълимӣ) ва 66 кафедра (55 тахассусӣ ва 11 умумидонишгоҳӣ) буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 9380 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки ин тадбир мушкилоти донишгоҳро ҷиҳати ба танзим даровардани раванди таълим то андозае бартараф намудааст

Факултетҳои он — математика, физика, химия, биология, география, технология ва соҳибкорӣ, таърих, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, география, филологияи тоҷик, забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус мебошад, ки дар умум 19650 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора 2703 нафар донишҷӯ гирандаи идрорпулии донишгоҳ буда, 6 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Имрӯз дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 8454 нафар донишҷӯ, дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 8782 ва 2414 нафар дар шуъбаи ғоибонаи шакли таҳсили анъанавӣ аз рӯйи 1240 фанни таълимӣ тадрис менамоянд.

Дар соли сипаригашта дар назди факултети биология кафедраи “Биохимия ва генетика”таъсис дода шуд. Илова ба ин, ихтисоси “Таърих. Таърихи дин” дар назди факултети таърих ва ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ” дар назди факултети филолгияи тоҷик низ таъсис дода шуданд, ки дар маҷмуъ, дар 14 факултети донишгоҳ 78 ихтисос (64 ихтисосҳои омӯзгорӣ ва 14 ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ) фаъолият менамоянд.

Рӯйхати ихтисосҳои амаликунанда

— Математика.

— Математика. Информатика.

— Математика. Физика.

— Информатика. Забони англисӣ.

— Математика. Нақшакашӣ.

— Таълими касбӣ (информатика).

— Таълими касбӣ (агромуҳандисӣ).

— Технология. Омӯзгор-муҳандис.

— Технология. Соҳибкорӣ.

— Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ).

— Физика.

— Физика. Информатика.

— Физика. Математика.

— Физика. Радиоэлектроника.

— Физика. Энергетика.

— Физика. Астрономия.

— Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф.

— Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф.

— География.

— География, биология.

— География, ҳифзи табиат.

— География. Иқлимшиносӣ.

— География. Иқтисодиёт.

— География. Хариташиносӣ.

— География. Яхшиносӣ.

— Саёҳат ва меҳмондорӣ.

— Таълими касбӣ (иқтисодиёт ва идоракунӣ).

— Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ.

— Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ.

— Забон ва адабиёти рус. Забони англисӣ.

— Забон ва адабиёти тоҷик.

— Забон ва адабиёти тоҷик. Алифбои ниёгон.

— Забон ва адабиёти тоҷик. Нақди адабӣ.

— Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ.

— Забон ва адабиёти ӯзбек.

— Забони англисӣ.

— Забони англисӣ. Забони кореягӣ.

— Забони англисӣ. Забони хитоӣ.

— Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума).

— Забони муосири хитоӣ (тарҷума).

— Забони олмонӣ. Забони англисӣ.

— Забони фаронсавӣ. Забони англисӣ.

— Забони хориҷӣ (забони олмонӣ).

— Забони хориҷӣ (забони фаронсавӣ).

— Забони муосири олмонӣ (тарҷума).

— Забони муосири фаронсавӣ (тарҷума).

— Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ.

— Олигофренопедагогика. Таърих.

— Сурдопедагогика. Информатика.

— Таҳсилоти ибтидоӣ.

— Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти тоҷик.

— Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ.

— Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ.

— Таҳсилоти томактабӣ.

— Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ.

— Таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ.

— Таҳсилоти томактабӣ. Логопедия.

— Психологияи иҷтимоӣ.

— Психологияи муносибатхои оилавӣ.

— Психологияи педагогӣ.

— Психологияи умумӣ.

— Равоншиносии амалӣ.

— Муносибатҳои байналхалқӣ.

— Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ.

— Таърих.

— Таърих. Забони англисӣ.

— Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ).

— Таърих. Таърихи дин.

— Биология.

— Биология, экология.

— Биология. Химия.

— Биохимияи тиббӣ.

— Химия.

— Химия. Биология.

— Химия. Экология.

Донишҷӯёни хориҷӣ ва робитаҳои байналхалқӣ

Дар соли хониши 2020-2021 дар 14 факултет 3564 нафар донишҷӯёни хориҷӣ (1380 нафар дар шуъбаи рӯзона, 2075 нафар дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 1380 нафари шуъбаи рӯзона, 1324 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, 11 нафар Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар Ҷумҳурии Қирғизистон, 12 нафар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 31 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Аз 2075 нафари шуъбаи ғоибона 37 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 2035 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ тариқи квота ва бурсия дар зинаи бакалавр ба 25 нафар баробар гардидааст, ки 12 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 11 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.

Дар шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар бахши магистратура 7 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд, ки 6 нафари онҳо тариқи шартнома ва 1 нафар тариқи квота ва бурсия таҳсил мекунанд.

Дар назди донишгоҳ 6 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 3 шӯрои диссертатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 шӯрои диссертатсионии КОА-и Федератсияи Россия (ВАК РФ) фаъолият доранд. Дар бахши докторантура (PhD) доктори фалсафа аз рӯи ихтисос 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. 1 нафар тариқи бурсия, 3 нафар таъриқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Инчунин, айни замон дар факултети забони англисии донишгоҳ 8 нафар омӯзгорони хориҷӣ ба фаъолият машғул мебошанд.

Фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалӣ

Бахши робитаҳоибайналмилалии донишгоҳ дар соли тақвимии 2020 ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти такмили раванди таълим ва ба роҳ мондани усулҳои фаъоли он бо ташкилотҳои UNESCO, СОРОС, ЮНИСЕФ, Маркази Конфутсия, сафоратхонаҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Фаронса, Украина, Белорусия, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Федератсияи Россия, ИМА, Маркази фарҳангии «Россотрудничество», бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии хориҷи кишвар ҳамкориҳои судманд дорад. Донишгоҳ бо 75 муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷи кишвар шартномаҳои тарафайн ба мизо расонидааст, ки ин нуфузи онро дар дохил ва хориҷи кишвар боз ҳам баланд бардоштааст.

Моҳи феврали соли равон тафоҳумнома байни донишгоҳ ва Донишкадаи Елабугаи Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия ба муҳлати 5 сол, шартнома бо Донишкадаи давлатии Барановичи Ҷумҳурии Белорусия ба имзо расонида шуд.

Хобгоҳҳо

Донишгоҳ барои донишҷӯёни ноҳияҳои дурдасти кишвар 5 хобгоҳ, аз ҷумла 3 хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон ва 2 хобгоҳ барои донишҷӯписарон бо шароитҳои мусоиди зист таъмин намудааст, ки дар он 1283 нафар аз ҷумла, 730 нафар духтарон, 553 нафар писар истиқомат доранд. Аз ин шумора 230 нафар тибқи Квотаи Президентӣ — 185 нафараш духтарон, 19 нафар ятимони кулл, 88 нафар нимятим, 44 нафар маъюб ва боқимонда донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст ба ҷои хоб таъмин гардидаанд.

Инчунин, барои кормандону омӯзгорони донишгоҳ ду хобгоҳ бо шароитҳои хубу мусоид фароҳам оварда шудааст, ки устодону кормандони ба ҷои хоб эҳтиёҷдошта дар онҳо истиқомат доранд.

Дар донишгоҳ 783 нафар донишҷӯён тибқи Квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 451 нафар духтарон, 332 нафарашон писарон мебошанд. 282 нафари онҳо дар хобгоҳҳои донишгоҳ ба ҷои хоб таъмин гардидаанд, ки аз ин миқдор 190 нафар духтар ва 92 нафар писарон мебошанд.

Ҳайати баланди кадрӣ

Айни ҳол ҳайати кадрии донишгоҳро 1280 нафар ташкил медиҳад, ки аз ин 764 нафар ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва 516 нафар ҳайати техникию ёрирасон ва маъмурӣ мебошанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ (штатӣ)-и донишгоҳро 27 нафар доктори илм, профессор, 5 нафар доктори илм, дотсент, 7 нафар номзади илм, профессор, 131 нафар номзади илм, дотсент, 72 нафар номзади илм, муаллими калон, 192 нафар муаллими калон, бе унвон, 383 нафар ассистенти кафедра, бе унвон ва дар маҷмуъ 817 нафарро ташкил медиҳад. Дар умум 242 нафар соҳибунвон (аз ин 59 нафарашон занҳо) ва 575 нафар беунвон (аз ин 232 нафарашон занҳо) мебошанд. Потенсиали илмии кормандони асосӣ (штатӣ) 29,6% аст.

Донишгоҳ барои пешрафти сатҳу сифати таълим ва таъмини фонди аудитории донишҷӯён аз соли 2007 инҷониб тадбирҳои судманд андешида, кушодашавии биноҳои нави таълимии онвақтаро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои факултети таъриху филологияи тоҷик, сипас, бо чунин мақсад соли 2014 кушодашавии факултетҳои технология ва соҳибкорӣ, забони англисиву забонҳои романӣ — германиро ба роҳ мондааст.

Таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Ҳамасола донишҷӯён таҷрибаҳои омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ва атрофи он мегузаронанд. Таҷрибаҳои саҳроии равияҳои табиӣ-риёзӣ бошад, дар боғи таҷрибавӣ-истеҳсолии донишгоҳ, ки дар дараи Ромит воқеъ мебошад, мегузарад.

Дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, қабул ва баргузории сесияҳои ҷорӣ тавассути марказҳои қабули имтиҳонот дар назди Маркази тестӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, дар донишгоҳ шуъбаҳои дигаре, аз қабили ШБМ, ШИСТ, шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ, ки барои омода намудани довталабон барои имтиҳоноти марказонидаи дохилшавии ММТНПҶТ саҳмгузор мебошанд, фаъолият доранд.

Дастовардҳо

Дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди таълиму тадрис хеле назаррас буда, бо ташаббус ва таъсис ёфтани КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ба роҳ монда шуда, омӯзгорону кормандон рисолаҳои номзадиву доктории хешро сарбаландона ҳимоя намуда истодаанд, ки ин баҳри пешбурди фазои илмии кишвар саҳмгузор мебошад. Инчунин, ҳамасола дар донишгоҳ озмунҳои “Олими ҷавони сол”, “Олими сол” ва “Донишҷӯи беҳтарини сол” баргузор мегардад. Инчунин, ҳар сол донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Соли сипаригардида донишгоҳ барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои олии касбии кишвар сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Донишгоҳ дорои толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ буда, дастовардҳо дар соҳаи варзиш хеле назаррас мебошанд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумшҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Натиҷаҳои муҳимтарини илмӣ-таҳқиқотии устодони донишгоҳ соли сипаришуда тибқи самту равияҳои илмии кафедраҳо дар шакли монография, китоби дарсӣ ва дастурҳои илмӣ-методӣ омода гардидааст. Аз ҷумла, дар донишгоҳ 2 патент, 51 монография, 74 китоби дарсӣ,190 дастури илмӣ-методӣ, 43 мақолаҳо дар хориҷи кишвар, 504 мақолаи илмӣ, маводҳои конференсиявӣ (459 ҷумҳуриявӣ, 356 дохилӣ, 69 байналмилалӣ) ба нашр расидаанд. Илова бар ин, 29 нафар муҳаққиқон рисолаи номзадии худро ҳимоя намудаанд.

Китобхона

Китобхонаи донишгоҳ дорои 297154 адад китоб мебошад, ки ҷиҳати мутолиа намудани донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, доктор PHD, олимон ва омӯзгорон бо шароити хуб хизматрасонӣ менамояд.

Ҳамзамон, китобхона дорои 1 махзан, 5 толор ва 4 шуъба буда, ҳамарӯза муштариёни худро бо 150 ҷои нишаст, 14 компютери бо шабакаи интернетӣ пайваст дар сатҳи баланд хизматрасонӣ менамояд.

Ба ҷои хулоса

Дар суҳбат бо мо Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода иброз доштанд, ки донишгоҳ барои донишҷӯён, ҷиҳати тақвият бахшидани таҷрибаву малакаҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки лабораторияҳои таълимии факултетҳои химия, биология, физика, сехҳои дӯзандагиву истеҳсолии факултети технология ва соҳибкорӣ, парки технологӣ, осорхонаи зоологии факултети биология, осорхонаи мардумшиносии факултети таърих, маркази забономӯзӣ, маркази ёрии психологиву бунгоҳи тиббӣ аз ин шаҳодат медиҳанд.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here