Таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки 1 сентябри соли 2016 дар остонаи ҷашни биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрони бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара иброз намуданд, ки дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар зарфи 25 соли истиқлол тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонидем.
Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯз бо фарогирии 75 ихтисосу равия ва зиёда аз 10056 нафар донишҷӯи таҳсилоти рӯзонаю фосилавӣ нуфузу эътибори хешро дар ҷомеа ҳамчун ҷавонтарин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд мебардорад. Самти фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявию фарҳангии муассиса дар раванди пешрафти инноватсионии кишвар ва талабот ба кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари таҳсилоти олӣ донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои таҳсилоти рӯзона ба таълими ҳарбӣ бо шароити муосири таълим ва тамрин дар кафедраи ҳарбии донишгоҳ фаро гирифта мешаванд.
Бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара 1 сентябри соли 2016 дар маркази шаҳрак дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Донишгоҳ дар шакли кампус сохта шуда, аз 9 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9-ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5-ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 580 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 7,5 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.
Соли таҳсили 2020-2021 сохтори идоравии раванди таълим дар назди департаменти таълим ва идораи сифати таҳсилот дар 9 факултет, 29 кафедра, 7 маркази таълимӣ-тренингӣ, 13 шуъба ва 10 бахш тасдиқ гардид ва аз рӯи ихтисосҳои идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ, иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, агробиология, стандартизатсия ва тибби байторӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар Донишгоҳ зиёда аз 341 нафар омӯзгор, аз ҷумла 2 доктори илм, 32 номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 9756 нафар донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи донишҷӯёни таҳсилоти буҷавӣ ба 2590 нафар, шартномавӣ ба 7166 нафар баробар аст. Дар донишгоҳ 114 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки аз инҳо 32 нафарашон духтарон мебошанд. Донишҷӯёни ятими кулл 27 нафар ва маъюбон 14 нафаранд. Раёсати донишгоҳ барои дастгирии ин табақаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда, пайваста ба онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунад. Аввали соли таҳсили 2020-2021 ба ятимони кул ба андозаи 700 сомонӣ ва ба маъюбон ба андозаи 400 сомонӣ барои харидории сару либос ва лавозимоти хониш дода шудааст. Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар таҳсилоти фосилавӣ 65 нафар, рӯзона 51 нафар ва дар маҷмуъ 116 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи 19 ихтисос дар зинаи магистратура мутахассис тайёр карда мешавад. Соли таҳсили 2019-2020 дар курси якум 175 нафар магистрант (аз ин теъдод 34 нафар духтар 141 нафар писар) дар курси дуюм 125 нафар (аз ин теъдод 27 нафар духтар 98 нафар писар) ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар соли таҳсили 2019-2020-ум 45 нафар магистрант донишгоҳро бо гирифтани дараҷаи магистри соҳа хатм карданд.
Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази таълимӣ-тренингии “Муди Чаманоро” таъсис ёфтааст. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар марказ донишҷӯён ба курсҳои сертификатсионӣ ҷалб гардида, пас аз хатми курс соҳиби шаҳодатнома мегарданд. Дар ин давра аз ҷониби тарроҳони марказ ба кормандони техникӣ, муҳофизон ва фаррош-экологҳои Донишгоҳи давлатии Данғара, кормандони техникии Корхонаи давлатии фаръи хоҷагии манзилию комуналӣ ва гулпарварони Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳраки Данғара сару либоси ягона дӯхта шудааст. Соли ҷорӣ ба 129 нафар корманди техникӣ, гулпарварон сару либоси ягонаи корӣ, рӯймол бо нақши гулдузии миллӣ ва ҷувздонҳои корӣ туҳфа гардид ва дар навбати худ ҳамаи кормандон вобаста ба дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар изҳори миннатдорӣ хешро баён карданд.
Таъсиси гурӯҳи зудамали таъмири технологияи компютерӣ бо ду мошини сабукрав аз навовариҳои бахши таълим дар Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
Раванди таълиму тарбия дар синфхонаҳои дорои воситаҳои муосири технологияи компютерӣ, озмоишгоҳҳо, парки технологию инноватсионӣ бо ҷалби олимону мутахассисон аз дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни педагогӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, муҳандисию технологӣ ва ғайраҳо фаъолияти пурсамар дорад. Тавассути тарбияи мутахсассисон дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавию ғоибона донишгоҳ дар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳо дар вилояти Хатлон бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ саҳми муассир мегузорад. Аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Данғара мутахассисони зиёди варзида бо ихтисосҳои бакалавр ва магистратура, ҷавобгӯ ба талаботи бозори озоди меҳнат ва минтақаи озоди иқтисодӣ донишгоҳро хамт кардаанд. Соли 2020 аз шумораи умумии 849 нафар 152 нафари онҳо соҳиби ихтисосҳои омӯзгорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 51 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Солҳои 2017-2021 пас аз машғулиятҳои дарсӣ 655 нафар донишҷӯи ниёзмаанд ба кор сафарбар карда шуда, дар доираи ҳамкориҳои судманд соли ҷорӣ бо ҶСП «Ҷунтай-Данғара син-силу тексил» 50 нафар ва дар Корхонаи афшураи меваю сабзавоти ноҳия 40 нафар донишҷӯ ба кор ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ равона гардиданд.
Дар заминаи донишгоҳ маркази рушди зеҳнӣ, болоравии касбӣ ва баҳогузории рейтингӣ фаъолият мекунад, ки мақсади асосии фаъолияти марказ ин ташаккули заминаҳо барои фаъолияти рушди нерӯ ва имконияти зеҳнии ҷавонони Тоҷикистон, ташаккул додани ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносии ҷавонон, дар замири ҷавонон бедор намудани ифтихори миллӣ, инчунин муттаҳид намудани нерӯи зеҳнии ҷавонон баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар мебошад.
Инчунин, дар сохтори марказ Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми «Омӯзиши асрори муваффақият ва хислатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо мақсади татбиқи давлатии сиёсати кор бо ҷавонон, дар ҳамкорию сарпарасти ва мувофиқа намудани фаъолияти якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи Болон ва ғайра таҳия шуда, барои дастгирии иқдоми донишҷӯён ва афкори онҳо, ба инобат гирифтани хоҳишу дархостҳои онҳо оиди рушди Донишгоҳи давлатии Данғара, татбиқи навгониҳо, иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, факултетҳо, донишгоҳ ва дигар масъалаҳо созмон дода шудааст, ки мувофиқи талаботи имрӯзаи меъёрҳои байналмилалӣ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар амалисозии стратегияи рушди донишгоҳ, рақобатпазиргардонии кадрҳо дар бозори озоди меҳнат муҳим мебошад.
Дар ҳошияи эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” донишҷӯи фаъоли факултети Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсоли Тоирзода Суҳроб дар Фестивали байналмилалии ҷавонон, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок варзида таъсиси Парламенти донишҷӯёнро дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба иштирокчиёни фестивал муаррифӣ кард. Инчунин, донишҷӯи факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ Муҳаммад Шораҳимзода соли 2019 ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донишҷӯи сол-2019», ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид, дониста шуда, бо Шаҳодатномаи курси омӯзишии “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Донишгоҳи давлатаии Данғара ба рушди соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста пирӯз мешаванд. Оятулло Сайфуллоев, донишҷӯи факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ соли 2020 дар байни варзишгарони ҷумҳурӣ дар санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида мақоми аввалро ишғол кард ва медали тиллову диплом ба даст овард.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои амалӣ кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимону муҳаққиқон грантҳои дохилидонишгоҳиро барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ во чопи китобҳо таъсис додааст, ки миқдори зиёди устодон аз он бархурдор гардиданд. Дар соли 2020 номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Музаффарзода Даврон, декани факултети агробиология, стандартизатсия ва тибби байторӣ бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (дипломи №151) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд. Инчунин номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳасанов Шарифхуҷа, декани факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ барои ҳамкориҳои судманд дар самти илм бо ҷоизаи олии Федератсияи Россия, аз ҷумла профессори фахрии Академияи табиатшиносии Россия (диплом №10470 аз 13.10.2020); аълочии маорифи халқии Академияи табиатшиносии Россия (шаҳодатнома №211 аз 13.10.2020); корманди шоистаи илм ва маорифи Академияи табиатшиносии Россия (шаҳодатнома №02912 аз 1.112.2020); ордени хизмати шоистаи Академияи табиатшиносии Россия (шаҳодатнома №066 аз 1.12.2020) қадрдонӣ гардид.
Тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи “зебосозии шаҳр”, “сохтмони деҳот ва ободонии муҳит”, “сайёҳат ва меҳмондорӣ”, “дизайни экспозитсионӣ”, “бунёди боғу истироҳатгоҳҳо”, “забони хитоӣ (тарҷума)”, “идораи минтақавӣ”, “идораи давлатӣ” ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз 7 то 12 декабри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоишгоҳи дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён барои иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, ихтироот, ғояҳои (идея) нав ва эҷодиёт баргузор гардид.
Донишгоҳи давлатии Данғара дар фазои илмиву таълимии инноватсионии мамлакат мақоми хосро касб кардааст. Олимону муҳақиқон ва хатмкунандагони ин даргоҳ садҳо ихтироот, усулҳои нави ташхису муаррифии технологияҳои мултимедиро бомуваффақият ҷорӣ кардаанд. Дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат доимо дар равандҳои гуногун кашф ва мукаммал гардида, ба болоравии иқтисодиёти миллӣ мусоидат кардаанд.
Ба хотири он, ки донишҷӯён дар инкишофи худ ба дигар соҳаҳои табиатшиносӣ, махсусан, ба биология, химия, физика, математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ба устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис додааст.
Аз ҷумла, 16 идрорпулӣ бо маблағи 300 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Ба ҳар як факултет 2 ҷоиза пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар 9 факултети донишгоҳ 9 ҷоиза таъсис дода шуд. Ин ҷоизаҳо ҳар кадом 5000 сомониро фаро мегиранд, ба омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, мукофотонида мешаванд. Бояд гуфт, ки ҳамасола намоишгоҳи дастовардҳои зеҳнии донишҷӯён ташкил гардида, ба дониҷӯёни фаъоли иштирокчии ин намоишгоҳ аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара сертификат ва титулҳои фахрӣ оид ба пазируфтани истеъдодҳо супорида мешавад. Сертификати мазкур метавонад ба гирифтани баҳоҳои мусбӣ мусоидат намояд.
Аз 20 октябри соли 2020 то 1 июни соли 2021 оид ба татбиқи навгониҳои таҷрибавии низоми таҳсилоти олии мансуб ба кишварҳое, ки ба Ҷараёни Болон- раванди конвергенсия ва ҳамоҳангсозии системаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо бо мақсади ташкили минтақаи ягонаи таҳсилоти олии аврупоӣ ворид гардидаанд ва дигар кишвартҳои мансуб ба рушди инноватсионӣ дар сохтор ва факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо истифода аз таҷрибаи кишварҳое чун Ҷумҳурии Мардумии Чин, Швейтсария, Германия, Австрия, Сингапур, Ҳиндустон, Нидерландия Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Гурҷистон ва Молдова, давраи омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи ин давлатҳо роҳандозӣ мегардад.
Дар ин муддат 176 нафар донишҷӯи донишгоҳ таҳсили худро дар Академияи давлатии кишоварзии Приморский дар шаҳри Уссурийски Федератсияи Россия идома дода, як қисми донишҷӯёни факултети агробиология, стандартизатзия ва тибби байторӣ дар доираи барномаи IBW (Internationale berufliche Aus-und Weiterbildung) барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафарбар гардида, аз нозукиҳои соҳаи кишоварзӣ бархурдор гардиданд.
Дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара гармхонаи таълимӣ-тренингӣ ва инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар он асосан маҳсулот бо усули қатрагӣ нашъунамо меёбанд ва сабзавоти помидору бодиринг истеҳсол гардида, ҳамзамон ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ин таҷриба шинос мешаванд. Ояндаи наздик дар ин гармхона парвариши ҳамагуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад. Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули қатрагӣ 0,2 гектарро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти таълимӣ ва илмию фарҳангии донишгоҳ дар ҳисоботи худбаҳодиҳӣ дар 5 соли охир вобаста ба талаботи низоми аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз тарафи мутахассисони соҳа баҳогузорӣ карда мешавад.
Соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳ аз аттестатсияи навбатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ (Т-ИФ № 0000097) аз 11 декабри соли 2020 ва замима ба иҷозатномаи мазкур бо фарогирии 84 ихтисос дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ ва 21 ихтисос дар зинаи магистратура гардидааст. Инчунин, тайи ду соли охир раванди гузариш аз Аттестатсияи байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, донишгоҳ ҳоло дар марҳилаи гузариш ба низоми мазкур қарор дорад. Таҳлили фаъолияти донишгоҳ моҳи октябри соли 2020 аз ҷониби экспертони байналмилалӣ ва дохилӣ гузаронида шуда, баҳои баланд дода шудааст.
Фоидабахшии эквиваленти молиявии татбиқи лоиҳаҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара тайи солҳои 2017-2020 аз маблағи умумии грантҳо 3 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар самти лоиҳаҳои рушди ҳамкориҳои шабакавӣ байни донишгоҳҳо омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон; мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ; дизайни касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бозори озоди меҳнат оид ба омода намудани 180 нафар зани хонашин аз рӯи касби дӯзандагӣ омӯзонида, сертификати касбӣ дода шуд; механизми ҷалби духтарони деҳот барои гирифтани маълумоти олӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара; васл намудани мошинаҳои дарздӯзӣ дар маркази таълимӣ-тренингии “Муди Чаманоро” таҳти сарпарастии Ҷумҳурии Чин, марказҳои озмоишӣ-татқиқотӣ, ки дар МТОК ҳамто надорад, ташкил гардиааст.
Донишҷӯён дар баробари таҳсили касб ба машғулиятҳои ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд, ки аз тарафаи афсарони пуртаҷриба дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо шароитҳои муосири таълимӣ ба омӯзиш ва машқҳои мунтазами ҳарбӣ ҷалб гардида, дар баробари гирифтани малакаю маҳорат соҳиби аввалин рутбаи ҳарбӣ лейтинанти хурд мегарданд.
Донишгоҳи давлатии Данғара модели хатмкунандаи рақобатпазирӣ ва виртуалии донишҷӯёнро таҳия намуда, дар ин давра ба ҳама зинаҳои таҳсилот фанни рақобатшиносӣ ва худташаккулёбии касбӣ омӯзонида шуд. Соли 2016 шумораи умумии донишҷӯён 2782 нафарро ташкил дода, аз инҳо 526 нафар духтар, дар ҳамин сол 441 нафар донишгоҳро хатм карданд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 10056 нафар донишҷӯ расид, аз инҳо 2456 нафар духтар, 849 нафар соҳиби диплом гардиданд.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба маъракаҳои муҳими сиёсию давлатӣ як қатор чорабиниҳои сиёсию таърихӣ, аз қабили “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди туризми байналмилалӣ-омили муҳими пешрафти иқтисодиёти миллӣ” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор тайи солҳои 2018-2028” баргузор гардиданд.
Шуруъ аз соли 2016 дар асоси барномаи махсус дар донишгоҳ корҳои ободонӣ, соатҳои экологӣ барои зебо гардонидани гирду атроф, шинонидани дарахтони сояафкан ва декоративӣ ва дигар корҳои вобаста ба беҳсозии муҳит ба сомон расид, ки дар натиҷа Донишгоҳ мустақиман дар ободонии кӯчаву хиёбонҳои ноҳия саҳм гирифта, барои сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаи Советӣ, ҳамчун озмоишгоҳи таълимӣ-тренингии саҳроии зебосозии шаҳри факултети муҳандисӣ-технологӣ, инчунин дар ҳудуди донишгоҳ, гирду атрофи хобгоҳҳои донишҷӯён ва хонаҳои истиқоматии омӯзгорон дарахтони ороишию сояафкан, гулбутта ва гулҳои мавсимӣ шинонида, ба ин васила унсурҳои Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид.
Шоҳиён Нуралӣ Набот, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ