Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи дониш (01.09.2019) вазъи воқеии рушди соҳаи илму маорифи ҷумҳуриро таҳлил намуда, қайд намуданд, ки «Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд». Ҳамчунин, Пешвои миллат зикр карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои пешқадами таълимро ҷорӣ мекунад ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайваста сайъю кӯшиш мекунанд, ки дар ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти илмию инноватсионӣ усулҳои муосир ва навгониҳоро татбиқ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 27-уми июни соли 1987, №241 ҳамчун Филиали Донишкадаи савдои советии кооперативии Новосибирск дар шаҳри Душанбе дар заминаи Нуқтаи таълимию машваратии Донишкадаи кооперативии Самарқанд таъсис дода шуда шудааст. Мутобиқи қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 1991, №354 дар заминаи филиали мазкур Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки аввалин иқдом дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти моли 1993, №126 он ба Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2000, №162 донишкадаи мазкур ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.
Айни замон Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии заминавӣ ва пешсаф дар бахши тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба шумор меравад ва боиси ифтихори ҳайати илмию омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ аст, ки ки дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки соли 2019 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба зинаи 4-ум баромад ва мавқеи худро устуворона беҳтар менамояд. Зимнан, боиси тазаккур аст, ки донишгоҳ соли 2017 дар рейтинги мазкур дар мавқеи 8-ум қарор дошт.
Ба сохтори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 5 факултет, 18 кафедра, Пажуҳишгоҳи бозори истеъмолӣ ва соҳаи хизматрасонӣ, шуъбаи магистратура ва докторантура, Парки технологии “ТОҶ”, 8 маркази тестӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва робита бо хатмкардагон, шуъбаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроки омма, озмоишгоҳи молшиносӣ ва муоинаи молҳо, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, матбааи хурди «Тоҷир», корхонаи хурди дӯзандагӣ, маҷмааи варзишӣ, меҳмонхона, хобгоҳ барои донишҷӯён ва ғайра дохил мешаванд.
Китобхонаи донишгоҳ дорои махзани бузурги адабиёти таълимию методӣ ва илмию бадеӣ буда, ҳанӯз соли 2007 китобхонаи электронӣ низ таъсис ёфта буд, ки алҳол бо барномаи махсус ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои заминаи моддӣ-техникии муосир мебошад, ки ҷавобгӯ ба талаботи меъёрии стандартӣ аст. Дар раванди таълим технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир васеъ истифода мешаванд. Агар 3 сол пештар дар донишгоҳ дар раванди таълим беш аз 500 компютер истифода мешуд, алҳол шумораи компютерҳои сифатан нав ва замонавӣ дар ин самт беш аз 800 ададро ташкил медиҳад.
Раванди таълим дар ДДТТ дар асоси низоми бисёрзинагии таҳсил ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ алҳол аз рӯи 34 барномаи таҳсилотии зинаи бакалавр, 10 барномаи таҳсилотии зинаи магистратура, 7 ихтисоси зинаи аспирантура, 19 ихтисоси зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва беш аз 20 барномаи такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддат иҷозатнома дорад. Таҳсил дар донишгоҳ дар шакли рӯзона ва фосилавӣ сурат мегирад. Факултети таҳсилоти фосилавӣ тадриҷан бо барномаю таҷҳизоти навтарин таъмин карда шуда, аз ҷониби омӯзгорон маводҳои таълимию методии электронӣ ва видеодарсҳо омода мегарданд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳ барои 8 ихтисоси нави барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ соҳиби иҷозатнома гардид: 910201 — сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 26020222 — менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо; 96010103 — бехатарии иқтисодӣ; 25010731 — иқтисодиёти бизнеси электронӣ; 25010732 — иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо; 24010204 — ҳуқуқи андозу бонкӣ; 24010205 — ҳуқуқи гумрукӣ ва 24010216 — ҳуқуқи иттилоотӣ.
Ҳамчунин, дар донишгоҳ низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус савдо ва хӯроки умумӣ тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки соли таҳсили 2005-2006 ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот оғоз намуд, ки он аз иқдоми Пешвои миллат оид ба имзои раванди Болонӣ сарчашма мегирад ва ҳоло дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҷрибаи донишгоҳро дар ин самт татбиқ намуда истодаанд. Ин падида боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ нахустин мутахассисон тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот омода карда шаванд.
Боиси тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти иҷозатномагирӣ ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан низ мақоми пешоҳангиро дорад, зеро аввалин иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсия таҳти рақами 000001-ро маҳз донишгоҳ соҳиб шудааст.
Дар шароити муосир раёсати донишгоҳ саъю кӯшиш дорад, ки низоми таълими донишҷӯмеҳвариро тавассути таъмини фазои мусоиди академӣ ва хадамоти дастгирии донишҷӯён роҳандозӣ намояд, ки тақозои замони муосир ва таҷрибаи пешқадами таҳсилоти ҷаҳонист. Дар ин робита раёсати донишгоҳ мунтазам дар байни донишҷӯён озмунҳои гуногун дар соҳаи таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, баланд бардоштани худшиносиву ифтихори миллию ватандории онҳо баргузор менамояд.
Раванди таълимро дар ДДТТ беш аз 280 нафар омӯзгорон таъмин менамоянд, ки беш аз 250 нафари онҳо кормандони штатии донишгоҳанд. Фоизи ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ, ки дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд, 56%-ро ташкил медиҳад. Дар солҳои 2017-2020 беш аз 8 нафар корманди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва беш аз 30 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд, ки ин ва дигар дастовардҳо маҳз дар асоси имкониятҳои молиявии донишгоҳ бидуни дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба даст оварда шудаанд ва таҷрибаи ибратомӯз ба шумор меравад.
Дар донишгоҳ якчанд мактабҳои илмӣ бо роҳбарии олимони маъруфи ҷумҳурӣ оид ба масоили мубрами илм дар соҳаи иқтисодиёт амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар эътироф шудааст. Дар заминаи Пажуҳишгоҳи бозори истеъмолӣ ва соҳаи хизматрасонии донишгоҳ олимони донишгоҳ дар самти таҳлили вазъи бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин механизми баланд бардоштани сифат дар соҳаи хизматрасонӣ ба таҳқиқот машғул мебошанд ва тадриҷан робитаи донишгоҳ бо субъектҳои бозори меҳнат бо мақсади ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот низ густариш меёбад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ, доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторӣ таъсис дода шудааст — Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 ва Шӯрои диссертатсионии Д 999.031.03. Танҳо дар 3 соли охир дар шӯроҳои зикршуда ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии беш аз 60 нафар муҳаққиқони ҷавон баргузор гардид, ки барои таҳкими иқтидори кадрии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ саҳми назаррас ба ҳисоб меравад.
Густариши робитаҳои байналмилалӣ ва иштирок дар амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак самти афзалиятноки рушди стратегии донишгоҳ ба шумор меравад. Алҳол донишгоҳ бо беш аз 70 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, марказҳои илмӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст, ки дар доираи татбиқи онҳо беш аз 20 лоиҳаи муштарак амалӣ гашта, сол то сол шумораи мубодилаи академии донишҷӯён ва таҳқиқотчиён рӯ ба афзоиш аст.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2009 бори аввал барномаи махсуси таҳсили донишҷӯёнро бо забони англисӣ аз рӯйи ихтисоси 250103 — иқтисодиёти ҷаҳон роҳандозӣ намуд, ки алҳол хамткардони он дар корхонаву ташкилотҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти пурсамар доранд.
Дар донишгоҳ бо мақсади пешниҳоди иттилооти саҳеҳ ва саривақтӣ оид ба навгониҳо ва дастовардҳои донишгоҳ шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа таъсис дода шуда, сомонаи донишгоҳ (www.ddtt.tj) ва ҳафтаномаи “Тоҷир” дар ин самт фаъол мебошанд.
Соли 2012 барномаи таҳсилотии иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи муштараки TEMPUS-CANQA аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд ва донишгоҳ нахустин шуда дар ҷумҳурӣ соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гардид. Дар охири соли 2019 аз тарафи Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) 6 барномаи таҳсилотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз он ҷумла 4 барномаи зинаи бакалавр ва аввалин шуда 2 барномаи зинаи магистратура аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида шуд ва онҳо соҳиби шаҳодатнома гаштанд, ки дар соҳаи таҳсилоти олии касбии кишвар алҳол беназир аст. Коршиносони агентии мазкур зимни сафари худ ба донишгоҳ заминаи моддию таълимӣ, дастрасӣ ба технологияи навтарин, пешбурди фаъолияти таълимию методӣ, илмию инноватсионӣ ва дигар ҷабҳаҳои фаъолияти донишгоҳро баланд арзёбӣ намуданд.
Барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат, тадриҷан ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҷоизаҳои «Сифати Аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо» сазовор дониста шуд ва ректори донишгоҳ — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба Ҷоизаи ба номи Суқрот сарафроз гардиданд. Ҳамчунин, профессор Фақеров Ҳ. Н. узви ифтихории Шӯрои ректорони Аврупо, профессори фахрии Донишгоҳи Венаи Австрия ва узви Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисодиёти Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ба ҳисоб мераванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи комёбиҳои зикршуда натиҷаи меҳнати софдилонаи роҳбарият, аҳли ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандони донишгоҳ мебошад, ки тавонистанд дар тӯли фаъолияти беш аз 30-солаи донишгоҳ бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ тавассути идоракунии самараноки молиявӣ заминаи моддию техникӣ, таълимию методӣ, иттилоотию коммуникатсиониро таҳким бахшанд ва шароити мусоиди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро фароҳам оваранд. Дар баробари ин, раёсати донишгоҳ масъулияти иҷтимоии худро дарк намуда, мунтазам ба фаъолияти ободонию эҳсонкорӣ машғул буда, дастгири ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошад. Ин амал маҳз дар давраи хурӯҷи бемории сироятии COVID-19 мушоҳида гардид. Раёсати донишгоҳ тавонист дар ин лаҳзаи душвор омӯзгорону кормандонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, музди меҳнати онҳоро ба пуррагӣ ва саривақт пардохт намояд.
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои нав дар самти таъмини сифати раванди таълиму тарбия, донишгоҳ дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст, алҳол Лоиҳаи «Низоми менеҷменти сифати донишгоҳ»-ро татбиқ менамояд, ки ҳадафи асосии он таҳлили ҳамаҷонибаи механизми амалкунандаи таъмини сифати таҳсилот дар донишгоҳ ва таҳияву татбиқи низоми менеҷменти сифат (НМС) ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар асоси бунёди механизми самарабахши робитаҳо дар байни низомҳои дохилӣ ва берунии таъмини сифат имконпазир мегардад ва дар раванди арзёбии рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат нақши муҳим мебозад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тадбирҳои гуногун амалӣ мегарданд, вале онҳо бо сабаби мавҷуд набудани низоми мукаммали дохилии менеҷменти сифат самаранок нестанд ва хусусияти бонизомро надоранд. Тадбирҳои зикршуда бештар ба назорати стандартҳо нигаронида шуда, тарафҳои манфиатдор, ба монанди донишҷӯён, омӯзгорон ва кордиҳандагон дар таҳия намудани барномаҳои таҳсилотӣ, раванди таъмини сифат ва идоракунии донишгоҳ ба таври зарурӣ ҷалб карда намешаванд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаҳои таълимии хешро одатан бе ҷалби намояндагони бозори меҳнат таҳия ва амалӣ месозанд. Механизми таъмини сифат асосан бо назорати ҷараёни таълим маҳдуд мегардад. Омӯзиши ҷараёнҳо ва худбаҳодии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мунтазам амалӣ намегарданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воситаи самараноки таъмини сифати хизматрасониҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар фаъолияти онҳо мебошад. Низоми менеҷменти сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои беҳтар шудани ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти онҳо, таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани имиҷи муассиса дар ҷомеа мусоидат мекунад. Ҳарчанд таҳия, татбиқ ва сертификаткунонии НМС раванди басо мушкил аст, вале самараи татбиқи ин низом барои оянда хеле натиҷаовар аст.
Раванди татбиқи лоиҳаи «Низоми менеҷменти сифати донишгоҳ» 2 солро дар бар гирифта, дар доираи он баҳодиҳӣ ба механизми амалкунандаи таъмини сифат дар донишгоҳ, таҳияи низоми менеҷменти сифат (НМС) ва роҳнамо оид ба истифодаи он; гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории донишгоҳ, татбиқи НМС дар донишгоҳ; гузаронидани аудити дохилӣ ва сертификатсиякунонии НМС ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам барои татбиқи лоиҳа шарикон ва коршиносон аз Донишгоҳи Пиза (Италия), Донишгоҳи Гранада (Испания) ва Донишгоҳи Алма-Менеҷмент (Қазоқистон) ҷалб шудаанд. Тибқи шартҳои қарордоди имзошуда, аъзои гуруҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи НМС дар донишгоҳҳои зикршуда дидан намуда, бо раванди таҳия ва татбиқи низоми амалкунандаи таъмини сифат шинос гардиданд ва бо машварату тавсияҳои коршиносони хориҷӣ таҳия ва татбиқи ин низомро дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оғоз намуданд. Марҳилаи аввали лоиҳа аллакай татбиқ шуда истодааст ва соли 2019 сафари кории гуруҳи татбиқи НМС ба кишварҳои зикршуда роҳандозӣ гардид. Ҳадафи асосии ин сафарҳо иштирок дар семинари омӯзишӣ ва шиносоӣ бо моделҳои мавҷудаи НМС сифат буд.
Аз оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ Нақшаи таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат тасдиқ гардида, дар доираи он як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шуданд. Нахуст, сохтори ташкилии идоракунии донишгоҳ таҷдиди назар гардид ва дар он воҳиди кории нав — муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, инчунин раёсати рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот таъсис дода шуд. Дар навбати худ шуъбаи идоракунии сифати таълим ба шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат табдил дода шуд. Дар ин росто, дар донишгоҳ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии сифат ҳамчун мақоми идоракунии раванди таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат таъсис дода шуд. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ миссия ва сиёсат дар соҳаи сифати донишгоҳ, равандҳои асосии корӣ, матритсаи тақсими масъулият ва салоҳият аз нав баррасӣ гардида, дар шакли нав тасдиқ гардиданд.
Иқдоми муҳими дигар — ин таъин намудани шахсони масъул оид ба сифат дар ҳамаи воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва таъсиси гуруҳи экспертҳои сифат дар назди шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат ба ҳисоб меравад, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ва малакаю маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон мусоидат хоҳад намуд. Бо тасмими бевоситаи роҳбари донишгоҳ — д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи рушди донишгоҳ то давраи соли 2030 таъсис дода шуд ва то охири соли ҷорӣ ин ҳуҷҷати муҳими рушди донишгоҳ қабул карда мешавад. Тибқи муқаррароти нақшаи зикршуда, раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 давра ба давра низоми менеҷменти сифатро дар фаъолияти донишгоҳ татбиқ намояд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки боз ҳам баҳри саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқу иқтисод ва иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат тадбирҳои навинро амалӣ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои худ чунин вазифаҳоро пеш гузоштааст:
— тақвият бахшидани заминаи моддию техникии донишгоҳ тавассути дастрас намудани технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмию техникӣ-таҳқиқотӣ;
— сохта ба истифода додани бинои чорошёна ва дар заминаи он таъсис додани Маркази таълимии сервиси тарабхонаҳо;
— нашри китобҳои дарсии ҷавобгӯ ба тақозои иқтисоди муосир бо забони давлатӣ;
— татбиқи амалӣ, сертификаткунонӣ ва такмили доимии низоми менеҷменти сифат дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти донишгоҳ;
— такмили низоми автоматкунонии идоракунии раванди таълим ва фаъолияти илмию инноватсионӣ, истифодаи васеи воситаҳои муосири техникӣ дар раванди таълим ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар асоси принсипи салоҳиятнокӣ ва талаботи Стандартҳо оид ба таъмини сифат дар фазои аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG) бо ҷалби тарафҳои манфиатдор (кордиҳандагон, коршиносони хориҷӣ, донишҷӯён ва ғайра) ва давра ба давра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ҳамаи ихтисосҳо;
— таҳия ва татбиқи консепсияи таҳсилоти донишҷӯмеҳварӣ дар раванди таълим дар асоси таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимии бисёрзабона дар заминаи гуруҳҳои махсуси таълимашон бо забони англисӣ;
— такмили низоми тайёр кардани кормандони илмию омӯзгорӣ, аз он ҷумла дар зинаҳои доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) ва постдокторантура, ҷалби ҷавонони болаёқат ба фаъолияти омӯзгорию пажуҳишӣ, афзун намудани интишороти олимони донишгоҳ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи хориҷӣ (базаҳои маълумоти Web of Science ва Scopus);
— густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва табодули академии омӯзгорону донишҷӯён;
— рушди фаъолияти тарбиявию иҷтимоӣ, фароҳам овардани муҳити эҷодӣ барои ташаккули шахсият ва худидоракунии донишҷӯён.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, д.д.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, «Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №354 аз 25-уми ноябри соли 1991 дар заминаи филиали Донишкадаи советии кооперативии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ташкил карда шуда, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми марти соли 1993 таҳти №126 он ба Донишкадаи кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон табдили ном кард. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №162 аз 3-юми апрели соли 2000-ум бошад, ба Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуда, бунёдгузор ва муассиси ин донишгоҳи муосири сатҳи ҷаҳонӣ, ки аввалин муассисаи замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки донишгоҳ имрӯз бо зиёда аз 70 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ шартномаҳо ва робитаҳои зичи корӣ дошта, аз соли 2009-ум дар асоси барномаи махсус ба донишҷӯёни ихтисоси 250103 бо забони англисӣ иқтисодиёти ҷаҳонро меомӯзонад, ки дар бозори кории дохиливу берунӣ ба мутахассисони бо ин ихтисос омодакардашуда ниёз басо калон мебошад. Соли 2012 бошад, дар доираи лоиҳаи муштарак аз аккредитатсияи барномавӣ гузашта, дар Тоҷикистони азиз аввалин шуда соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ гардид, ки боиси ифтихор аст. Соли 2019 бошад, аз тарафи Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) 6 барномаи таҳсилотии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла 4 барномаи зинаи бакалавр ва 2 барномаи зинаи таҳсилоти магистратура аз аккредитатсияи барномавию байналмилалӣ гузаштанд, ки дар соҳаи таҳсилоти олии кишвар назир надошт. Ин ҳамагӣ дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии устодону профессорони донишгоҳ, ки шумораашон беш аз 280 нафар буда, 56%-ро олимон ташкил медиҳанд, ба даст омадааст”.
— 60 нафар олимон рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторони риштаҳои гуногуни илмиро ҳимоя намуда, беш аз 76 нафари дигар корҳои таҳқиқотию илмиро давом дода истодаанд, ки ин ҳамагӣ аз хизматҳои арзанда ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва сарпарасти донишгоҳ — “Тоҷикматлубот” маншаъ гирифта, корҳои ободониву муҳайё намудани шароитҳои мусоиду ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва пажуҳишгоҳу ташхисгоҳҳои муосир ба даст омадаанд, ки ҳамагӣ аз ҳисоби худи донишгоҳ, бе ҷалби сармояи беруна бунёд карда шудаанд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ