Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон санъати фалаксароӣ ба ҳар навъе маъмулу машҳур аст. Ҳарчанд дар зеҳни мардум нақш бастааст: “Фалаки бадахшонӣ”, “Фалаки зарафшонӣ” ва “Фалаки хатлонӣ”, аммо дар маҷмуъ ҳар кадом аз инҳо як маънӣ ва як таманниётро ифода менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Фалак ин навои ҳасрату оҳ, фироқ, ишқи хок хӯрда ва ишқи Ватан мебошад ва сарояндагони Фалак бештар бо як сӯзу гудоз, дарду ҳасрати мардумро месароянд. Ва ҳамчунин Фалак яке аз санъатҳои суннати мардуми тоҷик, ки таърихи хеле қадимаро доро мебошад ва дар замони мо фалаксароёни маъруф Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов ва дигарон санъати фалаксароиро дар кишвар ва берун аз он хеле бо маҳорати баланд муаррифӣ намуданду менамоянд.

Барои ташаккул ва равнақ додани санъати Фалак, ҳунарманди мардумӣ, дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ба ҳамин тартиб дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ Давлатманд Холов хидматҳои арзанда ва беназире намудааст ва барои арҷ гузоштан ва қадр кардани ҳунараш мехоҳем ҳамчун мухслис чанд нуктае бинвисем дар бораи фаъолият ва эҷодиёти мавсуф.
Давлатманд Холов аз ҷумлаи он ҳунармандонест, ки тарғибгар ва аламбардори санъати касбии куҳистони тоҷик маҳсуб меёбад. Устоди Фалак, Давлатманд дар тӯли фаъолияти эҷодӣ, услуби хосаи худро ташаккул ва рушд дода ва дар ин баробар шогирдони зиёде тарбият намудааст. Дар равияҳои санъати фалаксароӣ суннатҳои мактаби ҳунарии аҷдодии хешро идома медиҳад. Дар симои ӯ кишварони хориҷ низ ҳунарманди асили мардуми тоҷикро мешиносанд. Зеро ки санъати оҳангсозӣ ва сарояндагии ӯро эътироф кардаанд. Аз ин рӯ тез-тез даъват мекунанд, то дар ҷашнвораҳову маҳфилҳои онҳо ҳунарнамоӣ намояд. Дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш, қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати волои миллиро то ҳол муаррифӣ мекунад. Саҳми Д. Холов дар рушду нумӯи санъати мусиқии миллӣ бузург аст. Дар давраи шӯравӣ дар шароити хонаводагӣ, сипас шаҳриву вилоятӣ ва имрӯз-дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавонистааст санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоихонӣ ҳифз намояд ва саҳми худро дар рушди он гузорад. Маълум аст, ки санъати Фалак ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманд Холов аз ибтидо ин ду ҷабҳаро пайгирӣ намуда, дар асоси қавоиди фалакхонӣ асарҳои хеле пурмазмун офаридааст. Ин асарҳои ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хусусан дар мамолики ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд пазируфта шудаанд.
Устод Давлатманд аз аҳли дарду ғамшиносон мебошад, ки кӯчактарин кулфати мардумро эҳсос менамояд ва онро аз дили дардошнояш мегузаронад. Ва ин эҳсосоташ дар оҳангу шеърҳои месурудааш ҳам хуб мушоҳида мешавад. Ин шахсияти фарҳангӣ дар оғози фаъолият то ба имрӯз кӯшидааст, ки андаке ҳам бошад дарди инсонҳоро бо сурудҳояш сабӯк намояд ва зиндагиро ба чашмонашон зеботару дӯстоштатар нишон диҳад. Устод Давлатманд бешумор оҳангҳои суннатии қадимаро дуввумбора эҳё ва зинда намуд, ки дар воқеъ ин хидматаш арзандаи таҳсину муборакбодист. Дар баробари ин, мактаби эҷодии хешро сохт ва шогирдони зиёде аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷамъ оварда, тарбият менамояд ва қисме аз шогирднаш аллакай ба сатҳи устодӣ расидаанд. Давлатманди Хол дар як мусоҳибаи ихтисосӣ гуфта буд, ки дар ҷустуҷӯи ҷавонони фалаксаро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар кард ва бо хушнудӣ дарёфт, ки теъдоди ин гуна ҷавонон хело зиёд аст ва дар ҳар деҳаи куҳистон даҳҳо нафаронеро метавон пайдо кард, ки бо лаҳни ҷаззоби «Фалак» мехонанд. Устод Давлатманд изҳор медорад, ки маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ӯро барои таъсиси мактаби фалаксароён таҳрик додааст. Бо заҳмату ҷонфидоиҳои ин марди ҳунар буд, ки санъати суннатии тоҷикон-фалакро кулли мардуми ҷаҳон шинохтанду эътироф кардаанд. Давлатманди Хол на фақат санъати «Фалак»-ро муаррифӣ кард, балки бархе аз ойину маросимҳои бостонии тоҷиконро низ рӯи саҳна овард. Ҳунарманд Давлатманд Холов аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он то имрӯз фаъолият менамояд ва ҳамчун устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти хешро пеш бурда истодааст. Метавон гуфт, ки устод Давлатманд ситораи дурахшонтарини санъати имрӯзаи миллати тоҷик аст. Ин гуфтор муболиға нест, зеро эшон масъулиятҳои зиёдеро бар дӯш дорад, ки ҳар кас наметованад ин бор бикашонад. Устод Давлатманди Хол аз мактаби устодони бузурги санъату адаб гузаштааст. Махсусан устод бо шоирону нависандагон алоқамандии зич дошту дорад, эшонро иззату эҳтиром мекунад, ҳатто дар ҷое мегӯяд, ки ба хотири дӯстӣ ва арҷгузорӣ нисбати “абарустод” Лоиқ номи фарзандашро Лоиқ гузоштааст. Акнун хонандаи ҳушманду закӣ худ қазоват бикун, ки дӯстиву эҳтироми ин ду шахсият нисбати ҳамдигар чи бас беолоишу соф будааст. Албатта, устод Давлатманд бо эшон ҳамкорӣ ҳам доштаанд ва шояд манзумае, ки дар зер меоварем шиори эшон бошад, чунки яке гуфтаасту дигаре сурудааст:
Мо баҳри дилшиносон, шеъру тарона ҳастем,
Баҳри навошиносон, чангу чағона ҳастем.
Инҷо афсӯс наметавон ҳама маълумоту муваффақиятҳои устод Давлатмандро гуфт, имкониятамон маҳдуд аст, аммо то ҳадди имкон барои мухлисони мавсуф ва хонандагони ҳафтаномаи “Самак” дар васфи сарояндаи дӯстдоштанӣ маълумоту суханҳое изҳор доштем.

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here