Бо дур шудан аз арсаи театру кино пешавароне чун Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, София Туйбоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Абдулхайр Қосимов, Гурминҷ Завқибеков, Зоҳир Дӯстматов, Ҳошим Гадоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҷаҳон Саидмуродов, Марат Орифов, Убайдулло Раҷабов, Раҷаб Ҳусейнов ва дигар ҳунармандони насли калонсол, ки солҳои 50-80-уми асри гузашта доди ҳунарро дода буданд, омӯхт гаштани мухлисони асил ба бозигарии симоҳои нави ҳунарӣ сахт мушкил меафтад.

Ҳаводорони театру кино, насли калонсол хоҳ — нохоҳ бозии ҳунармандони имрӯзиро ба кумирҳои худ қиёс мекунанд. Ҳарчанд ин амал аҷиб намояд ҳам, аммо ин мушкил ва чунин шеваи баҳодиҳӣ сари ҳар қадам моро думболагир аст…

Шояд бо гузашти солҳо бо ба саҳнаи ҳунар падид омадани ҳунарманд (он)-и моҳиру ғалатие одат кунем. Пазируфтан ва ё қобили қабул донистани бозигарии ҳунарманди навҳузуре ба осонӣ ба даст намеояд.

Тӯли 10 — 15 соли ахир дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик чеҳраҳои нав зуҳур намуданд, аммо боз ҳам иддае бо сабаби вазниниҳои ҳаёт аз арса дур шуданд. Қисмате чун ситорае дар шаби тор лаҳзаяке милтаст зада нопадид гаштанд. Дар ин ё он филм ҳунармандони ҷавон чеҳра намуданд, аммо тасхири қалбҳои тамошогарон бас мушкил аст. Барои ҳунарпешаи ҷавон мухлис, тамошогар ёфтан, ҷонфидоӣ, заҳмати бисёр мебояд. Ноил гаштан, дӯстдори халқ будан, ба осонӣ ба даст намеояд. Аммо, ба ҳар сурат, ду — се чеҳраи умедбахшро дидан мумкин аст ва сарфи назар намудани онҳо аз рӯи адолат намебуд.

Соли 2019 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши «Гумроҳон» рӯи саҳна омад, ки диққати донандаҳои театрро ба худ мутаваҷҷеҳ сохт. Муаллифи намоиш на аз шумори драматургони шинохта, балки ҳунарманди ҷавони театри мазкур Далер Мирхонов буд. Албатта, ин эҷод бе ёриву дастгирии устодони театр амалӣ намегашт. Ҳасанот ба вазири фарҳанги вақти ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, ки эҷоди ҳунарманди ҷавонро иҷозати саҳнавӣ дод.

Далер Мирхонов, ҳунарманди ҷавон, даҳ сол боз рӯи саҳнаи театр ва кинои тоҷик аст. Ҳунарпешаест умедбахш, соҳиби сурур ва фарқкунанда. Аммо бо иқрори он ҷониб ҳоло ҳам аз бозигариаш қаноатманд нест. Ба ҳар сурат падид омадани пешавари ҷавони масрур мутахассисони соҳаро хушнуд гардонд.

Аз бозии ӯ дар театр ва кинои тоҷик умедҳо зиёд аст. Дар чеҳраи Далер Мирхонов ҳунарпешаи умедбахшеро метавон дид. Ҷавони қоматбаланд, бо фактураи саҳнавӣ, бо доштани ҳунарҳои бозигарӣ, ҳофизӣ, тақлидкорӣ (Шаҳобиддин Ҳасанов, Саидқул Билолов, Фахриддини Малик, Бурхвалӣ…) ва ғайра метавонад пештози саҳна бошад.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров пешавари ҷавонро раҳнамун гаштаву аз «амалу рафтори поки Далер…» изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Кӯшишу заҳматҳои ҳунарманди ҷавон пазируфтанист. Шодӣ Солеҳ, устоди ҳунар, иброз медорад: «Замоне Далер ба навиштани саҳначаҳо оғоз кард. Навиштаҳояшро меовард, мехондам, бармегардондам, соз қабул намекардам, аммо Далер истодагарӣ менамуд. Ислоҳ мекарду боз меомад, хонда маслиҳат медодам… Акнун, худам ҳар бори дидор мепурсам, Далер ягон чизи нав навиштаӣ ё не? Ҷавони заҳматкаш аст…».

Мақсади индафъаинаи мо аз иншои ин мавод таҳлили бозигарии ҳугнарпеша набуда, балки муаррифии ҳунарманди ҷавони умедбахш аст. Зеро то ҳол дар расонаҳои даврӣ матлабе дар бораи шахсият ва ҳунари Далер Мирхонов ба назар нахӯрдааст.

РУҶУЪ

Мирхонов Далер Миралиевич 15.10.1987 дар деҳаи Файзободи ҷамоати Дашти Гулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.

Соли 1994 ба мактаби миёнаи №52-и зодгоҳ рафта, онро соли 2005 поён мебарад. Ҳамон сол ба Институти санъат дохил шуда, онро бо ихтисоси ҳунарманди театр ва кино хатм мекунад (2011).

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2009 оғоз намуда, то тобистони соли 2020 зиёда аз 30 нақши хурду бузургро дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бозидааст.

Ӯ, ҳамзамон, соли 2015 ғоибона ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ тамом мекунад (2019).

Пйесаву сенарияҳои эҷодкардаи Д. Мирхонов: «Таркиш» (2013), «Пеш аз тӯй» (2014), «Наҷот аз мина» (2017), «Гумроҳон» (2017), «Фарзанди носолим» (2018), «Дарахти Аҳд» (2019), «Пешвози сайёҳон» (2020).

Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (2013) аст.

НАҚШҲО ДАР ТЕАТРИ ҶАВОНОН

«Чашмони бародари қиёматӣ», Нур Табаров (коргардон М. Миров), 2010. (Далер — дар нақши ҷавон (бача). «Меҳмони нохонда», Шодӣ Солеҳ (коргардон Шодӣ Солеҳ), 2011. (Далер — дар нақши Набӣ). «Туҳфа аз муҳоҷират», Шодӣ Солеҳ (муаллиф + коргардон), 2012. (Далер — дар нақши милитсионер). «Пайроҳаи зиндагӣ», Султон Сафаров (коргардон Қамариддин Мирзоев), 2012. (Далер — дар нақши Фирдавсӣ). «Бозингарон», Гогол (коргардон Нозим Меликов), 2012. (Далер — дар нақши Сахич). «Моҷаро дар Киоҷа», Карло Голдони (коргардон Баҳодур Миралибеков), 2013. (Далер — дар нақши Титанане). «Гирдбод», Нур Табаров (коргардон Шавкат Халил), 2014. (Далер — нақшҳои гуногун). «Сареву савдое», Мар Байҷиев (коргардон Шавкат Халил), 2015. (Далер — дар нақши Эҳсон). «Моҷарои сари пода», Нурулло Абдуллоев (коргардон Нозим Меликов), 2015. (Далер — дар нақши Ҳазрати Нӯҳ). «Модар маро бубахш», Султоншо Муқадамов (коргардон М. Миров), 2015. (Далер — дар нақшҳои Бӯрӣ ва милиса). «Султон ва 4 дузд», Афзал Башир (адиби афғон), (коргардон М. Миров), 2016. (Далер — нақши Аёл, мушовири Султон Маҳмуди Ғазнавӣ). «Замоне барои ишқ», Парвиз Саид Қозӣ (Эрон) (коргардон Қамариддин Мирзоев), 2016. (Далер — дар нақши Фарҳод). «Хазонрез», Шодӣ Солеҳ (коргардон Давлат Убайдуллоев), 2016. (Далер — дар нақши милиса). «Ашки хунин», Ш. Ҳусейнов (коргардон Бердӣ Мингбоев), 2017. (Далер — дар нақши Сайёд). «Муаллими ишқ», Мирсаид Миршакар (коргардон Қамариддин Мирзоев), 2018. (Далер — дар нақши муаллим Наврӯз). «Коргардон», А. Фаррух (адиби афғон), (коргардон М. Миров), 2018. (Далер — дар нақши Ҷовид). «Гумроҳон», Далер Мирхонов (коргардон Бердӣ Мингбоев), 2018. (Далер — нақши Меҳрубон, писари калонии модар). «Фирдавсӣ», Меҳмон Бахтӣ (коргардон М. Миров). Театри С. Вализодаи Кӯлоб…

НАҚШҲО ДАР ФИЛМҲО

«Зебо ва қаландар», сенарияи Нигина Раҷабова (режиссёр Орзу Шарифов), 2006. (Далер — дар нақши ҷавон). «Қиёми рӯз», сенарияи Сафар Ҳақдодов (режиссёр Носир Саидов), 2009. (Далер — дар нақши Азиз (нақши марказӣ). «Қарзи виҷдон», сенарияи Султон Сафаров (режиссёр Мастураи Ортиқ), 2015. (Далер — дар нақши Камол, писари полковники милиса, хулиган). «Фазли руъё», сенарияи Нури Наср (режиссёр Муҳаммадрабии Исмоил), 2015. (Далер — дар нақши донишҷӯ). «Роғун» (режиссёр Муҳаббат Сатторӣ), 2019. (Далер — дар нақши муаллим). «Тақдир», сенарияи Хайрулло Бердиев (режиссёр Хайрулло Бердиев), 2020. (Далер — дар нақши Сотим)…

Аз ҳарвақта дида имрӯз шахсони мутасаддӣ, масъулони Вазорати фарҳанг, роҳбарони театру филармонияҳо дар тарбияи ҷавонон аз рӯи эҳтиёт бояд кор бигиранд. Ҷавонони ҳунармандро ҳавасманд, бо роҳбаладӣ, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ фаро бигиранд. Ба бетарафӣ роҳ надиҳанд. Насли нави ҳунарпешаҳои хубу бомаҳоратро бояд сабзонд, вагарна як-ду чеҳраи нави рухнамуда ҳам тарки саҳна мегӯянд.

Қисмати ночори ҳунарпешаҳои ҷавон баҳри дарёфти дастмузде худро ба ҳар кӯю дар — канори тӯю маъракаҳо, рекламаи маҳсулот, клипи ҳофизон, дубляж ва ғайра мезананд, ки дар натиҷа, диққати асосии ҳунарманд пареш мехӯрад ва аз нақшофарии хуб дар театр канор мемонанд…

Ҳунарманди қобилу ғалатие мислин Далер Мирхоновро эҳтиёт ва ба театр дилбанд бояд кард, вагарна ӯ ҷои хуби рафт ҳам дорад.

Умари ШЕРХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here