Солҳои охир нахустин филме, ки бо ҷаззобияти хоси худ ва бо ҳунари коргардонӣ таваҷҷӯҳи маро ба худ кашид ва онро дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тамошо кардам, филми ҳунарии «Чарх» буд.

Филмҳои ҳунарии зиёдеро дар телевизион тамошо кардаам. Коргардонҳо надониста, бештар воқеапардозӣ намудаанд. Нависандаи бузурги рус Атон Павлович Чехов дар ин маврид андешаи омӯхтание дорад: «Ман танҳо аз рӯи хотираам навишта метавонам ва ҳеҷ гоҳ мустақиман воқеапардозӣ накардаам. Барои ман лозим аст, ки хотираам сужаро ҳазм намояд ва дар он, чун дар полоиш, фақат чизе боқӣ монад, ки пурарзиш бошад ё ки типӣ».
Маҳз бо чунин дид ба филми ҳунарии коргардони хушсалиқа Шаҳбоз Раҷабов наздик мешавам. Дилам мехоҳад, ки сужаи кӯчакеро, бо мақсади халал наёфтани маънои асосӣ, аз филм берун созам. Аммо пайдо намекунам. Зеро аввал ва анҷоми онро риштае ногусастанӣ пайванд месозад.
Филм бо фаъолияти бобои Раҷаб (устод Убайдулло Раҷабов) оғоз меёбад. Вай ба шаҳр, ба хонаи писараш, ки вазифаи баланд дошт, меояд. Мехоҳад, ки даҳ рӯз монад. Шаб бехобӣ мекашад, субҳ ба деҳа бармегардад.
Аз нигоҳиаввал, дар филм рақобати шадиде вуҷуд надорад, ки тавваҷҷӯҳи тамошобинро ба худ кашад. Аммо дақиқ нигарӣ, дар чеҳраи бобои Раҷаб рақобати ботинро эҳсос карданат мумкин. Писараш, ки аллакай шаҳрӣ шуда, дар сари дастурхон чорзону нишастанро фаромӯш намудааст, боз мехоҳад ҳамроҳи оилааш ба Дубай равад, келинаш бошад, шахси молпараст аст. Ҳамин гуна хислатҳои одамон мӯсафедро ором намегузоранд. Дар ин шаҳр мӯсафед аз он азоб мекашад, ки мардумаш дарвозаи оҳанин часпонидаанд, ба ҳамсояи худ чандон бовар надоранд, дар ҳолати зарурӣ сокинонаш ба маҳаллаҳо тақсим шуда, бар муқобили якдигар мехезанд, техникаи пешрафта доранд, аммо лаззати ғизоро аз даст додаанд.
Бобои Раҷаб бошад, намояндаи мардуми русто аст. Ӯ ягона набераашро аз шаҳр ба деҳа меорад ва бар он меҳру муҳаббати зиёд дорад. Ба саволҳои бешумори наберааш ҷавоби файласуфона медиҳад.
Бобои Раҷаб дар деҳае зиндагӣ мекунад, ки онро бо тамоми мавҷудоташ, яъне бо ҳама неку бадаш, бо хасу хошокаш, бо ғубори роҳаш дӯст медорад. Ҳатто ба марди майзада, ба зани саркаш, ки аз дасти бешавҳарӣ бори зиндагиро бар дӯш гирифтааст, ба ҷавони парешоне, ки дар кӯдакӣ шоҳиди аз дасти қотилон кушта шудани падару модараш буд ва акси онҳоро дар ҷомадон нигоҳ медошту ҳамеша ин хотирот азобаш медоданд, муҳаббати беандоза дорад. Бобои Раҷаб медонист, ки бо ин ҳама сарпечӣ ҳеҷ кадоми онҳо ба нафаре хиёнат намекунанд. Дар ҳолати зарурӣ аз як гиребон сар мебароранд. Боз дар деҳа боварӣ ба якдигар хеле қавӣ аст.
Коргардони ҷавон Шаҳбоз Раҷабов дидаву дониста атрофи ҳавлиҳоро аз чиғ ва химча девор гирифтааст. Ин чиз ду маънӣ дорад: якум, мардум ба зару зевар чандон таваҷҷӯҳ надоранд, дуввум, эътиқод бар ҳамсояҳо. Яъне дар деҳа дуздӣ ва рабудани чизи ҳамдигар вуҷуд надорад.
Баъди тамошои филм шояд шумо гумон баред, ки Шаҳбоз мардумро ба корҳои бобоӣ, яъне бо дос даравидани ғалла, дар осиёби обӣ кашидани орд ва ғайра ҳидоят менамояд. Бовар кунед, ин ба ҷуз баҳона, чизи дигаре нест. Бо ин роҳ Шаҳзод гуфтанист, ки дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллиро ба дараҷаи аввал гузошт.
Дар интиҳо як чизро илова карданӣ ҳастам. Бори нахуст бо коргардон Шаҳбоз Раҷабов ошно гаштам. Дарк намудам, ки аз нозукиҳои филмофарӣ огоҳ аст. Агар ӯ дар ин ҷода бештар кӯшиш намояд, дар оянда барои офаридани филме, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад, қодир аст.

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here