Соат аз панҷ гузашта буд. Ба назди роҳбари муассиса Муҳаммад Ғоиб даромада, хайру хуш ва иҷозати рафтан гирифтанӣ будам. Дарро кушодам, ӯ бо телефон суҳбат мекард. Баромаданӣ шудам, ки ишора ба истоданам кард. Гӯширо гузошту гуфт:

— Аз боло телефон карданд, ки соати 15 дақиқа кам шаш дар қабулгоҳи Президент бошам. Имрӯз бо либосҳои ҳаррӯза омадаам. Бояд зуд рафта либос иваз кунам.

Ба либосҳояш нигоҳ карда, гуфтам:

— Фурсат намешавад, ҳамагӣ ним соат вақт доред. Либосҳоятон бад нестанд, доманҳои кастюм ва шиматонро каме дарзмол кардан лозим аст. Духтарони дӯзанда ҳоло ҳамин ҷоянд, хоҳиш мекунем, дуруст мекунанд. Галстук бандед тамом. Ӯ аввал дудила буд, вале розӣ шуд, зеро илоҷи дигар ёфт намешуд.

Баъди 15 дақиқа ӯ тайёр шуда ба тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент рафта истода, супориш дод:

— То соати 19 дар кабинетат бишин, ягон гап даркор шавад, телефон мекунам. Ёрдамчӣ барои ҳамин рӯз аст, шухӣ кард ӯ ва дари мошинро пушонд.

Баъди соати ҳашт ба хона роҳӣ шудам. Моҳи феврали соли 2008 яке аз сардтарин рӯзҳои зимистон буд, дар берун ҳавои туфкуну яхкун ҳукмфармоӣ мекард. Дар наздикии хонаамон роҳравҳо ҳама шиша барин  ях баста буданд, эҳтиёти зиёд ҳам фоида накард. Лағжидам, дар назарам омад, ки аввал сарам ба замин мехӯрад, баъд шонаҳоям. Дастонамро дароз кардам, ки сарамро ҳимоя кунам. Ба бори дасти рост якпаҳлӯ афтидам. Гӯё чизе нашуда бошад, аз ҷоям бархестанӣ шудам. Ҳис кардам, ки дасти ростам барои хестани ман мадад накард. Хайр, мушакҳолат хӯрдагистанд, гуфта бо қувваи дасти чап аз ҷой бархостам.

Дар даҳлез ҳис кардам, ки дастам ба боло рафт, мисле, ки мактаббача дар дарс, ё депутат дар маҷлис даст мебардорад. Нигоҳ кардам, ки  дастам ба қадам рост аст. Чӣ фикрҳое аз сарам нагузаштанд, шояд сарам ба замин бархӯрдасту ман нафаҳмидам. Бо он зарбае, ки ба замин хӯрдам бояд ягон ҷоям дард мекард, чаро ҳис намекунам…? Андешаҳоям парешон шуданд. Барои он ки аз ин аҳвол халос гардам, ба боҷаи духтурам Усмон Муродов занг зада, ҳамаро ба тафсил нақл кардам.

— Ангуштони дастат кор мекунанд?, — пурсид ӯ хандида. Дастатро боло бурда метавонӣ?

— Ангуштон меҷунбанд, вале дастам боло намеравад, гоҳе дар назарам меояд.

— Бо эҳтиёт ба хона даромада, либосҳоятро иваз кардан гир, ҳозир мерасам.

Ҳини кашидани либосҳо акнун дардро ҳис мекардам. Усмон зуд омад. Маро ба шуъбаи шикастабандии беморхонаи Қарияи Боло бурд. Духтурҳо ба ҳам алоқаи хуб доранд. Дар як лаҳза чанд нафар дӯстони ҳамкор ва ҳамсабақҳояш ҳозир шуданд. Навори рентгениро оварда нишон доданд. Устухони байни оринҷу китфам аз ду мобайнаш шикаста буд, мисле, ки бо алмоси шишабур онро хаткашӣ карда бошанд.

Гачбандӣ ба охир мерасид, вале дард бисёртар мешуд. Метарсидам, ки аз дард беҳуш нашавам, чунки барои доруи мусакин задан розӣ нашуда будам. Телефони дастиам, дар кисаи шимам будааст, занг зад. Як бор, ду бор… нагирифтам. Бори дигар занг омад. Усмон илоҷе карда онро аз ҷайбам берун оварда шумораро хонд. Муҳаммад Ғоиб занг мезад.

Гӯширо ба ман дод.

— Дар куҷоӣ, ака?

— Дар беморхона!

— Кадом беморхона?

— Қараболо!

— Ҳеҷ кас нашунавад! Ба фикрам туро ба ҷои ман роҳбар таъин мекунанд, фардо соати ҳафтуним дар назди Асадулло Қиматович бош. Барвақтар равӣ зарар намекунад.

— Дастам шикастааст, ҳоло гач бастаанд, шояд ягон ҳафта бихобонанд.

— Шухӣ накун, агар бимурӣ ҳам саҳар дар пеши он кас бош, вазифа аз даст наравад!

— Усмон аз асли воқеъа огоҳ шуда илова кард:

— Дуруст мегӯяд, ҳоло намемурӣ, сағера, ман омада худам ба назди раисат мебарам. Баъд ба духтури шикастабанди дӯсташ таъкид, кард ки ман соати панҷи субҳ омада мебарамаш, нигарон нашавад. Кадом як костюми маҷлисии давраи ҷавониамро дар хона пайдо карданд, ки дасти гачдорам ба он ба зӯр меғунҷид. Вақти таъиншуда Усмон маро ба кумитаи телевизион овард. Ҳанӯз ҳеҷ кас набуд. Қарор додам, ки раисро дар берун вохӯрда, аз ҳодиса огоҳ кунам. Ба назди лифт расидам, ки кушода шуд ва аз дохили он Асадулло Қиматович баромад. Бо дасти чапам салом кардам, ӯ эътибор надода, дастамро сар надода ба кабинеташ овард.

Дар бораи шикастани дастам ба ӯ ҳикоя карда ҷавоб пурсидам.

Ба дастам нигоҳ ҳам накарда фармуд:

— Ба толор даромада шинед, барои роҳбар даст муҳим нест. Маслиҳати калонҳоро дигар карда намешавад.

Маро ханда гирифт.

— Чӣ ҷои ханда дорад? — пурсид Асадулло Раҳмонов.

Узр пурсида ин қиссаро барояш нақл кардам:

— Нимаи моҳи апрели соли 1991 ба маҷлиси сессияи шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб даъват шуда будам. Якчанд масъала муҳокима шуд, аз ҷумла истеъфои якчанд нафар депутатҳои вилояти Кӯлоб. Ҳамон вақт бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ҳақи танҳо дар як шӯро вакил буданро доштанд. Онҳое, ки ба ду ё зиёда шӯроҳо намоянда интихоб шуда буданд, бояд дар яктоаш мемонданд. Масъалаи истеъфои депутатҳо ба охир расид. Дар байни онҳо депутат Эмомалӣ Раҳмонов ҳам буд, ки ваколати депутати Шӯрои вилоятиро супорид.

Дар толор будем, маро муовини раиси Шӯрои вилоятӣ Айнулло Неъматов ба наздаш даъват кард. Ҳамин вақт Эмомалӣ Раҳмонов омада парвандаи калони сиёҳеро ба Айнулло супорид, кидар пушташ навишта шуда буд: Комиссияи аграрии Шӯрои вакилон. Он кас раиси комиссия будаанд. Хоҳиш кард ки папкаро ба раиси нав супорад. Шитоб мекард. Айнулло дасти маро ба дасти он кас дода гуфт:

— Бо карори Шӯрои Олии Тоҷикистон мо вазифадорем, ки ба ҳар як депутат як-ду ёрдамчӣ ҷудо кунем. Аз ҳамин рӯз шумо ёрдамчии депутати Шӯрои Олӣ мешавед. Масъалаи маош ҳоло ҳал нашудааст, лекин раис худаш як бало мекунад. Медонам асп дорӣ, он кас ҳар моҳ ду халта ҷав диҳанд розӣ мешавӣ, гапро ба шӯхӣ бурд Айнулло. Тайёр бошед, коғазҳоятонро гиред, рӯзи шанбе ба Данғара меравем.

— Ман Шуморо дар идора мунтазир мешавам,- гуфт Эмомалӣ Раҳмонов ва шитобон рафт.

Баъди ду рӯз Айнулло маро дар бемористон ёфт, ки худам болои тахти чубин ба пушт хобу поям рӯ ба осмон овезон буд.

— Омин нагуфтӣ магар, ки Худо розӣ нашуд, — бо ҳасрат гуфт Айнулло, мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл. Мо фардо куҷо рафтанӣ будем… Баъди як сол аз таёқҳо халос шудам…

Асадулло Раҳмонов бо диққат гӯш кард, вале чизе нагуфт. Ба толор даромадам. Маҷлиси колегия оғоз шуд. Асадулло Раҳмонов устод Муҳаммад Ғоибро ба ҳайси директори шабакаи аввал шиносонд. Қайд кард, ки ин масъала бо маслиҳати Сарвари давлат ҳал шудааст.

Барои ҳозирон навигарии ҷиддӣ буд, ба телевизион баргаштани ӯро бо чапакзанӣ қабул карданд.

Баъд эълон кард, ки бо фармони раиси кумита ин кас, ба ман ишора карда, директори киностудияи «Тоҷикфилм» таъин гаштанд.

Ҳозирон, ки маро намешинохтанд, бо назари таҳқиқ сӯям нигоҳ мекарданд.

Асадулло Қиматович, ки ҳолатро мушоҳида мекард, бо шӯхӣ гуфт:

— Шубҳа накунед, ки дасташро баста мебинед, ӯ нақши Павел Корчагинро бозӣ карданӣ аст…

Устод Муҳаммад Ғоиб хеле серкор буд. Баъди се рӯз вақт ёфту чанд дақиқа нишастем.

— Ту Абдуҷаббор Азизовро аз куҷо мешинохтӣ?- пурсид дар оғози суҳбат.

— Бо ҳам кор карда будем, дар комсомол, қадрдон будем,- ҷавоб додам.

— Хайрият, — гуфт ӯ ва қисса кард.

— Соат аз шаш гузашта буд, ки ба кабинети Президент даромадем. Шояд дар чеҳраи ман хастагие эҳсос кард, ки пурсид:

— Маҳмад, чаро сарат пасту миёнат хам мегардӣ?

— Ҷаноби Олӣ, — гуфтам дар ҷавоб, — токи ангурро ҳар чи кадар поя бизанӣ, аз серборӣ боз хам мезанад, боз поя мезанӣ боз хам мезанад.

Аз ҷавобам Президентро хуш омад магар, ки маро боз ҳам наздиктар шинонда суҳбат кард. Гапзанияш чунон самимӣ буд, ки ба ҳар пурсишу саволаш мисли мактаббача бе фикр ҷавоб медодам. Барои кор дар Шабакаи аввал розӣ шудам.

— Чӣ хоҳиш дорӣ,- пурсид аз ман Президент.

— Ба ҷои ман як касеро гузоред, нақшаҳоям иҷро шаванд, меҳнатаком насӯзанду барбод нараванд.

— Кӣ ҳаст ҳамон хел одам? — пурсиданд он кас.

— Ҳамин хел одам дорам гуфта, номи туро гирифтам.

— Мешиносӣ,- пурсид аввал аз Ассадулло Раҳмонов, баъд аз Саймурод Фаттоев.

Ҳардуи онҳо китф дарҳам кашида, «не, намешиносем» гуфтанд. Соф кардам, тамом кардам, ака. Шарманда шудам, гуфта худро сарзаниш карданӣ будам, ки Сарвари давлат аз Абдуҷаббор Азизов пурсид. Ӯ ғайри чашмдошт ҷавоб дод:

— Мешиносам, шахси донишманд аст…

Ӯ гапашро тамом накарда буд, ки кӯдаквор ба ваҷд омада илова кардам, донишманд не, олим аст…

Сарвари давлат ба ҳамаамон иҷозати рафтан дод ва амр кард, ки ҳамин хел ҳал кунанд. Акнун ту медониву Худо, ҳалол кор кун. Ҳамин ки надуздӣ корҳо пеш мераванд, ҳарчанд ин ҷо чизи дуздиданӣ ҳам намондааст. Дасти ростам то китф дар гачу навишта наметавонистам. Дасти чапам одат намекард. Ҳар рӯз зур зада машқ мекардам. Баъди 20 рӯз барои зӯр зада ба чеки бонкро имзо карданам гач шикасту устухон беҷо шуд. Мошоаллоҳ, духтури шикастабанд, лӯлаи гачро сӯрох карда, ҷои шикастаро рост, гачлӯларо аз нав таъмир кард. Акнун муҳлати нигоҳдории гач бист рӯзи дигар дароз шуд. То моҳи май кашид…

Рӯзе ҷӯйбори бист сол боз маҳками даромадгоҳро таъмир карданӣ шудем. Бо мақсади озмоиш поямро ба лаби новаи ҷӯйбор гузоштам. Нова шикастагӣ будааст, лағжидам. Ин дафъа дасти чапам панҷа рафт, яъне мушакҳо дариданд. Ин бало аз шикастагӣ борҳо бадтар будааст. Дастам варам оварду сахт дард мекард. Духтурон боз гачбандӣ карданд. То ду ҳафта дард давом кард.

Дар маҷлиси навбатӣ Асадулло Раҳмонов дар охири маҷлис аз хусуси  гачбандии дастам пурсид. Нақл кардам.

— Эҳтиёт кунед, шикастанҳои шумо ҳар хел хосият доранд. Ин дафъа мабодо боз аз вазифа наравӣ…

Баъди як ҳафта ҳангоми супоридани хона барои кормандони телевизион Сарвари давлат гуфт:

— Дар киностудия ягон мутахассисро директор таъин кунед!

Яку ним сол кор кардам, ба фикрам бад набуд. Хотираҳои нек дорам аз он замонҳо. Чаҳор кинои бадеӣ ва шонздаҳ филми ҳуҷҷатӣ, ки дар ин давра киностудия рӯи кор овардааст, бароям азизанд. Гӯё фарзанду набераанд. Махсусан филми «Баҳори як кӯча», ки аз рӯи сенарияи Гулназар Саидҷон Қодирӣ онро ба навор гирифтааст. Дар вақти муаррифии директори нави киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Пиров бо дили кушод гуфтам: «Гунҷишкро кӣ кушад, қассоб», ва калидҳои идораро супоридам.

 

Саидҷалол САИДЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here