Рӯзи 29-уми феврал дар Маркази исмоилӣ дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии се китоб — «Таджики долины Хуфа» бо қалами мардумшиноси машҳури рус Михаил Андреев, «Архитектурная Оддисея. «Сафарнома» Насира Хусрава» бо қалами Мунаввар Мамадназаров ва «Андрей Евлампиевич Маджи. Полвека исследований в Центральной Азии» бо қалами Виктор Дубовитский доир гардид. Ин китобҳоро шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ нашр кардааст.
Замоне, ки мо вориди толори ҳамоишгоҳ гардидем, нахуст бо анбуҳи зиёди шефтагони илму адаб рӯ ба рӯ шудем, ки дар воқеъ чи ҷои пинҳон кардан аст, ки шигифтзада ҳам шудем. Зеро, ҳарчанд рӯзи нимбасти корӣ буд, яъне рӯзи шанбе, аммо бо вуҷуди ин шумораи зиёди олимон ва дӯстдорони илму фарҳанг ва рӯзноманигорон ҷамъ омада буданд. Ва саҳнаи дигар, ки касро шоду масрур мекард, ин буд, ки ташрифовардаҳо дар харидории китобҳо дар навбат меистоданд ва ҳар кадом талош мекард, ки пештар аз дигарон китобҳоро ба даст оварад. Дар воқеъ, ин гуна ҳолат дар замони имрӯзи мо, ки бештар шикоят аз каммутолиагӣ ва кам ба фурӯш рафтани китобҳо аз ҳар ҷониб садо медиҳад, ғайри чашмдошт аст.
Бояд тазаккур дод, ки китобҳои зикргардида бо сифати хеле олӣ ба табъ расидаанд, ки касро беихтиёр барои мутолиаашон ҷалб месозанд. Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ин ташаббуси наҷибонааш тавонист дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллӣ нақши боризи худро бигузорад. Ва албатта, ин иқдом бевосита бо дастгирии шахсияти эътирофгардидаи башар, Оғохони IV сурат гирифтааст. Мо дар гузашта ҳам вобаста ба кору пайкор ва иқдомҳои башардӯстонаи Оғохони IV мақолаҳо ва гузоришҳо навиштаем ва хуб медонем, ки ин шахсият дар пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми сайёра, ба вижа мардуми Тоҷикистон чи бас хидматҳои шоён намудааст. Дар айни ҳол, ки мо дар замони пуртазоду маҳви таъриху фарҳанг аз ҷониби зӯргӯён ба мушоҳида мерасад, умр ба сар мебарем, бидуни шак ин китобҳо, ки бемуболиға дар заминасозии худогоҳии миллӣ ва шинохти миллӣ нақши муассир доранд, туҳфаи бебаҳое хоҳад буд. Ин ҳамаро, ки ҳоло менависем, дар толоре, ки менишастем, дар андешаамон чарх мезад ва ояндаи безаволу дурахшони миллати азизамонро орзу мекардем. Ҳатто зери лаб мегуфтем: “Жарф биандеш, чи асрор ҳаст, Дар сифати тоҷику тоҷик будан”!
Дар сар чунин андешаҳо равуо мекарданд, ки надонистем, ки чи тур вақт зуд гузашт. Ҳамин лаҳза журналисти ширинкалом Шаҳодат Соҳибназарова, ки гардонандаи ҳамоиш буд, ба сухан гуфтан даромад ва аҳли толорро барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ намуд ва пасон назди баландгӯяк ҷаноби Қозидавлат Қоимдодов — роҳбари ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистонро даъват намуд. Мавсуф дар мавриди аҳамияти китобҳои нашргардида чанд сухан гуфт, аз ҷумла изҳор дошт: “… Албатта, оид ба арзиш ва қиммати ин асарҳо олимоне, ки ин ҷо ташриф оварданд, фикру ақидаҳои хешро ироа хоҳанд дошт, аммо камина ба ҳайси як дипломат вобаста ба аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии ин асарҳо андешаи худро баён медорам. Бояд қайд намуд, ки ду қутбе, ки имрӯз бо ҳам мухолифи ҷаҳони муосир дар осори геопалитикӣ ва дар бархӯрди даргириҳои давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон кӯшиши аз нав тақсим кардани минтақаҳо ва зуҳуроти нави ҷанги сард, моро ҳушдор медиҳанд, ки аз хатару таҳдидҳои нав доимо бохабар бошем. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар конфронси байналмилалии омӯзиши сабақҳои таърихи гузашта таъкид намуданд: “Мо набояд зери ниқоби ислом ба анъанаҳои башарӣ ва фарҳангии ислом зарба занем”. Бояд қайд кард, ки ин се асар дар худ баршардӯстӣ ва ҳамбастагии инсониятро таҷассум мекунанд… Ба ҷамъоварии маводҳои китоби “Тоҷикони водии Хуф” ҳанӯз аз соли 1902 шурӯъ карда шуда буд. Дар қарни бист як гуруҳ олимони номвар истилоҳи тоҷикони водии Ишкошим, водии Хуф, тоҷикони болооби Амударё, тоҷикони соҳили Панҷро мардумони муқимии ин марзу бум зикр намудаанд. Ш. Алексадр дар китоби худ мардумони соҳили рӯди Панҷ, Шуғнон ва Рӯшонро тоҷикони асил ном бурдааст. Магар имрӯз, як зумра ҷудоихоҳоне, ки аз таърихи гузаштаи мо хабар надоранд, баъзе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз рӯи нофаҳмиву камогоҳии худ “мо тоҷик нестем”-ро паҳн мекунанд. Ба тоҷики асил будани мардумони Бадахшонзамин ҳатто дар қарнҳои 19-20 касе шубҳа надошт”.
Дар идомаи суханронии худ ӯ зикр намуд, ки нашри китоби “Тоҷикони водии Хуф” аҳамияти калон дорад дар ватандӯстӣ ва миллатдӯстии насли наврас ва ҷавонон. Албатта, аз нуктаҳои номбурда метавон дарк намуд, ки мо мардумони як миллату як сарзамини воҳид ҳастем ва ҳеч кадом дурӯғпароканӣ ё кинатӯзиҳои адён бар мо чира нахоҳад шуд. Инчунин дар бобати муаллифи китоби “Тоҷикони водии Хуф” — Михаил Андреев мавсуф чанд нукта ироа дошт. Аз ҷумла, изҳор дошт, ки Михаил Андреев дӯстдори мардуми Бадахшон буд ва хеле самимона ба ин мардум ишқ меварзид ва ҳатто орзу дошт, ки дар Бадахшон муқимӣ шавад ва онҷо зиндагӣ намояд.
Дар навбати худ профессор Ҳайдаршо Пирумшоевич Пирумшоев суханронӣ намуда, дар хусуси арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, анъана ва маросими тоҷикон, ки дар асарҳои нашргардида бештар аҳамияти калон доранд, андешаронӣ намуда, хеле ситоиш намуд, ки аз ин дидгоҳҳо ин китобҳо, ба вижа “Тоҷикони водии Хуф”-и Михаил Андреев аҳамияти бузург дорад. Ва гузашта аз ин, мавсуф изҳор дошт, ки тоҷикон худ дар гузашта ба таърих ва навиштани он муҳаббати воқеӣ доштанд. Номбурда аз Михаил Андреев ба некӣ ёд намуда, ба вижа изҳор дошт, ки Михаил Андреев барои миллат ва илми мардумшиносии тоҷикон хидмати бузурге анҷом додааст, ки албатта, номаш дар таърихи миллати мо ҳамчун олими тавоно сабт хоҳад гардид. Ҳамчунин, Пироншоев ёдовар шуд, ки Михаил Андреевро бевоиста академик Бобоҷон Ғафуров аз Тошканд ба Душанбе даъват намуданд. Ва мақсади даъвати Ғафуров ин будааст, ки Михаил Андреев дар илми бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷикон то андозае бохабар будаасту ҳам мароқ доштааст, ки хидмати боистае дар ин риштаҳо анҷом диҳад.
Ҳамчунин олимони дигар хеле суханҳои нобу бикре дар хусуси таърих ва илму фарҳанг ироа доштанд ва афсӯс, ки ин сафҳаи мо қудрати он ҳама бори сухан ё худ маъниро кашидан надорад. Аз ин рӯ, ба хонандаи азиз тавсия медиҳем, ки худ он китобҳоро дастрас намояд ва огоҳии амиқе аз таъриху фарҳанги худ пайдо намояд. Агар мо худ аз гузашта ва осори гаронбаҳои худ огоҳ ва баҳравар набошем, чи ҳоҷат ба иддаои он мемонад, ки гӯем мо гузаштаи ғанӣ ва пурғановате доштем. Албатта, ин боис мегардад, ки фарзонафарзандони моро ҳар бодоварда, ё бенишоне азони худ хонад, вале мо дар ин баробар лол нишаста бошем. Ифтихори пӯч моро ба ҳеч кудом манзиле нахоҳад бурд. Вақту замон барои омӯзиш хеле андак аст, агар дар ғафт афтодем, дигар фурсат пайдо нахоҳем кард, то он ҳамаро дарёбем.
Зоҳири САЙФУЛЛО,
Дило ДОРОБШОЕВА