Аз замони мактабхонӣ, даврае, ки ба қавли рустоибачаҳо як чи мефаҳмидагӣ шудам (мусиқӣ дар назар аст), ба тарзи гӯишу сароиши ҳофизони кӯлобӣ мароқ зоҳир намудам. Он ҳама шодмонӣ тавассути дастгоҳи нишотовар, таблиғгару анис, радиоҳои болои симчӯби байни рустову хирманҷойҳо ва таги нигаси боми меҳмонхонаи тағоии Алихон дар қалбҳо маскан гузида буданд. Шӯру қиём ва валвалаҳои наврасӣ маро бомаром ба олами мусиқии ҷаззобу шӯх мепайваст.

Аз миёнаи солҳои 70-уми қарни гузашта, гоҳ-гоҳ ба клуби рустои Ғиҷовак (Хушобак) ва баъд деҳаи Алиҷон аз шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ҳофизону мутрибони варзида ва ҳунарпешаҳои театрҳо баҳри болидахотирии аҳли заҳмат ба сафари ҳунарӣ (гастрол) меомаданд. Ба сурудхонӣ ва нақшофарии пешаварон ҳарисона менигаристему аз наво ва тағаннияшон ба қавле серобӣ надоштем.

Бе ҳазл, он овон (охири солҳои 70-ум ва солҳои 80-уми асри гузашта) ҳофизони кӯлобӣ, бавижа сарояндаҳои театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода ва хонаи маданияти ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), нерӯмандтару мухлисонашон толорҳоро моломол мегардонданд. Шояд бигӯед, ки бас воҳима шуд. Мегӯям, на, он ҳама саҳеҳ ва бебаҳс аст.

Дар ҳудуди собиқ вилояти Кӯлоб ва берун аз он ҳофизони хушсалиқаву овозадор низ кору пайкор доштанд ва аз ҳунари онҳо огаҳӣ доштам. Аммо, сарояндагони театри Кӯлоб сарои ҳунарӣ, толорҳову варзишгоҳи марказии пойтахтро моломол ва ғиреву нишоти мухлисон гирду ванаро ба ларза меоварданд. Муштарии асил воқеаи «Театри сабз» («Зелённый театр»)-и пойтахтро хуб дар ёд дорад…

Дидаву шунидаам, ки аз садои гирову марғуладори овозхони нотакрор зиндаёд Зариф Наҷмиддин дар мактаб — интернати №1-и ноҳияи Данғара (баъд дар ноҳияи Восеъ) даҳони меҳмонони прибалтӣ ба қавле воз монд. Аз он ба баъд сарояндагон Фатҳиддин Теша (равонаш шод бод) ва Умари Миргалӣ (аз ноҳияи Ховалинг) маҳбубияти хосаеро касб кардаву дар водии Вахш, бавижа дар Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва шаҳри Душанбе номвар гашта буданд. Фатҳиддин ҳатто дар ҳайати дастаи сарояндагони ансамбли рақсии «Зебо» мақом ёфта буд, ки он айём на ҳар сарояндаи ҷавони куҳистонӣ дар чунин гуруҳи овозадори мамлакат роҳ меёфт. Умари Миргалӣ алҳол ба сифати овозхон ва мутриби дастаи ҳунарии «Лола» фаъолият дорад. Дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ҳунарманди солору асил зиндаёд Саидмурод Ҳотамов ҳай давру даврон дошт. Донишҷӯи дирӯзаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб Маҳмадалӣ Увал (аз булукоти Кангурт) бо садои диловезу марғубаш қалби сокинони шаҳри Кӯлоб ва баъд водии Вахшро тасхир намудаву аз ягон ҳунарманди маъруфи кишвар камбуд надошт.

Дар ноҳияи Москва ҳофизону мутрибони зиёде амсоли Одина Ҳошим, Мирзоватан Миров, Ғаффор Каримов (эшон пас ба Кӯлоб рахт бастанд), Файзалӣ Ҳасан, Холаҳмад Маҷидов, Раҳмонқул Қурбонов, Абдусалом Раҳимов, Мурод Қадамов, Абдулхайр Ҳошимов ва дигар номварон доди ҳунарро дода буданд.

Дар Кӯлобӣ бостонӣ сарояндагони маъруфу маҳбуби халқ Қурбон Зардаков, Анвар Баротов, Бобоҷон Азизов, Ҷумъахон Сафаров, Салим Муқимов, Давлат Холов бо ҳунари волои хеш дар қалби мухлисон ғулғула меафганданд.

Солҳои 70-ум ва аз он ба баъд шумораи мардони овозхон кофӣ ва нафароне, ки зикрашон рафт, дар радаи варзидагон мақом доштанд. Аз пайи онҳо боз даҳҳо ҳофизон, муғанниҳо, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб иштиғол доштанд, ки кас дар ҳисобашон раҳгум мезад. Ва ин ҷо ҳоҷат ба зикрашон намонда.

Аммо бобати бонувони овозхон гап дигар ва дар шумори онҳо душворие нест. Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Идимоҳ Ҳалимова, Фотима Тӯраева, Адолат Комилова, Озодамоҳ Муҳтарамова, ағлаб солҳо дар арсаи ҳунар майдондор буданд.

Мурод аз ин дебоча, аввалтар аз ҳама (бо баҳонаи хонум Сурайё албатта) ёдкарди устодон, хунёгарон, пешаварони бузургсолор асту бас, боқӣ ҳич.

Нафароне, ки огаҳ наянд, бояд бидонанд, ки Сурайё дар чӣ муҳит ва дар сафи чи гуна аркони санъат қомат афроштааст. Ва он ҳама обрӯ, мартаба, манзалат ба осонӣ ба даст наомада. Ба зевари табъ кашидани номи сарояндагони асил на аз рӯи тафриқагузорӣ, бал ба он хотир аст, ки қисмати аршад дар арсаи ҳунар ба қавле, рахна дар фӯлод задаанд. Ҳамчунон, аз он ваҷҳ, ки қисмате дунёи фониро тарк гуфтаву иддаи дигар дар роҳатанд ва ёди онҳо нишоне аз одаму одамгарист.

Бигузор бошад, ин ҳама ба хотири бонуи хушовоз Сурайёст. Муддаӣ бар гӯш ҳалқа созад, ки булбулнаво бо ин пештозон заҳмат ба бор доштаву дарк созад, ки 50 сол дар сафи пеши ҳунарварон майдондорӣ на корест саҳл…

Сурайё маҳбуб буд, маҳбубтар гашт, ба мартаба расид, дар доираи бузургмардони олами санъат сабзид, дар сояи касе панаҳ набурд, худ бузург шуд, парвини доираи муқтадири ҳунар гашт, ки ҳалолаш бод.

Панҷоҳ сол муқаддам, соли 1970 рӯйи саҳнаи ҳунарӣ духтараки ширинрӯи фатиламӯе бо лаҳни тифлона таронае хонд: «Ленин — балодал лаҳнамо», ки номи сарояндааш дар як зум вирди забонҳо гашт. Таронаи маъруфи замон, қаблан онро Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим месуруд, «Ленин — бародар, раҳнамо» (шеъри Сайдалӣ Вализода) унвон дошт. Ва Сурайё бо ҳамин суруд ба олами пуршӯри ҳунари сарояндагӣ гоме ниҳод бас устувор. Ва маҳз бо ҳамин байт (ба қавли кӯлобиҳо) дар қалби дӯстдорони наво маскан гузид.

Аз хурд то бузург ин сурудро пурра аз бар намуда буданд. Шояд ин суруд аз зумраи ками дар ками сурудҳои 50 соли охир байни мардум «шлягер» буда бошад. Он солҳо ин суруд дар маъракаву чорабиниҳо ва базму сури мардум чун гимн садо медод. Ин тарона он овон дар иҷрои хунёгари варзида Одина Ҳошим шуҳрати хосае дошт.

Ана бо ҳамин суруди шиорнусха духтараки хушхироми 13-солаи тоҷик Сурайё Қосимова, ба қавли шоири шӯридадил Шамсиддин Шоҳин, аз саро дамдама то авҷи Сурайё чид. Ва маҳз бо ҳамин суруди ба назар сода ӯ машҳур гашт ва ин ҷониб низ ин бонуи булбуловоро бо ҳамин сурудаш шинохтаму ба ҳунараш дил бастам.

Чун ба адабиёту санъат рағбати беандоза доштам, ба тарзи гӯишу сароиши ин ҳофизи хушилҳон зеҳн мондаву чиҳил сол боз аз эҷоди суруду оҳангҳои дилнишинаш лаззат мебарам.

Бо падид омаданаш дар майдони ҳунар, хонум Сурайё байни мухлисон, сомеони завқманд маҳбубияти зиёдеро дарёфт ва хушбахтона бо гузашти солҳо ин мартабаро аз даст раҳо накардааст. Сарояндаи хушхиром, бону Сурайё беҳтарин ва маҳбубтарин хонандаи асри ХХ тоҷик маҳсуб меёбад. Имрӯз низ бар онем, ки Сурайё аз маҳбубтарин сарояндаҳои овони мост.

Он замон Сурайё обруманд, бо мурур, дар кишвар ва мамолики хориҷӣ мухлисони зиёде пайдо намуд. Ӯ аз зумраи маҳбубтарин хонандаи замон аст. Хушоянд аст, ки то кунун ҳам теъдоди ҳаводоронаш коста нагаштааст.

Дар ин рафт баробар бо маҳбубияташ масъулияташ низ афзуд. Алъон низ ҳунараш дар қалби мухлисонаш мақом дорад.

Шукронаи даврони соҳибистиқлолӣ, ки шумораи бонувони овозхон зиёд ва ба зикри унвони онҳо зӯри қаламу коғаз намерасад. Аммо, боз ҳам Сурайё яктост ва аз саро то Сурайё маҳбубияташ устувор гаштааст. Имрӯз ҳам, бо ба забон овардани номи Сурайё Қосимова табассум гирди лабон гул мекунаду қалбҳо лабрези фараҳ, дидаҳо пурнур мешаванд. Боз ҳам ҳини ҳунарнамоиш садои ғиреву нишоти мухлисон коху толорҳои консертиро ба ларза меорад.

Маҳбубият — ин шарбати хосест, ки на ба ҳар овозхон чашидан насиб мегардад. Онро Кирдугор ба фарзонагони хеш лоиқ мебинад. Дар ин андеша баҳси мову ман нест.

Бо эълони номи овозхони хушхиром Сурайё Қосимова аҳли толор шукуфтарӯ мешаванд. Рӯи саҳна омаданҳош, лаҳни шевову оҳанги марғуб боз бо ҳам ҳамнаво мегарданд.

Ҳар доим, интизори фосила (пауза)-и мусиқии сурудҳои шӯхаш мешавам. Зеро, то ба ҳол, чун Сурайё ягон бонуи ҳунарманд хуш ва зебо намехиромад. Арғушти мавзунаш шинои моҳӣ дар обро мемонад. Аз он айём то ба ин дам чунин хиромиданҳоро надидаам. Ва ҳар гоҳи падид омаданаш дар саҳна интизори хиромиданҳош нафас ба дарун мегирам. Ҳини поён ёфтани суруд дил мехоҳад аз умқ бонг бар афлок занад, к-эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ, бихиром…

РУҶУЪ

Сурайё Қосимова (21.4.1957, ш. Кӯлоб), сароянда ва ҳунарпеша. Артисткаи Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994).

Аз соли 1970 дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи С. Вализода фаъолият дошта, аз соли 2004 роҳбари ансамбли «Фалак»-и назди идораи фарҳанги вилояти Хатлон мебошад.

Барномаи ҳунариаш бою рангин буда, сурудҳояш бар ашъори шоирони муосири тоҷик ва назми классикию халқӣ эҷод шудаанд. Маҳорати ӯ, махсусан, дар иҷрои сурудҳои лирикии оҳангсозони тоҷик: «Тоҷикистон» (шеъри Ҷ. Каримзода, оҳанги Ш. Бедаков), «Хуш бош» (шеъри Ҷ. Каримзода, оҳанги Гулназаров), «Кафтари боми баландам» (шеъри А. Ҳаким, оҳанги М. Миров), «Дарё маҷӯ» (шеъри Лоиқ, оҳанги А. Одинаев), «Шукрона» (шеъри Ф. Ашӯр, оҳанги Ш. Бедаков), «Корвон» (шеъри М. Ғоиб, оҳанги Ш. Бедаков), «Ба ман ояд» (шеъри Рӯдакӣ, оҳанги А. Одинаев), «Бахтномаи мо» (шеъри М. Ҳайдаршо, оҳанги М. Миров), «Ватан» (шеъри Ҳ. Ғоиб, оҳанги Д. Холов), «Медонам» (шеъри М. Ҳакимова, оҳанги Ҷ. Обидов), «Дидори ёр» (шеъри Ҳофизи Шерозӣ, оҳанги Т. Юнусов) ва ғайра зоҳир мегардад.

Солҳои охир ӯ сурудҳои «Майда — майда», «Оҳуи маст», «Тоҷикам», «Чакидан гирад», «Ту чаро хушрӯӣ?» ва ғайраро пешкаши ҳаводорон гардонд.

Сурайё Қосимова дар як қатор намоишномаҳо низ нақш офаридааст: Модар («Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов), Марям («Мукофот»-и Н. Есиненку), Ҳумайро («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ), Гиатсинта («Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молйер), Сокина («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев) ва ғайра.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ вай дар филми ҳунарии «Бедил» (коргардон Талабшо Муқимов) нақш офарида.

Ғолиби озмуни ҳофизони ҷумҳурӣ (1979). Бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Модари 4 фарзанд: Рӯзигул, Шабнами Сурайё (14.10.1981), Фарзонаи Хуршед (11.7.1989), Эмомалии Хуршед (2001 — 18.4.2017).

 ***

Ба тахмин соли 1998 журналисти маъруф Сайёфи Мизроб рӯзе ба дастам даъватномаи ғайримуқаррарӣ (вобаста ба он давру замон), ранга, мунаққаш, дар коғази ламс дода, гуфт:

— Даъватнома ба консерти апаи Сурайё.

— Каромот шуд, эшон,- шӯхӣ кардам ман.

— Каромот ҷавонмардию нондиҳист, мақолоти беҳуда табли тиҳист (аз Шайх Саъдӣ). Аввал аз ҳунарнамоии бонуи ҳунар Сурайё кайфият бубаред, пас кирдори бандаро мурувват ҳисобед…

Ба ростӣ чунин меҳрубониро аз журналисти «сарсахт» интизор набудам, зеро то ба он дам мунис набудем.

Толори Кохи Борбад моломоли ҳаводорону мухлисон буд. Консерт ба авҷи аъло доир шуд. Он шом ду гулғунчаи боғи ҳунар: Фарзонаву Шабнам низ дар саҳна чун ахтарони само дурахшиданд. Баъди гирумонҳои солҳои 90-ум, то дер аз чунин як консерти дилнишину гуворо роҳат набурда будем.

Аз даричаи имрӯз бо бовари том метавон гуфт, ки он консерт — «Аз Сурайё то Сурайё» музаффарият (триумф)-и бонуи булбулово Сурайё Қосимова дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии Ватан маҳсуб меёбад…

Хонадони бонуи кишвар Сурайё Қосимова ду ғунчаи мастур, ду сарояндаи хушруву маҳбуб: Шабнаму Фарзонаро ба арсаи ҳунар овард. Инак, қариб бист сол аст, ки онҳо байни мухлисони санъати эстрадӣ нишот меоранд.

Хушоянд аст, алҳол Шабнам дар мамолики Шарқу Ғарб чун сарояндаи мумтоз, маъруфу маҳбуб ном бароварда, дар озмунҳои ватаниву хориҷӣ ғолибият ба даст овардаву баҳри шодмонии ҳаводоронаш талош меварзад. Шабнам озманди мухлисони зиёде дар Тоҷикистон ва ҳам хориҷ аз он аст…

Умари Шерхон

P.S. Сентябри соли 2020 Сурайё Қосимова бо соҳибкор ва варзишгари тоҷик Пӯлод Шарофов оила бунёд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here