(Бахшида ба сад солагии бузургтарин коргардон Борис Кимёгаров)

Ман хеле камтар ба ин назарам, ки Бенсион Ариевичро аз он чи буд зиёд нишон диҳам, ӯро шахсияте муаррифӣ намоям, ки ҳама чиро медонад, доир ба ҳамаи масъалаҳои зиндагӣ, илм, санъат, дин ва ғайраву ҳоказо нуқтаи назари худро дорад. Не, албатта, вай борҳо дар суханрониҳои зиёди худ дар анҷуманҳо, пленумҳо, дар мақолоташ дар матбуот, дар мусоҳибаҳо ва аз ҳама муҳимтар дар филмҳои бешумори худ дар бораи мавзӯъоти мушобеҳ суҳбат кардааст.  Аммо ин гуфтаҳо ва ин филмҳо ба қавли худаш, умдатан таҷрибашуда ва маънидор набуданд. Бисёре аз афрод дар ҷомеаи иделогии он замон суҳбат мекарданд ва корҳои мушобеҳе анҷом медоданд.  Онҳо тақрибан ба ҳам монанд буданд — ин гуфтаҳо ва ин филмҳо. Тафовут фақат дар шакл ва ҷузъиёт буд, на дар моҳият. Ин гуфтугӯҳо ва филмҳо ҳама матбуотӣ буданд. Аз ин рӯ, ман худро аз он замоне, ки Кимёгаров зиндагонӣ мекард, чун ба як муқаддасот ба он бовар менамуд ва хидмат мекард, ин суханҳои “матбуотиро” мегуфту менавишт ва ба он имон дошт, ҷудо намедонам.

Дар як калом ӯ мисли ҳамаи мардуми собиқ  Soveit people фарзанди замони худ буд, филмҳои зиёдеро сохт, ки ҳам мустанад буданд ва ҳам бадеиву достонӣ ва ба он замон эҳтиром гузошт.

Аммо як ҳунарманди воқеъӣ ҳамеша дорои чунин осоре аст, ки ба назар мерасад фаротар аз замонбандӣ ҳаст, ба худи вай ва созандаи вай тобеъ нест, зиндагии беинтиҳо ва хоси худро дорад ва аз замоне, ки мезист, дур мешавад, ҳамон замоне, ки як шахси дар воқеъ заминиву одӣ ва гунаҳгор буд, ӯро ба як паёмбар табдил медиҳад.

Ман фикр мекунам филмҳои ӯ “Қисмати шоир”, “Коваи оҳангар”, “Гуфтор дар бораи Рустам”, Рустам ва Сӯҳроб”, “Гуфтор дар бораи Сиёвуш”… бо Кимёгаров ҳамин нақшро бозиданд.

Ман як фарди дунявӣ ҳастам, ҳазлро дӯст медорам, дӯст медорам, ки бо дӯстонам ва хусусан, бо худ шӯхӣ кунам. Ман худшефта нестам, вале хуш аст, вақте дар бораи ту ҳарфҳои гӯшнавозу ҷолиб мегӯянд. Интиқод аз худро оромона мепазирам, агар он асоснок бошад…

Аммо вақте сухан аз синамо меравад, иттифоқи хосе дар ман рух медиҳад, шахсан барои ман синамо муқаддас аст. Он бароям навъе дин аст, ҷойе, ки чизе аз назари зебоишиносӣ, навоварӣ, бидуни насиҳат ва бидуни дидактика таблиғ мешавад. Он бояд ба иттиҳоди мардум  новобаста ба таваҷҷуҳашон ба дин, ҷаҳонбинӣ, ранги пӯст, забон ва фарҳанги онҳо ба номи хилқат, эҳтиром ба Ватани хурд ва ватани худ, ки сайёраи Замин гуфта мешавад, бошад. Ба назари ман синамо бояд дини ишқ, муҳаббат ба инсон бошад…

Ва дар авҷи чунин нигарише ва аз он ки мо филмҳои олииБорис Алексеевич Кимёгаровро бештар тамошо мекунем, дар ин филмҳо худи ӯ ва руҳи ӯ ҳузур доранд, имрӯз хостам ба руҳи ӯ муроҷиат кунам. Зимнан, бояд зикр намоям, ки вақте филмҳои Кимёгаров ё ҳар муаллифи боистеъдоди дигареро тамошо мекунед, аз шумо мехоҳам ин филмҳоро бо таваҷҷуҳ ва дарки вижа тамошо кунед, зеро имкон аст худи муаллиф аз он ангезаҳои огоҳона ва нохудогоҳона, ки бо калимот қобили баён нест, огоҳӣ надошта бошад. Фақат ҳунар ва ба вижа синамо қодир ба баёни ҳолату вазъияти руҳи ҳунарманд аст, ки дар ҳоли ҳозир ба сурати беихтиёрона бар ӯ ғолиб омадааст. Ӯ нохудогоҳона, ҳамон тавр, ки буд, ҳолати руҳи худро пахш мекунад.

Чаро ман дар ин бора мегӯям?

Борис Алексеевич шахси қонунманд буд. Гулнора Абикеева — ситораи синамо аз Қазоқистон ба ин назар аст, ки масалан, “Ҳасани аробакаш”-и Кимёгаров ин эътироз бар зидди системаи Шӯравӣ мебошад. Бисёр вақт ман ба чунин арзёбии филм эътироз мекардам, зеро дар таърихи филмофарии синамои тоҷик филмҳое назири “Ҳасани аробакаш” зиёд буданд. Аммо ҳоло фикр мекунам, ки Абикеева дар ин филм он чиро дида буд, ки ман пештар надида будам.

Кимёгаров фарди коммунист буд. Ва дар ҳайатҳои гуногун хеле зиёд ба хориҷи кишвар сафар карда буд. Дар бораи яке аз ин сафарҳо ба ИМА, ки ӯ сарварии ҳайатро ба уҳда дошт, Алӣ Ҳамроев нақл мекунад. Аъзои одии ҳайат тамоил доштанд бубинанд, ки чӣ гуна мутобиқ ба назарияи идеологҳои онзамонаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки вирди забонҳо шуда буд, итминон ҳосил кунанд, ки олами сармоядорӣ дар ҳақиқат дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Ба забони сода онҳо мехостанд ба як клуби шабона бираванд, ки дар он ҷо стриптиз (намоиши эстрадӣ дар баъзе мамлакатҳои хориҷа, ки ҳангоми он занону духтарон дар пеши тамошобинон то ба урёнӣ ба тадриҷ либоси худро мекашанд)-ро нишон медиҳанд. Он замон Кимёгаров қотеъона ин хоҳиши ҳайатро рад кард ва аз онҳо даъват намуд, ки дар хориҷи кишвар ба як ҳаракати зиддиҳуқуқӣ, ки шоистаи инсони Шӯравӣ нест, роҳ надиҳанд…

Ва имрӯз ман ба изҳори назари Абикеева меандешам. Шояд дар ҳақиқат Кимёгаров ба сурати ғайриихтиёр, ба таври нохоста эътирозеро алайҳи ортодокси Шӯравӣ, алайҳи идеологияи Шӯравӣ, ки ағлаб бар зидди ҳолати табиии инсон буд, намоиш дод.

Агар онҳо инро ба Кимёгаров мегуфтанд, он вақт вай чунин фитнаро қатъиян рад мекард. Ва шуморо ошкоро ба дурӯғгӯӣ айбдор менамуд…

Хулоса, ҳар филм ба хусус, филмҳои Кимёгаровро бояд тавре, ки Рӯдакӣ мегуфт, ба чашми дил бояд дид:

«Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон».

Филмҳои воқеъӣ ва амиқро бояд бо чашмони дигар дид ва на он қадр сода, ки ҳодисаҳоро нишон медиҳад. Дар ин гуна филмҳо Руҳи абадзиндаи офаранда ҳузур дорад…

Ва боз ҳам такрор мекунам, ман одами дунявиам. Эътиқоду боварие ба таассуб надорам. Аммо ман ба ҳузури РУҲИ Кимёгаров дар филмҳои вай бовар дорам ва мехостам ба ин РУҲ муроҷиат кунам. Аниқтараш дар мавриди муносибати мо бо вай.

Баъди марги ӯ манзилашро Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон бо мақсади таъсиси Хона-осорхонаи Кимёгарон харид ва корҳои зиёде ҳам барои ташкили ин осорхона анҷом дода шуданд. Арзишмандтарин маводҳо ва нигораҳо ҷамъоварӣ шуданд. Вале афсӯс! Имрӯз ин Хона-осорхона чун хонаи истиқоматӣ фурӯхта шудааст. Эҳтимолан ин ба мушкилоти созмони ҷамъиятӣ иртибот дошт, ки бе василаи фаъолият монда буд. Аммо ба ҳар ҳол, аз чӣ бошад, ки ин рӯйдод пеши хотираи Бенсион Ариевич шармовар аст.

Дар шафати дарҳои пешини Хонаи собиқ кинематографистони Тоҷикистон (ҳоло ин бино мутааллиқ ба Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» аст), ду сипаре гузошта шуда буд, ки нишон медиҳад, ки замоне Бенсион Ариевич ин ҷо кор карда буд, аз ин рӯ, ба бинои собиқи Хонаи синамогарони Тоҷикистон номи Б.А. Кимёгаров дода шуда буд. Яке аз ин сипарҳоро гулӯлае сӯрох карда буд ва шаҳодате аз солҳои ҷанги бародаркушӣ буд, (ҳоло ин сипар вуҷуд надорад). Ба назари ман ин “тасвир”, мутаассифона, бо нигариши мо тоҷикҳо, мо рушанфикрон, мо филмсозон ба ҳар азиз бошад, омезиш ёфтааст…

— Бенсион Ариевич, аз чи бошад, ман бовар дорам, ки руҳи Шумо бо мост ва ба ҳама чизе, ки мо эҷод мекунем, менигарад. Аз ин рӯ, мехоҳам ба Шумо муроҷиат кунам.

Ҳоло мулоқотҳоям бо шуморо, ки он замон хеле ҷавон будам, ба ёд меорам. Мо бо ҳам чандин дидор доштем. Вале ман беҷуръат будам. Вақте шуморо дар рӯ ба рӯ медидам, ҷуръат намекардам ба Шумо наздик шавам ва ба Шумо барои филмҳои офаридаатон изҳори сипос кунам. Шумо бароям як қуллаи дастнорас будеду мондед.

Яке аз ин мулоқотҳо хеле бештар хотирмон буд. Ин дар Хонаи куҳани синамо, ки дар кӯчаи ба номи Свириденко (ки баъдтар онро Бухоро, 43 номиданд) ба вукӯъ пайваста буд. Нахустнамоиши охирин филми мустанади Шумо “Нури абадӣ” (соли 1978) дар бораи Садриддин Айнӣ баргузор мешуд. Тирамоҳ буд. Ҳаво дар кӯча серун буд, вале дар толори синамо гарму роҳат. Филм ба охир расид. Тамошобинон толорро тарк мекарданд. Шумо дар фойе дар тан либоси хокистарранги хоксорона дар бар ва дар сар кулоҳ истода будед. Шуморо барои филматон бинандагони одиву ҳамкоронатон муборакбод мекарданд. Шумо бо такони сар ва ниматаъзими эҳсосшаванда, ки хоси Шумо буд, ба таърифҳо посух медодед. Дар чеҳаратон лабханде ҳувайдо буд. Вале дар ин лабханд, акнун пас аз солҳо ва донистани драмаи зиндагонии шахсии Шумо, ман ғаму андуҳро “хондам”. Шояд ҳоло ман иғроқ мекунам, вале дар чашмони Шумо он дурахш, он озодии шахсе, ки аз зиндагӣ розӣ бошад, он эътимоду боварии эҷодкор ва ҳунарманде, ки дарк мекард ҳаёташро, эҷодашро сарфи хидмати халқ кард, таърих сохт, дида намешуд.

Пештар, то ин ҳаводиси драмавӣ ин гуна бовариву эътиқод буд ва он дар дурахши чашмон дида мешуд. Вале ҳасудони шумо ҳама талошҳоро анҷом доданд то инро аз зери поятон берун кашанд. Онҳо дар рӯ ба рӯ ба Шумо савганди дӯстӣ ёд карданд, Шуморо устоду муаллими худ хонданд, вале пушти сари Шумо даст ба хиёнатҳои нангин заданд, аз пушт ба Шумо ханҷар заданд. Он вақт Шумо ба содадилӣ гумон кардед ин одамакон намояндагони ҳамон тоҷиконанд, ки Шумо самимона дӯсташон медоштед, эътимоду боварӣ доштед ва бо дили софу пок аз ҳар гуна кинаву адоват хидмат кардед. Давлат Худоназаров чанде пеш дар як суҳбати хусусӣ ба ёд овард, ки Шумо ҳатто аз наслу аҷдоди худ хиҷолат мекашидед ва чун ҳамкоронатон аз ҷумҳуриҳои дигар насаби Шуморо мепурсиданд, бо ифтихор худро ТОҶИК меномидед…

Оре, чунин буд! Шумо бо дунёи  маънавӣ, ҳунари худ як тоҷики воқеъӣ будед. Ман амиқан мутақоид шудаам, ки ҳеч як аз филмсозони тоҷики насли Шумо ва замони Шумо дар асл ба моҳияти мубрами мушкилот ва ҳувияти халқи тоҷик, ба равоншиносии он ва санъату фарҳанги он ба мисли Шумо ба ин ҳад амиқ ворид нашудааст. Бо муроҷиати Шумо ба гузаштаи бузурги тоҷикон, инчунин, фарҳанги муосири онҳо, филмбардории басо боистеъдодонаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, асарҳои С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода Шумо ба оламиён бузургии мероси маънавии тоҷиконро, инчунин, эҳёи халқ — ҳомил ва идомадиҳандаи ин суннатҳои фарҳанги ҳиндуаврупоиро ба ҷаҳониён ироа карданд, онҳоро бо ин фарҳанги қадима ошно сохтед.

Ман ҳоло дарк кардам, ки аз сари Шумо чӣ гузашт. Душвортарин таҷриба ин буд, ки дар мавриди он чи дар хидмат ба ин мардум, ироаи он ба ҷаҳониён чун халқи халлоқу эҷодкор, мардуме бо таърихи бойю ғании фарҳангӣ анҷом додед, дучори шаку тардид шуд.

Борис Алексеевич, таърих нишон дод, ки он яҳудиёне, ки ба Шумо хиёнат карданд ва талош доштанд Шуморо ба зиндон бияндозанд, натавонистанд баъди марги бармаҳали Шумо ҷойи Шуморо бигиранд, ин муҳим набуд, ки онҳо ин корро чӣ гуна мехостанд анҷом диҳанд. Ва ҳоло таърих исбот намуд, ки онҳо ҳеч вақт наметавонистанд андаке аз он чи Шумо дар синамои тоҷик анҷом додедро анҷом диҳанд. Ва онҳо намояндагони халқи тоҷик нестанд. Онҳо ҳамагӣ ҳасудони оҷизанд, одамаконанд, ки на қавм доранд ва на қабила. Зимнан, ҳоло ҳам ин гуна одамакон вомехӯранд. Онҳо бидуни ин ки мутаваҷҷеҳ шаванд, бинои ёдбуди Шуморо дар қабристон хароб мекунанд. Ҳачунин, касоне ҳастанд, ки бархе аз филмҳои Шуморо аз назари ақидатӣ зараровар медонанд. Касоне, ки имрӯз ин корро мекунанд, худ намедонад чӣ мекунанду чӣ мехоҳанд. Онҳо манқуртоне ҳастанд, ки ба чоҳе туф мекунанд, ки оби онро менӯшанд. Мутаассифам. Вале онҳо касеро муаррифӣ намекунанд…

Охир, Шумо бузургед! Фақат ин ки беш аз ҳад сода. Бузурге бо руҳи як кӯдак. Ман дигар ҷавон нестам. Ва ман аз авҷи синни худ ҳақиқати зерро дидам: ҳар инсони соҳибистеъдод — ин шахсият аст, ки дар худ бачагиро ҳифз кардааст. Шумо ҳамон кӯдаке будед, ки ба равиши кӯдакона, самимона ва бо истеъдод эҷод кардед.

Ман мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба касоне ҷалб кунам, ки шояд дар давуғеҷи ҳаводис эҳтимолан онҳоро мушоҳида накардед. Ин онҳо буданд, ки бо ба хатар андохтани  шуғл, ном ва номуси худ дар ҳифзи Шумо истоданд. Онҳо намояндагони воқеъии мардуме ҳастанд, ки дӯсташон доред. Онҳо касоне буданд, ки ҷасорати шаҳрвандӣ нишон доданд, мавзеъгирии содиқона доштанд ва Шуморо аз борони туҳмату буҳтону маломатҳо ҳимоя карданд.

Ман чун шаҳрванд аз онҳо ифтихор мекунам!

Аз ин рӯ, Борис Алексеевич, ман аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ба фарҳанги имрӯзаи тоҷикон як назар андозед. Тоҷикон филмҳои Шуморо намунаи ибрат медонанд. Масалан, филми “Қисмати шоир”-и Шумо корти визити маънавии мост. Силсилафилмҳои Шумо, ки аз рӯи “Шоҳнома”, аз асарҳои адибони тоҷик сохта шудааст, боиси ифтихори миллӣ аст…

Борис Алексеевичи азиз, мо Шуморо ёд мекунем, дӯст медорем ва бо Шумо мефахрем!

Хушҳол аз онам, ки баъди гузашти солҳо ба ман имкон дода шуд, ки  барои ҳамаи корҳое, ки Шумо барои фарҳанги мо, барои синамои мо анҷом додед, изҳори сипос кунам!

Саъдулло РАҲИМОВ, фарҳангшинос, синамошинос, доктори фалсафа, узви Федератсиони байналмилалии мунтақидони филм

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here