Ё худ, ба хотири забону фарҳанг месазад баъзе дигар чизҳоро қурбон кард

Чанд соли пеш ҳунарпешаи ҷавону воқеан умедбахши театрамон шавҳар кард ва бо хоҳишу тақозои ҳамсару модаршӯяш тарки кори театр кард. Яке аз сабабҳои асосӣ — ин сафарҳои пайиҳами ҳунарӣ ба гӯшаҳои кишвар ё берун аз он буд. Рӯзе ӯ ба ман телефон кард ва бо сӯзу дард алам кард, ки ба дари шаш боғчаи бачаҳо барои кор сар зада ва ҳама барои надонистани забони русӣ ҷавоби рад додаанд. Ҳарчанд ӯ пофишорӣ карда, ки ба қадри зарурӣ русиро мефаҳмад, вале дар гуфтор мушкилӣ дорад ва ё ҳатто каму беш забони ингилисиро ҳам омӯхтааст ва дар сурати зарур будан метавонад омӯзишро идома диҳад, фоида накардааст. Ӯ бисёр бо дард фиғон кард, ки мо дар кадом давлат зиндагӣ дорем ва чаро забони модарии давлатиам ба дарди ман намехӯрад? Ба ҷуз маслиҳати сабру тоқат ва идомаи ҷустуҷӯ, ки ба мурод хоҳад расид, дигар чӣ ҳам мегуфтам?!…
Чанд моҳ аст, ки ин масъала дар сарам чарх мезанад ва қалбамро такон медиҳад. Баъди чанде мушоҳидаҳо ва то ҷое сар задан ба умқи ин масъала, лозим донистам қалам ба даст гирам (ҳарчанд атрофи ин масъала кам нагуфтаанду кам нанавиштаанд).
Замоне ки дар қатори театри академии Лоҳутӣ дар театри русии ба номи Маяковский ҳамзамон тариқи шартномавӣ кор мекардам, вақти иҷрои нақши пирамард Хаттоб аз қатори пеши толори тамошо навраси 14-15-сола бо дард «эй акаҷон, тоҷикӣ гап занед, охир мо русия намефаҳмем» гуфта буд. Имсол вақти иҷрои намоиши “Солинавӣ” дар театрамон, ки ман нақши Бобои Барфиро доштам, кадоме аз боғчаи бачагонаи шаҳрамон омада буд. Дар вохӯрӣ бо Бобои Барфӣ беш аз навад дар сади бачаҳо шеърҳои русӣ мехонданд, ҳарчанд дар ёдам нест, ки чеҳраи нафаре аз бачаҳо ё мураббиҳо рус бошад. Аз забони Бобои Барфӣ гуфтам, ки чаро фақат шеърҳои русӣ мехонед, биёед шеъри тоҷикӣ ҳам мехонем. Мураббие бо ҳасрат «ин гуруҳҳо ҳама русианд» гуфт. Ман гуфтам, ки ҳеҷ русе дар ин ҷо нест, чаро русианд? «Чӣ донам бобоҷон, мо иҷрочием, дигар чӣ кор кунем?»,- гуфт ӯ.
Чанд соли пеш иттифоқан аз назди яке аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонии шаҳрамон мегузаштам. Саҳни мактаб ҷамъомади мактаббачаҳо ва муаллимон пеш аз оғози дарс буд. Муаллиме, ки аз чеҳрааш тоҷик буданаш аён буд, баландгӯяк дар даст бо забони русӣ ҳарф мезад (маълум, ки мактаб расман русӣ аст). Нохост якбора ба тоҷикӣ гузашт: — э бача, ҳе бар падарат ла-т, х-р, ҳозир аз мактаб дафъ мекунам, гап назан, қаторда бест! Ва боз ба русӣ гузашт.
Манзурам аз мисолҳои дар боло зикршуда чист?
Чаро имрӯз дар кишвари Тоҷикистон шароити мактабу литсей ва боғчаву донишкадаҳои русӣ нисбат ба тоҷикӣ беҳтар аст? (Ба ҷуз чанд муассисаи тарбиявию таълимии ангуштшумори тоҷикӣ, ки на ҳама имконияти он ҷо бурдани фарзандонашонро доранд). Чаро аз фарҳангӣ то ба тоҷиру мансабдорони кишвар сайъ мекунанд фарзандони худро ба муассисаҳои тарбиявию таълимии русӣ диҳанд? Чаро аксари беҳтарин мутахассисон дар ин муассисаҳоянд, вақте қариб дар ҳамаи ин муассисаҳо 80 — 90 дар сад тоҷик ё ғайри русанд? Сабаби асосии зиёд будани муассисаҳои таълимии русӣ дар чист? Маблағ барои ин муассисаҳо аз куҷост?
Агар бигирем, ба гуфтаи баъзеҳо кишвари Русия баъзан маблағгузорӣ мекунад, пас боре ба худ суол додаем, ки чаро Русия дар шароити на он қадар хуби иҷтимоию иқтисодии худ барои беҳбудии сатҳи донишу афкори тоҷику тоҷикистониён имрӯз маблағ ҷудо мекунад?…
Оё ин рафтори мо такрори амалӣ кардани барномаи таҳмилшудаи таълимии замони шӯравӣ нест, ки ҳама корро кард, то забони 400-сола бар забони 1500-сола тасаллут кунад?
Кадоме аз шумо агар ин суханҳоро зиёдаравӣ ё воҳима донед, пас хонаводаеро дар Тоҷикистони азизамон мисол оред, ки пас аз 26 соли истиқлолият бе истифодаи истилоҳҳои кӯчагии забони русӣ ҳарф мезанад. Ба ҷуз баъзе аз аҳли фарҳангу адабиёт, уламо ва матбуоту дастандаркорон, ки фақат дар суҳбатҳои расмӣ тоҷикгуфторанду вале дар суҳбати маишии хонаводагию кӯча мисли ҳама. Агар имконияти таҳлили амиқ надоред, пас ба кӯчаҳои деҳу ноҳия ва шаҳрҳои кишварамон бароед ва кофист, ки бо диққат ба суҳбати ҳамватанони азизамон таваҷҷуҳ кунед. Мушкилии ҳамзабонони хориҷии мо дар он аст, ки моро дар суҳбатҳои хосу расмӣ мефаҳманд, на дар муоширати маишӣ ё кӯчаву хонаводагӣ. Пас мо бештар расман тоҷикем, на дар асл!
Чанд моҳи пеш пирамарди мунаққид ва фарҳангшиноси укроинӣ як ҳафта дар Душанбе даъватӣ буд. Ӯ бо ҳайрат аз ман суол кард, ки чаро ҷавонони тоҷик байни худ муоширати русӣ доранд ва шумораашон кам нест? Ё чаро ҳоло ҳам мисли замони шӯравӣ навиштаҳо русию тоҷикианд?
Таъсири таълими шӯравӣ он қадар дар дилу зеҳну мағзи мо ҷо гирифта, ки ҳар куҷо русзабонеро бинем, нохудогоҳ ба русӣ ҳарф мезанем. Ҳатто бо чиниву арабу ҳабашу амрикоиву аврупоӣ ҳам нохудогоҳ бо русӣ ҳарф мезанем. Ҳатто бо сагу гурбаҳоямон. Ҷавони зодаи замони истиқлолиятро дидам, бо сагаш русӣ, ки хеле бад балад буд, гап мезад. Гуфтам;- чӣ, сагат русиро мефаҳмаду тоҷикиро не? Гуфт;- не, тоҷикиям мефаҳмад, фақат аз рӯи одат ман русӣ ҳарф мезанам. Ба ҷавони зодаи замони истиқлолият, ки забони русиро намедонад, ин одат аз куҷо пайдо шуд…? Чаро сафи ҷавонони тоҷик, ки дар интернет байни худ русӣ муошират мекунанд, зиёд мешавад, ки он ҳам миёнашон ҷавонони фарҳангӣ ё аз хонаводаҳои фарҳангию зиёӣ кам нестанд?
Бо писарам масъалаи ба боғча — кӯдакистон бурдани фарзандонашро гузоштем.- Ба боғчаи русӣ мебарем,- гуфт писарам.- Чаро ба тоҷикӣ нею русӣ?,- пурсидам ман.- Аз боғча — кӯдакистони тоҷикӣ бурдан, беҳтараш набарем, чунки дар ин наздикиҳо боғчаи дурусти тоҷикӣ нест,- гуфт ӯ.- Пас боғча намераванд, дар хона худамон тарбия мекунем,- гуфтам. Шояд аз ин тасмими ман, ки писарам розӣ шуд, бачаҳо дар бисёре аз масълаҳо зарар ҳам бинанд. Аммо барои ман коста нашудани сатҳи худшиносии миллии онҳо авлотар аст, муҳим мисли мо нашаванд.
Арҷу авлавияти забони ғайр бар забони модарӣ дар зеҳни ҷавонону наврасони мо аз куҷо пайдо шуд? Ин амалкард худ ба худ ки пайдо намешавад. Ин ҷавонону наврасон зодагони кадом муҳитанд? Бадбахтона, агар ҳамин раванд бошад, пас аминам, ки баъд аз сад сол ҳам ин муҳит барои рушди забону фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, дар ҷамъ ҳастии миллат ба қадри лозимӣ иваз ва созгор нахоҳад шуд.
Ман ҳеҷ гоҳ зидди забони русӣ ё фарҳанги ин миллат набудам ва нестам. «Ба худодода ситеза макун» мегӯянд. Беҳуда нисфи замини дунё аз ин миллат нашудааст. Гап сари тафаккур ва амалкарду андешаи миллати худам аст, ки оқибаташро Худо нигоҳ дорад. Чаро имрӯз мо дидаву дониста ба ин роҳи хато меравем? Таҷрибаи замони шӯравӣ дарс нашуд магар, ки онро такрор мекунем? Шӯравӣ тавонист аз мо манқуртҳо созад. (Агар баъзе аз шумо маънии “манқурт”-ро надонед, ба Театри ҷавонон биёед ва намоиши “Як рӯзи дарозтар аз аср”-ро бубинед ва агар хуши ба театр омадан надоред, китоби “Як рӯзи дарозтар аз аср — Дуроҳаи бӯронӣ”-и Чингиз Айтматовро хонед). Агар манқурти Чингиз Айтматовро бо дар сар кашидани пӯсти уштури ҷавон месохтанд, пас шӯравӣ муваффақ шуд дар қалбу мағзу маънавиёти мо пардае бикашад, ки аз пӯсти уштур хеле бадтару хатарноктар буд. Ва ин ҷавонону наврасон наслҳои аз мо пайдошудаанд. Дар хонавода ва фазою муҳити ҷомеаи мо ба воя расидаанд. Аз дастурхони мо обу ғизо хӯрдаанд ва ғизои руҳонию маънавӣ ва ватандорию миллатпарвариро ҳам аз фазои маънавию муҳити сохтаи мо гирифтаанд. Онҳо аз моянд! “… Ҳар касе он даравад оқибати кор ки кишт…”!
Ҳар миллате, ки фарҳангию аҳли зиёяш фаъолу ҳушёранд, нисбатан худшиносу ҳушёру пешрав аст. Кам надидаму нашунидам, ки бисёриҳо (ҳатто аҳли фарҳанг) бо итминон мегуфтанд, ки бачаҳои худро дониста ба боғчаю мактабҳои русӣ медиҳанд, чаро ки забони тоҷикӣ, ба қавлашон, хоҳ — нохоҳ аз худашон аст, муҳим забони дигарро меомӯзанд. Мисли замони шӯравӣ, ки амалҳои манқуртонаи худро ҳамин гуна сафед мекарданд. Сухан сари тарбияи маънавию зеҳнии ҷомеа меравад, вагарна забондонӣ магар бад аст? Чаро имрӯз дар ҷомеаи мо забону фарҳанги бегона афзалият дорад? Тасаввур кунед, фарзандони мо ба мактабу боғчаҳое мераванд, ки 80 — 90 ё сад дар сад тоҷиканд. Аммо ҳама маводҳои муҳими илмиву таълимӣ бо забони ғайр, яъне ба забони ҳамон 5 ё 20 дар сади бачаҳои ғайри тоҷик. Мо нохудогоҳ аз хурдӣ дар зеҳни фарзандонамон ҷо мекунем, ки забони модариашон забони илму маърифат нест, балки забони бечорагӣ, кӯчаву бозор ва дуруштиву дағалӣ аст. Ба ин хотир, бачаҳои мо ҳам нохудогоҳ кӯшиш мекунанд мисли он 5 ё 20 дар сади бачаҳои ғайри тоҷик бошанд, на мисли худ. Ва ба ин хотир шаҳриву дунявӣ будани худро дар муошират ба забони русӣ мебинанд. Тасаввур кунед, тифлакони тоҷик то ҳафтсолагӣ дар боғча — кӯдакистонҳо дар гуруҳҳои русианд ва ҳама муоширати байни худу мураббию дояҳо тоҷикӣ аст (хоҳ — нохоҳ ҳамингуна аст…) ва фақат дарсҳои омӯзишиву таълимӣ, ҷамъомадҳои расмӣ, шеърхониҳо ғайри тоҷикӣ, яъне русӣ. Албатта дар оянда маълум аст ин тифл кӣ будан мехоҳад. Яке аз сабабҳои арабгаро ё русгаро шудани ҷавонони мо ана ҳамин нобоварӣ ё назари пасту бечорагӣ ба забону фарҳанги хеш аст. Ва ё заминаи пайдо шудани истилоҳи нангини “Тоҷикӣ кардӣ…, тоҷикиш накун…» заминааш аз ҳамин ҷост. Замони шӯравӣ яке аз дастгоҳҳои пурқудрати манқуртсозӣ — ин сағирхона ва баъзе мактабҳои хусусӣ буд. Муҳим дар мағзу зеҳни бача бештар фарҳангу забони ғайр ва ё сохтаи худро ҷо кун, мешавад манқурти ин замона!
Сиёсати фарҳангиву маънавиро бояд ин гуна равона сохт, ки насли оянда авлавияти забону фарҳанги миллии худро дар амал эҳсос кунад ва ӯро созандаи илму маърифату фарҳанг ва ояндаи зиндагию ҳастии хеш донад (ҳамингуна ҳам ҳаст). То насли ҷавон афзалияту манзалати забону фарҳанги миллии худро дар амал набинаду татбиқ накунад, дар бораи ватану ватандорӣ ва миллатпарварӣ сухан гуфтан бефоида аст. Торих гувоҳ аст, ҳар миллате, ки сиёсати фарҳангиаш аз сиёсати давлатдориаш авлотар буд, пойбарҷо монд. Ҳеҷ давлати ҷаҳон дар торихи имрӯзи башар шояд ҳадди аксар аз чандсад сол зиёд умр надидааст, аммо миллатҳо чандин ҳазорсолаҳо умр доранд. Бадбахтона, кам набуданд миллатҳое, ки бо сиёсати хатои фарҳангӣ аз байн рафтанд. Пас месазад ба хотири тақвият ва амалӣ шудани сиёсати фарҳангӣ баъзе дигар чизҳоро қурбон кард.
Сиёсати давлатдории имрӯзи ҷаҳон хеле сахту пурчигил аст. Кори саҳл нест дар ин солу замона тинҷу ором зиндагию давлатдорӣ кардан. Бахусус ба мисли мо давлатҳои хурд, ки ниёз ба пуштибонҳои абарқудрат дорем. Вале, бо вуҷуд, сиёсати фарҳангии ҳар миллат бояд новобаста ба ҳолату вазъияти дигар сиёсатҳо интихоби роҳи дурусту созанда бошад, ки натиҷааш пойдории ҳастии хеш аст.
Кишвари Арманистон бе дастгирии Русия имрӯз наметавонад дар фишору таҳдиди кишвари Озарбойҷон дар масъалаи Қаробоғ биистад, аммо вазорати фарҳангаш забони русиро дар қатори дигар забонҳои хориҷӣ мегузорад ва авлавияти пештараи аз замони шӯравӣ мондаи ин забонро мегирад. Кишвари Русия дар шароити имрӯзаи буҳрони иқтисодӣ барои рушди театрҳои русии кишварҳои ҳамсоя маблағ ҷудо мекунад. Бале, барои ҳастии миллат сиёсати фарҳангии худро новобаста ба сиёсати давлатдорӣ бояд пеш бурд, ҳатто баъзан дар баъзе масъалаҳо агар мушкилӣ ё шояд қурбонӣ талабад.
Хеле сахт аст, вақте филми мустанад дар бораи бузургони гузаштаи торихи синамо — кинои тоҷик ба забони русӣ аст ва бо навиштаи «Мы вас помним…» сар мешавад (филмро ду сол пеш ба навор гирифтанд). Мо фарҳангиёни миллат имрӯз ҳам қудрати бо забони модариамон ёд кардани гузаштагони худро надорем. Шукр, ҳар сол як — ду сафари ҳунарӣ ба кишварҳои ҳамсоя дорем. 10 — 12 соли охир надидам, ки намояндаи ҳукумат ё вазорати фарҳанги ин кишварҳо маърӯзаи расмии худро ба ҷуз забони модариашон хонда бошанд. 90 дар сади ин маъракаҳо ба забони худашон мегузарад. Ҳарчанд дар ҷашнвораҳо ҳудуди 4 то 15 кишвари хориҷӣ ҳузур доштанд. Дар мо чӣ? Дар ҷашнвораи синамо “Дидор” сухани сӯгвории ба ёдбуди шодравон коргардони шинохтаи синамои тоҷик Бахтиёр Худоназаров бо забони русӣ қироат мешавад. Вақте қисми зиёди хориҷиён ҳамзабонони мо буданд. Ё дар яке аз чунин маҳфилҳо мансабдори ҳукумати мо, ки маълум аст забони русиро хуб намедонад, бо як азоби сахте маърӯзаи худро бо забои русӣ мехонад ва баъди тамом кардан дар чеҳрааш ифтихор аз ин амалашро пӯшонда наметавонад. Дар телевизион мусобиқаи дастаҳои муштзанӣ (бокс)-и Русия ва Ӯзбекистонро дар Тошканд тамошо кардам. Тамоми муаррифию рафти мусобиқа бо забони ӯзбекӣ ва инглисӣ буд.
Агар ҳар миллате аз байн меравад, аввалу охир ва бешубҳа фарҳангиёну зиёиёни он миллат гунаҳкоранд. Воқеияти чанд соли суботу амнияти кишвар сиёсати давлатдории кишвару давлатамон аст. Вале камбудиву доғҳои дар боло ифшошуда нахуст рисолати фарҳангиёну аҳли зиёи кишвар аст. Баъди ғалабаи инқилоби исломӣ дар Эрон қариб ҳама муҷассамаву ҳайкалҳоро аз байн бурданд. Замони аз байн бурдани ҳайкали ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ тамоми аҳли зиё, адабу фарҳангиёни Теҳрон назди муҷассама худро гирифтанд ва давлатро аз нияташ баргардонданд. Дар мо чанде пеш хабари аз байн бурдани ду бинои фарҳангӣ расид, ки якеро аз байн бурданд. Аҳли зиёву адаб ва фарҳангиён чӣ вокуниш нишон доданд? Чанд бор аст, ки ҳунарпешаи театр Суҳроб бо дард шиква мекунад, ки баъди чанд муддат бастани тарҷумаи (дубляжи) филмҳои туркӣ ман бо чашми худ дидам, ки шумораи хеле зиёди ҳунармандони аз мардумӣ то ба поён нома ба ҳукумат навишта буданд ва хоҳиши бекор намудани ин қарорро карданд. Вақте қарори кандани ду театр овоза шуд, ҳеҷ кас хоҳиши навиштани нома надошт. Бале, 70 соли шӯравӣ тавонист тафаккури маънавии мадуми моро хеле коста кунад. Ҳатто имрӯз ҳам барои бештари мардуми мо, бахусус фарҳангиёни миллат фарқе надорад, ки солшуморӣ милодӣ аст ё аҷдодӣ, ҳуруф форсӣ аст ё сирилик, соли нав 1-уми январ аст ё 21-уми март, забон тоҷикӣ аст ё русӣ, мактабу боғча — кӯдакистонҳо тоҷикианд ё ғайри тоҷикӣ. Муҳим, ҳарчӣ бошад, фақат барои мавҷудияти онҳо халал ворид накунад. Муҳим дар ҳар сурат вуҷуд доштан аст. Ба ҳайси кӣ, муҳим нест!
Мегӯянд, ки ҳар кор вобаста ба қудрат ва тавоноӣ. Имрӯз қудрати мо фарҳангиёну аҳли зиё ба ҳамин мерасидагист, ки созандагиро ақаллан аз худ сар кунем. Ақаллан худу хонаводаи худро дар тарбияи фарҳагу забони модарӣ ва сунатҳои миллӣ барои ояндаи ҳастии хеш дар амал татбиқ намоем. Муҳити фарҳангиро агар мо насозем, пас кӣ бояд созад? Оё ин ниёзҳо метавонанд ҷойи ниёзҳои нафсонӣ, мансабу унвонгирӣ, вазифаталабӣ, маҳалгароӣ, ноумедӣ ва монанд ба инҳоро бигиранд?!
Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?
Ҷуз ислоҳи худӣ чизе дигар нест.

Абдумумин ШАРИФӢ,
ҳунарпешаи театр

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here