Мусиқӣ як навъ ҳунар аст, ки тавассути сарояндагӣ, навозандагӣ, овозхонӣ ва ромишгарӣ таҳаққуқ меёбад. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар олами вуҷуд аст ва ҳар камбудеро, ки ӯ (инсон) дар ҷаҳон эҳсос мекунад, ба василаи ҳунар ҷуброн менамояд. Ба ин маъно, ҳунарманд касест, ки пеш аз дигарон камбуду навоқиси оламро эҳсос мекунад, ҷаҳонро ба тарзи худ меофаринад, бо диди бадеию эстетикӣ рангоранг месозад ва саранҷом маънои наву тоза мебахшад. Ин аст, ки ҳунарманд шахсият аст, шахсияти бинанда, шунаванда ва офаранда.
Дар миёни соири ҳунарҳо ҳунари овозхонӣ ва сарояндагӣ ҷойгоҳи махсус дорад, чаро ки тавассути ин навъи ҳунар инсон баёни отифат ва зебоӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки мусиқӣ ҳунари бозофаринии эҳсос ва отифати инсонӣ, ҳунари тавозун бахшидани ҷисму руҳ, санъати шинохти ботину сиришт ва билохира шеваи тавлиди зебоӣ мебошад. Маънои мусиқӣ, қабл аз ҳама, дар озодӣ аст ва ҳар гоҳ инсон аз бори мушкилоту камбудҳои рӯзгор хаставу ранҷур мешавад, ин хастагӣ ва ранҷуриро аз тариқи суруду мусиқӣ ҷуброн месозад. Бастагии инсон ба мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба эҳсоси зебоиписандӣ ва бурузи ғизои эстетикиаш марбут аст. Маҳз талаботи эстетикӣ дар қиболи офаридану шунидани мусиқӣ инсонро ба сӯйи озодии ботинӣ савқ медиҳад ва дар баробари мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ муқовим месозад.
Манзур аз мусиқӣ ва ҳунари овозхонию сарояндагӣ бо шӯру шавқ ва эҳсосу отифат сухан ба миён овардан (албатта, овозхонию ромишгарӣ бидуни эҳсосу отифат арзише надорад), бегумон, пеши назар ҷилвагар сохтани чеҳраи маҳбуби ҳунарӣ устод Чиллахони Хол аст. Ҳарчанд ки симои ҳунарӣ ва эҷодии Чиллахони Хол ба ҳавзаҳои мусиқию эҷодӣ ва муҳитҳои иҷтимоию мадании мо барвақт ошност ва ба муаррифӣ ниёзе нест, баёни чанд нуктаи муқаддимотиро дар робита бо ин шахсияти ҳунарӣ зарур медонем.
Албатта, дар ташаккули шахсият ва таҳаввули эҷодиёти ин ва ё он ҳунарманд авомили иҷтимоӣ ва муҳиту ҳавзаҳои эҷодию ва ҳунарӣ нақши калидӣ доранд. Бар ин асос, метавон марҳилаҳои ташаккули шахсият ва таҳаввули ҳунари устод Чиллахонро мушаххас кард. Ба ин далел, ба чанд нуктаи иҷмолӣ таваҷҷуҳ мекунем:
Якум. Муҳити маданию маърифатии деҳоту музофот дар шаклгирии шахсияти ҳунарӣ ва эҷодии Чиллахон нақши асосӣ доштааст. Устод Чиллахони Хол ҳунармандест, ки аз айёми туфулӣ дар оғӯши ҳунару мусиқӣ парвариш ёфтааст ва муҳити сода ва дар айни замон отифии деҳоту музофот барои ба вуҷуд омадани ин шахсияти эҷодӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст. Устод Чиллахон аз кӯдакӣ ба муҳитҳои овозхонии деҳотӣ ҷалб шуда буд ва солҳои шастуму ҳафтодуми асри бист ҳавзаҳои эҷодии музофот дар симои овозхонону ромишгарони мардумӣ фаъол буданд. Чиллахон, ки мутаваллиди соли 1957 (22 декабр) аст, аз коргоҳи эҷодии ҳунармандони музофотӣ баҳраҳо бурда, таҷрибаҳо андӯхта, завқу салиқаи ҳунарии хешро такмилу тақвият додааст. Солҳои шасту ҳафтоди асри гузашта дар муҳитҳои эҷодии деҳот овозхонони маҳаллӣ дар тӯю маъракаҳо ва базму нишастҳои маҳаллӣ матнҳои фолклорӣ-этнографиро дар қолибҳои яккасароӣ, бедеҳасаройӣ ва ҳамсароӣ иҷро мекарданд. Махсусан, дар тӯю сурҳо ва базму маъракаҳои деҳот овозхонони маҳаллӣ бо истифода аз созҳои мардумӣ (думбра, таблак, даф, танбӯр, рубоб, тор, сетор, ғижжак) сурудҳои халқиро мехонданд ва табиист, ки Чиллахони Хол аз ин нишастҳои маъмули маҳаллӣ фаровон истифода мекард ва овозу садои худро, ба истилоҳ, обутоб ва тамрин медод. Тамринҳои эҷодию варзишии шабонарӯзӣ, омӯзиши суруду таронаҳои халқӣ, озмӯдани маҳорати навозандагӣ (дар созу асбобҳои халқӣ), ширкат дар базму тӯйҳо ва нишастҳои мардумӣ, бар илова, санҷидани ҳунари хонандагӣ ва ромишгарӣ дар маъракаҳои маҳаллӣ боиси ташаккул ёфтани шахсияти ҳунарии устод Чиллахон гардид. Гузашта аз ин, Чиллахон ҳанӯз дар муҳити деҳот бо сабку услуби овозхонии ҳунармандони маъруфи замон устодон Акашариф Ҷӯраев, Барот Яхшиев, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов ва дигарон ошно мегардад ва бадиққат тарзу шеваи сарояндагии онҳоро меомӯзад. Ба ин тартиб, то ба муҳити шаҳр ворид гардидан, устод Чиллахон аллакай миёни мардуми музофот соҳибэътибор гардида, аз санҷиши аввалияи сарнавишти ҳунарӣ дар муҳити музофотӣ бомуваффақият гузашт буд.
Дувум. Марҳилаи дуюм, пас аз хатми мактаби миёнаи умумӣ устод Чиллахон барои таҳсил ба шаҳри Душанбе меояд ва ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) дохил мешавад. Мувофиқи тақозои ихтисос, акнун Чиллахон ба доираи фанҳои табиию риёзӣ ҷалб мешавад, аммо аз тавсеа додани донишҳои худ дар заминаи мусиқии мардумӣ ва касбӣ даст намекашад. Аз ҷониби дигар, дар муҳити шаҳр устод Чиллахон бо шахсиятҳои номдори адабӣ, эҷодӣ ва ҳунарӣ, назири Фаттоҳ Одина, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Мурод, Одина Ҳошим ва дигарон аз наздик ошно мешавад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.
Севум. Марҳилаи севуми ташаккули шахсияти ҳунарӣ ва таҳаввули эҷодии Чиллахон ба саҳнаи касбӣ ва ҳунари профессионалӣ роҳ ёфтани ҳунарманд аст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Чиллахон, ки тавассути ҷаҳду талошҳои ҳунарӣ дар муҳитҳои санъатӣ камокон муаррифӣ гардида буд, ба саҳнаи касбӣ роҳ меёбад ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба кор пазируфта мешавад. Дар ин даргоҳи муқаддаси ҳунару мусиқии касбӣ ва миллӣ Чиллахон аз мактаби эҷодии устод Зафар Нозим баҳраёб мегардад ва ҳунари овозхониашро такмилу тақвият медиҳад. Заминаи муваффақона роҳ ёфтан ба саҳнаи касбӣ-профессионалӣ ҳам дар истеъдод ва ҳунари ҳунарманд нуҳуфта аст. Чиллахон суруду оҳангҳои зиёде бар матни ашъори шоирони муосири миллӣ, аз ҷумла, устодон Лоиқ, Гулназар, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Муҳтарам Ҳотам, Давлат Сафар баста ва иҷро кардааст. Ба гунаи мисол, метавон аз суруди “Бачагӣ”-и Чиллахон ёдовар шуд, ки бар матни шеъри устод Лоиқ баста шуда, дар сатҳи баланд иҷро гардидааст.
Чаҳорум. Дар ин марҳила ҳам Чиллахон тавассути ҷустуҷӯҳои мудавоми эҷодӣ матни суруду таронаҳои маҳаллиро, ки дар ҳофизаи таърихии мардумӣ маҳфузанд, пайдо карда, дар коргоҳи эҷодӣ коркард намуда, аз нав, бо тағйироти сифатӣ рӯйи саҳна меоварад.
Ин буд, ки баъди бо ташаббуси устод Зафар Нозим таъсис ёфтани дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон (соли 1986) Чиллахон бевосита ба самти омӯзиш, эҳё ва нашру пахши суруду таронаҳои маҳаллию халқӣ фаро гирифта мешавад. Баъди мудирияти устод Зафар Нозим (1986-1993) Дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”-и назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон устод Чиллахон муддати даҳ сол (1993-2003) роҳбарӣ кардааст. Мусаллам аст, ки Дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина ” суруду таронаҳои “Қошуқтарош”, “Ҳай сокина”, “Кадудона”, “Бозубанд”, “Хамида мӯйи сиёҳ”, сюитаи дуқисмаи “Чорзарб”-и А. Ҷӯраев ва “Чорзарб”-и Ганҷина, сюитаи кӯлобии “Фалак” ва лапарҳои “Меҳмони ман шав”, “Ман доғ, майдаё”, силсилаи сурудҳои “Мавригӣ” ва амсоли инҳоро, ки аз беҳтарин намунаҳои ҳунари мардуми минтақаҳои Бадахшону Зарафшон, Хӯҷанду Ҳисор, Кӯлобу Ғарм, Бухорову Самарқанд маҳсуб меёбанд, эҳёву бозофаринӣ намуда, ба мардум пешниҳод кард. Кору фаъолият дар “Ганҷина” марҳилаи тозаи ҳунарӣ ва маданӣ дар эҷодиёти Чиллахон ба шумор меравад. Дар ин марҳила устод Чиллахон суруду таронаҳои мардумии “Қошуқтарош”, “Кадудона”, “Бозубанд”, “Магаме” ва амсоли инҳоро, ки миқдоран аз 30 зиёд буда, таърихи зиндаи муносибатҳои иҷтимоӣ, отифӣ ва мадании маҳаллӣ ва мардумиро инъикос мекунанд, эҳё намуда, мадди назари тамошобинон қарор дод. То имрӯз суруду таронаҳои мардумие, ки дар иҷрои Чиллахони Хол садо додаанд, аҳаммият ва муҳиммияти худро аз даст надода, миёни мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маъруфанд. Устод Чиллахон дар симати раҳбари Дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина” ба хориҷи дуру наздик сафарҳои зиёди ҳунарӣ анҷом дода, беҳтарин намунаҳои ҳунари миллию мардумиро дар қолиби суруд таронаҳои маҳаллию минтақавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Панҷум. Ҳатто пас аз он ки устод Чиллахон аз “Ганҷина” рафт ва ба корҳои дигари раҳбарию идорӣ ҷалб шуд, аз эҷод даст накашид, баръакс, ҷустуҷӯю такопӯро дар заминаи муаррифии беҳтарин намунаҳои мусиқии миллию мардумӣ дар шароити нави Истиқлоли давлатӣ идома дод. Чиллахони Хол аз зумраи ҳунармандони маҳбуби миллиест, ки садҳо ва ҳазорон шоҳбайт аз эҷодиёти шоирони классику муосир ҳифз карда, барнома-репертуари эҷодиашро аз ҳисоби ғазалиёти шуарои бузург Ҳаким Саноӣ, Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Нозими Ҳиравӣ, Носири Бухороӣ, Шавкат, Соиб, Ҳоҷӣ Ҳусайн, Фаррухии Яздӣ ва дигарон ғанӣ мегардонад.
Бо истифода аз фурсат ба устод Чиллахони Хол сиҳатӣ, тандурустӣ, комёбиҳои нави эҷодӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.
Нозим Нурзода, пажуҳишгар