Аз мардуми дорои фарҳангу тамаддуни бузург будан месазад  ифтихор кард. Маҳз фарҳанг забон, миллат, таърих, анъана, либос, таом, ҷашнҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъат ҳар як миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Аммо ин неъматҳоро доштан як тарафи масъалаву онро соҳибӣ карда тавонистан тамоман чизи дигар. Дар асре, ки интернет бо фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳонбинӣ, ақида, тафаккур, оин ва дарку тафаккури  ҷомеаи башарӣ ба ҳам бархӯрд мекунанд,  танҳо миллати абарқудрат бо тавоноӣ ва  миллати соҳибмаърифат бо маърифат метавонад, ки ҳастӣ ва хусусияти азалии худро аз даст надиҳад.

Мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем, ки садди роҳи ҷаҳонишавии умумибашарӣ гардем. Чӣ коршиносону чӣ зиёиён роҳи халосиро дар пешгирӣ кардан мебинанд ва дар бисёр маврид аз он ёд мекунанд. Пас  чӣ гуна, ба кадом роҳ, дар куҷо, киро ё чиро пешгирӣ кардан мебояд?  Кӣ бурд  мекунаду кӣ мебозад? Дар  мо ё дар дигарон, хатар дар куҷост?  Магар мо метавонем, ки аз сипарҳо кор гирем? Ҳаргиз! Имрӯз асри ХХ1 аст ва дигар мисли асре қабл аз ин душман ба сари мо аз камон тиру аз ғилоф шамшер намекашад. Ҳатто қадамашро ба хоки як сарзамини дигар намегузорад. Чӣ тавр? Тавассути интернет, маҳз бо ёрии он душман моро ғасб мекунад, бар решаи мо теша мезанад? Не. Гунаҳгор танҳо интернет ё филму наворҳо нестанд, балки пеш аз ҳама ҳар яки моем.   Мо мисли пуле ҳастем, ки байни ниёгон ва насли оянда иртиботи ҳаматарафа мепайвандад.  Масъул ҳастем то мероси гарони аҷдодиамонро ба мерос гузорем.  Вақте худамон ниёгонро нашиносем, ба он арҷ нагузорем, магар метавонем, ки ба насли наврас намунаи ибрат шавем? Агар арзиши мероси маънавии ниёгонро аз даст диҳем, ҳастиву вуҷуди худро комилан тахриб кардагон ҳастем. Магар метавонем, ки ҳеҷ чиро нафаҳмида, чизеро ҳифз кунем? Барои ин аввал мо ба маърифати фарҳанги тоҷиконаи худ ниёз дорем. Таърих миллати тоҷикро аз замонҳои қадим дар ҳофизаи худ маҳфуз дорад ва ин барои миллати тоҷик ганҷинаи бебаҳоест, ки ҳар кас тоҷик аст ба он хазина ҳуқуқи маънавӣ ва масъулияти виҷдонӣ дорад.   Модар ва Ватанро ҳеҷ кас ба худ интихоб намекунад, зеро ин ду амри азалӣ аст. Мо аз Тоҷикистонему Тоҷикистон аз мост.

Пас, мулоҳиза кунем, то ин ҳама неъматҳои беҳтарини таърихро пойдор нигоҳ дорем, хосатан, дар чанд масъала, ки пеш аз ҳама ин тарбия мебошад. Ҳазорон алломаву файласуфонро модари тоҷик таваллуд карда, тарбият дода, вале дар ягон давру замон падару модарони мо — тоҷикон ба сару рӯйи фарзандон расму тасвир намекашиданд, бо ҳар чизе, ки ба даст афтод, ба тани фарзандон намепӯшонданд.

Имрӯз бошад, бо замона ҳамзамон мегӯему либосҳои тамоман ба фарҳанги мо бегонаро  бар тани фарзандон мепӯшонанд. Бар замми ин, бар сару рӯйи фарзандон яке  “гурба” -ву дигарӣ “саг”, кадоме “супермен” -у дигарӣ “человек паук” тасвир мекунонанд. Магар бо ин мо метавонем, ки таъсири бади фарҳанги бегонаро пешгирӣ кунем?

Бархе дар он ақидаанд, ки тарбияи ҷавонони имрӯз вайрон аст ва аксари онҳо бадахлоқанд. Ягон духтари тоҷикро дар куртаи чакан писарбачае бо чашми бад наменигарад, итминон дорам, ҳатто як аз ҳазор ҳам ин корро намекунад. Чунки дар он либос зани тоҷик аст, зани тоҷик бо ин либос дар ягон филму навор нақши фаҳшро набозидааст. Ҷавонон ҳам ягон занро дар ин либос урён надидаанд. Шарм медоранд, ки як ҳарфи носазое ба ин зани тоҷик гӯянд. Агар бовар накунед, санҷида бинед!

Бархӯрди фарҳангҳоро пешгирӣ кардан имконнопазир аст, вале ҳамоҳангсозӣ ва ба худ мувофиқ карда, қабул кардани он амри ҳатмист, танҳо барои кишвар не, балки барои ҳар як сокини кишвар.

Ҳеҷ кадом давлати хориҷӣ ғами миллати як кишвари дигарро намехӯрад. Ин он ҳақиқате нест, ки аз ҳамагон ниҳон бошад.

Ҷойе, ки  парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд мегардад, пояаш такягоҳу партаваш қуллаи мурод ва ҳар боре, ки сар бар зонуи модари тоҷик расад, он ошёни баландтарину хонаи обод аст. Пас,, ҳар яки моро мебояд ба қадри ин неъмати шойгон бирасем ва онро ҳифз кунем.

Дилмурод ЮСУФӢ,

донишҷӯи ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here