Дар кишвари мо барои рушди забони давлатӣ ва тавсеаи мақоми он тамоми заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, яъне забони тоҷикӣ, ки  ба он тибқи Конститутсия мақоми давлатӣ дода шудааст, таҳти ҳимояи доимии давлат қарор дорад. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад. Илова бар ин, дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, мақомоти судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва умуман дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ мебошад. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки забон дар ҳама давру замонҳо яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ  мебошад.

Ҳамчунин собиқаи таърихии забони тоҷикӣ аз замони давлатдории Сомониён то имрӯз гувоҳи он аст, ки ин лаҳни шево ва забони ширину шоирона дар ҷаҳон ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанги воло шуҳрат дорад. Барои ба ин шуҳрату мартаба расидани он фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ба мисли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳозорон нафари дигар хизмати таърихӣ карда, бо осори ҷовидона ва пурарзиши адибиву илмии худ  тавоноии ин забони шаҳдборро ба ҷаҳониён исбот намудаанд. Забони мо дар  тӯли таърих ҳамчун забони робита ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳои гуногун нақши арзишманд доштааст. Инчунин забони тоҷикӣ ҳамчун забони тарҷумаву тафсири китоби муқаддаси мо, мусулмонон-Қуръони карим пазируфта шудааст, ки ин худ далели шинохт, эътироф ва мартабаи бузурги он дар ҷаҳони ислом мебошад.

Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар ин самт рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион ва дигар воситаҳои иттилоотӣ бояд нақши бузург дошта бошанд. Ташкили барномаҳои махсуси ҷолиб тавассути шабакаҳои радиову телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ роҷеъ  ба забони тоҷикӣ, тарғибу ташвиқи асолати он ва танзими фаъолияти воситаҳои таблиғоти иттилоот бо забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои  муҳимтарини рӯз мебошанд. Вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем. Интихоб, танзим ва истифодаи истилоҳу мафҳумҳои нави ҷаҳонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаётӣ ҷомеа яке аз муҳимтарин  вазифаҳоест, ки онро бояд мутахассисони варзида бо масъулияти тамом ба дӯш дошта бошанд. Дар хотир бояд дошт, ки барои тақвияти истиқлоли фарҳанги миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.

Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон  бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии милатро пеш аз ҳама аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар як шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модари худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастиаш дарк карда, аз рӯйи он амал намояд. Забони модарӣ сарвати бебаҳои миллат ва давлат буда, дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ, ки бо шеъри қофиласолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ оғоз мегардад ва маҳз таваассути он меҳру муҳаббати модар дар қалбҳои мо ҷой мегирад, бояд тамоми аъзои ҷомеа ғамхор ва саҳмгузор бошанд.

Муродбегим ХУДОБАНДАЕВА, омӯзгори МТМУ-и №17 ш.Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here