Лоиқ кист?
Шоири қолабшикан…
Шоири модар…
Шоири ошиқ…
Шоири миллат…
Номи неки устод бо шикастани чорчӯбаву ҳудуди шеръ, бо васфи табииву дилнишини модар, бо беҳтари сурудаҳои ишқӣ, бо ситоиши хоки аҷдодиву хасу хори Ватан ва бо ташбеҳҳои нозуку нотакрор дар саҳфаҳои аввали таърихи адабиёти тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Устод Лоиқ ҳам дар шеър, ҳам дар калимасозӣ ва ҳам дар вуруд ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қолабшикан шуданд. Эшон марзи шеърро убур карда, садои онро ба авҷи Зуҳал расониданд, қолаби «қиблагоҳ»-ро шикаста, варо вобастаи модар сохтанд ва шарти асосии қабули Иттифоқро шикаста, бидуни ҳеҷ маҷмаа ба ин иттиҳод аъзо шуданд. Ва ин шикасти чорчӯбаҳое, ки ҳазорсолаҳо инҷониб омада буд, устод Лоиқро дар як муддати кӯтоҳ соҳибном сохт. Чунончи устод Муъмин Қаноат дар васфи эшон мегӯянд: «Лоиқ бешубҳа аз ҳамон чеҳраҳоест, ки ҳадафмандии мо, ормонҳои мо ва ҳама чизи моро ба ҳамон марзи ниҳоӣ расонид».
Ҳар як шеъри ба модар бахшидаи устод Лоиқ ҷаҳони умед, орзуву ният, армонҳои модарон аст. Шоир илҳом гирифта аз рӯйҳои пурожанги модар, аз мӯйҳои парешону дастони ларзони модар, аз дунёи пурасрори модар, аз орзуҳои баровардаву нобаровардаи модар. «Модарнома»-и шоир на ба модари худ, балки ба кулли модарон бахшида шудааст. Ва он гунае, ки ҳамсари шоир, Зебунисо Қутбидинова мегӯяд: «Ин шеърҳо паҳлӯҳои нуҳуфта доранд. Бояд мо ба умқи вай, ба маъноҳои пӯшидаи вай сарфаҳм равем. Набояд онҳоро сарсарӣ, рӯякӣ хонда гузарем, балки бар сари он шеърҳо фикр кунем, маъноҳои ниҳонии онҳоро дарёбем». Аз ин ҷост, ки ашъори пурасрору ҳарфҳои рамзигуфтаи ӯ бар дилҳо ҷой гирифта, сурудаҳои сари сабади маҳфилҳо гаштаанд.
Ва ишқ дар эҷодиёти устод мавқеи хоссаро касб мекунад. Агар аз Рӯдакӣ то Дониш ишқ осмонӣ буд, устод Лоиқ онро заминӣ кард. Андарин дунёи «қаҷдорумарез» аз шӯришҳои дилу парвозу суқути ишқ то ҳадде гуфтаанд, ки зикри ҳамаи он ғайриимкон гаштааст. Аз ишқи ҷонфурӯзу ҷонгудоз, хонасӯзу хонасоз, орзусӯзу орзусоз, Лоиқсӯзу Лоиқсоз. Аз аввали ишқ гуфта, охири онро фаромӯш накарда. Мисле ки Фарзонаи Хуҷандӣ мегӯяд, Лоиқ айни мӯъҷиза буду ҳаст.
Лоиқи абармард аз ҷумлаи шоирони ангуштшуморест, ки ормонсаро шуд. Ашъори солҳои ахири устод Лоиқ дардҳову ниёзҳо, фарёдҳо, илтиҷоҳову хитобаҳову тақозоҳои шоир аз силоҳбадастон аст, ки эшонро то як дараҷа маҷрӯҳ кард. «Вақте дар ахбор мегуфтанд, ки дар фалон деҳаҳо хӯрока намерасад, ё дар маҷаллаҳо менавиштанд, ки дар фалон деҳаҳо мардум аз кунҷорахӯриву алафхӯрӣ мемиранд, Лоиқ гиря мекард. Вақте мефаҳмид, ки занҳоро парронданд, кӯдакакҳоро азоб дода куштанд, ӯ нола мекард, оби чашмаш шашқатор мерехт», — мегӯяд наздиктарин шахси ӯ Зебуннисо Қутбидинова.
Ва он гунае, ки Ортиқ Қодир гуфтааст, Лоиқро дарди миллат кушт: «Устодро воқеан ҳамин дарди миллат то бистари марг бурд ва бояд, ки дар дардномаи устод, яъне дар «диагноз»-и ӯ навишта мешуд: «Дарди миллат кушт!»».
Пас, равонат шод, манзили охиратат обод, эй дардошнои миллат!
Меҳрофарин НАҶИБӢ