Бузургтарин шахсиятҳои дунёи илму хирад андар боби мусиқӣ ва созу наво андешаронӣ намудаанд. Ва ҳатто рисолаву китобҳо низ эҷод намудаанд, ки ин бидуни тардид шаҳодат бар он медиҳад, ки мусиқӣ дар ҳаёти инсоният мақому ҷойгаҳи вижаеро доро мебошад.

Агар таърихи дирӯзу имрӯзи олами мусиқиро назар афканем, шахсиятҳоеро дармеёбем, ки аз донишу хирадмандии онон башарият ангушти ҳайрат газидааст ва ҳатто мавориде пеш меояд, ки ақл дунёи он нобиғагонро ба осонӣ наметавонад дарк бикунад. Ҳамагон медонанд, ки саромадони дунёи мусиқӣ ва зебоӣ — ин Борбади Марвазӣ, Рӯдакӣ, Сино Мавлавӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Кавкабӣ ва амсоли инҳо аз Шарқу Ғарб нобиғагоне будаанду ҳастанд, ки руҳу равон ва олами руъёии инсонҳоро навозишу оромиш бахшидаанду мебахшанд. Мисоли одӣ пеш меорем, ки агар касе Девони Кабирро боре варақ задаву ғазале аз он хонда бошад, худ бевосита шоҳид мегардад, ки он ғазал бо навои хосе эҷод гардидааст. Ривоят ҳам ҳаст, ки Мавлавӣ дар вақти эҷоди ғазал рӯ ҷониби само намуда, чарх мерафта ва дар ин ҳангом бо наво шеъри Мавлавӣ рӯи коғаз меомадааст. Ҳамчунин кулли адабиёти нозимии форсу тоҷик бо навои хосе эҷод гардида, ки ин худ мадракест раднопазир. Аз ин гуфтаҳо мо чиро мехоҳем бигӯему бидонем? Ғолибан муроди мо ин аст, ки гузаштагони дуру наздики ориёитаборон бидуни созу наво зиндагии худро тасаввур намекардаанд ва мусиқӣ як бахши мубрами ҳаёти маънавии эшон будааст. Далели ин пиндор ромишгарону донишварони гузаштаву имрӯзи мо мебошанд.

Ҳоло мо намехоҳем ба қаъри таърих фурӯ биравем, зеро сухан хеле ба дарозо меравад ва имкон надорад, ки дар як мақолаи кӯчак дарёи бепаҳноро ғунҷонид. Чанд нуктае, ки гуфтем, ба баҳонаи солрӯзу маргрӯзи хунёгари нотакрори қарни XX Аҳмад Зоҳир аст.

Аҳмад Зоҳир ҳунармандест, ки бидуни шак меросбари бузурги мардуми форсу тоҷик дар олами мусиқӣ буд. Мавсуф навою садои гузаштагонашро, ки ғосибон бо зӯргӯӣ муддате хомӯш намуда буданд, дубора эҳё кард. Хидмати Аҳмад Зоҳир дар эҳё ва такмили мусиқии суннатии тоҷику форс бағоят бузург аст, ки дар таърих анқариб бесобиқа мебошад. Ва ба қавли устод Ҷӯрабек Мурод, “Аҳмад Зоҳир дар мусиқӣ инқилоб кард”. Ҳунару истеъдоди Аҳмад Зоҳир фаротар аз қолаби боварҳо ва гумонҳо аст. То ин ҷониб санъатшиносе ё худ мусиқидоне пайдо нагардида, ки ҳамаҷониба санъату ҳунари Аҳмад Зоҳирро пажуҳиш намояд ва баҳои ҳаққонӣ бидиҳад. Ҳарчанд дар васфаш бешумор китобу мақолаҳое навиштаанд, аммо дар мавриди ҳунараш то ин ҷониб навиштаи лоиқтаре нахондаем. Аз ин рӯ, аз донишварони илми назариявии мусиқӣ тақозо менамоем, ки ин паҳлуи эҷодиёти марҳум Аҳмад Зоҳирро амиқтару воқеъбинонатар таҳқиқ бинамоянд.

Ҳарчанд мо аз илми мусиқӣ баҳравар нестем, вале ба унвони як ҳаводори ҳунару истеъдоди Аҳмад Зоҳир кӯшидем чанд нуктаи бардошти худро ин ҷо иброз бидорем. Нахуст, Аҳмад Зоҳирро боястӣ чун донандаи хуби асабобҳои мусиқӣ бишносем, зеро мавсуф таълимдидаи мактаби бузурги мусиқии Ҳинд ва Ғарб мебошад. То ҷое мо иттилоъ дорем, дар Ҳиндустону Амрико барои сайқал додани санъати ҳунарварии худ Аҳмад Зоҳир солҳои зиёд таҳсил намудааст. Аз ин рӯ, асбобҳои шарқиву ғарбиро хеле хуб омӯхтаасту ҳам менавохт ва дар куҷо истифода бурданашонро низ хеле хуб медонист. Чунин омӯзишҳои пайвастааш ӯро тадриҷан ба як ҳунарманди касбӣ бадал намуд. Аҳмад Зоҳир дар мусиқӣ мекӯшид ба касе тақлид нанамояд. Бинобар ин, дар роҳе қадам мегузошт, ки пеш аз ӯ касе тай накардааст. Ҳар оҳангу сурудҳое, ки ӯ эҷод менамуд, ками андар кам як-ду навгонӣ ба назар мерасид. Ҳатто суруду оҳангҳои дигар ромишгарон, ки Аҳмад Зоҳир иҷро менамуд, хушадотар ба гӯш мерасид. Оҳангсозон бештар мекӯшиданд, ки оҳангҳояшонро Аҳмад Зоҳир иҷро намояд ва ҳатто оҳангҳои хешро бо садову нолаҳои ӯ ҳамоҳанг намуда, эҷод менамуданд. Истеъдоду бузургии ҳунари Аҳмад Зоҳир боз дар он буд, ки замони сурудхонӣ ба маънои матни суруд ва оҳанг чунон фурӯ мерафт, ки баъзан бадоҳатан кашишҳои овозиро дар рафти иҷрои суруд эҷод менамуд. Ин гуна ҳолатҳоро, агар аҳамият бидиҳед, дар барномаҳои маҳфилию маҷлисиаш, ки бидуни фонограмма месарояд, хуб пай мебаред. Вижагии дигари ҳунари Аҳмад Зоҳир дар он аст, ки оҳангҳои шарқиву ғарбиро омезиш (синтез) дода, онҳоро бо як ҷаззобияти баланди ҳунарӣ иҷро менамуд ва ҳатто то ба он ҳадде он сурудҳоро бо санъати баланд месароид, ки аз асли худ беҳтар мебаромад. Бояд зикр намуд, ки оҳангҳои Ғарб ва Ҳиндиро бо ду забон, яъне забони аслу забони модариаш иҷро менамуд. Дар иҷрои ҳар ду маврид ҳам Аҳмад Зоҳир муваффақ гардидааст. Бузургии ҳунар ва донишу хиради Аҳмад Зоҳир дар он ҳувайдо буд, ки ӯ дар оҳангҳои бегона матни мувофиқи форсӣ гузоштааст, ки кас гумон намекунад, оҳанги шеър дар асл дигар аст.

Дар мавриди интихоби шеъру ғазал Аҳмад Зоҳир маҳорати баланде доштааст. Гавҳаршиносии ӯ аз он зоҳир мегардад, ки матнҳои интихобнамудааш дарду ранҷ ва шодиву нишоти инсониятро ифода менамоянд. Ҳар кас метавонад вобаста ба мушкилоти худ ба осори Аҳмад Зоҳир муроҷиат намояд, албатта, таскиндиҳандаи дили худро пайдо менамояд. Донишу фаҳмиши Аҳмад Зоҳир бамаротиб баланд буда, ки ғаму дард ва шодмонии мардумонро хуб дарк намуда, мувофиқи он суруд эҷод намудааст, ки он суруд дар муддати кӯтоҳ дар дили мардум ҷо мегирад. Ҳатто гуфторе ҳам ҳаст, ки Аҳмад Зоҳир китобхонаи бузурге дар хонаи худ доштааст ва соатҳо дар онҷо ба мутолиа мепардохтааст. Худо ба ӯ саводу дониш, истеъдоду ҳунари баланд ва садои зеборо якҷо ато фармудааст, ки Аҳмад Зоҳир тавонист ин ҳама атои Яздониро дуруст истифода намояд.

Дар воқеъ, тору пуди Аҳмад Зоҳир бо суруду мусиқӣ бофта гардида буд. Ӯ дар иҷрои суруд хусусиятҳои бартареро нисбат ба муосирони худ дошт. Мактаби хоси худро Аҳмад Зоҳир дар олами бекарони мусиқӣ бунёд намудааст. Дар замоне, ки ӯ худ дар қайди ҳаёт буд, бисёр ҳунармандон ба пайравии ӯ суруду оҳангҳояшро месароиданду эҷод мекарданд. Аксарият хуб медонанд, ки пас аз солҳои 70-и асри гузашта ромишгарону сарояндагони порсигӯ ба осору эҷодиёти Аҳмад Зоҳир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд ва то ин ҷониб аз ҳофизон касеро пайдо намудан мушкил аст, ки аз оҳангҳои Аҳмад Зоҳир нахонда бошад, шояд бошад, аммо мо надидаем. Гузашта аз ин, зиёд ҳофизоне буданду ҳастанд, ки ҳунару санъати хешро тавассути сурудҳои Аҳмад Зоҳир ба мардум муаррифӣ намудаанд. Нақши ҳунару санъати Аҳмад Зоҳир дар тарбияи ҳофизони касбӣ хеле бузург аст, ки ҳатто наметавон бо сухан онро ифода намуд.

Як нуктаи дигарро, ки аҳамияти хеле бузург дорад, ин ҷо зикр менамоем. Дар оғози қарни XX ва ҳатто пештар аз он, бо ангезаҳои сирф сиёсӣ забони форсиро дар бисёр қаламравҳои Шарқ саркӯб намуданд ва ин амали зишт чунон густурда гардида буд, ки ҳатто соҳибони забон тавони муборизаро надоштанд ва осон пеши он ҳама зӯргӯиҳо таслим мешуданд. Аз ҳама нигаронкунанда он буд, ки ҷавонони боилму хиради даригуфтору тоҷикигуфтор ва форсигуфтор ба фишори шадиди аҷнабиён тоб наоварда, рӯ оварданд ба забонҳои ғайр, ки гӯё имкониятҳои бештарро доро будааст. Аҳмад Зоҳир бо ҳунару истеъдоди бузурги худ тавонист то андозае садди роҳи ин амали номуборак гардад. Аҳмад Зоҳир бо ҳунару истеъдоди бузургаш тавонист аз ҳама бештар ҷавонони ҳамзабонашро ҷалб намояд, то бештар рӯ оранд ба забони модарии хеш. Ҷавонони солҳои 60-и асри гузаштаро санъати ҳунаварии Аҳмад Зоҳир зери таъсири худ қарор дод, ки бад-ин восита эшон забони модарии хешро ҳифз намуданд. Барои мисол, ҷавонони солҳои 60-70-и асри гузаштаи Тоҷикистон ҷунунвор ошиқи ҳунари Аҳмад Зоҳир гардида будаанд. Ҳатто аз забони ҷавонони он замон шунидаем, ки эшон барои шунидани оҳангу сурудҳои Аҳмад Зоҳир гуруҳ-гуруҳ дар хонаҳо ҷамъ меомадаанду бо навову адои Аҳмад Зоҳир маҳфиле барпо намуда, менишастаанд. Ҳатто як ҷавони он даврон нақл мекунад, ки дар кӯчаҳои шаҳр магнитофон дар даст, садои Аҳмад Зоҳирро гӯш карда мерафтанд. Чӣ тур мо ин бузургии ҳунари Аҳмад Зоҳирро сарфи назар намоем? Дар воқеъ, дар пойдорӣ ва ишқварзии ҷавонон ба забони модарии худ дар он замонҳои пурошӯб, нақши боризи ҳунари Аҳмад Зоҳир бармало дида мешавад. Аз ин рӯ, санъати волои ӯ қарнҳо моро зинда нигаҳ хоҳад дошт. Дар мубориза бо душманони забони модариамон низ бешак садову навои Аҳмад Зоҳир ҳамеша ғолиб хоҳад омад. Ин пиндори мо хаёлпардозӣ набуда, балки воқеияти дирӯзу имрӯзи ба вуқуъ омадаро тасдиқ менамояд, ки санъати баланди Аҳмад Зоҳир тавоноии муқовиматро дорад. Эҷодиёти Аҳмад Зоҳир гулчини адабиёти классику муосири форсу тоҷик аст. Равоншод осори балеғи адабиёти дирӯзу имрӯзи моро бо садову навои мондагор сурудааст, ки агар ҳазор на, миллион душманон бихоҳанд, ки нобуд бикунанд, дар баробараш ҳеч мешаванду худ ба забунӣ хоҳанд рафт. Бинобар ин, мо қадру манзалати санъати Аҳмад Зоҳирро аз ҳарвақта бештар бояд бидонем ва ба омӯзишаш бипардозем. Ва нуктаи дигарро ин ҷо мехоҳем ишора бикунем, ки сарояндаҳое, ки суруду навоҳои Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ менамоянд, лутфан бикӯшед ақаллан оҳанг, маънӣ ва матнро харобу бемаънӣ накунед. Инро беҳуда намегӯем, чандин сарояндаҳоро дидаему шунидаем, ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро пурғалату шикаста мехонанд. Оҳангу матнашро гӯё “замонавӣ” мекунанд, ки ин баръакс ба ҳунару санъати Аҳмад Зоҳир иснод меорад. Хоҳиши мо аз шумо танҳо ҳамин буд, ки гуфтем.

Бовар дошта бошед, ки садои Аҳмад Зоҳир моро бегазанд нигаҳ хоҳад дошт ва намегузорад ба чоҳи сияҳчол биуфтем. Аз ин хотир, ба қадри бузургони имрӯзу фардои худ сари вақт бирасем, ки баъд дер хоҳад шуд ва баъд афсӯсу надомат ҳам беҳуда нагӯему нанависем. Равону ёди булбули абадзинда — Аҳмад Зоҳир, шоду ҷовидона бод! Чи гунае, ки худ ӯ месарояд:

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here