Ё андешаҳо пиромуни як филми нави «Тоҷикфилм»

Сублиматсия — механизми муҳофизаткунандаи равоние будааст, ки ҷаҳони ботинии туро аз банди тарсу бим, аз хатари он, ки туро дар ҷомеа метавонанд ба ҳайси девона фош кунанд ва ё худнамо, синик, худпараст пиндоранд ва ё ба инфантилизм, ба тафаккури кӯдакона айбдор намоянд, раҳо карда, ба ҷомеа ошкоро гуфтани ин ё он андеша ва эҳсосоти маҳрамона раҳ мекушояд, ҷасорати шахсӣ эҳдо мекунад. Ва агар ту ҳақиқатан шахс бошӣ, яъне худшинохта бошӣ, туро ба эҷодкорӣ даъват мекунад. Аввалин бор чунин ҳолатро Зигмунд Фрейд тавсиф додааст. (Руҷуҳ аз луғати тафсирии русӣ).

Вақте мушоҳида карда будам, ки баъзе аз ашхос тобистону зимистон бо чатр мегарданд. Ман ин холатро намефаҳмидам, гумон мекардам, ин чиз як зайли худнамоӣ ё услуби мудӣ ҳамон шахс аст, на зиёд аз ин. Ва баъд, бо гузашти рӯзгор, дар чунин ҳолат маънии дигарро ёфтам. Ва имрӯз низ сари чунин ақидаам.

Мо — шахсиятҳо мекӯшем бо чатр бигардем. Худро нафақат аз офтобу барфу борон, балки аз нигоҳи ғайримаҳрамона, синизми ошкоро, ки фазои имрӯзаи моро саросар фаро гирифта аст, синизме, ки дили нозуку зудранҷи моро бо ханда ва истеҳзои ноҷову нопокаш ҳамеша қасди шикастан, помол кадан дорад, дифоъ намоем…

Инро барои он мегӯям, ки дар ҳошияи яке аз мақолаҳои самимиам, ки дар интернет интишор шуда буд, яке аз хонандагон навиштааст: “тараканы в голаве”, яъне дар андешаҳои муаллиф “нонхӯракҳо даву тоз доранд” ва бо ин ҳарфаш иддао дорад, ки андешаҳои муаллиф берун аз ҳақиқатанд…

Ростӣ, аз баҳс наметарсам. Нақди ҳирфаиро, агар он нақди воқеӣ ва созанда бошад, эҳтиром дорам…

Суханро ба дарозо намебарем. Ин соат сухан мушаххас аст. Ин лаҳза мехоҳам чатрамро канор гузорам. Ба қавли Хисрави Деҳлавӣ дилам мехоҳад меҳмони ҷони хеш бошам. Ва ифшогари андеша ва эҳсосоти бе чатрӣ худ. Имрӯз мехоҳам ба синизм ошкоро эътироз баён намоям ва муқобилаш исён барангезам.

Он чизе, ки ба ман чунин ҷасорат додааст, филмест, ки дар борааш гуфтан мехоҳам. Дар ҳаёти як кам ҳафтодам кам ҳолатҳои зиндагӣ ва асарҳое буданд, ки ба ман таъсири амиқ расонда, аз пусти баданам убур карда ва вуҷудамро тасхир карда бошанд. Вале ин филм имрӯз аз чи башад, ки ба мағзу дилу ҳушам раҳ ёфтааст.

Пай мебарам, ки филми мазкур ҳанӯз он асре нест, ки бо тамоми комилӣ пеши завқам ҷилва карда бошад. Ҳанӯз гуфтан мумкин ки ин филм шогирдона аст. Вале бемуболиға, ба истилоҳ “бе пӯсту урён”, ҳамчун тифлаки беҳимоя маро ботинан даъватбаамал овард, ки онро ошкоро аз диди синикӣ, диди авомона, диди бозоргаро, диди моддигаро дифоъ кунам.

Кам буданд филмҳое, хусусан, филмҳои ватанӣ, ки маро ба чунин ҳолат оварда бошанд. Шояд филми “Муҳоҷир”-и беовози Комил Ёрматов, ё силсилаи филмҳои Кимёгаров, Давлат Худоназаров, “Братани” Бахтиёр…

Филме, ки дар поён сухан дар борааш хоҳад рафт, бо ҳирфияту комилӣ, шояд ба ин сатҳ ба пуррагӣ ҳанӯз ҷавобгӯ набошад. Вале филм кӯшидааст то ҳадде ҳамрадифи филмҳои болоӣ бошад…

Филми мазкур мехоҳад чатри моро аз сар бадар кунад. Моро ба ҳамдардӣ, ба оламӣ андеша кардан водор намояд. Моро шарики андешаҳои фалсафияш намояд. Мехоҳад аз мо ақаллан лаҳзае ҳам бошад файласуф созад. Мехоҳад, ки ба дид, шодиву ғамаш шарик бошем. Мехоҳад ба вай ҳаммуаллиф шавем, фикру эхсосоташро дар шакле идома диҳем,, ки онро возеҳу комил гардонем…

Пас, ай алоқамандони андеша, биёед имрӯз чатрҳоямонро канор гузорем. Сухан аз хештан гӯем. Ба мо ҳамин имкониятро филми “Бачаи обӣ” фароҳам овардааст. Бароямон минбар оростааст.

Филм дар оғоз гӯё ҳеҷ ҳавасу парвои ихчаму фишурда ва барҷаста баррасӣ кардани мақсаду конфликту тазод ва сужаҳоро надорад. Мегӯӣ — филм аслан бесужа аст. Мегӯӣ, коргардон барои худ як ҷаҳонаке сохта, ки ба ҳаёти воқеии тоҷикон ҳеч рабте надорад.

Филм дар бораи маҳалли моҳигирони лаби баҳри хаёлие, ки зиндагии махсуси хешро доранд, бо як ритми ниҳоят сусти сангпуштмонанд баррасӣ мекунад. Балки рафти филм гӯё ритми худи зиндагии воқеъӣ аст. Гӯё муаллиф аз ин ҷарайёни воқеии ҳаёти бофтааш, мисле ки дигар филмҳову асарҳо аз он маъмулан интихоб мекунанд, ҳеч интихоби мушаахасе накарда, фишурдаи онро ба мо пешниҳод накарда ва бо ин дидаш моро ба ҷараёни консептуалиаш равон накардааст. Аввал бо ин ритмаш вай хоби касро меорад. Вале тамошачии ҷӯяндаву кунҷков худро ба даст гирифта, бо иродае аз паси диди муаллиф рафтан мекунад.

Дар натиҷа филм тамашогари пуртоқату маъниҷӯйро бо шеваи мавзуну нотакрори пур аз маънӣ, пур аз тазодҳои бештар пӯшида, ошно месозад ва тамошобинро ба “ҳаммуаллифӣ” даъват менамояд ва ба ҳамин восита ба ӯ лаззати эстетикӣ эҳдо менамояд. Ба қавли шоир “ҳар ки моро мекушад, бо шеърборон, зинда бод”.

Филм бинандаро аввал ба мушоҳидакорӣ, ба эҳсосот ғарқ кунонда, дар фарҷоми худ, чи тавре ки гуфтем, ба андешҳои баланди фалсафӣ, ба андешаҳои дар ҷузъ куллро дидан меоварад. Ба андешаҳои глобалию воқеии пур аз тазод ва драматикии рӯзгори кунунии башарият меоварад…

Ин нуктаҳоро мегӯяму ба ногоҳ худамро дар он андешаи мухолиф дармеёбам: Шояд ман ҳамаи инро ба тарзе дидам, ки худам мехостам дидан? Шояд ин диди комилан шахсии ман асту он дар филм аслан вуҷуд надорад? Шояд ин диди камина сар то по субъективона бошад?…

Дар ҳар сурат бе ҳеч пофишорӣ ва даъво ба он, ки ман дар шинохти филм комилан ҳақиқати бебаҳс мегӯям, бардошти худро аз ин асар пешкаши хонандае мекунам, ки филмро дидааст ва ё ҳаваси дидан дорад. (Воқеан рекламаи филми мазкурро дирӯз дар пешорӯи кинотеатри “Ватан”-и Душанбешаҳр дидам).

Тамошобинони ноогоҳ баъди дидани филми Файзулло Файз “Бачаи обӣ” пеши худ суол мегузоранд, ки чаро коргардони ҷавони бохабар аз вазъи ҷуғрофии Тоҷикистон, қасдан ба мавзӯи баҳр даст задааст? Баҳр ки моли ин кишвар нест. Чанд кӯле дорем, обанбори сунъию табиӣ, ки онҳо ҳаргиз он зиндагие, ки қаҳрамонон дар филм таҷассум ёфтаанд, дар асл замина надорад, ё агар умумӣ карда гӯем, барои тарзи зисти тоҷикон маъмул нест. Пас, чӣ сабаб шудааст, ки Файзулло маҳз ба ин мавзӯ даст задаст?

Ҷавоби ин суол чанд посухи душвор тақозо намекунад.

Яке аз ин посухҳо дар он аст, ки филми мазкур идомадиҳандаи нақшаи пешбини­шудаи коргардони ҷавонмарги дар ҷаҳон машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаров мебошад. Файзулло кӯшидааст ба восита ҳамин филмаш эҳтироми худро ба ҳамкасби ҳамватанаш изҳор намояд. Ин иқдом дар заминаи трилогия (сегонек)-и пешбинишудаи Бахтиёр — “Падари маҳтобӣ”, “Дар интизории баҳр” ва бахши сеюм “Моҳии зинда” мебуд. Аммо ба Бахтиёр умр бевафоӣ кард ва “Моҳии зинда” рӯи экранро надида монд…

Гумон мекунам, Файзулло ҳамин иқдоми анҷомнаёфтаи Бахтиёрро кӯшиш кард ба ҳадаф расонад. Ба ҳар ҳол, яке аз ҳадафҳояш ин буд.

Бидуни шак, филми Файзулло тамоман дар эстетикаи дигар, на дар шабеҳи усули Бахтиёр баррасӣ шудааст. Ин тарзу услуби вай хоси худи Файзулло аст. Аммо аз нигоҳи масъалагузорӣ, мазмун, рамзсозӣ ва боз чанде аз унсурҳои дигар ҳамрадифи эстетикаи кинои Бахтиёр аст.

Боз дар ин, ки Бахтиёр дар филми “Падари маҳтобӣ” шаҳрчаеро бо номи “Фархор” бидуни сохтакории декоративӣ, бунёд карда буд. Файзулло низ ҳарчанд буҷаи калон надошт, ҳамин хел маҳаллаи моҳигиронро бо дастгирии беғарази дӯстону хайрхоҳонаш бунёд кардааст.

Вале он чизе, ки бо моҳияти аслиаш ин филмро ба филмҳои Бахтиёр наздик мекунад — ин андешамадӣ, сохтани характерҳои нотакрору мушаххас, кадрҳои сукути гӯёи ин қаҳрамонҳо, рамзсозӣ, киноя ба зиндагии сохта, ки дар мисоли саҳнаҳои филмбардорон, ки дар филм гӯё марказӣ менамоянд, мебошад.

Воқеан, ногуфта намонад, ки шахсан ман дар ин саҳнаҳои киногирон, ки жанри кино дар киноро мемонанд, намуди духӯраву рамзӣ, нафақат киноя ба муносибати бемағзи киногирони сохтакор дар нисбати тапиши набзу қалби воқеии зиндагӣ, балки муносибати бе масъулияту берисолати пучи бисёре аз зиёиёнро дармеёбам, ки бо ин муносибаташон чеҳраи воқеии худро фош мекунанд. Онҳо гӯё ҷаҳони маънавӣ месозанд. Вале ин маънавиёт занбӯри беасалро мемонад…

Умуман бояд гӯям, ки ин филм сар то по рамзӣ ва биноӣ аст. Диалогҳое, ки тамошобин мешунавад, идомаи тасвири сукути гӯёи онҳо аст. Яъне тасвир нақши бориз дорад. Драматургия, тазодҳо бештару хубтар дар тасвир комил шудаанд.

Масалан, мӯйсафед бо номи Баракат (онро актёри машҳури ӯзбекистонӣ Убайдулло Омон бозӣ кардааст), ки яке аз қаҳрамонҳои марказӣ  мебошад, бисёр ҳарф намезанад. Дар тасвири чеҳраи вай, ки зуд-зуд қариб ҳамаи фазои гунҷоиши экранро фаромегирад, чеҳраи азими вай, хусусан чашмҳои гӯёяш ҳама дарду шодӣ, вазъи равонии ӯро ошкор месозанд. Чашмҳо воқеан ба оинаи ҷаҳони ботинии қаҳрамон табдил ёфта.

Ҳамин чиз дар тасвири қаҳрамонҳои дигар низ мушоҳида мешавад.

Бо ҳамин хусусиятҳояш “Бачаи обӣ” маро ба он хулоса меорад, ки эстетикаи филмҳои муллифӣ ё артхаузи ватанӣ меъёри дигар, ҳадди болотарро, мисли филмҳои “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саидову Сафар Ҳақдодов касб кардааст. Ва ин чиз шахсан маро хеле хушнуд менамояд.

Мегардем ба он мазӯ ки чаро маҳз баҳр макону маркази ҳама воқеаву тазодҳо шудааст.

Баҳр дар филм рамз аст. Рамзи зиндагӣ. Рамзе, ки ба қавли устод Лоиқ, дар он ширинии дунё ва ҳам талхии дуд аст. Баҳр бо худ модели ҷаҳони имрӯзаи башариятро таҷассум менамояд. Ҷаҳоне, ки ба буҳрони сахт гирифтор шудааст. Яке аз рамзҳои марказӣ ва тазоди фоҷиабор — ин дар баҳр дигар намондани моҳии зинда аст. Баҳр аз аввал ҷои романтикии мӯсафеду наврас, ки Рамзес ном дорад, таҷассум ёфта, баъдтар бо сабаби муносибати дурушту бешууронаи инсон ба фоҷа гирифтор мешавад. Ин фоҷеаи баҳрро инсон ба вуҷуд меоварад. Мӯсафед- Баракат бо нафаре, ки дар назари ӯ яке аз гунаҳкори чунин фоҷиа аст, даст ба гиребон мешавад. Вале ҳайҳот! Баҳр мемирад. Баҳре, ки моҳӣ надорад, баҳр ки нест, баҳри мурда аст. Баҳр воситаест, ки дар фоҷеаи он фоҷиаи башар нуҳуфта, фоҷеае, ки онро аввал танҳо Мӯсафед эҳсос мекунад. Барои Мӯсафед баҳр макони раҳму шафқат, макони муҳаббат, рамзи шахсе ба назар мерасад, ки дар он муқаддасот нуҳуфта, рамзи зиндагие, ки дар он гармония буд, рамзи осоиштагӣ ва маънавиёт буд. Аз ҳамин сабаб Баракат ҷисму ҷонашро дар охир ба баҳри дӯстдоштааш мебахшад…

Ҳамин вазъи трагедии Мӯсафедро аввал Рамзес ва баъд падару модари вай ва  сипас тамоми аҳли маҳаллаи моҳигирон ҳис мекунанд ва ба хотираи Мӯйсафеди ба баҳр бебозгашт рафта, гулпошӣ мекунанд. Дар ин кадрҳо ҳам патетика ҳаст, ин кадрҳо шеъргуна ба чашм мерасанд. Дар ин кадрҳо ҳам эҳтиром ҳаст, ҳам ҳисси гиряолуд. Вале инро нашояд сентиментализми сохта ба қалам дод. Оре, ин кадрҳо риққатоваранд. Вале онҳо на қасдан воситаеро мемонанд, ки бисёри филмҳои бозоргир, аз ҷумла, филмҳои соддалавҳонаи тоҷикӣ, ба даст оварданӣ мешаванд. Онҳо дар натиҷаи баррасӣ шудани маҷмӯи қиссаҳои фоҷеавӣ худ аз худ риққати касро бедор мекунанд…

Ман алъон наметавонам ба филм бо диди интиқодӣ назар кунам. Барои ин филмро борҳо бояд бинам. Ҳоли ҳозир фақат ҳаминро гуфта метавонам, ки Файзулло дар филмаш накӯшидааст, ки актёрҳои базебу хушқаду қоматро истифода кунад. Кулли актёрҳо (хусусан дар нақшҳои калидӣ) маҳз чеҳраҳои қасдан назарногир гӯё аз зиндагии воқеъӣ интихоб шуда ба назар мерасанд. Намуди зоҳирии онҳо таваҷҷуҳи тамошобинро аз дарки мазмуни филм дур намекунад. Вале дар ин самт на ҳамаи бозигарон рисолати актёрии худро ба пуррурагию комилӣ иҷро кардаанд. Ва дар муқоиса бо онҳо маҳз нақшҳои офаридаи Убайдулло Омон ва Соро Собир хеле барҷаста ба назар мерасад.

Ба назарам мусиқии филм ҳам, ки дар новобастагӣ аз филм барҷаста менамояд ва онро устоди забардасти мӯсиқии имрӯза Далер Назар эҷод кардааст, дар филм гоҳ-гоҳ ифшогари драматургияи филм нест. Шояд ин ин айби бастакор набошад. Шояд коргардон онро натавонистааст ба маврид истифода кунад…

Вале аз назари ман дар филм муҳим дигар чиз аст. Муаллифи филм бо ҳама ин саҳнасозиҳо (такрор мекунам) дар ҷузъ куллро нишон додааст. Вай кӯшидааст аҳли башарро ҳушдор кунад, ки ҷаҳони мо дорад ба сӯи фалокати бебозгашт глобалӣ ҳаракат мекунад. Гап дар сари худи баҳр нест. Гап дар сари муносибати мо инсонҳо ба он аст. Баракат мисли баҳр пурҷило, пурмазмун буд. Баҳраш, ки бемоҳӣ монд, дигар зарурати будани худро дар ин ҷаҳони беадолат надид. Вай фоҷиаи баҳрашро бо тақдири худаш чен карда, дунёро падруд гуфт. Ҳар чанд дар ин дунё азизи ӯ — Рамзеси наврас монда буд…

Ин аст рисолати эҷодгари ҷавон.

Гӯё чунин баррасиҳо дар олами ҳунар ва хусусан, синамо кам нестанд. Вале коргардон тавонистааст дар ин радиф шеваи нотакрори худро дарёбад.

Нигоҳи эҷодгари асил, рисолати волост ва диди вай аз диди ҳам шахси руҳонӣ, ҳам файласуф, ҳам олими пажуҳишгар фарқ мекунад. Вай зиндагии воқеию асилро омӯхта, ба тариқи образҳои пурмазмун онро дубора кашф мекунад, ба он мазмуни амиқтар дода, моро аз раванди натоиҷи муносибатҳои бехирадонаи мо ҳушдор менамояд…

Умед аст, ки бахши техникии асар ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ шуда бошад. Агар ҳамин фарзия, ки камина дар он чандон балад нестам, бенуқсон бошад, дере нагузашта мо аз ширкати филм дар синамобазмҳои ҷаҳонӣ хушхабарҳо хоҳем шунид.

Камина Файзуллои Файзро бо ин муваффақияташ самимона табрик мекунам ва дар филмҳои ояндааш ҳамин гуна бозёфтҳои пурмазмунро таманно дорам.

Ба ҳар тамошобине, ки хоҳиши ин филм ва филмҳои ҳамрадифро дидан мехоҳад, таъкиди устод Рӯдакиро гӯшрас карданиам,, ки мегӯяд:

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Саъдулло Раҳим, киношинос, доктори илмҳои фалсафа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here