Ба яқин хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши мусиқии милливу касбӣ бесобиқа ва беназар мебошад. Бузургтарин дастовардҳо туфайли ташаббусҳо, ғамхориҳову дастгириҳои Сарвари давлат моро даст додааст. Ҳолиё дигар наметавон ин дастовардҳоро шумурд, чун зиёданд. Ҷойи таассуф аст, ки масъулони соҳа аз дуруст дарк накардани моҳияти масъалаҳо ва фориғболӣ муҳимтарин корҳоро дар сатҳи баланди касбӣ ба фарҷом расонда наметавонанд.

Овардану тӯтивор такрор кардани ин сухан, ки «Фарҳанг ҳастии миллат аст» мушкил нест. Муҳим барои ин ҳастӣ ташаббусҳоро пайгирӣ ва амалӣ бояд намуд. Имконияту шароитҳоро Президенти мамлакат барои рушду густариши соҳа фароҳам овардааст. Боз чиро интизоранд?

Шурӯъ аз охири ин моҳ, яъне апрел, дар соли равон бояд озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардад. Ин тасмим соле қабл гирифта шуд. Тавре бармеояд, фурсати зарурӣ мавҷуд буд, ки тамоми паҳлӯҳои он дар ин маврид дуруст ва касбӣ андешида шавад. Аммо дар Низомномаи озмун он қадар аз бесалоҳиятӣ, надонистани соҳа, мантиқ хатоҳое роҳ ёфтаанд, ки ҳатман мутахассисони асилро ҳам ба сарсонию раҳгумзадагӣ мекашонад. Масалан: «Ровӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ пешниҳод шуда(?), мавзӯи асосии онро васфи Тоҷикистон, ғояҳои ватандӯстӣ (?), ифтихори миллӣ, ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, тараннумӣ зебоӣ ва инсондӯстӣ (?), ишқу ҷавонӣ ташкил медиҳад». «Ровӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ пешниҳод шуда», яъне чӣ? «Дар жанрҳои гуногуни адабӣ» повесту роман ҳам дохил мешаванд. Агар мақсуд аз жанрҳои гуногуни адабӣ истифода кардан бошад, пас ӯ имкони қироати як повест ва романро ҳам бояд пайдо бикунад.

Инчунин: «Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон шарикии озмунро бар уҳда мегиранд».  Ин ҷо аслан сухан дар бораи масъулони озмун, ки масъулони асосии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, меравад. Магар кумитаҳои зикршуда як шохаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нестанд? Ва ё ин кумитаҳо ва иттифоқ чӣ гуна шарикии озмунро бар уҳда мегиранд?

Албатта, метавон аз ин ҳама хатоҳои мантиқӣ, нодурустии ифодаҳо ва дур шудан аз мақсади аслӣ сарфи назар кард ва онҳоро нодида гирифт. Чунки ин иқдоми нек мо — ҳама аҳли ҳунар, хосса санъаткорони касбиро шод намуд. Солҳо хостору интизори баргузории чунин озмунро дар сатҳи баланди касбӣ будем. Бисёр мехоҳем, ки ин чорабинӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав, боло бурдани мақому маҳорати касбӣ ва эҷоди асарҳои нав мусоидат бинамояд.

Нигаронии мо, аммо аз бесарусомонии ин Низомнома, репертуар, тарзи гузарондани озмун, иштироккунандагон, ба инобат нагирифтани жанрҳои мусиқӣ аст. Гӯё вазифадор шуданд, аз ин рӯ, ҳар кас бояд худ жанру матну тарзи иҷроишро биёбаду бигирад. Навозандаро зарур аст, ки асар эҷод бикунад ва ё ин гуна асаре биёбад, ки ба мавзӯъҳои муайянгардида, хосса «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», мутобиқат бинамояд.

Ва ё сароянда. Чиро месарояд? Кадом асар, сурудро интихоб мекунад? Номаълум аст.

Инчунин, композитор. Маҳфуми «композитор» хеле ҳам васеъ мебошад. Он аз хурдтарин суруд то операро эҷод мекунад. Жанрҳои мусиқӣ низ хелеҳам бисёр ва гуногунанд, аз ҷумла иборат аз соната, менуэт, сонатино, консерт, консертино, рондо, дуэт,увертюра, контато, симфония, симфонетто опера, оперетто, романс ва даҳҳо жанрҳои дигари мусиқӣ мебошанд. Бубахшед, ки дуэт, терсет, квартет, квинтет, секстет, септет, октет ва ғайраҳо на ба жанри мусиқӣ дахл доранд, балки намуди гуруҳҳоянд. Дар кадоме аз жанрҳо бояд композитор эҷод бикунад? Намедонад. Агар эҷод ҳам бикунад? Масалан, як композитор барои озмун опера бинависад, композитори дигар балада барои хор менависад. Дар муқоисаи ин ду жанр композиторон чӣ гуна баҳо дода мешаванд? Опера куҷову балада куҷо?  Дар ин хусус масъулони озмун меандешанд? Дар як опера 50-100 суруд мавҷуд аст. Композиторе, ки опера эҷод мекунад, дар баробари он композиторе ҳаст, ки як суруд менависад? Баҳо ба ин ду композитор чӣ гуна, аз рӯи кадом меъёр дода мешавад? Ба осори ҳар ду ҳам як хел баҳо мегузоранд? Ин албатта, билкул нодуруст аст. Дар ин маврид ба масъалаҳо таълифгарони Низомнома бояд диққати ҷиддӣ медоданд ва масъулият эҳсос мекарданд. Ба андешаи ман ва дигар мутахассисони соҳа беҳтар мебуд, агар 1 – 2 моҳ пештар дар миёни композиторон озмун доир мекарданд. Барои ин гурӯҳ мушаххас менамуданд, ки дар кадом жанрҳо асар биофаранд. Мавзӯъ мушаххас: «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Яъне, агар мурод эҷоди достони симфонӣ бошад, эълон мекарданд, ки озмун барои эҷоди достони симфонӣ аст.

Ва ё жанри суруд. Агар жанр муайян мебуд. композитор бо шоир, суруднавис, либреттонавис – дар якҷоягӣ онро эҷод менамуданд.

Бесарусомонӣ то ҷоест, ки ҳеҷ кас ҳеҷ чизро, яъне мақсаду дархостро намефаҳмад. Мурод, бешак, ин ҷо мутахассисон ва эҷодкорон мебошанд.

Пас аз он, ки озмуни композиторон ба анҷом мерасид, озмуни навозандаҳо ва ё сарояндаҳоро доир мекарданд. Ин ба иҷрои дурусти мақсад мувофиқтар мебуд. Ҳамин тавр, композиторонро бояд вазифадор менамуданд, ки барои суруд, хор, оратория, кантата, марш ва ҳоказо дар мавзӯъҳои муайянгардида асар меофариданд.

«Хор» — ро дар охири Низомнома ҷой доданд, ки гӯё он жанри мусиқӣ набошад. Навишта шудааст, ки «яковоза, дуовоза, сеовоза». «Хор» дорад кантата, балада, суруд, оратория ва ғайра. На ду овозаву се овозаву даҳ овоза. Надонистани ин чизҳои оддӣ барои иттифоқи композиторон ва Вазорати фарҳанг айб аст. Кадом жанрҳоро композитор бояд интихоб намояду дар он асар бинависад?

Бояд зикр кард. ки олитарину маҳбубтарин суруд барои ҳар ватандор Суруди миллӣ аст. Суруди миллиро кӣ иҷро мекунад? Албатта, «хор». Яъне, барои интихоби ин суруд озмун эълон гардид. Ҳайати ҳакамон аз миёни чандин сурудҳои эҷодшуда онро ҳамаи ҳакамон пазируфт ва пас аз он иҷро гардиду мегардад.

Аз рӯи эҷоди композитор суруд интихоб мешавад ва сароянда онро месарояд. Сароянда намедонад, ки суруд бисарояд ё ки суруди нақаротдор.(песенная или куплетная форма)? Ва ё агар як сароянда дар як жанр суруд сарояд, сарояндаи дигар дар дигар жанр месарояд. Дар ин маврид аз рӯи кадом меъёрҳо баҳогузорӣ мешавад? Аз куҷо медонанд, ки кадом сароянда сурудро   чӣ гуна иҷро кард? Овозу диапазону мазмуни шеърро гӯё ба инобат мегиранд. Чунин муносибат, ки ҷавобгӯ ба талаботи соҳаву касбият нест, моро маҷбур сохт, ки дар ин хусус андешаҳоямонро бигӯему бинависем. Охир, композиторро бо як оҳангсози худфаъоле, ки дар музофот суруде таълиф мекунад, набояд баробар бинамоем. Ин ҳеҷ мумкин нест.

Даври якуми озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мегардад. Дар ин маконҳо магар композиторон зиндагиву фаъолият доранд, ки барояшон асар биофаранд? Не !

Даври дуюми озмунро дар маркази вилоятҳо доир мекунанду даври сеюмро дар пойтахти кишвар. Дар пойтахт – шаҳри Душанбе Иттифоқи композиторон фаъолият дорад ва имкони зиёди истифодаи композиторонро барои офаридани асарҳо, назорати иҷроиш доранд. Оё аз рӯи адолат аст, ки ҳамаро аз рӯи як меъёр, талабот баҳогузорӣ карду ғолибонро муайян намуд?

Дар бораи сарояндагон. Мушаххас бошад, ки онҳо чиро бояд бисароянд. Агар даҳ суруд барои иҷроиш интихоб бигардад, аз рӯи тараннумашон баҳо дода мешавад. Дар ин маврид маълум ва муайян мегардад, ки аз рӯи кадом меъёру талаботи мавҷуда баҳогузорӣ бикунанд. Бояд сурудҳое иҷро нашаванд, ки «худам навиштам, худам эҷод кардам, худам мехонам». Композитор чун профессионал сурудро эҷод мекунад, аммо сурудхон бояд вазифаи худро иҷро бинамояд. Истеъдод, лаҳни ширину мувофиқашро ӯ дар иҷрои суруд метавонад, ки нишон бидиҳад. Ҳамин талаботу меъёр барои навозандагон низ зарур аст, ки муқаррар бигардад. Навозанда, маслан, найнавоз, бояд чӣ бинавозад?

Суруди анъанавиро композитор эҷод намекунад, он халқӣ аст, ҳеҷ кас дигаргунаш карда наметавонад. Композитор танҳо ҳуқуқи такмилашро дораду халос. Бо такмили суруд ҷиҳати профессионалии он пайдо мешаваду ҳунарнамоии навозанда. Дар ин маврид техникаву усули навозандагонро ба инобат гирифтан мумкин аст.

Навозандагон намедонанд, ки чӣ бинавозанд. Навишта шудааст, ки «дуэт, ансамбли камеравӣ». Ансамбли камеравӣ дар кадом мусиқии анъанавӣ аст? Дуэту квартетро ҳам «камеравӣ» навиштаанд. Ифодаи «ансамбли камеравӣ» нодуруст аст, ин гуна ансамбл вуҷуд надорад. «Оркестри камеравӣ» агар менавиштанд, дуруст буд. Оркестри камеравӣ  12 – 20 навозандаро ташкил медиҳад. Аз 20-24 нафар, ки зиёд шуд, он оркестри мукаммал ба шумор меравад ё худ онро оркестри  симфонӣ ва ё оркестри миллӣ меноманд.

Ва ҳам бояд ёдовар шуд, ки ба навозандагон контрабаснавоз, трамбоннавоз, скрипканавоз, валторннавоз, габойнавоз, тубанавоз, трубанавоз ва ғайра дохил мешаванд. Тавре бармеояд, мушаххас нест. Ин навозандагон магар ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд?  Ва кадом асарро бояд бинавозанд?

Барои сароянда, навозанда зарур  буд, ки барномаи мушаххас пешниҳод менамуданд.

Хуллас, агар озмунҳои ин се номгӯро дар алоҳидагӣ доир мекарданд, ҳама чиз мушаххас ва баҳогузорӣ осону мақсаднок мешуд. Он гоҳ ин озмун озмуни ҳақиқӣ мегардид.

Дар ин озмун ровиҳоро низ ворид сохтанду шоиронро ҳам. Ин озмунҳоро  бояд алоҳида – алоҳида  баргузор бикунанд.

Дар ҳафтод соли умрам бори аввал чунин як озмунро шоҳид мешавам, ғайрикасбӣ аст.

Ҳамин тавр, Сарвари давлат, Ҳукумати кишвар бо дилсӯзиву ғамхорӣ барои доир намудани  ин гуна як озмун маблағи зиёд ё худ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Магар ҷавобан ба ин ғамхорӣ дастандаркорон бояд чунин рафтор мекарданд?  Ҷойи тааҷҷуб мебошад, ки онҳо аз ҷалби мутахасисони асил, донандагони соҳа ор менамоянд. Ба чӣ хотир? Фикр намекунам, ки дар ин сурат ба натиҷаи нек ноил шудан мумкин бошад. Бешак, вақт ва ҷамъбасти озмун боз ҳақиқатро рӯшану возеҳтар баён медорад. Пас аз он мутахассисони асил, дӯстдорони мусиқӣ андешаҳояшону хулосаҳояшонро ба хотири пешрафти соҳа иброз медоранд.

Холаҳмади Маҷид,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here