(Дар ҳошияи нахустнашри  “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Таҳия, баргардон ва муаллифи сарсухан Исмоил Зарифӣ. — Душанбе, 2020. 400 саҳ.)

Дандон, ки бар даҳон набувад ханда баднамост,

Дукони бематоъро кай во кунад касе.

Ин байт аз Қассоби Кошонист, ки ҳамеша вирди забонамон аст. Мо журналистон низ онро борҳову борҳо дар баҳсҳоямон ба сифати “силоҳ” истифода мекунем. Бо вуҷуди он ки ба эҷодиёти Қассоб дастрасии комил надорем, ӯ бароямон шоири бегона нест.

Ғазали “Асири зулфи ту гардам, ки сар ба сар чин аст” моли ин шоир аст, ки дар силсилаи шоҳкориҳои “Шашмақом” суруда мешавад, солҳост, ки руҳу ҷони моро навозиш медиҳад. Ҳамин аст, ки нашри “Девон”-и Қассоби Кошонӣ барои адабдӯстони Тоҷикистон хабари фараҳбахш ва армуғони боарзиш аст. Девони Қассоби Кошониро шоир ва рӯзноманигори хушсалиқа Исмоил Зарифӣ, ки дар ин авохир ба матншиносӣ ва таҳияи осори шоирони дар Тоҷикистон камшинохташуда ва аз ҷониби адабиётшиносон камомӯхташуда машғул аст, таҳия карда ба нашр расонид. Исмоил Зарифӣ қаблан ашъори Хоҷа Исмати Бухороӣ, Саққои Бухороӣ, Фонӣ, Қудсии Машҳадӣ, Урфии Шерозӣ, Бӯалӣ Қаландар, Махфӣ, Иброҳим Дада Шоҳидӣ, Муҳйии Ҳӯқандӣ, Сайфиддини Бохарзӣ, Шотир Аббосӣ Сабуҳӣ ва ғайраро баргардон, таҳия, нашр ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб кардааст, ки боиси таҳсин аст. Мутолиаи “Девон”-и “шоири мавзунтабъи хушгуфтор”  Қассоби Кошонӣ, ки тавре гуфтем, хонандаи тоҷик кам мешиносад, баҳонае пеш овард, ки чанд ҳарф дар мавриди ин шоир бигӯем ва ба ин васила, нахустин девони дар Тоҷикистон нашршудаи ӯро муаррифӣ кунем.

Аҳвол ва осори Кассоби Кошонӣ

Соли таваллуди Қассоби Кошонӣ, ки Сайидо ном дорад, маълум нест. Дар Кошон чашм ба олам кушода, тақрибан соли 1751 дар Машҳад, ба даъвати Азроил лаббайк гуфт. Касбаш дар ибтидо қассобӣ буд. Аз пешаи худ илҳом гирифта менависад:

Қассоб, дид чун хами абрӯи ёр гуфт:

Ризқаш ҳавола аз дами сотур мешавад.

Ё

Гӯсфанди туст Қассоб, аз назар нандозияш,

Тарбият кун беҳтараш, чун хеш қурбон бастаӣ.

Малеҳои Самарқандӣ, ки соли 1670 бо шоир вохӯрдааст, дар “Тазкира” менависад, ки баъдтар шоир ба карбосбофӣ рӯз мегузаронидааст. Бархе манбаъҳо менависанд, ки Қассоби Кошонӣ хату савод надошт ва он чӣ медонисту мегуфт, ҳифз мекард. Аз ҷумла, Ҳазини Лоҳиҷӣ дар «Тазкираи муосирин» менависад: «Саид Қассоб шеъри бисёре аз мардум ҳифз дошт ва ба маҷлиси шуаро рафта, дар гуфтани ғазалҳо бо эшон мувофиқат кардӣ, мукаррар шеъри худро дар хидмати марҳум Мирзо Соиб хондӣ, бо он ки хату савод надошт, «Девон»-и ашъораш бист ҳазор байт дошт, ҳаргиз дар қавофӣ ва истеъмоли лафз ба мавқеи худ ғалат накардӣ ва салиқааш бо адами батолат аз уҳдаи рабти калом ва равонии сухан баромадӣ. Дар маротиби дигар худ фарқи тоқати мавзунони соҳибсавод аст. Абёти хуб, ки онро бо каломи шоир, чандон фарқе набошад, дорад”.

Тазкиранависон бештар аз ғазалиёти Қассоби Кошонӣ ёдовар шуда, менависанд, ки дар замони зинда буданаш девони ашъораш дар саросари Эрону Мовароуннаҳр ва Ҳиндустон алоқамандони зиёд доштааст. “Девон”-е, ки аз ҷониби Исмоил Зарифӣ нашр гардид, шаҳодат медиҳад, ки шоир дар анвоъи дигари шеър — рубоӣ, қасида ва мухаммас низ қувваозмоӣ кардааст. Таҳиякунандаи ин девон аз баёзи хаттие, ки моли Оқои Афшин Отифӣ будааст, қасидаи ҷолиберо аз Қассоби Кошонӣ дарёфт кардаст, ки дар васфи имоми ҳаштум Имом Ризо суруда шудааст ва танҳо матлаъ ва мақтаъи он боқӣ мондааст:

Матлаъ:

Ассалом, эй боргоҳат Каъбаи ҷон омада,

Остонат бӯсагоҳи аҳли имон омада.

Мақтаъ:

Дар канори хони файзосори оламгири ту,

Дардманде, бе дилу ҷоне ба меҳмон омада.

Метавонӣ кард ин бечораро равшан чароғ,

Тирабахти турфае берун зи Кошон омада.

Ғазалиёти Қассоби Кошонӣ, тавре ишора шуд, ҳанӯз дар замони ҳаёт буданаш мавриди таваҷҷуҳи бузургони давр, мутолиаи аҳли назар ва алоқамандии хонандагон қарор дошт. Муаллифи тазкираи «Субҳи гулшан» Қассобро шоири “мавзунтабъи хушгуфтор” гуфтааст. Воқеан, ғазалиёти Қассоби Кошонӣ бо зебоиву салосат ва назокати хос суруда шудааст. Ғазалиёти Қассоби Кошонӣ гуногунмавзӯъ аст. Мисол:

Ошиқам, ошиқам, ба ёр қасам,

Ба висоли ту, эй нигор, қасам.

***

Гуфт: «Қассоб, ту девона шудӣ, ё ошиқ

Эй, ба қурбони ту, ҳам ошиқу ҳам девона.

***

Лаби ширини ту ҳам қут бувад, ҳам ёқут,

Холи гирои ту ҳам дом бувад, ҳам дона.

Шикоят аз ҷабри замон:

Дар замони мо намеборад саҳоби зиндагӣ,

Хушк гардидаст дар сарчашма оби зиндагӣ.

***

Шудаст азбаски рӯз аз моҳу моҳ аз сол расвотар,

Маро ҳар лаҳза гардад сурати аҳвол расвотар.

Ҳасби ҳол:

Аз ҷафои беҳади айёму гардишҳои даҳр,

Гашта кӯтаҳ риштаи умрам зи тоби зиндагӣ.

***

Ёдгор аз ман ба ғайр аз маъсият чизе намонд,

Нафси кофар буд устодам, ғалат кардам, ғалат.

Насиҳат ва ахлоқ:

Аз боди такаббур сари бемағз тиҳӣ соз,

Бар дӯш кашӣ чанд ту ин бори гаронро?!

***

Тан чӣ бошад, чор девори сарои орият,

Пур макун қасди иқомат дар сарои орият.

Рубоиёти Қассоб низ ғаррост ва бештар ишқист:

Аз дурият, эй нигор, нолам ҳама шаб,

Аз дасти ту то ба кай кашам ранҷу тааб?

Гар матлабат, эй дӯст, бувад куштани ман,

Бошад нигаҳи ниҳоният Мири Ғазаб.

***

Гӯӣ чашми ту сеҳру ҷоду дорад,

Сад ишваю ноз дар такопӯ дорад.

Сарчашмаи оби зиндагонӣ даҳанат,

Сад ҳайфи чунин чашма, ки ҳинду дорад.

Шеъри Қассоб шеъри дилкаш, равон ва дилнишин аст. Ӯ ки намояндаи сабки ҳиндист, дар маъниофарӣ, руҳ бахшидан ба сухан ва ҷон бахшидан ба калима дасти қавӣ дорад.

Андар шинохти Қассоби Кошонӣ

Мутассифона, то ба имрӯз чӣ дар Эрон ва чӣ дар Тоҷикистону Афғонистон дар бораи эҷодиёти Қассоби Кошонӣ тадқиқоти ҷиддӣ ба вуҷуд наомадааст. Тазкиранависони ҳамасри Қассоб ва баъди ӯ, маъруф  ва маҳбуби замон будани шоирро ба назар гирифта, дар бораи ӯ маълумот додаанд. Чанде аз ин тазкираҳоро дар боло зикр кардем. Дар адабиётшиносии Эрон, бо вуҷуди он ки дар бораи Қассоби Кошонӣ тадқиқоти алоҳида ба нашр нарасидааст, вале дар мавриди ҳаёт ва эҷодиёти ӯ Ҳусайн Партави Байзоӣ, Муҳаммад Аббосӣ, Ғуломҳусейн Ҷавоҳири (Ваҷдӣ) ва Аҳмад Каримӣ, ки девонҳои Қассобро дар солҳои 1338, 1362, 1363 ва 1379 ба нашр омода кардаанд, дар сарсуханҳояшон  маълумоти мухтасар додаанд. Дар Тоҷикистон адабиётшиносон дар нигоштаҳои хеш доир ба рӯзгору эҷодиёти Қассоби Кошонӣ мурур кардаанд ва навиштаҳояшон бештар ҷанбаи тарҷумаиҳолӣ дорад. “Қассоби Кошонӣ ва осори ӯ” ва “Баҳрабардориҳои Қассоби Кошонӣ аз Камоли Хуҷандӣ” ном мақолаҳои Исмоил Зарифӣ, дар баробари инъикоси рӯзгору осори шоир, баъзе вежагиҳои эҷодиёти ӯро низ бозгӯ мекунад.

Қассоби Кошонӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бори аввал соли 1965 китоби ашъори Қассоби Кошонӣ таҳти унвони «Саду як ғазал» аз тарафи адабиётшинос Аминахон Соҳибова, зери назари (шавҳарашон) академик Абдулғанӣ Мирзоев тавассути нашриёти «Ирфон» чоп шуда буд. Исмоил Зарифӣ, зимни таҳияи “Девон”-и Қассоби Кошонӣ аз ин китоб низ истифода карда, дар бораи ҳусну қубҳи он чунин хулоса мекунад: “Аз як саду як ғазале, ки дар ин китоб оварда шудааст, аз аксари ғазалҳо бо баҳонаи идеологияи давр байтҳои ҷолиберо ихроҷ карда буданд, вале ин китоб боис гардид, ки мардум Қассобро шиносанд”.

Воқеан, аксари ғазалҳои Қассобро аз китоби зикршуда ҳофизони машҳур Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Карим Қосимов ва дигарон оҳанг баста сурудаанд.

Бори дуюм соли 2010 Иброҳими Наққош «Маҷмӯаи ғазалиёт»- и Қассоби Кошониро ба табъ расонид. Мураттиби ин маҷмӯа ихтисоршудаҳои саду як ғазали нусхаи омодакардаи А. Соҳибоваро барқарор кард ва бо иловаи як шингил ғазалҳои нави шоир онро ба нашр расонид. Мутаассифона, теъдоди нашри китоб хеле кам буд, бинобар ин, дар муҳити адабиёту фарҳанг ба таври шоиста муаррифӣ нашуд.

Ва инак, адиби заҳматкаш, донакаши роҳи адабиёт Исмоил Зарифӣ “Девон”-и мукаммали Қассоби Кошониро ба табъ расонид. Қабл аз нашри китоб, ғазалу рубоиёти шоирро алоҳида-алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ корид ва ба ин васила Қассобро дар Тоҷикистон, махсусан ғазалҳои ошиқонаи ӯро байни ҷавонон маъруф кард. Маҳбубияти осори Қассоби Кошониро аз шарҳу лайкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардан осон аст.

“Девон”-и мукаммали Қассоби Кошонӣ

“Девон”-и мавриди назарро метавон нусхаи мукаммалтарини то ба имрӯз нашршудаи девони шоир унвон кард. Он аз сарсухани мураттиб — “Қассоби Кошонӣ ва осори ӯ”, “Шарҳи ҳоли Қассоб”, “ғазалиёт”, “рубоиёт”, “муфрадот ва ашъори мутафарриқа”, “мухаммасот”, “қасоид”, “тарҷеъбанд”, “таркиббанд”, “рӯйхати адабиёти истифодашуда” ва “ғазалҳои илҳоқӣ” иборат аст. Девон дар асоси муқоисаи чандин нусхаҳои чопӣ ва дастхатҳо ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла:

  1. “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Таҳияи Партави Байзоӣ. Теҳрон, 1338. (2463 байт);
  2. “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Таҳияи Муҳаммад Аббосӣ. Теҳрон, 1362.;
  3. “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Тасҳеҳи Ҷавоҳири Ваҷдӣ. Теҳрон, 1363; 4. “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Таҳияи Аҳмад Каримӣ. Теҳрон, 1379. (3460 байт);
  4. Нусхаи дастнависи «Девон»-и Қассоби Кошонӣ. Фонди Осорхонаи шаҳри Панҷакент ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. (Ин нусха ба иттилои Исмоил Зарифӣ соли 1958 ба фонди осорхона ворид шуда, аз 72 варақ иборат аст. Бо вуҷуди он ки чанд саҳифаи охири китоб нобуд шудааст, вале дар он чанд ғазали тозае мавҷуд аст, ки дар нашрҳои дигар нестанд.);
  5. Нусхаи дастнависи мухтасари девони Қассоб. Китобхонаи Маҷлиси шӯрои Эрон;
  6. Дастнависи “Девон”-и Қассоби Кошонӣ. Китобхонаи Маҷлиси шӯрои Эрон. (Дар ин нусха аввал панҷ қасида, як тарҷеъбанд ва як таркиббанди шоир ҷой дода шудааст) .
  7. Дастнависи «Девон»-и Қассоб. Китоб Маҷлиси шӯрои Эрон. (Дар ин нусха ашъори Қассоби Кошонӣ ва Қассоби Мозандаронӣ омехта шудааст).
  8. Қассоби Кошонӣ. Саду як ғазал. Таҳияи А. Соҳибова. – Душанбе, “Ирфон”, 1965.
  9. Қассоби Кошонӣ. Мунтахаби ғазалиёт. Мураттиб Иброҳими Наққош. — Душанбе, 2010.

Дар асоси омӯзиши амиқ ва муқоисаи дақиқ Исмоил Зарифӣ тавонистааст, ки зиёда аз 4000 байти Қассоби Кошониро таҳия кунад, ки комилтарин матни осори шоир то ба имрӯз аст. Ҳамчунин, мураттиби ин девон, осори Қассоби Кошониро аз Қассоби Мозандаронӣ ҷудо карда, ба девони таҳиякардаи худ илова кардааст. Ғазалҳои илҳоқӣ ба Қассоби Кошонӣ низ бахши ҷолиби ин “Девон” аст. Албатта, нашри чунин девони бузургҳаҷм, ки заҳмати зиёдеро талаб мекунад, бе иштибоҳҳои матншиносӣ, имлоӣ ва техникӣ буда наметавонад. Нақди касбии ин китобро ба мутахассисони матншинос ҳавола мекунем.

Одил НОЗИР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here