Ба саҳна дилрабову нозанинӣ,

Миёни ҳофизон болонишинӣ.

Ба ҳар базму ба ҳар як шабнишинӣ

Ҳаловатбахши дилҳоӣ, Нигина.

Одамизод аз ин олам мегузарад, вале дар зиндагиаш нақшеро, садоеро ва ошёнеро барои ояндагон аз худ боқӣ мегузорад. Нақшу нишони одам — ин кори некӯяш, хизмати шоистаи ӯ дар назди халқу ҷомеа мебошад. Гоҳо мешавад, ки чунин нақшу нишонаи одамӣ муддате аз ёдҳо, назарҳо меравад, фаромӯш мегардад. Аммо бо гузашти рӯзгор, вақту соатҳо, бо мурури замон он нишона аз нав падид меояд, ҷило мебахшад, дилу дидаҳо ва ёдҳоро рӯшан месозад.

Нависандаи бузурги рус Максим Горкий чӣ хуб гуфтааст: “Суруд мисли ҷон аст, мо ҳама меравему суруд боқӣ мемонад, абадӣ. Суруд ба осмон мебардорад. Суруд болу пар, болу пари одам мебошад”.

Оре, даҳ баҳори умр сипарӣ гашт, вале Нигинаи Рауф — он булбули шӯридаи Файзобод дар байни мо нест. Ӯ ба само рафтааст. Агар дар ҳаёт мебуд, халқи азизи Тоҷикистонаш, Файзободи ба ҷон баробараш ин баҳори нозанин 21-уми май 75-солагиашро ҷашн мегирифтанд.

Воқеан, омадану рафтани одамизод аз ин дунё чизи нав нест, балки аз азал омадааст дар сарнавишти инсоният. Ҳаким Умари Хайём мефармоянд:

Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,

Ҳар як пайи якдигар якояк бираванд.

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Ҳамагон ӯро бо як ихлоси бепоён “апаи Нигина” ё худ “модари аскарбачаҳо” мегуфтанд. Вақте ки ба саҳна барои сурудхонӣ мебаромад, бо сарулибоси миллӣ ҳамаро мафтун мекард. Воқеан, апаи шодравон Нигинаи Рауф бо тоқии зардӯзӣ, бо сарулибоси миллии тоҷикӣ шиносномаи ҳақиқии миллати тоҷикро мемонд. Оре, оре, шиносномаи миллатро.

Даҳ сол пеш, 22-юми декабри соли 2010 апаи Нигина моро тарк гуфт, ноаён. Инак даҳ сол мешавад, ки моро хумори садои форамаш мегирад, ӯро, таронаҳояшро ёд кардаем. Ӯ азизи ҳар хонадони тоҷик буд. Ӯро пиру барно, хурду калон, занону модарон ва ҷавонон дӯст медоштанд. Аскарбачаҳои тоҷик дар сози суруди “Аскарбача”-аш бо сари баланд, бо хотири ҷамъ ба хизмати Ватан-модар раҳсипор мегаштанд.

Шодравон Нигинаи Рауф апаи ҳама буд. Садои Нигина аз дили дашт бархоста, бо навои дарёҳо ҷӯр мешуд. Гӯиё парандагон болу пар мекушоданду бо созу навои духтари Файзобод ҳамнаво мегардиданд. Боди Элок чунон мехезад, ки сабзаҳо, лолаҳои пуштаҳо, дарахтон гӯиё бо садои Нигина мерақсанд. Ин дам овози ширадоре гирду атрофро фаро мегирад:

Пурсояву пурмаҳтоб,

Шаб хам-хами Файзобод.

Акси шаби маҳтобӣ

Дар шабнами Файзобод.

Оре, ин садои хушу гуворои шодравон апаи Нигинаи Рауф буд, ки сар то сари Файзобод танинандоз гардида, ба дуриҳои дур боли парвоз мекушод. Садои духтараки оддии Файзобод ба зудӣ дар шаҳри азизамон Душанбе паҳн гардид. Нигина дар шаҳр аз пайроҳаи душвор қадам монда, танҳо бо меҳнати худ, бо сабку услуби хосаи худ ин зинаҳои вазнини сарнавиштро тай карда, ба қуллаи мурод расид. Чаро ин қадар Нигина машҳуру сурудҳояш мақбули дили мардум гардид? Барои он, ки апаи Нигина аз миёни халқи оддӣ бархостааст ва такя ба таронаҳои халқӣ ва мусиқии суннатӣ намуда буд. Ӯ ҳамон Нигинаи хоксору нексиришт ва некӯном буд, ки бо нафаси тоза, сабку услуби мардумии ба худаш хос ба саҳнаҳои баланд омад ва маҳбуби дили ҳамагон гашт. Сурудҳои ҷовидонааш — “Як даста гулум дар раҳи Файзободай”, “Аскарбача”, “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Духтари каҷтоқӣ”, “Нозам ба чашмонате” ва дигар суруду таронаҳояш ҳамеша дар ёду хотираи халқ буду ҳаст. Ӯ бо таронаҳояш, бо самои дилкашаш, чун зани тоҷик, модари тоҷик, бо сарулибоси миллии тоҷиконааш ҳамеша азизу мақбули дили ҳамагон гардидааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар замони истиқлолият хизматҳои шоистаи ӯро қадр намуданд. Соли 1977 бо унвони “Ҳофизи халқии Тоҷикистон”, соли 1996 бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ, бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок” ва бо ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Нигинаи Рауф 21-уми майи соли 1945 дар деҳаи Шермони ноҳияи Файзобод таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 60-уми асри гузашта дар дастаҳои ҳаваскорони санъати Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе оғоз кард. Ӯ дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе ғолиб омада, солҳои 1969-70 барои кор ба клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳои 1971-1975 сарояндаи ансамбли суруду хореографияи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамбли рубобчизанон ва ансамбли “Гулшан” (1975-1976) буд. Аз соли 1976 ҳамчун сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ва сарояндаи ансамбли “Дарё”-и кумитаи мазкур фаъолият кардааст.

22-юми декабри соли 2010 дар синни 65-солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот карда, дар оромгоҳи шаҳри Лучоб ба хок супорида шуд.

Маҳмадҷон САФАРОВ,

омӯзгор аз шаҳри Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here