Соли 2020, яъне соли муш дар таърихи башарият шояд чун вазнинтарин сол аллакай ба қайд гирифта шуда бошад. Бахусус, баъд аз зуҳури вируси куруно, афзоиши маргу мир дар ҷаҳон, ки то ҳол сабаби воқеии он кафш нашудааст, имсол соли пур аз муаммо низ дониста мешавад. То ҳол тамоми олимони сайёра дар фикри онанд, ки вируси мазкур аз куҷо пайдо шудаву чӣ тавр дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва миллион нафарро мубталову чандин миллиони дигарро ба коми марг кашид. Бархе пайдоиши ин вирусро аз он медонанд, ки гӯиё аз ҳайвоноти гуногун, аз ҷумла, муш, кӯршабпарак ва ғайра ба инсон сироят шудаву зуд паҳн шудааст. Бархе дигар бар он андешаанд, ки вируси мазкурро давлатҳои абарқудрат аз ҷумла, Амрикову Русия чун яроқи бактерологӣ истеҳсол намуда, дар Хитой онро озмоиш карданд ва намедонистанд, ки ин на танҳо Хитой, балки тамоми ҷаҳонро фаро мегирад. Хуллас, олимони ҷаҳон ҳанӯз ба як хулоса наомадаанд, вале ман омадам. Ё ба таври дигар гӯям, ман ихтироеро анҷом додам, ки то имрӯз ҳатто олимони кишварҳои бою абарқудрат ба он даст наёфтаанд.

Банда муҳлати шаш моҳ шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, тамоми сарчашмаҳои тиббии пайдоиши вирусҳои гуногун, таърихи пайдоиши воксинаҳо ва усулҳои санҷиши онҳоро дар бадани ҳайвонот омӯхта, ба хулосае омадам, ки ин на ягон намуди яроқи бактероологӣ аст ва на вирусест, ки онро табиат ато намуда, пешкаши инсонҳо гардонидааст. Ин як озмоиш буд, ки на инсонҳо дар бадани ҳайвонот, балки муш дар бадани инсонҳо гузоронид ва дар соли худаш аз инсонҳо қасос гирифт.

Бовар намекунед? Далел меорам!

Тибқи маълумоти аз маъхазҳои махсуси комилан махфии олами мушҳо, ки муше ба шарти наовардани номаш ба ман дастрас кард, роҳбарони мушҳои тамоми олам моҳи октябри соли 2019, яъне дар соли хук дар шаҳри Хуани Хитой ҷамъ омада, маҷлиси махсуси шӯрои амниятии худро гузарониданд. Вақте роҷеъ ба мушкилоти глобалии мушҳо, сабабҳои афзоиши маргу мири онҳо сухан мерафт, вазири тандурустии олами мушон баромад карда, дар ҳузури ҳама гуфт:

-Муҳтарам мири мушон!

Мӯҳтарам мушҳо! Пажӯҳии илми тиб нишон дод, ки тамоми табибони дунё ҳама гуна озмошҳои тиббии худро нахуст дар тани мо мушон мегузоранд. Ҳам офариниши воксинаҳои асосӣ, ҳам доруҳои одӣ ва ҳам ҷарроҳиҳои гуногун нахуст дар тани мо мушон анҷом дода мешавад. Ин ҳама ба чунин оқибат оварда расонид, ки на танҳо мушҳои аз озмоиш гузашта, балки насли минбаъдаи мо низ бемору нотавон ба дунё оянд. Мо бояд ҳатман дар ин бора ба зудӣ чораандешӣ кунем ва аз асорати инсонҳо озод шавем. Агар мо ин корро ба таври фаврӣ анҷом надоҳем, дар ояндаи наздик насли мо як насли комилан бемору маҷрӯҳ табдил меёбад.

Доктори илмҳои химия, профессор Мушбону ба сухан баромада, суханҳои вазири тандурстии кишварашро тасдиқ карда, илова кард:

–Моро зарур аст, ки дар соли 2020, вақте соли мо фаро мерасад, як вируси бузургеро истеҳсол карда, дар бадани инсонҳо санҷем, қасоси худро аз инсонҳо бигирем ва нишон диҳем, ки мо мушҳо чӣ қудрате дорем. Агар иҷоза диҳед, ки дар муҳлати як моҳ, ман ин вирусро ихтироъ ва ба бадани инсон ворид мекунам. Вируси мазкур чунин вирусе хоҳад шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ тамоми ҷаҳонро фаро мегирад ва инсонҳо аз ёфтани давои он оҷиз мемонанд.

Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд, дар ниҳоят қарор қабул шуд, ки мушҳо соли 2020-ро интизор нашуда, якчанд рӯз пеш аз фарорасии соли нав вирусро паҳн хоҳанд кард ва ҳамин тавр ҳам шуд. Моҳи декабр гӯрӯҳе хурди олимон ҷамъ шуда, ба хулосае омаданд, ки вирусро мустақиман на ба воситаи мушон, балки ба воситаи кӯршабпараке ба инсон мегузаронанд, то инсон аз онҳо дилмонда нашавад. Вирус хусусиятҳои осони сирояткуниро дошт. Барои сирояти вай танҳо нафас кашидани инсон ва ё бо даст ба чашмону бини расонидани он буд.

Озмоиши нахустин натиҷаеро ба даст дод, ки ҳатто худи мушҳоро ба ҳайрат гузошт. Шаҳри Хуан дар як вақти кӯтоҳ ба шаҳри мурда ва пур аз бемор табдил ёфта, оҳиста — оҳиста ба тамоми Хитой паҳн шуд ва кулли ҷаҳонро фаро гирифт. Пешбинии доктор хато набаромад. Олимони тамоми ҷаҳон гирди ҳам ҷамъ омада бошанд, ҳам чорае барои ин дард наёфтанд. Ба ҳар кас, ки вирус раҳм мекард, худаш шифо меёфт, ба касе раҳм намекард, ҳатто миллионҳо доллар ӯро нигоҳ дошта наметавонист. Нахуст чун қасос ин вирус ҷони духтурҳоро гирифт. Ҷони онҳоеро ки озмоишҳои гуногунро дар бадани инсон мегузарониданд. Беморхонаҳо пур, мурдахонаҳо пуртар, қабрканҳо бой, бойҳо бемор шуданд ва ҳатто мурданд. Қасос тамоми сол идома ёфт ва ҳатто ба соли буққа ҳам ворид шуд.

Шояд дар бораи ин бозёфти бузурги банда, ки аз ҳуҷҷатҳои махфии СРУ-и мушҳо дастрас кардам, олимони зиёде норозӣ бошанд. Вале розӣ будани онҳо ба ман муҳим нест, зеро гуноҳи ман нест, ки онҳо ба олами мушҳо дастрасӣ надоранд ва забони мушҳоро намедонанд. Агар онҳо чунин имкониятро медоштанд ва ё имрӯзро пешбинӣ карда метавонистанд, мушҳо наметавонистанд моро ғофилгир кунанд ва аз мо инсонҳо Қасос гиранд. Лекин ончи банда овардам ҳақиқати ҳол буда, эҳтиёткор будани моро тақозо мекунад. Зеро ин ҳанӯз муш аст. Вақте  муш бо як нӯл задан ин қадар балоро ба сари инсоният овард, агар буққа ба ғазаб ояд ва шох ё лагад занад, ҳоли мо чӣ мешавад. Зеро буққа хеле хотираи пурқувват дорад ва сахт асабӣ аст. Худо накарда агар буққа Қасос гирад, ба фикрам, ҷуз ҳиндуҳо касеро зинда намегузорад. Ё бузурге чун ман ҳам иштибоҳ мекунад?

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here