Ғолибони нахустин Синнамобазми байналмилалии «Дидор» муайян шуданд

 Шоми 20-уми октябри соли равон дар «Хонаи кино», дар кинотеатри «Зебуннисо»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни байналмилалии филмҳои мустанад ва Озмуни филмҳои тоҷикӣ баргузор гардид. Дар бахши Озмуни байналмилалӣ Шоҳҷоизаи беҳтарин филми пурраметраж ба коргардони афғон Саҳро Мусавӣ-Монӣ барои филми «Ҳазор духтаре мисли ман» (84 дақиқа) дода шуд. Қаҳрамони филм Хотираи 23-сола алайҳи суннатҳои мамлакаташ мехоҳад, ки падари таҷовузкорашро муҷозот кунад. Коргардони ҷавон хатмкардаи Донишгоҳи ҳунарҳои Лондон мебошад.

Филми кӯтоҳметражи «Охири замин»-и когардони Русия Дмитрий Степанов ба Шоҳҷоизаи филмҳои беҳтарини кӯтоҳмуддат сазовор дониста шуд. Филми мазкур 20 дақиқа буда, аз зиндагии гӯркобҳои гӯристони шаҳри Сергей Посад Саша ва Юра, ки 30 сол боз ба ин кор машғуланд, нақл мекунад.

Шоҳҷоизаи беҳтарин филми Озмуни филмҳои тоҷикӣ ба коргардони тоҷик Файзулло Файзов барои филми «Устод Кимёгаров» дода шуд. Филми мазкур ба ҳаёт ва эҷодиёти коргардони машҳур Борис Кимёгаров, ки кинои тоҷикро ба арсаи байналмилалӣ баровард, бахшида шудааст. Дар филм дӯстон ва шогирдони Борис Кимёгаров дар бораи когардон хеле самимӣ ҳарф мезананд. Махсусан суханронии когардони машҳури тоҷик, раиси вақти Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шӯравӣ Давлат Худоназаров ва киношинос, доктори улуми фалсафа Саъдулло Раҳимов хеле муассир аст.

Дар бахши Озмуни филмҳои тоҷикӣ 8 филм ширкат дошт ва филми мустанади Дилошӯб Орифзода — «Умед» (16 дақиқа) бо ҷоизаи вижаи Дафтари Швейтсария қадрдонӣ гардид. Филм аз мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ дар шаҳраки «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод нақл мекунад. Бинобар корношоям шудани чоҳҳои обкаш мардум чанд сол аст, ки аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Филми устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Олга Ладигина — «Бо роҳи тоҷирон ва косибон» бо Ҷоизаи мунаққидони кино сарфароз дониста шуд. Филми мазкур, ки 67 дақиқа аст, аз экспедитсияи этнографии донишҷӯён ба вилояти Суғд нақл мекунад.

Филми дигари бахши Озмуни филмҳои тоҷикӣ «Ҷойи беҳтарин дар замин», ки 34 дақиқа буда, коргардони ҷавон Рома Буряк сохтааст, бо Ҷоизаи дебюти коргардонӣ қадр карда шуд.

Филми коргардони ҷавон Далери Имомалӣ «Умар-ако » (35 дақиқа) дар бахши Озмуни байналмилалӣ ба Ҷоизаи махсуси ба номи Мамадқул Арабов сазовор дониста шуд.

Филми «Аҳли об»-и коргардони эронӣ Озода Бизаргитӣ низ сазовори Ҷоизаи махсуси ба номи Мамадқул Арабов гардид.

Ҳамчунин, филми «13 километр»-и коргардони шинохтаи қазоқ Владимир Тюлкин, ки 64 дақиқа аст, бо Ҷоизаи махсуси Дафтари Швейтсария сазовор дониста шуд.

Аз 16 то 20-уми октябри соли равон дар толори кинотеатри «Зебуннисо» аввалин кинофестивали филмҳои мустанади «Дидор», ки ба поси хотири мустанадсози тоҷик, иштирокчии ҶБВ, наворбардор Мамадқул Арабов бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар ифтитоҳи синамобазм филми коргардони тоҷик Шарофат Арабова «Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов» ба тамошобинон пешниҳод шуд.

Дар доираи синамобазм 57 филми кӯтоҳ ва пурраметражи мустанади муаллифӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, дар бахши озмуни байналмилалӣ 15 филм, дар бахши озмуни филмҳои тоҷикӣ 8 филм ва 11 филми ғайриозмунии ин бахшҳо пахш гардиданд. Ҳамчунин, 6 филми мустанадсозони ҷавони Ӯзбекистон, 6 филми Ҷашнвораи «Артдокфест»-и Русия ва филми мустанади Мамадқул Арабов «Бобоҷон Ғафуров: хориқаи тоҷикон» дар давоми синамобазм намоиш дода шуд.

Дар Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» филмҳои таҳиякардаи мустанадсозони Афғонистон, Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Озорбойҷон, Ҳолланд, Эрон, Фаронса, Чехия, Исроил, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карданд.

Вазъи филмсозии мустанад аз нигоҳи коршиносон

Бояд гуфт, ки 20-уми октябр, дар доираи озмуни аввалин Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» мизи гирд дар мавзӯи «Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона» бо иштироки ҳайати доварон, когардонҳо ва киношиносон баргузор гардид. Киношинос, доктори улуми фалсафа Саъдулло Раҳимов ба мизи гирд ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳозирин хоҳиш кард, ки дар бораи вазъи филмсозии мустанад дар кишварҳояшон маълумот бидиҳанд.

Нахуст Элҷон Аббосов, коргардони филми «Мерос» дар бораи вазъи филмбардории мустанад дар Ӯзбекистон ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки аз ҷониби ҳукумат кинои миллӣ дастгирӣ меёбад. Албатта, дар ин ҳол мавзӯи филмҳои мустанад аз боло супориш дода мешавад. Ин филмҳо бештар портретӣ мебошанд. Филмҳои мустанади муаллифӣ аз ҷониби коргардонҳои мустақил, ки ангуштшуморанд, наворбардорӣ мешавад. Албатта, онҳо аз ҷониби мозмонҳои байналхалқӣ ва сафоратҳо маблағгузорӣ мегарданд.

Ҷавоншер Ҳайдарӣ, раиси Иттифоқи кинематографистони Афғонистон дар бораи вазъи мустанадсозӣ дар кишвараш ҳарф зада, гуфт, ки кинои мустанад аз ҷониби ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Новабаста аз 40 сол боз ноором будани кишвар филмҳои мустанад сохта мешаванд. Масалан, як моҳ қабл филми мустанади хонум Саҳро Каримӣ, директори «Афғонфилм» «Ҳаво, Марям, Оиша» ба Ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуд.

Владимир Тюлкин, коргардони филми «13 километр» дар бораи филмбардории мустанад дар Қазоқистон гуфт, ки ҳоло имконияти филмбардорӣ барои ҷавонон ба вуҷуд омадааст, зеро бо дастгоҳҳои гуногун метавон филмбардорӣ кард. Дар «Қазоқфилм» аксаран ҷавононро ҷалб кардаанд ва онҳо аз рӯйи фармоиши давлатӣ филм мебардоранд. Давлат ба филмҳои муаллифӣ манфиатдор нест.

Саида Худойберганова, продюссери филми «Муаллим» гуфт, ки Қирғизистон воқеан ҳам кишвари демократӣ аст ва ҳоҳишмандон метавонанд озодона филмҳои хуби дилхоҳашонро наворбардорӣ бикунанд.

Узви доварони фестивал Алиризо Шоҳрухӣ гуфт, ки дар ҶИЭ барои филмсозии мустанад шароити хуб муҳайё аст. Студияҳои мухталиф ба филмбардорӣ машғуланд. Моҳи декабри соли равон дар Теҳрон Кинофестивали байналмилалии филмҳои мустанад баргузор мегардад. Ман пешниҳод кардам, ки беҳтарин филмҳои тоҷик низ дар он иштирок бикунанд. Ҳамчунин ман метавонам, пешниҳод бикунам, ки барои намоиш дар Телевизиони Эрон филмҳои тоҷикӣ харидорӣ шаванд.

Гулнора Абикиева, киношинос, доктори илми санъатшиносӣ дар бораи филмҳои мустанади минтақа ҳарф зада, гуфт, ки дар давраи бозсозӣ ва солҳои аввали истиқлолият мустанадсозӣ хеле ривоҷ карда буд, баъдан таваҷҷуҳ ба филмҳои мустанад коҳиш ёфт. Филмҳои мустанад дар телевизион ба гузоришҳо монанд шуданд. Ҳоло воқеан ҳам, филмбардории мустанад дар сатҳи хеле паст қарор дорад.

Филмҳои мустанад аксаран мавзуҳои иҷтимоиро фаро гирифта, бояд таъсире дар ҷомеа гузоранд. Ҳоло шароити мусоиде барои филмбардории мустанад ба вуҷуд омадааст. Мехоҳем, филмҳое ба мисли шабакаҳои «Discovery Channel» ва «National Geographic» бардошта шаванд.

Когардони филми «Духтари мулло» Ҳасани Сулҳҷӯ масъули барномаи «аппарат»-и Телевизиони форсии Би-Би-Си дар мизи гирд гуфт, ки ӯ 13 сол боз ба интихоб ва пахши филмҳои мустанади кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар телевизион машғул аст. Дар аксари филмҳо ҳаёти воқеӣ аз назар дур мемонад. Дар ҳамин ҳол иқтидор ва нерӯи филмбардорӣ дар ин кишварҳо эҳсос мешавад. Ҳоло барои бештар тамошобин ҷамъ кардан филм мебардоранд ва мавзӯи филмҳо асосан дар бораи ашхоси машҳур, ситораҳои мусиқӣ, секс, маводи мухаддир ва ба ин монанд аст. Ҳамчунин, филмҳое бардошта мешаванд, ки аз мушкилоти қашшоқӣ ҳарф мезананд ва бо ин мехоҳанд камбизоатиро фурӯшанд. Дар ҳамин ҳол воқеияти зиндагӣ паси навор мондааст.

Аксари иштирокдорони мизи гирд изҳор карданд, ки баргузории нахустин Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» барои рушди минбаъдаи филмсозии мустанад мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфти директори барномасози Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор», киношинос, доктори улуми фалсафа Саъдулло Раҳимов, як вижагии ин синамобазм дар он буд, ки мавзӯи мавқеи зан дар ҷомеа дар филмҳо нақши аввал касб кардааст ва ҳамчунин аксари таҳиягарони филмҳои пешниҳодшударо низ занҳо ташкил мекарданд.

Директори Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор», раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод мегӯяд, ки ҳадаф аз барпо кардани синамобазм ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба филмҳои мустанад ва омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар буд. Зеро солҳои охир қариб дар ҳама кишварҳо ба филмбардории мустанад кам таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷои онро филмбардории ҳунарии тиҷоратӣ танг карда истодааст. Ба қавли Сафари Ҳақдод, филмҳои мустанад оинаи зиндагианд ва воқеияти ҷомеа, зиндагии инсонҳо дар онҳо бозгӯ мешавад. Филмҳои мустанад хотираи таърихии миллат мебошанд, ки ҳаргиз аҳамияти худро гум намекунанд.

Қобили зикр аст, ки Синамобазми байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, сарварии тадорукотии МД «Тоҷикфилм», сарпарастии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷовид МУҚИМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here