Садоят аз замин то арши аъло мебарад моро,
Навои қудсият аз аҷз боло мебарад моро.
Зи шаҳрӯди куҳан мешорад овозат ба рӯди ҷон,
Зарафшони садоят то Бухоро мебарад моро.
Суруш
Роҷеъ ба ҳунари нотакрори Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ устод Ҷӯрабек Мурод мақолаву очеркҳо, рисолаву китобҳои фаровоне ба нашр расидаанд, ки ҳамагӣ аз бузургиву нотакрории эшон дар санъати овозхонӣ ва оҳангсозӣ сухан рондаанд, ки бидуни тардид аз ҳазор як ҳиссаро мемонанд.
Ҳар гоҳе садои маҳину малакутии ин хунёгари бузургу нотакрор ба гӯш мерасад, ҳамоно парастуи андешаам сӯйи гузаштаи водие, ки Падари шеъри форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асоси каломи мавзунро дар чаҳорчӯбаи қоидаву қавонини арӯз ва сурудаҳои пешгузаштагонаш гузошта буду аз ин диёри зарнисор суруду мусиқии суннатии «Шашмақом» ором-ором нубуғ карда, шуҳратёр гаштааст, болафшонӣ мекунад. Ҳатто парвози андешаҳоям фаротар аз таърихи эҷоди шеъру мусиқӣ болкушоӣ мекунанду маро ба саргаҳи пайдоиши рӯшноиву торикӣ ва нуру зулмот мебарад. Ва пешорӯям мазмуни ин андарзи китоби муқаддас мебарояд, ки : «Ва дар ӯ (яъне калом-Ҳ.Б.) ҳаёт буд ва ҳаёт нури одамиён ва нур дар торикӣ медурахшид ва торикӣ онро фаро нагирифт». Ин ҷо дарёфтам, ки чакомаву суруд ва мусиқӣ низ дар паҳлуи нур ҷо дошт ва ба рағми торикиву ҷаҳолат ва таассуб онҳо медурахшиданд ва ба одамиён ғизои руҳӣ ато мекарданд. Ҳамин буд, ки мусиқӣ ва суруди устоди устодон, хунёгари нотакрори асрҳои ХХ-ХХ1 Ҷӯрабек Мурод чун нурнамо зуҳур карда, дар баробари ҳама ангезаҳои номардумӣ ё соири хасосиси баҳоим, аз қабили ҳирсу шараҳ, шӯру шар ва ба як сухан, нодории дарку фаҳми арзишҳои инсонӣ муқовимат варзида, ҳунари дирӯзу имрӯзи миллати моро ба ҳазорон мушкилӣ пайванд додааст. Ин кор барои эшон ба осонӣ даст надодааст. Ҳарчанд дар ин ҷода устодони баркамол аз қабили Ҳоҷӣ Абдулазизу Содирхон Ҳофиз, Домулло Ҳалиму Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибову Маъруфхӯҷа Баҳодур, Барно Исҳоқоваю Боймуҳаммад Ниёзов ва чанде дигар тамоми ҳастиашонро фидо карда буданд. Мусаллам аст, ки дар зиндагӣ ин бузургон чӣ қадар ба гирдоби ҳамлаҳои ошкорову ниҳони бадгӯён, нотавонбинон ва ҳасудхӯрон гирифтор буданд. Ҳаминро низ бояд таъкид кард, ки рӯзгори ин хунёгарони мумтози зикршуда, дар тамоми ҳаёташон ба чӣ ранг пушти сар шуда ва эшон чӣ гуна бо дастовези санъати овозхонию мусиқии суннатӣ ба ҷаҳони мо ворид шудаанд, ба Худо ва руҳи волои ин абармардон маълум асту бас. Ҳамин монандӣ дар зиндагӣ, кор ва ҳаёти устод Ҷӯрабек Мурод низ бармало ба чашм мерасад. Вале ин нобиғаи санъати тоҷик, ин ҳама гарониҳо ва мушкилотро таҳаммул намуда, бақо ва ҳастии миллатро тавъам бо мусиқӣ ва суруд дониста, худро дар ин ҷода фидоӣ сохт. Ва ин шеъри шоири зиндаёд Қутбӣ Киром бозгӯ аз рӯзгор ва кору фаъолияти устод Ҷӯрабек Мурод аст:
Дар мӯи ман ғубори раҳ кам нест, бингаред,
Аз рӯи абру аз таги дарё гузаштаам.
Умре пиёда рафтаам дар водии хаёл,
Аз сангпули асрҳо танҳо гузаштаам.
Бар нокасони зиндагӣ гардан надодаам,
Аз зери теғ бо сари боло гузаштаам…
Ҳастии устод ин ҳастии суруду мусиқии миллии тоҷик аст. Шояд ин ҳарфҳо ба гӯшу зеҳни бадтинатон ва нотавонбинони ҳунари волои устод нанишинанд, вале ба қавли Мавлавӣ офтоб ояд далели офтоб. Ҳамзабононамон аз мо пештар ва бештар дарк кардаанд, ки имрӯз дар олами мусиқӣ ва суруди тоҷикон устод Ҷӯрабек Мурод беназир аст. Далели ин гуфтор, офарида шудани филми мустанади «Подшоҳи мусиқии тоҷикон», ки бозгӯ аз зиндагӣ ва ҳунари овохонию мусиқории ин фарзонафарзанди миллати мост.
Ҳаёту рӯзгори шахсиятҳо чӣ дар зиндагиашон ва чӣ баъди сари эшон шоистаи пайравӣ аст. Донишманди соҳаи педагогика Абдулбоқии Нурзод бароямон қиссае кард, ки оварданашро ин ҷо савоб медонем: “Соли 1994 устод Ҷӯрабек Мурод аз зиёрати хонаи Худо баргаштанд. Як рӯз ҳамкорам Саодатбону, ки хоҳарзани эшон аст бароям дар як шишаи хурд оби Зам-замро, ки устод аз ҳаҷ оварда будаанд, ҳадя овард. Ман ин обро бо хушнудӣ ва аз рӯйи ихлосу садоқати доштаам гирифтаму рӯзи дигар ба ноҳияи Восеъ ба аёдати модари бузургворам рафтам. Ва он обро ҳамчун туҳфаи устод ба модарам расонидам. Модари пирам бо гирифтани оби Зам-зам чунон хушҳолӣ ва шодӣ карданд, ки гумон кардам бузургтарин ҳадяеро дар зиндагиашон соҳиб гашта бошанд. Модарам бо як ихлосу сипос он оби аз ҳаҷ овардаи устодро ба даруни матоъи суфе, ки барои либоси рӯзи рафтанашон омода карда буданд, гузоштанду ба ҳамагони мо, яъне фарзандону наздиконашон васият карданд, ки Худованд он рӯзеро, ки бароям насиб гардонад, бо ин оби Зам-зам кафани маро муаттар намоед, ки аз дасти бузургтарин фарзанди миллати тоҷик бароям ҳадя шудааст. Ва аз миён солҳои зиёд пушти сар шуда бошанд ҳам, худамро дар назди руҳи поки модарам сарбаланд мебинам, ки тавонистам бо чунин як ҳадяе дилашонро пур аз шодию фараҳ гардонам, ки ин ҳам бошад, бо шарофати устоди бузургвор ва хунёгари нотакрор Ҷӯрабек Мурод бароям даст дод, ки аз эшон тамоми умр сипосгузорам”.
Дар робита ба ҳамин мавзӯъ Алимардон Сафарзода- сокини ноҳияи Зафаробод бароямон чунин нақл кард, ки хеле сутуданист:
“Моҳи марти соли 2003 писарамро хонадор кардам. Пеш аз он ки маросими ҷашни висол баргузор гардад, дар шаҳри Душанбе бо устод Ҷӯрабек Мурод вохӯрдам ва ризоияти эшонро барои гузаронидани базм гирифтам. Устод дар вақти муқарраршуда ба ноҳияи Зафаробод омаданд. Азбаски он замон ҳанӯз қонуни танзим вуҷуд надошт, аз соати 20 бегоҳ то соати 3-и шаб устод базми моро гарм намуданд. Чун вақт ба охир омад, ба назди устод аз рӯйи эҳтиром як миқдор маблағе гузоштам. Ҳол он ки дар Душанбе вақти суҳбатамон аз он кас пурсон шудам, ки ҳаққи хизматашонро гӯянд. Аммо он рӯз бароям гуфтанд, ки то ба ҳол аз касе барои хизматам маблағ талаб накардаам ва ҳарчи салоҳдиди соҳибони маърака бошад, ба ҳамон ман ризо ҳастам. Устод маблағро, ки 400 доллари амрикоӣ буд, ба дасташон гирифтанд ва гуфтанд: Муллоалимардон, ин сад долларро гиред. Чунки шумо дар Душанбе, ки бо ҳам зиёфат хӯрда будем, ҳамин қадар маблағро ба тарабхона дода будед. Ман ҳайрон шудам, ки ин шахсияти бузург чӣ хел дарк карда бошанд, ки ман ҳамин миқдор пул пардохт кардаам. Сониян, дусад доллари дигарро низ бароям баргардонида гуфтанд, ки инаш барои арӯсу домод аз Ҷӯрабек Мурод тӯёна ва ин сад доллари боқимондаашро мо бо шербачаҳо чойпулӣ мекунем”.
Алимардон нақлро ба охир оварду гуфт, ки чунин олиҳимматиро дар зиндагиам аз касе то ба ҳол надидаам ва то зинда ҳастам, дуои неки устодро мекунам. Ин нақлро шунида маърифат кардем, ки ин аст шоистагии як Инсони Комил, ки дили ҳамнавъони худро барои ҳамешагӣ аз худ шоду ризо кардаву мекунад.
Барои устод Ҷӯрабек Мурод Инсон бузургтарин офаридаи Худованд маҳсуб мешавад. Борҳо шунидаему шоҳид гаштаем, ки устод Ҷӯрабек ба ҳамсуҳбати худ новобаста ба синну сол ва мавқею мақомаш эҳтиромро қоил асту сухани мусоҳибашро бо тамкин шунида ва баъдан изҳори ақида менамояд. Бузургтарин инсонияти ӯ дар он зоҳир мегардад, ки аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсолае, ки рӯ ба рӯяш ояд нахуст шуда даст болои дил гузоштаву бо як табассуми зебое салом медиҳад. Ӯ барҳақ зойири дилҳои одамон асту дигаронро низ талқин мекунад, ки:
Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи манӣ , ту гил чи пиндорӣ.
Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, агар диле биёзорӣ.
Сурудҳои устод Ҷӯрабек орзуву ормонҳои худи ӯянд. Аз ин лиҳоз, низ онҳо ба ҳама баробар, якранг ва ба ҳар кас вобаста ба эҳсосу ҳиссиёт ва даркаш таъсиррасон мебошанд. Ин чанд сатри лабрез аз қадиси ишқу иродат маҷмӯан барои тафсири созу навои малакутии Устоди бузург ва хунёгари беназир Ҷӯрабек Муродов воҳид шудаанд. Пас, ҳамин саодати таълифи ин иродатнома шоистагии онро дорад, ки бо милоди ин паёме аз ҷаҳони дарунии инсоният, ки муқаддастарин нишот ва башорати зиндагонист, баҳори милоди 78-умини умри азизашонро барои устоди арҷманд Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродовро самимона хуҷастабод мегӯем.
Ба ин абёти пур аз сидқу ихлоси шоири зиндаёд Акрамалӣ Ҳасанов ба мақтаъи сухани хеш мерасем:
Ман зиндаам ба хотири овози Ҷӯрабек,
Анҷом набинад, ай Худо, оғози Ҷӯрабек.
Парвоз дидаӣ агар гирди ситорагон,
Ҷоно, бидон, ки он буда парвози Ҷӯрабек.
Рӯйи ҷаҳон гирифтааст оҳанги тори ӯ,
Халқи ҷаҳон ҳамдилу ҳамрози Ҷӯрабек…
Дар мурдареги зиндагӣ чанд бедиле бимурд,
Дарёдилон чун шуданд дилбози Ҷӯрабек.
Ӯ худ нишони Борбад аст, садсолаҳо давад
Аспи саманди тезпару мумтози Ҷӯрабек…
Амирҳамзаи Сайидолим,
Сайидҷамоли Мирзоҳамдам