«Кай буд? Эҳа, ким-кайҳо буд. Дар як он ҳамааш гузашту рафт. Ман дар мактаби деҳа таҳсил мекардам. Дирӯзакак буд, ки коғази даъватномаро барои дар маҷлиси падару модарон иштирок кардан ба падарам оварда месупурдам. Ва падарам дар фермаи колхоз, ки дар байни деҳа ҷойгир шуда буд, молбонӣ мекард. Доим саросема ва банди ташвишу тараддуд буд. Даъватномаро ба даст гирифта, ба сатрҳои дар он сабтшуда чашм медавонд. Қиёфааш ҷиддӣ, ба тамкин зери лаб пичиррос мезад:

— Пагоҳ будааст маҷлис. Соати 9-00. Хайр, кӯшиш мекунам, ки дар вақташ иштирок кунам. То пагоҳ… Лаҳзае хомӯш мемонд падарам ва коғази даъватномаро чорқат карда, ба кисаи даруни камзӯлаш гузошта, даври лабонаш нимтабассуме ба пайдо омада, меафзуд:
— То пагоҳ хеле гап. Насиб карда бошад…
Ва аз пайи кораш ба сӯйи ферма раҳсипор мегардид. Инак ман худ ба синну соли падарам расидаам. Ва писарчааму духтарам алоҳида-алоҳида бароям даъватнома овардаанд.
«Муҳтарам… ! Пагоҳ, соати 9-00 шуморо ба ҷамъомади падару модарон даъват менамоем. Иштироки шумо ҳатмист. Директори мактаб…»
Дарзамон меандешам, ки пагоҳ кадом рӯз аст? Шанбе! Ҳо, ҳо, шанбе!
Рӯзи истироҳатии ман аст. Насиб бошад меравам ба мактаб ва дар ҷамъомад иштирок мекунам. Ку, бубинам чӣ масъалаҳоро муҳокима ва ҳаллу фасл мекунанд он ҷо, дар маҷлис.

***
Соҳиб, ки дар Шаҳри Калон дар нашрияи бонуфузе рӯзноманигорӣ мекард, бомдоди пагоҳ аз хоб бархеста, ноништо карду роҳи мактабро пеш гирифт. Вай дар ин рӯзи хушку бебориши фасли зимистон роҳравон фикр мекард. Фикр мекард, ки моҳи декабр баромадаасту то ҳол барф наборидааст. Як дафъа борон борида, ҳаво хеле сарду рутубатнок шуд. Дар куҳҳо кам-камак барф борида буд. «Аҷаб зимистоне,-аз дил гузаронд Соҳиб.»
Солҳои пеш, он ҳангом, ки дар мактаб мехонд, фасли зимистон сардиҳои худро дошт. Хунукӣ шиддат мекард. Рӯз дар миён барф меборид… Имрӯзу пагоҳ Соли нав медарояд. Соли нав! Аҷаб ҷашни шукуҳманде буд он. Эҳ… зуд гузашту рафт он айёми марғубу ҷаззоб.
Соҳиб ба мактаб расиду ба дарахтону ниҳолони боғи он ва саҳни фарохи назди таълимгоҳ чашм дӯхт. Чашм дӯхту хаёлаш дигарбора ба даврони бачагию мактабхонияш рафта дакка хӯрд. Ана, дар ҳо, байн арча мегузоштанд. Се-чор рӯз қабл аз таҷлили ҷашн бо супориши директори мактаб, зани кордону чаққон ва соҳибтаҷриба (руҳаш шод бод!) коргарони колхоз аз куҳи Мағм арчаи сабзи зебоеро, ки шабеҳи арӯс менамуд, бурида меоварданд. Субҳи соли нав чун дар рӯзҳои иди рамазону қурбон барвақт аз хоб бархоста, ҳамраҳи бародараш бо шитоб дасту рӯ шуста, як пиёла чою қаймоқро нӯши ҷон карда, дар мактаб ҳозир мешуданд. Ва ӯ медид:
Давродаври майдон, ки дар байни он арча гузошта шудаву чанд муаллимаю муаллим бозичаҳои булаҷаби гуногунро ба шохчаю навдаҳои он овехта, арчаро чун арӯс ороиш медоданд, аз чаҳор тараф ходаҳои калон-калону ғафси чӯбиро ба замин гӯр карда, болои мизе баромада, бо ҳидояти муаллимони дигар, се-чаҳор нафар хонандаи синфҳои болоӣ таноберо аз нӯги як хода ба ходаи дигар кашида мебастанд. Ингуна дар чаҳор гӯшаи майдони идона аз ходае ба ходае таноб кашида, тимсоли аз коғаз тайёркардашудаи парандагон, аз қабили кабутару зоғ, булбул ва саъваю сорро дар фосилаи як ваҷаб дар ришта мебастанд. Тимсоли парандагон рангорангу афсонавӣ менамуданд ба чашм ва ҳангоми вазидани шамол ин тарафу он тараф алвонҷ хӯрда, мегуфтӣ ҳамин ҳоло ба парвоз меоянд. Дар даромадгоҳ, дар пештоқи бинои асосии мактаб бошад, аз ин гуна таноб якеи дигар мекашиданду байрақчаҳои сурхи алвонрангро байн-байни он мебастанд. Фосилаҳое аз вақт сипарӣ мешуду арчаи солинавӣ тайёру омода мегардид. Охирин коре, ки барои перостани арча анҷом медоданд, ба фарқи он овехтании шилшилаҳои симгун буд, ки дуруст арчаро ба арӯсе, ки барои ба хонаи шаҳ гусел кардан омода мекарданд, монанд месохт. Соҳиб ба чашмони нурполои мактабиён, писарону духтарон ва шодию масаррати завқфизое, ки дар лабонашон мавҷ мезад, нигариста эҳсос мекард, ки як нишоте ғайримунтазира дар замираш роҳ ёфтаю кам-камак ошӯбу туғёни изтиробзо ба деворҳои қалбаш сар мекӯбад, беқарораш мекунад. Вай дар ин муҳит, ки арчаи сабзгуни ороста бо бозичаҳое, чун моҳӣ, заргӯш, филча, шеру паланг ва дигар ашё-моҳу ситорагон, шаклҳои мухталифи геометрӣ дар байни майдон назаррабоӣ мекард, ҳамчунин, хонандагоне, ки ба рӯй ниқоби ҳайвоноти рӯйи оламро кашида буданду оҳангҳои шодмонӣ ва завқи лотасвир ҳамагонро фаро гирифта буд, як ҳамбастагию муназзамиеро байни Замину Осмон медид. Меандешид, ки ҳамин муҳит, дар ин деҳаи куҳистон, ки аз марказҳои шаҳрҳои бузургу мутамаддин ҳазорон, шояд миллионҳо фарсах дур қарор дорад, зуҳур кардааст, сари худ дунёи нодири сеҳрнокест ва ин дунёро ҳамин омӯзгорону хонандагон офаридаву ба тамошо гузоштанд.
«Наход ҳамин муаллимону хонандагони як деҳаи куҳистон сеҳру муъҷизаҳо офарида метавониста бошанд?-аз дил мегузаронд Соҳиб ва хомӯшона ба бозичаҳои шохаҳои арча менигарист. Пас, инҳо одамони муқаррарӣ набудаанд. Метавонанд, ки бо қобилияту ҳунари худ муъҷиза офаранд. Агар ин ҷо сеҳру муъҷиза набошад, чаро ҳоло Замину Осмон тағйир ёфта, Офтоб анвори гарму ҷонбахшашро нисори заминиён карда, шиддати сармоҳои дурӯзаю серӯзаро баногаҳон аз байни фавҷи абрҳо баромада, коҳиш медиҳад? Ростӣ, ин қудрати беинтиҳои одамҳост. Дунёро зебо кардаанд. Дунёи дӯстдоштанӣ!»
Бад-ин шева фикр мекард Соҳиб, ки тақрибан 10-12-сола буд. ва баъд, тадриҷан тайёрию тараддуд ва амалҳои дигар, ки барои таҷлили ҷашни Соли нав замина мегузоштанд, ба охир расида, саранҷом хонандагони синфҳоро бо тартиб саф меоростанд ва ҳама дар интизории ким-чӣ гуна воқеаи боз ҳам ғайримуқаррарӣ (дар тасаввури Соҳиб) ба арчаю омӯзгорон менигаристанд. «Бояд сеҳру муъҷиза рӯй бидиҳад,-пеши худ меандешид Соҳиб ва зери лаб пичиррос мезад:
«Муъҷизаро одамон нишон медода бошанд ё фариштаю мавҷудоти дигари ноаёну ноошно?
Хира-хира дар оинаи хаёли руъёосояш мебинад вай: директори дабистон, зани миёнақади рӯйгирди сабзина, ки чашмони дурахшонаш нигоҳи тезе дошт ва аслан аз минтақаи Зарафшон буд, оҳиста-оҳиста ба байни саҳн баромада, бо ҷиддият ва виқори хоси худ микрофонро ба даст гирифта, сухан оғоз кард. Сароғоз нарму мулоим ҳарф зада, якбора овозаш баланд гардид. Гуфту гуфт. Дар бораи одабу ахлоқ, таҳсили хуб, толибилмоне, ки бо баҳои аъло мехонанд, гуфт ва интиҳо хонандагонро табрик намуд ба Соли нав ва хоҳони он шуд, ки дар нимсолаи дувум хониши шогирдон беҳтару хубтар гардад. Пас-он, муаллими забон ва адабиёти тоҷик Шоҳин Рустам (садри ҷамъомад) гӯё аз зуҳури муъҷиза хабар медода бошад, чашмонаш барқ задаю даҳонашро калон кушода, ширин-ширин хандида, нидо кард:
— Бачаҳо, мехоҳед, ки худи Бобои барфӣ ба назди шумо ташриф оварда, ҷамъомади идонаро шукуҳу таровати дигар бубахшад? Мехоҳед?
Ва то дер гоҳ дар гӯши Соҳиб ин овоз танин андохт.
— Мехоҳед? Мехоҳед? Мехоҳед???
— Мехоҳем! Мехоҳем! Мехоҳем!!!-ҳама баробар посух доданд ва чашм ба ин тарафу он тарафи саҳни мактаб дӯхтанд. Мазмун, Бобои барфӣ аз кадом тараф пайдо мешуда бошад?
Ва… рӯй дод муъҷиза. Бобо аз ҷониби дари дабистон бо кулоҳи сурх, риши сап-сафед ва ҷомаи алвоние, ки дар байн-байнаш ситорачаҳои зардфом часпонда шуда буданд, (ин ситорачаҳо рамзи пораҳои барф буданд, ки баъдтар Соҳиб моҳияти онро дарку фаҳм кард), асои сафедгуне дар даст ва халтаи ҳамчунон сурх дар пушт бо таҳаммул қадам зада, ба саҳн, ба назди арча омад. Ва бо тантанаю тафохур, ки оҳангу шеваи муболиғаомезе дошт, баланд-баланд ва бо овози омиронаи ғафс ба нақл оғоз карда, гуфт, ки аз роҳи дур омадааст. Аз болои куҳҳои пурбарф, деҳаю рустоҳои зиёде азобҳои бисёре кашида, оқибат ба ин ҷо, ба мактаби деҳаи Меҳрон расидааст. Хаста шудааст. Ва, инак бояд дам бигирад.
Ба Бобо иҷозат доданд, ки фароғат кунад ва ӯ рӯйи курсии зери арча биншаст ва абрувони барф барин сафедашро молида-молида, ба чаҳор тараф рамузҷӯёна нигарист. Асояш дар пеши пояшу халтааш дар шафати курсӣ. Базму бозиҳо оғоз шуданд ва рақсиданду хушҳолӣ карданд мактабиён ва Бобо хандида-хандида, даҳони халтаашро во намуда, бозичаҳою қанду қандалоти коғазҳошон рангбарангу зебоеро бароварда, ба онҳо ҳадя кард. Соҳиб амиқу равшан дар ёд дорад, ки Бобо пас аз он чистону муаммогӯиро шуруъ кард. Ибтидо ҳамин чистони маъмулро ба самъи хонандагон расонд:
Мехи заррин,
Таги замин.
— Канӣ, кӣ мегӯяд чист он?-пурсид Бобо ва қадам зада ба хонандагон наздик шуд. — Ҳа, ҳа, кӣ мегӯяд? Туҳфаи олиҷанобро соҳиб мешавад. Ҳа, ҳа…
Якбораю нохоста Соҳиб қадаме чанд пеш гузошта, бо овози баланд ҷавоб дод:
— Сабзӣ!
— Кӣ гуфт? Канӣ, набераи донояки бобо, пеши ман биё! Биёву савғотии боборо бигир!
Ва Соҳиб ба Бобо наздик шуда, рӯ ба рӯйи ӯ ноҷумбон истод. Ва яке чашмаш ба бинии сурхи Бобо афтид. Сунъӣ буд бинии бобо. «Эҳ, — аз дил гузаронд Соҳиб, бинии пластмасии Бобо ранг карда шудааст. Наход? Абрувонаш низ пахтагинанд. Пахтаи сап-сафед. Як вақт аз зери ҷомаи зардгуни Бобо почаҳои шим ва кафшҳои (ботинкаҳои) сиёҳаш ба чашмаш бархурданд. Соҳиб шакалоти ба ӯ дароз кардаи Боборо шармгинона гирифта, парешону маъюс аз Бобо дур шуд.
Сараш гиҷ, дар байни издиҳоми хонандагон дилаш заъф карда, ба дард меандешид, ки дар ин тантанаи идона ҳеҷ гуна муъҷизае вуҷуд надоштааст. Охир, Бобои Барфӣ аз ҳеҷ макону манзили дуру ноошно наомада будааст. Одами муқаррарӣ будааст. Шиму батинка доштааст.
«Дурӯғ. Хамааш дурӯғ.»
Акнун суоле дар мағзаш давр зада, азобаш медод: кӣ бошад ин Бобои Барфӣ?
— Чаро зиқу андуҳгин менамоӣ?
Соҳиб ба пас нигарист. Бародарбузургашро дид, ки ҳайратомез ба ӯ чашм медӯзад.
— Ҳеҷ чӣ не,-посух дод вай ва оҳиста суол кард:
— Ҳамин Бобои Барфӣ ҳақиқӣ набудааст. Кӣ бошад вай?
— Ҳа, ҳа, ҳа,-баланд хандид бародарбузургаш, ки дар синфи шашум мехонд:
— Охир, вай муаллими химия мебошад(Нуруллоев Саттор, аслан зодаи Самарқанд буду дар ин қаламрав аз омӯзгорони аввалин ҳисоб меёфт)
— Муаллими Нуруллоев?
— Ҳо, ҳо. О, аз овозаш нашинохтӣ?
— Не, хаёл кардам, ки бобои ҳақиқӣ аст.
— Аз куҷо? Муаллим аст…
… Бо гузашти солҳо вай, Соҳиби Сипеҳр ба тантанаи идонаи солинавӣ одат кард. Нақши Боборо якчанд сол муаллим Нуруллоев иҷро мекард, баъд вай ба нафақа баромаду омӯзгори физика Иброҳимов (ҷояш ҷаннат бошад!) Бобои Барфӣ шуда, базмро метафсонд. Рақсҳои дилангези аҷибе дошт, муаллим. Ҳайф, ҳайфи инсон!
Чанд соли охири замони Шӯравӣ бародари калонии Соҳиб-Бобобек, ки қадбаланд буду зарофату ҳазлҳои аҷибу ғароибе мекард, ҷомаи Бобои Барфӣ а бар карда, мактабиёнро механдонд.
Аҷобат дар он буд, ки бо омӯзгор шудану дар мактаб кор кардани Соҳиб ин вазифа ба дӯши худи вай вогузор гардид. Солҳои баъдиҷангӣ солҳои вазнин ба шумор мерафтанд. Боре ин гуна Соҳиб либосҳои Бобои Барфӣ дар тан ҳикояву латифа нақл мекард. Ба хонандагоне, ки ба суолҳояш ҷавоби дуруст медоданд, аз халтааш қанду вафлику бозичаҳо ҳадя мекард. Як духтарак (баъдтар фаҳмид, ки вай дар синфи дуюм мехондааст) ба чистони гуфтаи ӯ посухи дуруст дода, барои гирифтани савғои Бобо ба назди ӯ ҳозир шуд. Соҳиб аз халтааш ҳуштакро бароварда, ба духтарак супорид ва сарашро сила кард:
— Нағз хон, духтарам!
Аммо духтарак ногаҳон ба гиря даромад. Баланд-баланд мегирист. Ҳама давру бараш ҷамъ омаданд. Мазмун, чӣ воқеа рӯй дода бошад? Муаллима, роҳбари синфашон хам шуда аз духтарак ваҷҳи гиря карданашро пурсон шуд: Духтарак чашмонашро молида-молида, гиряолуд:
— Метарсам,-гуфт.
— Аз чӣ метарсӣ?-пурсид муаллима.
— Бобои Барфӣ об мешавад. Ҳаво гарм шудааст, метарсам, ки Бобо об шуда ба замин мерезад…
… Соҳибро аҷаб омада буд, ки духтарак ӯро Бобои ҳақиқӣ пиндоштааст. Магар ин муъҷиза нест?
… Эҳ, ҳамааш дар чашм задан гузашт. Акнун олам дигар шуд, замонҳои дигар фаро расиданд…

***
— Муаллим! Ҳо, муаллим!
Соҳиб аз байни боғ гузашта, директори мактаб Меҳриддини Назарро дид, ки ӯро ҷеғ мезад.
— Биёед, ҳама мардум ҷамъ шудаанд, мунтазири шумоем. Маҷлисро сар кунем ҳам, мешавад.
Соҳиб оҳиста-оҳиста ҷониби даромадгоҳи бинои асосии дабистон раҳсипор гардид.

Шодӣ Раҷабзод

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here