Моҳҳои аввали соли 1992 се ҳикоя навиштам ва ба муаммои сарбастае печидам. Онҳоро ба кӣ нишон диҳаму аз кӣ маслиҳат пурсам? Пас аз мулоҳизаҳои зиёд қарор додам, ки аз Соҷидаи Мирзо дуою фотиҳа гирам. Зеро ҳикояи «Гӯшвораи қафасӣ» — аш дар озмуни эълоннамудаи нашрияи бонуфузи Иттифоқи нависандагон «Адабиёт ва санъат» сазовори ҷойи якум гардида буд ва иловатан мақолаву очерку лавҳаҳояш дар ҳаёти матбуоти кишвар як ҳангомае ба бор оварда буд.

Зуд ӯро пайдо карда, ҳар се ҳикояро ба дасташ супоридам. Дар пеши назарам хонда, танҳо ҳикояи «Валладдузино» — ро писандид ва фикрашро бо табассум баён намуд.

— Ба ҳар ҳол, Зарифҷон, як бор ҳамин ҳикояро ба Баҳманёр нишон бидеҳ. Нигоҳи саволомӯзу ҳайратовари маро пайхас карда, суханашро давом дод. — Айни ҳол Баҳманёр яке аз навовартарин нависанда дар адабиётамон ба шумор меравад. Ӯ сабку усули тоза ба адабиёт ворид намуд. Ҳатто агар хато накунам қолаби маъмулиро шикаста, равияи худро ҷорӣ карданист.

Ин муаррифномаи Соҷида сабаб шуду меҳри Баҳманёр ҳамчун адиби навовар абадӣ дар дили ман ошён гирифт. Пайи иҷрои тавсияи Соҷида роҳи Иттифоқи нависандагонро пеш гирифтам. Ба пурсиши ман ҷавонмарде посух гардонд.

— Баҳманёр ба шаҳри Панҷакент рафт ва баргаштанаш маълум нест.

Дар байни ду роҳа мондам. Аз байн чанд сол гузашту рӯзе аз дӯстам Абдурофеъ Рабизода донистам, ки Баҳманёр баргашта ба Душанбе омадааст ва айни ҳол ҷонишини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» мебошад. Аз нав озими бинои Иттифоқи нависандагон шудам. Ба ошёнаи сеюм баромада, ба дари ҳуҷраи Мирзобек наздик шуда, хостам аз ӯ дар иҷрои ниятам ёрӣ пурсам. Дарро кушодам. Дар дохили ҳуҷра тахминан панҷ нафар шахсони ношиносро бо чеҳраҳои хандон дидам. Дарёфтам, ки соҳиби ҳуҷраи корӣ ба меҳмонон қиссаи хандаовареро ҳикоя мекунад. Ба пешвозам марди миёнақади каме лоғарандоми гандумгун бо мӯйҳои парешони сафеди сараш бархест. Дар даст финҷони қаҳва медошт.

— Салом. Ба ман Мирзобек даркор буд? — чун ӯро надидам, ҳамин савол аз забонам баромад.

— Бадбахтона, ҳузур надорад, — бо чеҳраи кушод ҷавоб гардонд марди ношинос. — Ҳоло ӯ дар иҳотаи ёру дӯстонаш дар шаҳри Панҷакент кайфу сафо дорад.

— Ин ҷо қаҳвахона аст? — хостам бо ҳазл ҷуръати худро қадре баланд бардорам.

— Бале,  қаҳвахона, — посух гардон мизбон ва илова кард, — қаҳвахонаи Баҳманёр. — Ҳушдорат мекунам, ҷавони нағз, ба гадою бенавоён ройгон ва ба соҳибкорону мансабдорон бо нархи панҷ сомонӣ қаҳва медиҳем.

Баъдҳо аз ин муколамаи як лаҳзаина ду чизро барои худ кашф кардам. Якум, дафтари кории Баҳманёр ҳамеша пуродам буд ва дуюм, ӯ бо хислати наҷибаш ҳар як меҳмонро ба қаҳва зиёфат мекард.

— Шумо аз кадом табақа? — шӯхӣ ба меҳмонон маъқул шуд, ки онҳо якбора садои хандаро сар доданд.

— Аз табақаи адибон, — посух гардондам ва ба сари мақсад омадам. — Бо тавсияи Соҷидаи Мирзо ман аз соли 1992 инҷониб шуморо мекобам. Хайрият, ки имрӯз ба дидоратон мушарраф гардидам.

— Чӣ сабаб шуд, ки шахсияти каминаи камтарин боиси таваҷҷуҳи шумо гардид? — нигоҳи Баҳманёр қадре ҷиддитар гардид.

— Мехоҳам, ки як қиссаи маро таҳрир намуда, бо ин васила ба эҷодиёти ман баҳо диҳед, — каме худро ноҳинҷор ҳис кардам.

— Ман мунаққид нестам, — Баҳманёр финҷони қаҳваро ба дастам дод .- Дар адабиёти мо чӣ бисёр мунаққид. Назди онҳо равед. Чунон баҳо диҳанд, ки ҳазрати Одам ҳам намефаҳмад.

Ранги рӯйи парида ва лолу карахтиамро дид, ки якбора садои хандаи ҷарангосиашро сар дод:

— Хафа нашавед. Хайр, майлаш. Қиссаро биёред. Гарчанде тибқи тақсимоти вазифа ман бояд танҳо очерку публистикаро таҳрир кунаму мудири бахши насри маҷалла Юнус Юсуф асарҳои бадеиро бояд бинад. Хонда мебинам.

Баҳманёр қиссаи «Пайкараи зинда» — ро хонда таҳрир намуд. Зиёд таъриф накард ва умуман аз камбудиву костагии асар лаб накушод.

— Аҷоиб ва хеле шавқовар. Ба хонанда маъқул мешавад. Ҳамин тарз давом диҳед, — дастнависро баргардонида, финҷони қаҳваро ба сӯям дароз кард.

Ҳамин тариқ аз соли 1998 мо бо ҳам дӯст шудем ва агар рӯзе маро бинад, ки ба дафтари кориаш надароям, бо ханда мегуфт:

— Зарифҷон, аз нархи қаҳва тарсидед, ки аз суҳбати ман мегурезед.

Рӯзи панҷшанбе рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» — ро гирифта, хабари марги дӯстамро хонда, дар ҷоям шах шудам. Ҳеҷ боварам намеомад. Панҷшанбеи сипаригашта, аз суҳбату аз қаҳвааш лаззат бурда, бо руҳи болида, аз дафтари кориаш баромада будам.

Инак, Баҳманёр нест. Адиби навовар ба роҳи охират сафар кард. Суҳбаташ бо меҳмонони доимиаш поён ёфт. Дари қаҳвахонааш пӯшида шуд. Вале, эҷодиёти нотакрор, хотираи некаш, хислати наҷибаш ҳамеша дар дили дӯстону мухлисонаш абадӣ боқӣ мемонад.

Зариф Ғулом, адиб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here