17-уми январи соли равон аз солрӯзи яке аз чеҳраҳои дурахшони санъати тоҷик, сароянда, тарғибгару меросбари мусиқӣ, устоди бузурги санъати иҷроии тоҷик Аҳмад Бобоқулов (1931-1990) 90 сол сипарӣ шуд.

«Ҳунарманди асил, сарояндаи маъруфи мероси мусиқии мардумию классикӣ, касбии навин, дорандаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Артисти халқии СССР, профессор Аҳмад Бобоқулов бо корномаҳои ҳунариаш дар таърихи тамаддуни садаи ХХ-и тоҷик саҳми муассир дорад. Ин симои машҳуру камназири мусиқии мо баробари меросбару иҷрогар, донандаи мероси мусиқии мардумию устодона будан, инчунин иҷрогари беҳтарини мусиқии касбии оҳангсозии тоҷик ва аврупоию ҷаҳонӣ мебошад»,- мегӯяд доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов.

Мавсуф афзуд, ки устоди санъати иҷроӣ Аҳмад Бобоқулов дар олами навоҳои ромишангезу бойи мусиқӣ ва шоҳкории шеърию мусиқии классикӣ — «Шашмақом» ба камол расидааст. Ӯ меросбару иҷрогари суннатҳои дерини эҷодию иҷроии шеърию мусиқии шаҳрҳои марказии таърихии тоҷикон буда, ин суннатҳоро дар фазои хонаводагӣ аз падараш, устоду донанда, иҷрогари мумтози мероси мусиқии тоҷикон — Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобоқул Файзуллоев (1897-1964) омӯхтааст.

Аҳмад Бобоқулов 17-уми январи соли 1931 дар оилаи сарояндаи мусиқии шашмақом Бобоқул Файзуллоев дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Санъати мусиқии классикӣ, мақому мақомсароӣ, мусиқии мардумиро Аҳмад Бобоқулов, ки онро чун намоди хушбахтию нишот ва фалсафаи рӯзгори бонизому зебоишиноси хеш пазируфта ва сирри олами созу овозро аз падари ҳунарвараш андӯхтааст.

Аҳмад Бобоқулов бо маҳорати баланди овозхонӣ маҳбуби мардум буд ва ба ҳайси сарояндаи консерт баромад мекард, арияҳои мураккаб, романсҳои қадима, сурудҳои тантанавӣ, асарҳои вокалии бастакорони тоҷик ва сурудҳои халқӣ иҷро менамуд. Дунёи рангини созу овоз ва меҳру муҳаббати нисбат ба мусиқӣ доштаи Аҳмад ӯро ба боргоҳи созу наво, Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва сониян то ба Донишгоҳи машҳури олии мусиқии ҷаҳонӣ — Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский (1949-1954 ) бурд. Ӯ дар ин боргоҳи омӯзиши олии мусиқӣ асосҳои назарию амалии санъати иҷроӣ, овозхонии классикӣ-касбӣ, вокалии ҷаҳонӣ — санъати операро таҳти роҳбарию раҳнамоии чеҳраи шинохтаи мусиқӣ, профессор В. Ф. Карин ва дигар устодони ин  ҳунаристони олӣ меомӯзад. Овози Аҳмад Бобоқулов дар санъати иҷроӣ, аз ҷумла мусиқии касбии тоҷик — санъати опера камназир аст.

— Аҳмад Бобоқулов баъди хатми ҳунаристони олии мусиқӣ чун сароянда ба Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даъват шуда, солҳои 1954-1966 фаъолияти пурсамари ҳунарӣ намуда, дар саҳнаи ин боргоҳи мусиқии тоҷик даҳҳо образ-партияҳо аз операҳои миллию ҷаҳониро бо сабки хоси иҷроӣ рӯи саҳна овардааст. Иҷрои образҳои Бахтиёр (С. Баласанян, «Бахтиёр ва Нисо»), Снодал (А. Рубинштейн, «Демон»), Рустам (Ш. Сайфиддинов, «Пӯлод ва Гулрӯ»), Мадан (З. Шаҳидӣ, «Комде ва Мадан»), Канио (Р. Леонковалло, «Масхарабозон»), Содиқ (Ё. Сабзанов, «Бозгашт»), Хуршед (З. Шаҳидӣ, «Духтаре аз Душанбе»), Замон (С. Урбах, «Домоди хонда»), Каварадосси (Пуччини, «Тоска»), Рӯдакӣ (Ш. Сайфиддинов, «Рӯдакӣ»), Водемон (П. Чайковский, «Иоланта»), Айнӣ (Ш. Сайфиддинов, «Айнӣ») аз корҳои ҳунарии ӯ дар театри мусиқии касбии тоҷик буда, ин образҳо (партияҳои операвӣ) аз офаридаҳои ҳунарӣ дар таърихи театри мусиқии касбии солҳои 60-80-уми садаи ХХ-и тоҷик мебошанд,- меафзояд профессор Аскаралӣ Раҷабов.

Сурудҳои мардумии «Чину чин», «Ғарибӣ», «Акрамҷон», «Чӣ лаб аст ин», «Ҷонони ман аст ин», силсилаи асарҳои аз шоҳкории шеърию мусиқии «Шашмақом» — «Дугоҳ», «Чапандоз», «Насруллоӣ», «Ироқи Бухоро», «Ушшоқи калон» (Ушшоқи Ҳоҷӣ), «Соқиномаи Ироқи Бухоро») намунаи барҷастаи мусиқии мондагор дар санъати иҷроии садаи ХХ-и тоҷик мебошанд.

Дар талқини пурвусъати иҷроии корҳои боҳунаронаю хотирмони Аҳмад  Бобоқулов таснифоти оҳангсозони тоҷик З. Шаҳидӣ — «Хонаи мо» (шеъри устод М. Турсунзода), Ш. Сайфиддинов — «Республикаи ман» (шеъри Б. Раҳимзода, М. Фарҳат), Ш. Соҳибов — «Ҳар бод…», «Шод зӣ» ( ғазалҳои устод Рӯдакӣ), Ф. Шаҳобов — «Интизорӣ», Д. Дӯстмуҳаммадов — «Мавҷигул», «Кабӯтари сафеди ман», чанд суруди А. Бобоев — «Чашми сиёҳ», суруди такмилшудаи «Дилбари ҷонони ман» (ғазали Ҳофиз) ва даҳҳо сурудҳои дигар асарҳои дӯстдоштаю саризабонии мусиқипазирон шудаанд. Хусусан суруди «Республикаи ман» (шеъри Б. Раҳимзода, М. Фарҳат), аз лиҳози тарзи иҷро, садобандии мусиқӣ, маҳорати иҷроии сароянда дар бисёр ҳолатҳо ҳампояи суруди миллист. Зеро суруди «Республикаи ман» дар сатҳи баланди касбӣ суруда шудааст. Ин суруд, ки соли 1966 дар шаҳри Москва бо оркестри симфонӣ сабт гардидааст, бо гузашти беш аз ним қарн асолати худро гум накарда, то ҳоло вирди забони мардум аст.

Саҳм ва хидмати ташкилию иҷроии Аҳмад Бобоқулов дар ташаккулу пешрафти жанри нави мусиқӣ — мусиқии эстрадии миллӣ, эстрадӣ — симфонӣ ва рӯи саҳна омадани оркестри эстрадии «Гулшан» дар соли 1964 ҳам муассир аст. Ӯ солҳои 1956-1966 фаъолияти идорию иҷроӣ — мусиқиашро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома дода, дар ҳамдастӣ бо сароянда, Артискаи халқии РСС Тоҷикистон Лайло Шарифова нахустин ансамбл, сипас оркестри эстрадии «Гулшан»-ро дар Тоҷикистон рӯи саҳна овард, ки он чун ансамбли асосии ҳирфаии мумтози мусиқии эстрадии миллии тоҷик маъруф шуд. Бо талошҳои бевоситаи ӯ оҳангсоз Дамир Дӯстмуҳаммадов (1941-2003), шоир — суруднавис Меҳмон Бахтӣ аввалин сурудҳои касбии эстрадаи миллии тоҷикиро рӯи саҳнаи иҷроии ин жанри мусиқӣ оварданд. Сурудҳои «Мавҷигул», «Кабӯтари сафеди ман», «Маро надида меравӣ», «Гулноз» (шеърҳои М. Бахтӣ, оҳангсоз Д. Дӯстмуҳаммадов), чанд суруди бастакор А. Бобоев, сурудҳои мардумии тоҷикӣ дар такмили бастакорон Ю. Тер-Осипов, М. Муравин, С. Ҳамроев тавассути иҷрои боҳунаронаи Аҳмад Бобоқулов дар фазои мусиқии кишвар маъруфият касб намуданд.

Ҳамзамон, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Аҳмад Бобоқулов ба бисёр шаҳрҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ, назири Афғонистон, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Канада, Австралия, Германия сафарҳои ҳунарӣ намуда, санъати асили тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намудааст.

Яке аз фарзандони ҳунарманди асил Аҳмад Бобоқулов — Нигина Бобоқулова, ки зарфи беш аз 20 сол дар мақомоти гумруки Тоҷикистон фаъолият намудааст, дар остонаи 90-умин солгарди зодрӯзи Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов гуфт, ки “падарам хеле инсони меҳнатдӯст, шарафманд, ғамхору меҳрубон ва хирадманд буданд, зеро барои онҳо 7 нафар фарзандро тарбия намудан, ба камол расонидан ва соҳибмаълумоту ба ҳаёти мустақилона гусел кардан кори саҳл набуд. Ҳол он ки, модарамон даҳ сол қабл аз вафоти падарам — соли 1980 дунёро падруд гуфта буданд. Мо, фарзандону наберагон ва абераҳо ифтихор менамоем, ки чунин падари мушфиқу меҳрубон доштем, зеро фарзандонашонро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат, меҳнатдӯстӣ ва содиқ будан ба халқу ватан ба камол расонидаанд”.

Хизматҳои шоистаи ҳунарманди асил Аҳмад Бобоқулов аз ҷониби Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаю унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1954), Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон (1957), Ҳунарманди халқии СССР (1971), лауреати Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ (1966), Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо қадрдонӣ гардидаанд. Ҳамзамон бо мақсади гиромидошти хотираи неки ҳунарпешаи асил, Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов Коллеҷи санъати ҷумҳуриявӣ номи ин абармардро гирифтааст.

Марзия САИДЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here