Рафиқон, бо қарори роҳбарони ноҳия, яъне аз боло, ба мо коғаз равон карда супориши навбатӣ дода шудааст, ки ба пешвози,.. номаш чӣ буд, Наврӯз, дар сари хирман, дастурхони… номаш чӣ буд… канӣ, коғаз? Ҳа, ана, вай… Ин ҷо «дастурхон»-и пурра  ҳам набудааст-ку… Ман ҳозир, номаш чӣ буд, ҳиҷҷа карда мехонам, шумо бошед, номаш чӣ буд, нағз гӯш кунед: «ХО-НИ ҲАФТ-СИН»… Ва мо бояд ана ҳамин, номаш чӣ буд, «хо-ни  ҳафт-син»-ро омода созем…

Шахсан ман худам, як шабу як рӯз фикр кардам, ки ин ҳафтсинаш чӣ бошад, наёфтам. Майнаобкунӣ, номаш чӣ буд, фоида накард. Канӣ, акнун биёед, як бисёрӣ фикр кунем, ки ин Ҳафтсинаш чист ва онро пеш аз хӯрок мехӯрда бошанд ё баъди авқоти шом?

Ман  намедонам, ки он чӣ ки ман намедонам,- ба кадом қарор дохил намуда ба мардуми қишлоқамон чӣ гуфта муроҷиат кунем?

Чӣ тавр онҳоро маҷбур кунем, ки ихтёран барои ин, номаш чӣ буд, ҳафтсин маблағ супоранд? Аз ҳисоби ҳамон якта нимта бузу бузғолаи зимистонро зинда баровардагӣ, ё рафта аз бозор навашро харида биёрем?

Ин калонҳои ноҳияамон ҳам, дар номашон садқа, дар се рӯз мондан, вай чияшон… номаш чи буд, илҳомашон мехе… бедор мешавад. О, ҳамин омадани Наврӯзро-ку медонед. Як сол, ним сол пештар огоҳ кунед, намешавад? Мо ҳам, як инту, пасу пешамонро хабар мегирифтем. Мана ҳамин хел чизҳои монанди Ҳафтсин барин, номаш чӣ буд, даркориро гирифта аз чашми кӯдаку чӯдак дуртар мемондем…

Не! Ҳамин тезии кор, ки омад, «давай-даваю як балош бку» сар мешавад. О, боз чия «даваю, чия бку… нем?!».

Ман, шахсан худам, бо пои худам, ба хонаи раҳматии Шовалӣ рафтам.

Ба ман гуфтанд, ки бачаи вай дар аскарию беваи очааш аз ҳамон, номаш чи буд, зормонда доштааст. Барои омадани писараш дар кадом кунҷаке пинҳон карда мондагӣ будааст. Бо бева гапзанон кардам.

Гуфтам, ки: «Агар ҳамон исқотиро дар ягон нигасаи туалетат тиққонда монда бошӣ ҳам, ёфта ба мо деҳ, мо пулашро ҷамъ карда, номаш чӣ буд, медиҳем. Сағерат ки аз аскарӣ омад, ту, боз навашро мехарӣ».

Мегӯяд, ки «Як камтарак доштам, кӯдакҳо ёфта хӯрдаанд»…

Ман ҳам ба умеди он ки ҳозир аз ҳамин занак, чӣ  рангу намуд ё ҳеҷ набошад чӣ бӯй доштани, номаш чӣ буд, ҳамон ҳафтсина фаҳмида мегирам, пурсидам:

— Кӯдаконат чиро ёфта хӯрдаанд?

— Ҳамон вай… Туалета… мегӯяд…

Ин бева ҳафтсин он тараф истад, ҳоло чӣ будани туалета намедонад!

Бинобар ин, ман даррав ба бозорҳои калон одам фиристодам. Гуфтам, рафта пурсанд, ки намуди ҳамон Ҳафтсини, номаш чи буд, номгум чи хела аст? Вай чи рангу бӯе дорад? Латтабозори «Корвон»-у оҳанбозори «Султони Кабир»-ро кобанд. Аз кӯҳнафурӯшакҳои «Аҷинабозор» пурсупос кунанд. Яке аз байни либосу оҳану, номаш чӣ буд, аҷина… ягон ним кило ё ақаллан ягон мунҷук пайдо мекардагистанд… Лекин бефоида…

Нутқ тамом, канӣ, кӣ ягон гуфтание дорад?

— Раис, ҳоло ин Ҳафтсини мо дарди бахайр аст. Ба қишлоқи ҳамсоя, Ҳафтшин фармудаанд. Ана ёбу гиру кобу гард!.. Ман аз раиси маҳаллаашон пурсидам. Вай мегӯяд, ки онҳо ҳам ҳамакаса Ҳафтшинашонро хеле кофта наёфтаанду ниҳоят ба қароре омадаанд, ки ба ҳафт «Шахси Шинос, Шӯҳратталабу Шӯҳратпараст, Шаробу Шӯрбою Шакароб» медиҳанд, ҷонашон халос, вақташон хуш!..

Э сабр кун!.. Боз ҳамин Ҳафтсини мо ҳам, ҳамон саф… Аниқ, Аниқ, ҳамин «сафедӣ» аст… Оҳ, ин калонҳои ноҳияи мо, номаш чӣ буд, пухтаанде… Раги заминро мефаҳманд… Тез ба назди сарҳадбонон тохта рав!

Котиб! Ту дар ҳисобот қайд кун, ки: «Сарҳадчиёни Содиқу Синасипар, Саҳарӣ, Сафедии Содиршударо Самимона» оварда, номаш чӣ буд, Хони Ҳафтсини моро оро медиҳанд»… Ана инро «давай-давай» мегӯянд!..  Ана ин мешавад «Як балош бку»-и вай, номаш чи буд, ростинчакӣ!

Ҳа, ба онҳо гӯй, ки мо сафедиро бо оҳак ё орд бартер мекунем. Ҳафт линча орд, барои ҳафт кашидани… заданӣ… Номаш чӣ буд, хӯрданӣ… Баъд онҳо он бартерро сӯзонда ба воситаи телевизор нишон медиҳанд…

— Ҳой, сағира, ту чӣ ин қадар «Наврӯз омад!» гуфта шавқун бардошти? Наврӯз омад!.. Канӣ ҳоло Наврӯз? Имрӯзу пагоҳ ва пагоҳи дигар дар мактаб дарсҳо рафтан мегиранд. Ин қадар, номаш чӣ буд, шодӣ накун…

Чӣ? Ҳа-а, Наврӯзи бачаи раҳматии Шовалӣ аз аскарӣ омад? Хайрияте…

Ин тавр бошад, рафта аз номи ҳамаи мо, беваи очаашро табрик кун. Гӯй, ки амакиҳои калони деҳа гуфтанд, ки… Номаш чи буд,  «омадани Наврӯзат муборак бошад»… Не ист! Ҳама якҷоя меравем.

Маҷлис тамом. Ҳама ба пешвози Наврӯз, ба сари дастурхони беваи раҳматии Шовалӣ, ба пеш!

Ба Аҳли Олам Иди  Баҳорро муборакбод мегӯям! Илоҳо, ҳамеша саломат бошеду ҳеҷ гоҳ саратон дардро набинад ва ҳамаро ба Наврӯзи дигар бирасонад! Хонаатон доим ободу худатон чун паланги сол… номаш чӣ буд, ҳа, таҳрир: (умуман, чун ҷонзоди ба соли 2021 ростомада), ба нобасомониҳои рӯзгор, тобовар бошед!

Ҳаводори шумо, номам чӣ буд… Ҳа, Нурулло Абдулло.

Нурулло Абдулло

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here