Аз овони наврасӣ, айёме ки конспектҳои замони донишҷӯйӣ, махсусан рисолаи дипломии падарамро, ки ба насри фалсафии Ибни Сино иртибот доштанд, мурур мекардам, ба фалсафа ва илмҳои фалсафӣ тадриҷан майлу рағбат пайдо намудам ва бо истифода аз бардоштҳои дафтарҳои падарӣ дар баҳсҳои мактабӣ ва деҳотӣ, ки гоҳо миёни мактаббачагон ва насли ҷавони музофотӣ иттифоқ меафтод, фаъолона ширкат меварзидам. Шинохти шахсияти фалсафӣ ва тиббии Ибни Сино, ки аз тариқи мутолеаи чандкаратаи рисолаи дипломии падарам муяссар гардида буд, аз як тараф, маро аз назари фикрӣ бедор мекард ва аз тарафи дигар, завқу салиқаи ковишгариамро боло бурда, ифтихороти миллиро ато менамуд. Ба ин тартиб, ман нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист бо масоили умумии фалсафӣ ба василаи мутолеоти дафтар-конспектҳо ва рисолаи дипломии падарам ошно гардидам ва як навъ тағйироти сифатии фикрӣ дар зеҳнам эҳсос намудам. Ҳарчанд ки фаҳму дарки ҷиддии масъалаҳои умдаи фалсафӣ то ҳанӯз муяссарам нагардидааст, аз он замон ба равшангарӣ ва таҳаввулоти фикрӣ, ки маҳсули ҷаҳонбинии фалсафиаанд, ихлосу иродат пайдо намудам, ки ин иродат то имрӯз, ҳамчунон побарҷост.

Ногуфта намонад, ки падарам — Пирмуҳаммад Нурзода фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, солҳои тӯлонӣ дар симатҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаъолият карда, дар муҳитҳои сиёсию мадании деҳот ва музофот соҳибэҳтиром буда ва ҳастанд. Дафтарҳои замони донишҷӯйии падарам, ки асосан ҳосили бардоштҳои шахсию инфиродии ӯ аз мутолеоти осори адабию фалсафии замон буданд, дар бойгонии хонаводагӣ нигоҳ дошта мешуданд ва ман, баъзан ҳангоми ҷустуҷӯйи ин ва ё он маводи лозима тасодуфан бо дафтару конспектҳои падар мувоҷеҳ гардида, ба ин тартиб аз ҷанбаҳои фалсафии мероси гузаштагон иттиллоти аввалия пайдо менамудам. Албатта, иттилооте, ки аз мутолеоти дафтарҳо ва билхусус, рисолаи дипломии падарам ба даст оварда будам, барои шинохт ва дарки масъалаҳои фалсафӣ кофӣ набуд, вале таҳаввулоти ибтидоии зеҳниро дар заминаи донишҳои фалсафӣ мусоидат мекард. Маҳз аз он айём тадриҷан ба донишҳои фалсафӣ меҳр пайдо кардам ва аллакай тавассути фанни таълимии “Ҷамъиятшиносӣ”, ки дар ду сол (синфҳои нуҳуму даҳуми мактабҳои миёнаи умумии замони Шӯравӣ) тадрис мешуд, бо мафҳуму моҳияти фалсафа ва категорияҳои фалсафӣ ошно шудам. Зимнан, дар шинохти мафҳум ва категорияҳои диалектика ба мо, хонандагони вақти мактаби миёнаи умумии рақами чори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон устоди бузургамон, шодравон Давлатёр Азизов (Аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ) хеле хуб кумак мекарданд. Аз он замон орзу доштем, ки бо шахсиятҳои фалсафӣ ва файласуфони муосир вохӯрем ва аз суҳбату гуфтугӯҳояшон лаззати фалсафӣ бубарем (ростӣ, чигунагӣ ва кайфияти лозимаи лаззати фалсафиро замоне пай бурдам, ки ба муҳити донишгоҳӣ ворид гардида, осори файласуфони муосирро мурур намудам ва бо китоби файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи ғарбӣ Вил Дуронт таҳти унвони “Лаззоти фалсафа” ошно гардидам).

Баъди хатми мактаби миёнаи умумӣ ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам ва орзуям, ки дидору мулоқот бо файласуфони шаҳири миллӣ буд, амалӣ гардид. Он замон (манзур замони донишҷӯйии мо, ки ба ибтидои солҳои навадуми асри бист рост меояд) олим ва файласуфоне, ки факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда бошанд, дар ҷумҳурӣ хеле кам ва мутманинан, ангуштшумор буданд. Аз ҷониби дигар, дар ҳеҷ як аз донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи фалсафа вуҷуд надошт ва мутахассисону муҳаққиқони фалсафа аз ҳисоби хатмкунандагони факулатҳои дигар омода мешуданд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар ҷумҳурӣ файласуфони ҳирфаӣ набуда ва нестанд. То имрӯз исми файласуфони шаҳири тоҷик Аловуддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Болтаев, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Султон Наврӯзов, Иброн Шарифов, Мӯсо Диноршоев, Акбари Турсон, Ғаффор Ашӯров, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода ва дигарон, ки дар рушди фалсафаи миллӣ хидмати арзанда кардаанд, ифтихори халқу миллатанд ва номи онҳо дар сафаҳоти таърихи фалсафаи миллӣ абадан сабт гардидаанд. Аммо, ба ҳар сурат, ошноӣ ва суҳбату мулоқот бо ҷумлаи олимону файласуфони кишвар, ки хатмкардаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав будаанд, дар он замон, ба назари мо, маънии комилан дигар дошт.

Табиист, ки он замон орзу доштем, ақаллан бо як тан аз файласуфони ҳирфаӣ, ки мактаби фалсафии Шӯравиро гузаштааст (он замон факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав маркази илму маорифи Шӯравӣ маҳсуб меёфт ва мутахассисони сатҳи баланди фалсафӣ ва умуман, илмҳои гуногун маҳз дар он боргоҳи илмию маърифатӣ омода мешуданд), суҳбат кунем ва пурсишу суолоти хешро, ки солҳо дар зеҳнамон чарх мезаданд, бо онҳо дар миён бигузорем. Бо ин ният, аз дӯстону ҳамсабақон ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ ному нишони файласуфони ҳирфаиро ҷустуҷӯ мекардем. Аз ҷониби дигар, ба воситаи доктори илми фалсафа, профессор, устоди равоншод Муҳаммадқул Ҳазратқулов, ки аз фанни маданиятшиносӣ дарсамон медод, бо чеҳраи файласуфи ҳирфаӣ, муаллимаи азиз Фирӯза Турсунзода (он кас хатмкардаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав буданд) ошно шудем ва ҳамин тур, соли дуюми таҳсили донишгоҳӣ дар доираи баргузории конфронси апрелӣ аз суҳбати муқаддимотии файласуфи ҳирфаӣ, доктори илми фалсафа, профессор Фирӯза Турсунзода (духтари шоир ва сиёсатмадори маҳбуби тоҷик, устод Мирзо Турсунзода) баҳра бурдем. Дар доираи кори конфронси апрелӣ аз тарзи гӯйиш, суҳбат ва баррасиҳои муаллимаи гиромӣ Фирӯза Турсунзода лаззат бурдем ва бахусус, шеваи муомила ва муоширати муаллима бо донишҷӯён ва ҳозирини конфронс барои мо-муҳассилини содаи деҳотӣ сахт писанд омад. Азбаски муаллима мактаби фалсафии Маскавро гузашта буд, атрофи масоили фарҳангию фалсафӣ хеле ором, шево, гуворо ва зебо суҳбат намуд.

Баъдтар, бо фаро расидани шароити мусоиди ташкилӣ, таълимӣ, тадрисӣ ва илмӣ дар заминаи факултаи таърих дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи фалсафа таъсис ёфт ва дар таъсиси ин шуъбаю ихтисоси нав, ки баъдан ба факултаи фалсафа табдил ёфт, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов нақши асосӣ доштааст. Аз ҳама муҳим, мо бо симои дигари фалсафаи ҳирфаӣ — доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов, ки тарбиятдидаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав буданд, шинос шудем. Аз доираҳои илмию ихтисосии ватанӣ иттилоъ ёфтем, ки доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов соли 1973 риштаи фалсафаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм намуда, дар он ҷо таҳсилоти аспирантуриро анҷом дода, сазовори дараҷаи илмии номзад ва баъдан доктори илми фалсафа (соли 1989) гардидааст.

Ба ин тариқ, ҳамсабақи донишгоҳиам Нуриддин Шаҳобуддинов, ки солҳои 1997-1998 дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон устод Муҳаммад Давлатович вазифаи мудирии кафедраи таърихи фалсафаро бар уҳда доштанд) ба сифати омӯзгор фаъолият мекард ва имрӯз аз чеҳраҳои матраҳи фалсафаи миллӣ ба шумор меравад, моро бо файласуфи ҳирфаӣ ошно кард. Ошноии аввалини мо дар кафедраи таърихи фалсафа, дақиқтараш, дар зодрӯзи устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов (11 марти соли 1998) иттифоқ афтод. Дар кафедраи таърихи фалсафа баъд аз зуҳри 11 марти соли 1998 омӯзгорон якҷо зодрӯзи устод Муҳаммад Давлатович Ғоибовро таҷлил мекарданд ва Нуриддин Шаҳобуддин маро ба нишасти идона минҳайси меҳмон даъват кард ва аз ин тариқ ифтихори ошноӣ бо файласуфи воқеӣ ва ҳирфаӣ Муҳаммад Давлатович Ғоибов муяссарам гардид. Дар нишасти ҷашнӣ, ки ба муносибати зодрӯзи устод Муҳаммад Ғоибов доир гардида буд, дар баробари кормандони кафедра, ҳамчунин яке аз донишмандони саршиноси ҷумҳурӣ, забоншинос ва фонетисти хушному беҳтарини миллию ватанӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори марҳум устод Толиб Хаскашев ҳузур доштанд. Суҳбати ҷашнӣ бо ҳузури ин ду донишманди номовари ватанӣ барои мо, ҷавонони онвақта хеле ҷолиб ва муассир буд. Устодон М. Ғоибов ва Т. Хаскашев аз ҳар хусус, аз ҷумла роҷеъ ба ҳаракати равшанфикрии Шарқу Ғарб, мақом ва ҷойгоҳи равшангарони иронию афғонӣ дар таҳаввулоти фикрию фарҳангӣ, саҳми Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ва Маҳмуди Тарзӣ дар тақвияту рушди маорифи исломию миллӣ суҳбатҳои хотирмон карданд. Мо насли ҷавони дар нишасти идона ҳузурдошта аз тарзи масъалагузорӣ, шеваи баррасӣ ва тариқаи андешаронии файласуфи ҳирфаӣ Муҳаммад Давлатович ва ҳамнаслони вай, аз ҷумла Комил Бекзода ва Толиб Хаскашев кайфияте бардоштем, ки агар муболиға нашавад, қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Ин буд, ки рӯзи таваллуди устод Муҳаммад Давлатович ба рӯзи муколимаву гуфтугӯ ва баҳсу мунозираҳои ҷолиби илмӣ ва фалсафӣ табдил ёфт ва воқеан, сатҳи донишу биниши маҳдуди моро дар заминаи шинохти ҳаракату ҷунбишҳои динию миллии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавсеа бахшид. То ин дам ман, шахсан танҳо исми Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ, Халилуллоҳи Халилӣ ва амсоли онҳоро шунида будаму халос, Аммо дар як нишасти кӯтоҳи ҷашнӣ, ба туфайли суҳбатҳои шуниданӣ ва дилангези устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов аз авзои сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию мадании Ховари Миёна, минҷумла ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳии Афғонистон ва ашхоси саршиноси сиёсию мадании он воқиф шуда, дар доираи ҷараёнҳои равшангарии шарқӣ иттилооти нофеъ касб кардам. Ман, ки дунболи файласуфи ҳирфаӣ ва дар айни замон, шефтаи гуфтугӯҳои ҷолиби фалсафӣ будам, ба тарзи сухангӯйӣ, андешаронӣ, мулоҳизакорӣ, қиссапардозӣ ва мубоҳисаоройии устод Муҳаммад Давлатович таваҷҷуҳ мекардам ва аз ин лаҳзаҳо болида, худ ба худ мегуфтам, ки минбаъ фурсати муколимаву гуфтугӯро бо файласуфи ҳирфаӣ, ки пешорӯям қарор дошт, пайдо кардам.

Пас аз он нишасти таърихӣ (нишасти идонае, ки ба муносибати зодрӯзи устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов 11 марти соли 1998 дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд, дар назар аст), ки дар тавсеаи донишу биниши мо таъсиргузор буд, ба ҷустуҷӯйи осори илмӣ-таҳқиқии устод Муҳаммад Давлатович машғул шудем ва тавассути мурур ва мутолеаи китобҳои илмию ихтисосии мавсуф ҷанбаҳои дигари шахсиятӣ, ҳувиятӣ ва илмию эҷодии ӯро барои худ кашф кардем. Бавежа, мурури китобҳои Муҳаммад Давлатович Ғоибов “Аз таърихи равшангароии Тоҷикистону Афғонистон” (-Душанбе, 1979) ва “Мактаби Маҳмуди Тарзӣ ва саҳми ӯ дар равнақи ҳаёти мадании Афғонистон” (-Душанбе, 2004) шароити мусоид фароҳам овард, ки дар заминаи муборизаҳои сиёсию фикрӣ ва иҷтимоию маданиии Афғонистон ва Ховари Миёна иттилооти комил рӯйи дастамон қарор бигирад ва маҳз  мутолеоти рисолаҳои тахассусии устод роҳи ҷустуҷӯҳои минбаъдаи илмию эҷодии моро ҳамвор намуд.  Рисолаҳои илмӣ-таҳқиқии устод (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба ин ду китоби арзишманд: Ғоибов М. Д. Аз таърихи равшангароии Тоҷикистону Афғонистон. -Душанбе, 1979;  Ғоибов М. Д. Мактаби Маҳмуди Тарзӣ ва саҳми ӯ дар равнақи ҳаёти мадании Афғонистон. -Душанбе, 2004) на танҳо дар афзудани донишҳои фалсафию ихтисосӣ, балки дар шинохти авзои сиёсию иҷтимоӣ, марҳилаҳои таърихӣ, шаклгирии ҷунбишу ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ, муаррифии чеҳраҳои сиёсию маданӣ ва матраҳ намудани фалсафаи равшангаройии минтақа ба доираи васеи хонандагону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаҳои муътамади илмию ихтисосӣ кумак мекунанд.

Устод Муҳаммад Давлатович ҳамчун донандаи хуби таърихи фалсафа ва афкори иҷтимоию маданӣ ва минҳайси файласуф дарк кардаанд, ки танҳо равшангарӣ ва танвири фикрӣ ҷомеаҳои суннатиро, ки бар мабнои хурофоту стереотип ва қолибҳои шахшудаи иҷтимоӣ ташаккул ёфтаанд, аз вартаи вопасгаройиву ақибмондагӣ наҷот мебахшад ва роҳи рушду тараққиро ҳамвор месозад. Устод тайи умри бобаракати хеш кори равшангариро аз тариқи омӯзишу таҳқиқ, таълиму тадрис, мудирияту навсозии фикрӣ ва ибтикороти эҷодию тарбиятӣ идома дода, дар ин масири мушкилписанди зиндагӣ устуворона гом бардоштааст. Ин аст, ки устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов аз соли 1977 то замони ба нафақа баромадан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дар вазифаҳои гуногун — муаллим, муаллими калон, дотсент (солҳои 1977-1991), мудири кафедраи таърихи фалсафа (солҳои 1993-1996), ноиби ректор оид ба тарбия ва таъминоти иҷтимоӣ (солҳои 1996-2000), мудири кафедраи таърихи фалсафа (солҳои 2000-2004) ва мудири кафедраи фарҳангшиносӣ (солҳои 2005-2010) фаъолият карда, шогирдони зиёдеро тарбият намудааст. Устод аз соли 1994 дар вазифаи профессори кафедра фаъолият карда, шогирджони зиёдеро то ба дараҷаи номзадӣ ва докторӣ расонидааст. Хидматҳои бедареғи устодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (соли 1998) қадр кардааст.

Тавре ки болотар тазаккур ёфт, устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов ташаббускор ва яке аз муассисони шуъбаи фалсафа ва минбаъд факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аз оғози фаъолияти шуъба ва кафедраи таърихи фалсафа устод Муҳаммад Ғоибов ҷалби мутахассисон ва олимони варзидаи илмҳои фалсафиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ дониста, дар ин замина ибтикороти ҷиддие рӯйи даст гирифт. Махсусан, ҷалби насли ҷавон ба корҳои илмию тадрисӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муассири устод Муҳаммад Давлатович дар имтидоди фаъолияти раҳбарӣ маҳсуб меёбанд. Бо он ки устод имрӯз бар асари беморӣ аз кори тадрисию илмӣ канора гирифтаанд, ҳамеша аз ҳолу аҳволи омӯзгорону донишҷӯёни факулта пурсон мешаванд ва аз пешравию дастовардҳои ҳайати омӯзгорӣ-профессорӣ меболанд. Охир, дар ин даргоҳи таълимию илмӣ нисфи умри пурбаракаташро сарф кардааст: солҳо кафедраҳои тахассусиро мудирият кардааст, ба шогирдон сабақи фалсафаи миллию башарӣ омӯхтааст, ба садҳо нафар устодони ҷавон ва миёнсол дасти кумак дароз кардааст ва мунтаҳо, худсозию худафрӯзиро шарафи корӣ донистааст. Аз ин ҷост, ки ба тақдир ва сарнавишти факултаи фалсафа асло бетафовут буда наметавонад. Ба ин маънӣ устод садоқат ва хидмат ба ватан, миллат, халқ ва давлати Тоҷикистонро рисолати омӯзгорӣ, олимӣ, файласуфӣ ва билохира инсонии худ медонанд.

Чун устод дар риштаи равшангарӣ тахассуси илмӣ доранд, қисмат гӯиё ки таваллудашонро ҳам ба рӯзи 11 март (устод 11 марти соли 1943 таваллуд шудаанд), яъне Рӯзи матбуоти тоҷик мусодиф ва таъйин кардааст. Дар зимн, матбуот василаи асосии ташаккулу рушди танвири фикрӣ ва равшангаройӣ аст. Ба ин далел, 11 март ба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик бо зодрӯзи Муҳаммад Давлатович Ғоибов иртиботу таносуби мазмунию мундариҷавӣ ва маъноиву муҳтавоӣ дорад. Дигар ин ки устод умри худро сарфи тадриси фалсафа ва дар маҷмӯъ, кори равшангаройӣ кардааст. Равшангаройӣ бошад, бо матубот шурӯъ мешавад ва аз тариқи мақолоту гузоришоти матбуотӣ ба ҷомеа расида, дар баданаҳои иҷтимоӣ реша медавонад.

Чун дар арафаи зодрӯзи устод Муҳаммад Давлатович ва Рӯзи матбуоти тоҷик қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода намуда, матбуотчиёни миллию ватаниро табрик ва зодрӯзи муҳаққиқ, муаллим ва файласуфи тоҷик устод Муҳаммад Давлатович Ғоибовро шодбош гуфта, барояшон сиҳатию тандурустӣ, нерую қуввати ҷисмию фикрӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоем.

Зодрӯз хуҷаста ва фархунда бод, устоди гиромӣ!

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here