Дар забони мо таъбирҳои ва донишвожаҳое, ки иштибоҳан аз ҷое омада ва дигар ғалати машҳур шудааст, кам нестанд. Аз чунин таъбирҳои нодуруст, таъбири “Адабиёти бачагона “ ё “Шеъри бачагона” ё “Насри бачагона” аст, ки имрӯз дар навиштаи яке аз соҳибқаламон дар фазои маҷозӣ хондам. Табиист, ки чунин таъобир дар адабиёти классики мо набудааст. Ва ниёкони мо ҳаргиз чунин таъобири ноҷӯр ва таҳқиромезро дар мавриди адабиёт ба кор намебурдаанд.

Вожаи “бачагона”- ро дар қарни бистум аз забони русӣ (“Детская”) айнан гирифтаанд, яъне калка кардаанд. Ҳоло биёед маънои ин вожаро баррасӣ бикунем. Вожаи “Бачагона”дар забони мо маъонии аслӣ ва маҷозӣ дорад. Бачагона чунонки дар фарҳангҳо омада аст, яъне он чӣ бача бад-он бозӣ мекунад, яъне дархӯри атфол аст. Ё он чӣ тифлро ба кор ояд. Ё Он чӣ мансуб ва марбут ба бача аст. Маънии маҷозии вожа, «кори аҳмақона» аст, яъне коре, ки бидуни таъақул анҷом пазирад. Коре, ки аз рӯи нодонӣ ва аҳмақона анҷом шуда аст. Насанҷида ва беақлона…

Оё адабиёти бачагонаи мо чунин аст ва ё касоне, ки ин таркиби донишвожаро дар адабиётшиносӣ ба кор мебаранд,”бачагона” рафтор мекунанд?!

То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, адабиёт барои атфол ё навҷавонон як саре вижагиҳое дорад, ки офаридани он кори чандон осоне нест ва вақте вориди баҳс ва пижуҳиш рӯи ин падида мешавем, мебинем, ки як таърифи ҷомеъ аз адабиёт ва ё адабиёт барои кӯдакон кори сангин аст.

Пайдост, ки адабиёт падидаи ҳунарӣ аст ва ҳунар дар ҷомеъа ҷойгоҳи бас рафеъ дорад ва мардум бо дар назардошти он ки ҳунар дар даруни худ гавҳар дорад ба суроғи ҳунар мераванд ва ин гавҳар сабаби ҷазби инсон мешавад… Адабиёт аз роҳи забон шакл мегирад. Кори нависанда ё шоир ва ё ҳар ҳунарманде таъсир гузоштан ба зеҳни хонанда, шунаванда ва ё бинанда аст. Яъне агар нависанда достоне бинвисад ва ё шоире шеъре бинависад, бояд чунин забонеро ба кор бигирад, ки эҳсоси хонандаро барангезад. Аммо як муҳаққиқ бояд бо забони мантиқӣ сухан бигӯяд ва ҳар таркиб ва таъбир ва донишвожаҳоеро, ки ба кор мебарад, хуб биандешад ва фарозу фурудашро бидонад. Варна навиштааш “бачагона” мешавад ва ба дарди “бачаҳо” намехӯрад. Адабиёт чӣ барои кӯдакону навҷавонон ва чӣ барои миёнсолону пирон пайдост, пеш аз ҳама бояд адабиёт бошад. Яъне як асари ҳунарӣ. Ва табиист, ки ҳама осори адабӣ наметавонад шоҳкор бошад ва танҳо онҳое шоҳкор мешаванд, ки бо маъонии жарф ва забони вижа ва каломи барангезонанда ва таъсиргузории отифии бисёр жарф ба дилҳо роҳ меёбанд ва ақлҳоро таҳрик мебахшанд. Адабиёт зебоӣ аст. Зебоӣ дар адабиёт ҳамон энержӣ ва нерӯе аст, ки моро ба тарафи худ мекашад. Ин зебоии зоҳир нест. Маҷмӯъае аз ъавомил ва ъавотиф аст, ки ҳисҳои мухталиферо дар вуҷуди мухотаб бармеангезад. Албатта, ниёкони мо адабиётро ба адабиёти кӯдакону калонсолон ҷудо намекарданд. Ин гуна тақсимбандӣ дар таъсири адабиёти Урупо ба адабиёти мо интиқол ёфтааст. Дар Урупо аз қарни 18 ба баъд чунин тафкик дар адабиёт падид омад ва ба тадриҷ ҷаҳонӣ шуд. Аммо ин ҳаргиз бад-он маъно нест, ки қаблан китобҳое, ки мухотаби ӯ навҷавонон бошад, набудааст. Дар адабиёти мо даҳҳо андарзномаҳо ва насиҳатномаҳо навишта шудааст, ки мухотаби онҳо кӯдакону навҷавонон буда аст. Яке аз роҳҳои бунёдӣ барои шинохти адабиётро муҳақиқин дар он диданд, ки бояд ъаносир ва бунёдҳои адабиётро бо тафкик кардан бишносанд. Дар ин росто робитаи сохтории як асар бо мухотаб, иртиботи зебоишинохтӣ ва таъсиргузорӣ ба мухотаб ва ғайра бисёр муҳим аст. Яъне як асари адабӣ ва дар ъайни ҳол фалсафӣ монанди осори бузургони адаби ҷаҳон, мисли “Шоҳнома, “Маснавӣ” ва бузургоне чун Достоевский, Жан Пол Сорт, Албер Комю, Содиқи Ҳидоят ва ғайраро ба кӯдакон пешниҳод кунем, онҳо наметавонанд бо осори ин бузургон иртибот барқарор кунанд. Чаро ки паёмҳое, ки дар ин осор омодааст, аз сӯйи кӯдакон наметавонад пазируфта шавад, зеро бачаҳо зарфияти шинохте ба он андозаро надоранд. Бинобар ин, бояд ҳар асаре бо мухотаби худ иртибот барқарор кунад ва битавонад ба тадовум ва ҳастии худ идома диҳад. Нависандаи адабиёти кӯдакон муваззаф аст, ба гунае бинависад, ки таъсироти шинохтии мусбате рӯйи кӯдак бигзорад, яъне аз ҷиҳати равонӣ сабаби рушди кӯдакон бишавад.

Пайдост, ки адабиёт ҳам нақши адабӣ дорад ва ҳам нақши иҷтимоӣ. Ҳама касоне, ки адабиёт хондаанд, бидуни тардид аз бархе китобҳо ё осори хондаашон, аз бархе камтар ва аз бархеи дигар бештар мутаассир шудаанд. Аммо як асареро, ки як калонсол бо он иртибот пайдо мекунад, як кӯдак наметавонад онро бипазирад. Ё он лаззате, ки аз хондани як афсона, ё як достон, ё як шеъри содда навҷавонон мебардоранд ва таҳти таъсир қарор бигиранд, барои мо шояд як чизи маъмулӣ ва сода бинамояд. Ман дар 10 — 15 солагиам тақрибан бисёре аз ашъори шоироне, ки барои кӯдакону навҷавонон менавиштанд, мехондаму ҳифз мекардам ва лаззат мебурдам ва ҳоло агар зарурате пеш наояд ба бисёре аз онҳо рӯй намеоварам.

Баъзе шеърҳо ё достонҳо метавонад дар ҳолате гуфта шавад, ки дар баробаори асари отифӣ, асаргузории иҷтимоӣ ҳам дошта бошад. Чунончи шеъри бисёр зебо ва пурмуҳтавои Фарзонабону, ки имрӯзҳо сари забонҳост ва дар маҳофили мухталиф чун ниёиш хонда мешавад ва даҳҳо нафар аз ҳофизони мухталиф низ бо оҳангҳои мухталиф онро месароянд:

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,

Замину осмонҳоро нигаҳ дор.

Балорову ваборо дур андоз,

Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.

Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,

Навонав насли фардоро нигаҳ дор.

Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,

Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.

Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,

Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.

Худо гӯянд акнун бехудоён,

Ки ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.

Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,

Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.

Бани Одам якаъзо мешавад боз,

Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.

Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,

Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.

Суман нуру чаман нуру ватан нур,

Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!

Аммо адабиёти кӯдакон бештар ниёз ба таъсири отифӣ дорад ва адабиёти бузургсолон бояд ҳам таъсирӣ ҳунарӣ ва иҷтимоӣ ва ҳам асари отифӣ дошта бошад.

…Устод Маликушшуаррои Баҳор боре гуфта буд, асаре, ки Шуморо таккон надиҳад, ба таҳрик наоварад, чизе наомӯзад, онро дур андозед… Аҳли адабу ҳунар инсонҳои ормонгарое ҳастанд. Яъне ҳунармандони воқеъӣ саъй мекунанд, ормонҳоеро, ки ба он эътиқод доранд дар осори худ биоваранд ва ин ормонро хонанда ё мухотаб дарёфт бикунад ва аз ин ормон таъсир бигирад… Масалан, ормони Фирдавсӣ, дар Шоҳнома аз ҷумла нерӯмандӣ, бузургворӣ ва шаҳомату шукуҳи Эрон ва эҷоди ҷаҳоне, ки дар он дод бар бедод чира шавад буд… Саропои “Шоҳнома” ин паёмро ба ҷаҳониён мерасонад… Ва аз ин ҷост, ки “Шоҳнома” нақши огоҳкунанда дорад ва нақши бузурги иҷтимоӣ дорад. Барои ман беҳтарин китоби адабиёти кӯдакон ҳамон аст, ки тавонам онро гаштаву баргашта бихонам. Мисли “Замини Инсонҳо “ ва “Шоҳзодаи кучулӯ”-и Экзепюрӣ аст. Иллати асосии ҷаззобияти ин китобҳо коркарди тахайюл ва ё эҷоди ҳисси хаёлпардозӣ аст.Чунин адабиёт ба навҷавонони мо ёрӣ мекунад, ки доманаи хаёли худро густариш диҳанд. Шеъри кӯдакон низ бояд чунон бошад, ки хаёлпардозӣ сабаб шавад то кӯдакону навҷавонони тавонанд аз қувва ва нерӯи зеҳнии худ истифода бикунанд. Масалан, китоби “Сармаддеҳ”- и Баҳманёрро ман беҳтарин китоб барои рушди тахайюли навҷавонон медонам. Ба шарте, ки ҷавонон ва навҷавонон завқи зебоипарастӣ дошта бошанд ва китоб хонданро ёд гирифта бошанд. Ва низоми омӯзиши дар кишвар бояд чунон бошад, ки чунин китобҳоро ба ҷавонон пешкаш бикунад ва беҳтарин осорро ба китобҳои дарсӣ шомил кунад. Ниёкони мо бидуни дар назар гирифтани ноҳамсониҳои синнӣ, ба фарзандони хеш андарз додаанд, насиҳат кардаанд ва роҳро аз чоҳ боз шиносондаанд.

Кош онҳое, ки имрӯз барои кӯдакон менависанд чунон бинависанд, ки баъд аз ҳазор сол низ ба дарди фарзандони мо бихӯрад. Ва аз онҳое, ки таъбирҳои ночаспони “Адабиёти бачагона” ва ё насру назму намоишномаҳои бачагонаро ба кор мебаранд, аз ба кор бурдани онҳо худдорӣ бикунанд ва адабиёти кӯдакон ва навҷавонон ва ҷавонон бинвисанд!

Сафар АБДУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here