Ҳабибулло Абдураззоқов дар муҳити фарҳангу адаб ва тарбияи аҳли китобу маърифат ба камол расида, чун ҳунарманди асил барои рушди санъати касбӣ, рушди театр ва синамои тоҷик хидматҳои пурарзише кардааст.

Соли 1961 баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский (ГИТИС)-и ш. Маскав фаъолияти эҷодии худро дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи К. Хӯҷандӣ)-и ш. Хӯҷанд оғоз бахшидааст.

Гуруҳи онҳо бо номҳои тобноке ба мисли Ҳ. Абдураззоқов, М. Исоева, Ҳ. Гадоев, М. Воҳидов, Ф.Ғуломова, М. Камолова, Н. Ҳасанов, Т. Аҳмадхонов, Т. Абдушукурова ва дигарон ба ҳайси дуюмин гуруҳи тоҷикии ҳунари актёрии Донишкадаи фавқуззикр ба театри тоҷик фазову насими тоза, реализму касбияти бештари эҷодиро ворид намуданд.

Зиндагинома ва роҳи тайкардаи эҷодии Ҳабибулло Абдуразоққов ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон басо пурбору пурпечутоб буда, барои насли имрӯзу фардои аҳли фарҳангу ҳунар беҳтарин сабақи фидокориву садоқат мебошад.

Нақшҳои бозидаи ӯ дар даҳҳо намоишҳои театри тоҷик ва қаҳрамонони офаридааш дар зиёда аз 50 филмҳои синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Русияву Эрон ва дигар студияҳои синамоии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ба ҳадди образҳои барҷаста расида, барои ғановати маънавию ахлоқии миллионҳо тамошогарон таъсири пурарзиш гузоштаанд. Ҳамчун коргардони хушзавқу хушсалиқа бештар аз 50 намоишҳои театрӣ ва даҳҳо барномаву консертҳо, ҷашнвораву чорабиниҳои бузурги милливу ҳукуматиро бо донишу малака, маърифати баланду идеяҳои созанда таҳия намудааст, ки дар саҳифаҳои таърихи навини санъати касбии тоҷик бо рангу ҷило ва ҳусну шукуҳи хоса сабт гардидаанд.

Қаҳрамонони саҳнавию синамоияш бо ҳарорати пурҷозибаи истеъдоду ҳунар, бо лирикаи хосу пурэҳсос, бо садои қавию нутқи расо ва санъати баланди суханварӣ ҳамчун образҳои равшану хотирмон офарида шудаанд. Нақшҳои Любим Тартсов (“Камбағалӣ айб нест”-и А.Н.Островский), Дерамо (“Шоҳ -Гавазн”-и К.Готси), Ёдгор (“Дохунда”-и Ҷ.Икромӣ), Файзуллоҷон (“Иродаи зан”-и А.Сидқӣ), Меркутсио, Отелло (“Ромео ва Ҷулйетта”, «Отелло»-и У.Шекспир), Шоир Хуршед, Афросиёб (“Ӽуррият” ва “Рустам ва Сӯҳроб”-и Ғ.Абдулло ), Низомиддин (“Дилҳои сӯзон”-и Ҷ.Икромӣ), Қарабой (“Гилеми кабуд”-и Т.Аҳмадхонов), Чатский (“Дод аз дасти ақл”-и Н.Грибоедов), Корманди воломақомоти ҳизбӣ (“Вақте, ки шаҳр хуфта буд — и А.Чхаидзе), Мулло Нурддин (“Вопасин арӯси амиралмӯъминин”–и Ф.Муҳаммадиев), М.Турсунзода (“Фарзанди Осиё”-и Р.Қудратов), Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Ф.Шиллер), Кент («Шоҳ Лир»-и У.Шекспир), Шоҳ (“Баҳроми Чӯбина”-и Т.Аҳмадхонов) ва ғ. гувоҳи онанд, ки паҳнои ҳунару маҳорати иҷрокунандагии ӯ дар жанрҳои мухталифи саҳнавӣ-ҳам фоҷеа, ҳам драма ва ҳам мазҳака хеле қавию васеъ мебошад.

Яке аз нахустин нақшҳои бозидаи Ҳабибулло Абдураззоқов дар саҳнаи театр нақши Любим Тортсов аз намоиши «Камбағалӣ айб нес»-и Н. Островский мебошад. Намоиши мазкур дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфуз аст ва ман онро борҳо гӯш карда, ба нақши Любим Тортсов дар иҷрои Ҳ. Абдураззоқов ошиқу мафтун гашта будам. Рӯҳи исёнгаронаву адолатхоҳӣ, ҳақталошиву ҳақҷӯии Любим Тортсов дар хислату шеваи рӯзгор ва мароми зиндагии Ҳ. Абдураззоқов таъмири амиқ гузошт…

Ҳабибулло Абдураззоқов дар баробари ҳунарманди соҳибистеъдоди касбӣ буданаш, ҳамчунин беҳтарин донандаи суннат, анъанаву урфу ойин ва ҳунарҳои мардумӣ буд.

Дар заминаи ҳамин огоҳиҳо ӯ дар таҳияи барномаҳои эҷодиву сафарии чандин ансамблҳои фолклории хонаҳои эҷодиёти халқи ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштааст. Аз ҷумла, ӯ соли 1978 ансамбли фоклорӣ этнографии “Чашма”-и колхози Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои куҳистон дар шаҳри Закопанияи Лаҳистон (Полша) омода сохт, ки дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ансамбл ба дарёфти шоҳҷоизаи он-“Табарчаи тиллоӣ” сазовор гардид.

Намоишҳои дар саҳнаи театрҳои касбӣ таҳиякардааш низ бо услубу обуранги миллӣ, пайванду тақвияти арзишҳои фарҳанги шарқӣ бо унсуру воситаҳои театри муосир ва бо бадеияти хоси худ басо ҷаззобу шавқангез буданд.

Намоишномаи мазҳакавии “Садо аз тобут”-и Абдулло Қаҳҳор, ки таҳияи он дар Ӯзбекистон аз ҷониби мақомоти ҳизбӣ (Ҳизби коммунист) манъ карда шуда буд, соли 1975 дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ бо иқдому ҷасорати хосаи Ҳабибулло Абдураззоқов ба тарзи нав ва бо нигоҳи тозаи коргардонӣ таҳия гардид, ки бо ансамбли қавии актёроне чун Аслӣ Бурҳонов, Марям Исоева, Маҳмуд Тоҳирӣ, Саидмурод Мардонов, Носир Ҳасанов, Қиёмиддин Чақалов ва дигарон аз сертамошобинтарин намоиши театр маҳсуб мешуд.

Ман он намоишро солҳои донишҷӯиям борҳо тамошо кардаам ва вақте, ки ба театри Лоҳутӣ ба кор омадам, мушоҳида намудам, ки тамоми ҳунармандон ва кормандони хадамотии театр низ намоиши “Садо аз Тобут”, махсусан саҳнаҳои сурудхониву ишқварзии Маҳмуд Тоҳириву Марям Исоеваро бо шавқи беандоза тамошо мекарданд.

Устод Ҳабибулло Абдуразоқов бисёр марди шӯху зиндадил буд, ҳазлу зарофатҳое дошт, ки хоси табиату завқи худи ӯ буданд.

Аз зарофатҳои Ҳабибулло Абдураззоқов:

-Барои таҷлили 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Сафармуҳаммад Айюбӣ ҳамроҳи як гуруҳ адибон бо чанд мошини «Ғазал» (Газел) ба шаҳри Кӯлоб сафар доштем. Устод Ҳ. Абдураззоқов дар як мошин бо мо ҳамсафар буду бо шӯхиву зарофатҳои намакинаш табъи ҳамроҳонро болида месохт. Дар роҳи Олимтой нависандаи маъруф Равшани Ёрмуҳаммад бо таҳайюр нидо баровард:-О, ин ҷо ин қадар хар бисёр! -Ҳоло нисфи зиёдаш Душанбе рафтагӣ!- посух дод Ҳабибулло Абдураззоқов.

-Аз рӯзҳои бо ансамбли «Чашма»-и колхози Миралӣ Маҳмадалиев кор карданаш ёдовар шуда, устод бо ҳазлу танзи хоса қисса мекард, ки ду хатмкардаи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон бо дасту бозувони қавӣ дар тағораҳои калоне барои раис оби анор меафшурданд. Ду бригадаи коргарони маошхӯр баҳору тобистон барои раис қоқуву дигар гиёҳҳои табобатӣ ҷамъ меоварданд, дар фасли зимистон бошад барои қавӣ гардонидани камари раис гунҷишк шикор мекарданд. Рухсораҳои раис аз зиёдии витаминҳо ба кафидан моил буданд-бо табассуми латифе қисса мекард устод…

Ба ин маънӣ суҳбатҳои устод Ҳабибулло Абдураззоқов саршор аз ҳазлу мутоиба, танзу зарофатҳои нешдоре буданд, ки зоҳиран хандаовару фараҳбахш бошанд ҳам, дар батни худ ифодагари исёну норозигиҳои ӯ алайҳи беадолативу ноҳақиҳо, ҷаҳолату бефарҳангиҳо дар ҷомеа буданд.

Дар заминаи ҳамин танзу зарофатҳои нешдору нӯшдори хеш ӯ намоиши “Вопасин арӯси амиралмӯъминин”-и нависандаи маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиевро чунон таҳия намуд, ки муаллиф ҳангоми тамошои он асари худро нашинохт.

Мазҳакаи “Вопасин арӯси амиралимӯъминин”(манзур охирин амири Бухоро Олимхони манғит аст) бо ансамбли қавии актёрон Бурҳон Раҷабов, Носир Ҳасанов, Убайдулло Раҷабов, Саидмурод Мардонов, Намоз Ойматов, Асалбек Назриев ва дигарон басо ҷолибу шавқовар таҳия шуд. Худи устод низ дар он намоиш яке аз нақшҳои калидиро иҷро мекард ва дар симои он қаҳрамон мо ва ҳамаи шиносони Ҳабибулло Абдураззоқов чеҳраи худи ӯро бо танзу ҳазлу зарофатҳои намакинаш медидем.

Ба ман ҳам устод дар ин намоиш иҷрои нақши қаҳрамони бесухан, нақши Девонаро пешниҳод карда буд, ки он яке аз дӯстдоштатарин нақшҳои ман дар саҳнаи театри Лоҳутӣ буд.

Яке аз омилҳо ва услубҳои неку самарабахши коргардонии устод Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамкориҳои эҷодии ӯ бо муаллифон буд, ки натиҷаи равшану дилхоҳи онро мо дар таҳияи мазҳакаи “Вопасин арӯси амиралмӯъминин” мушоҳида кардем.

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев бо дидани машқу тамринҳои марҳилаи ниҳоии намоиш (прогонҳо), андешаву пешниҳодҳо ва услуби кори коргардон, ҳамчунин, ҷустуҷӯҳои саҳнавии ҳунарпешагон ба кори аҳли эҷоди театр баҳои баланд дода, эътироф кард, ки заҳмати офарандагони намоиш (спектакл) аз заҳмати дромнавис, яъне навиштани намоишнома (пйесса) боз ҳам сангинтару басо заҳматталаб будааст. Ӯ ҳамчунин, бо эҳтирому ихлоси самимӣ қоил шуд, ки муаллифи воқеии асари саҳнавӣ коргардон аст ва муваффақияту арзишҳои ғоявии намоишнома маҳз аз коргардону услуби таҳияи ӯ вобаста мебошад.

Чунин ҳамкориҳои дӯстонаву эҷодкоронаи ӯ бо адибони маъруф Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Файзулло Ансорӣ, Нур Табаров ва дигарон дар фаъолияти эҷодии ӯ чун коргардону ҳунарпеша ба барномаи эҷодии театр натиҷаҳои басо дилхоҳ ба бор оварданд.

Бисёр саҳнаҳои ҷолиб, аз лиҳози бадеияту тобишҳои ғоявӣ такмилу сайқал ёфтани асар маҳз дар баҳсу талош, андешаву пешниҳодҳои  коргардону ҳунарпешагон ҳангоми тамринҳо ҳосил мегардад. Намоиши «Дар чорсӯ»-и Н. Табаров беҳтарин маҳсули ҳамкориҳои коргардон ва муаллиф маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, яке сабабҳои муваффақияти саҳнавии асар ин интихоби ансамбли хубу муносиби актёрон мебошад, ки дар ин маврид устод Ҳабибулло Абдураззоқов завқу нигоҳи хоса дошт…

Таҳияи ҳар як намоиш, таҳлилу баррасии мавзӯъ, ҳолату воқеаҳо, ҷаҳони ботинӣ ва андешаву афкори ҳар як қаҳрамон, бахсу талош ва ҷустуҷӯҳои мантиқӣ мактаби бузурги эҷодист, ки дар он ҳунарпешагон, хусусан ҳунарпешагони ҷавону роҳҷӯ тарбият ёфта ба камол мерасанд. Аз ин ҷост, ки театр бо намоишҳои худ, бо аҳли эҷоди хеш, бо ҷустуҷӯҳои эҷодӣ бо сӯхтану сохтанҳо таҷассумгари набзи замон аст. Мақому ҷойгоҳи ин мактаби бузургро дар фаъолиятҳои эҷодии коргардонҳои шинохтаи театри тоҷик устодон Хушназар Майбалиев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фаррух Қосимов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоқов бо таҳқиқ ва мушоҳида метавон дарёфт.

Дар мактаби эҷодии Ҳабибулло Абдураззоқов даҳҳо ҳунарпешагон ва коргардонҳои соҳибзавқу хушсалиқа сабақи ҳунар андӯхтаанд.

Замоне, ки устод Ҳабибулло Абдураззоқов масъулияти раисии Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистонро ба дӯш дошт, бо кӯшишу талошҳои ӯ шаҳри Душанбе ба пойтахти фарҳангии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфта буд. Ин нуктаро худи ходимони театру арбобони намоёни фарҳангу санъати он ҷумҳуриҳо бо эҳтиром ва самимият эътироф карда буданд.

Маҳз бо ташаббусу иқдоми Ҳабибулло Абдураззоқов ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” арзи ҳастӣ кард, ки дар доираи баргузориҳои он даҳҳо намоишҳои ҷолибу пурарзиш таҳия гашта, даҳҳо истеъдодҳои ҷавону падидаҳои тозаи театрӣ кашф гардиданд.

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Наврӯз” ҳам падидаи иқдоми ӯст, ки фарогири театрҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари минтақаи Осиёст.

Баргузории фестивал озмунҳои “Парасту” ва “Наврӯз” барои рушди театри касбии тоҷик ва театрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ такону тақвияти пурсамар бахшид.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар таъсис ва такомули эҷодии Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамчун аввалин роҳбари бадеии ин тифли навзоди санъати театрии тоҷик саҳму хизматҳои арзишманде кардааст…

Аз байни ҳамсабақон нахустин шуда ба унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштанаш (с.1964) ва дигар дастоварду комёбиҳои эҷодии ӯ боиси рашку ҳасад, бухлу нотавонбиниҳо мегардид. Ҳабибулло Абдураззоқов ба ҳама зарбаҳо ва пешомадҳои тақдир бо ҳунару истеъдод, бо танзу зарофат посух медод.

Театри «Падида» ва намоишҳои ҷолибу сафарҳои ҳунарии аҳли эҷодкорони он аз ҷумлаи дастовардҳои наҷибу пурифтихори Ҳабибулло Абдураззоқов ва бонуи хонадони фарҳангбунёдаш Шарофат Рашидова мебошад.

Яке аз охирин падидаҳои ифтихорангези фаъолияти эҷодии ӯ иҷрои нақши Ҳисом- оғо дар силсилафилми «Дар чашми бод»-и коргардони маъруфи синамои Эрон Ҷаъфари Ҷузонӣ буд.

Устод чанд соли охири умри пурбори худро дар бистари беморӣ гузаронида бошад, ҳам ҳеҷ гоҳ дилшикаставу рӯҳафтода набуд.

Ҳар гоҳе ба аёдаташ мерафтем, ӯро хандону болидарӯҳ дармеёфтем ва зарофату танзу шӯхиҳояш ҳамоно боиси шодиву фараҳмандиҳо мегаштанд.

Роҳбарияти кунунии театр аз Ҳабибулло Абдураззоқов бо фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳияи намоишҳо даъват ба амал оварда буд, вале бо сабаби вазъи саломатии устод ин нияти нек амалӣ нагардид…

Дили наҷиби ӯро ҷаҳолату торикӣ, бефарҳангиву ноадолатиҳо озор медод, вале Ҳабибуллои дарёдилу шӯху зариф ҳамеша ҳақгӯю ҳақҷӯю ҳақталош боқӣ монд… Ӯ пайваста бо эҷоду эъҷоз, бо сӯхтану сохтанҳо баҳри миллаташ, баҳри рӯшноиву маънавиёти ҷомеа зиндагӣ кард.

Месазад, ки барои хизматҳои шоёнаш, барои талошу ҷонбозиҳояш дар роҳи рушди санъату фарҳанги тоҷик муассисаи фарҳангие (шояд театри Падида) ба номаш номгузорӣ шавад.

Номи неку осори пурарзиши ӯ дар театр ва синамои тоҷик ҷовидонӣ хоҳад монд.

Рӯҳаш шоду охираташ обод бод!

Ортиқ ҚОДИР, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here