Наврӯз иди баҳор ва рӯзи оғози солшумории шамсӣ дар тақвими мардумони ориёист. Аз соли 2015 инҷониб тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз мавриди таҷлил қарор мегирад. Ин ҷашни бостонӣ дар баробари дигар арзишҳои миллию аҷдодӣ аз муҳимтарин ва гиромитарин аносири фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб меёбад.

Таърих ва собиқаи фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некӯиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувияти миллӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳо суннату хусусиятҳои ҷавҳарии ин ҷашнвораи миллии мо то имрӯз ҳам дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ мебозанд.

Наврӯз воқеан ҳам биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ ифода мекунад. Бинобар ҳамин, дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Наврӯз ҷойгоҳи вежа дорад ва новобаста аз хатарҳои таърихӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо тавонистааст асолати башардӯстона (инсондӯстӣ, меҳрварзӣ, баробарӣ, офарандагӣ, ғолибият бар бадӣ ва ғайраҳо) ва маърифати боақлонаи ҳодисаҳои табиии худро то замони мо ҳифз намояд ва густариш диҳад. Зеро, иди Наврӯз ҷашнвораест, ки на ба мисли ҷашни фарҳангҳои дигар дар робита ба рӯзи аввали солшумори тақвимӣ, ки аз ин ё он ҳодисаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегиранд, балки бо ҳодисаҳои табиӣ робита дошта, аз онҳо маншаъ мегирад. Махсусан, рамзҳои ҷавҳарии Наврӯз, ба мисли баробарӣ, навсозӣ ва навпардозӣ, маҳз аз ҳодисаҳои табиӣ сарчашма мегиранд. Дар поён пиромуни чӣ гуна рабт доштани Наврӯз бо ҳодисаҳои даврии табиат ва ҷабҳаҳои дигари табиии он маълумот оварда шудааст.

Чи хеле, ки ҳаракат бе материя вуҷуд дошта наметавонад, материя низ бе ҳаракат вуҷуд дошта наметавонад. Тамоми намуди ҳаракат, хоҳ ҳаракати механикӣ, физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ дар вақти муайян ҷараён мегиранд ва ин вақт низ яке аз шаклҳои мавҷудияти материя аст, ки тӯли ҳастии материяро дар шаклҳои гуногун ифода менамояд. Муҳити атрофи мо ҳамеша дар инкишоф аст ва дар он ҳеҷ чизи бетағйир нест.

Гузариши ҳаёти инсон низ дар доираи вақт ҷараён мегирад. Аслан, барои ҳисобу китоби вақт аз ҳодисаҳои даврии тағйирёбандаи табиат, ба монанди ивазшавии шабу рӯз, фазаҳои моҳ, тағйирёбии фаслҳои сол истифода бурда мешавад.

Зарурати муайян намудани мудовимати вақт барои инсоният ҳанӯз аз замонҳои қадим пайдо шуда буд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои даврӣ, дар аввал бо камбудӣ бошад ҳам, тарзи ҳисоб намудани вақтро пайдо намуда буданд. Ҳазорсолаҳо пеш дар ибтидои маданияти инсонӣ “тақвим”-ҳои оддитарин, аз ҷумла тақвими панҷрӯза, ки дар асоси панҷ ангушти дасти инсон сохта шуда буд ва баъдтар вобаста ба даҳ ангуштони ду даст «ҳафтаи даҳрӯза», ки аз даҳ рӯз иборат буд, пайдо шуда буданд.

Баъдтар дар асоси мушоҳидаҳои ҳаракати моҳтоб дар атрофи Замин ва ивазшавии шакли зоҳирии он, ки мо бо чашми оддӣ дида метавонем, вақтро ҳисоб менамуданд. Фосилаи байни ду фазаи якхелаи моҳро 30 шабонарӯз ҳисоб менамуданд ва вобаста ба ин воҳиди калони дигари вақт — моҳи қамарӣ пайдо шуд, ки он дар тақвими мардумони қадим: чиниҳо, бобулиён, ҳиндуҳо ва дигарон нақши мондагор бозид. Масалан, дар бисёр асарҳои қадимӣ омадааст, ки ин ё он шоҳ 900 ё 1000 сол умр дидааст. Ин масъала ба он марбут аст, ки дар баъзе ҷомеаҳои қадими башарӣ як моҳи қамариро як сол (дар ҳамон вақт) мегуфтанд (ин маълумотро набояд ба соли ҳозира баробар намоем). Агар 1000 моҳро ба сол гардонем, ба 83-84 сол баробар мешавад, ки ба умри миёнаи инсон мувофиқат мекунад.

Аслан, тақвими қамариро мардумони бодинияшин, ки чорводорӣ шуғли асосии онҳо буд, истифода мебурданд. Ин тақвимҳои қамарӣ саҳеҳияти пасти муайян намудани вақтро дошт. Бинобар ҳамин, барои мардумони муқимии кишоварз дуруст муайян намудани фаслҳои сол, вақти кишту кор, ҷамъоварии ҳосил ва ғайраҳо сахт зарур буд. Тамоми ҳодисаҳои зикршуда ба ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб вобастаанд, бинобар ҳамин, ин заруратҳо ба пайдошавии тақвими шамсӣ оварда расонид.

Ба мардумони кишоварзу шаҳрнишин зарурати тартиб додани тақвим барои муайян намудани давраи фаслҳои сол, вақти кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил, ки ба воситаи тақвими қамарӣ муайян намудани онҳо душвор буд, пеш омад. Тағйирёбии фаслҳои сол, ҳарорати Замин ва ивазшавии шабу рӯз ба ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб вобастаанд ва ба инсоният зарур омад, ки барои дарки амиқ ва баҳогузории дурусти давомнокии ҳодисаҳои зикршуда, ҳаракати даврии Офтобро омӯзад.

Дар поён чанд маълумоти лозимӣ ва ҷолибро пиромуни муайян намудани вақт зикр мекунем.

Тақвим се намуд мешавад: шамсӣ, қамарӣ, шамсӣ-қамарӣ, ки инҳо дар асоси ҳодисаи даврии табиӣ (даврзании Моҳ дар атрофи Замин ва даврзании худи Замини мо дар атрофи Офтоб) сохта шудаанд. Барои чӣ ҳафта маҳз аз ҳафт рӯзу сол аз 365 рӯз ва як шабонарӯз 24 соатро дар бар мегирад? Дар гузашта, чӣ хеле, ки қайд кардем, ҳафтаҳои даҳрӯзаву панҷрӯза буданд, вале азбаски дар тасаввуроти қадимиён сайёраҳо ҳамчун худоҳо нақш баста буданд, барои ибодати ҳар як сайёраи ба онҳо маълум як рӯзро ҷудо намуданд. Он вақт танҳо ҳафт сайёра маълум буд: Офтоб (он вақт Офтоб ва Моҳро ҳам ба қатори сайёраҳо дохил мекарданд, зеро системаи геосентрикӣ ҳукмрон буд), Моҳ, Аторуд, Зуҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал, яъне барои ибодати онҳо ҳафт рӯз лозим буд, пайдарҳам такрор мешуд.

Мувофиқи солшумории носаҳеҳи қамарӣ як сол тақрибан иборат аз 360 шабонарӯз буд. Аз ин ҷост, ки қимати кунҷи гардиш аз 0° то 360° аст. 1° — ин кунҷе буд, ки Офтоб дар давоми як шабонарӯз дар гирди Замин тай мекард. Лек ҳисобҳои дақиқ нишон доданд, ки сол аз 360 рӯз неву аз 365,2422 шабонарӯз иборат аст, аммо инсоният қимати кунҷро тағйир надод ва то ҳол як даври пурра 360° аст. Як соли офтобӣ тақрибан ба 12 моҳи моҳтобӣ баробар аст. Аз тарафи дигар, адади 12 бошад, хосиятҳои аҷиб дорад. Масалан ба ададҳои 1, 2, 3, 4, 6, 12 бебақия тақсим мешавад. Барои ҳисоби шабонарӯз як рӯзро ба 12 соат тақсим карданд. Аз инҷо шаб низ 12 соат буда, як шабонарӯз ба 24 соат баробар мешавад. Боз, азбаски як солро аз 360 шабонарӯз иборат медонистанд ва як моҳи қамариро 30 рӯз ҳисоб мекарданд, нисбати онҳо ба 12 баробар аст. Инчунин, Офтоб дар осмони ситоразор пайи ҳам аз 12 бурҷи зодиакӣ мегузарад.

Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори муайян давр мезанад. Ҳамвории ин мадорро эклиптика меноманд. Яъне, агар эклиптикаро ҳамчун танаи як чархофалак тасаввур намоем, он гоҳ Замин як курсичаи ин чархофалак аст. Офтоб бошад, такягоҳи дар байни он буда мебошад. Замин бар замми дар гирди Офтоб давр заданаш, дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад. Тири чархиши Замин ба ҳамвории эклиптика перпендикуляр нест, яъне моил аст. Кунҷи байни ҳамвории эклиптика ва тири чархиши замин 23°36′-ро ташкил медиҳад. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб рӯй медиҳад, масалан ивазшавии фаслҳои сол, шабонарӯзи шашмоҳа дар минтақаҳои наздиқутбӣ ва ғ.

Азбаски мо мушоҳидаамонро аз Замин мегузаронем, ба назари мо гӯё кураи осмони ситоразор тоб мехӯрад ва тири ин тобхӯрӣ ба тири чархиши Замин мувофиқ аст ва аз ин ҷо экватори шартии кураи осмон низ бо экватори Замин мувофиқ аст. Ана ҳамин экватори кураи осмон ва ҳамвории эклиптика ҳамдигарро мебуранд. Миқдори нуқтаҳои буриши ин ҳамвориҳо дар як хати рост мехобанд ва Замин аз рӯи мадори худ ҳаракат намуда, ин хати ростро дар ду нуқта мебурад, ки ин нуқтаҳоро дар илми астрономия нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва эътидоли тирамоҳӣ меноманд.

Ана ҳамин нуқтаи эътидоли баҳориро, ки ба аввали моҳи фарвардин (ҳамал) рост меояд, ниёгони мо Наврӯз ном гузоштаанд ва Наврӯзро рӯзи аввали тақвими солшумории мо, яъне нуқтаи аввали сарҳисоби вақтшумории сол қабул намудаанд, ки дар ин рӯз давомнокии шабу рӯз баробар мешавад. Аз тарафи дигар, дар илми кайҳоншиносӣ барои омӯхтани мудовимати тамоми ҳодисаҳои дар кайҳон рӯйдиҳанда мафҳуми ибтидои вақти кайҳонӣ истифода бурда мешавад. Ибтидои вақти кайҳонӣ t=0 барои омӯхтани тамоми равандҳои кайҳонӣ низ ба вақти оғози Наврӯз рост меояд. Наврӯз — ин эҳтиром ба табиат ва хирадгароёна сарукор гирифтан бо табиат аст, ки дар ҷавҳараш Хуршеди нурофар менишинад.

Наврӯз паёму даъват ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ аст ва ин ҳама оғозу навгониву баробариҳо аз табиат маншаъ мегиранд, на аз ҳодисаҳои иҷтимоӣ. Масалан, рӯзи ибтидои солшумории маъмулии мо, ки айни ҳол истифода мебарем ва Соли нави мелодӣ меномем, аз нимаи дуюми шаби тавлиди Исои Масеҳ ибтидо мегирад ва аз ин ҳисоб соли мелодӣ аз нисфи шаб оғоз меёбад. Лек Наврӯз аз табиат ва ҳодисоти он маншаъ мегирад. Бедории табиат, баробаршавии шабу рӯз ва буриши нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва ба таъбире ибтидои вақти кайҳонӣ ҳама аз ҳамон рӯзе оғоз меёбад, ки мо онро Наврӯз меномем.

Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ чанд рӯзе баъд ба сарзамини мо ташриф оварда, фазою муҳити нав ва баҳориро бароямон ҳадя месозад. Наврӯз дар ҳама давру замон бо ҷавҳари ваҳдатофару  меҳроварӣ ва инсондӯстиву баробариву ақлгароӣ новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ ва тааллуқоти нажодию динӣ инсонҳоро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват менамояд. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист.

Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ ва ҳувийятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, ки нахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Омили калидии Наврӯз, ки боиси ҷашни фарогир ва ҳамагир эътироф гардидани он шудааст, дар ҷанбаи илмӣ доштани он ва воқеиятгароӣ, таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро таҳти тасаллут қарор медиҳад.

Фарорасии иди Наврӯзро ба якояки Шумо, ҳамватанони азиз, шодбош мегӯем! Ҷашни Соли Нави ниёгон фархунда бод!

Меҳрдод СУБҲОНӢ,

номзади илмҳои физикаю математика

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here