Аз марги Олимпур бисту се сол сипарӣ шуд
КАТИБАИ АВВАЛ
Гиристанҳо
23 сол муқаддам дар ин рӯз маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” оғуштаи хун шуда буду мегирист, Душанбе мегирист, Айнӣ мегирист, Тоҷикистон мегирист, Эрон мегирист, Афғонистон мегирист, тамоми форсизабонони дунё аз дасти теғи қотилони наҳзатӣ мегиристанд.
23 сол шуд, ки Тоҷикистон яке аз беҳтарин мубаллиғони фарҳангашро аз даст дод.
23 сол мешавад, ки чеҳраи хандон ва якрӯи ӯро тоҷику тоҷикистониён танҳо дар аксҳо мебинанд, орзуву ормонҳояш дар суратҳову навиштаҳои нотакрораш монданд.
23 сол шуд, ки аз Аҳмад Зоҳиру Гугуш, Саттору Маҳастӣ, Ҳангомаву Лайло касе мисли ӯ гуфта натавонист.
23 сол аст, ки Телевизиони Тоҷикистон барномаи “Ситораҳои Шарқ”-ро интизор аст, радиои Би-Би-Сӣ гузоришҳои фарҳангӣ ва гуфторҳои адабӣ мехоҳад, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” аксҳои гӯё меҷӯяд.
23 сол пеш дар Кохи Борбад овозхони пуровоза Саттор маънидорона ишора карда буд: “Олимпурро эҳтиёт кунед!”.
Вале мо эҳтиёташ накардем. Модар бӯйи хабари бадро ҳис карда, гуфт: “Мирзои маро оварданд…”. Қомати падар бошад, аз марги нобаҳангоми писари ҷавонмаргу ҷавонмардаш хамид. Гугуш бо оби чашм ва афсурдагӣ гуфта буд: “Рӯзи марги Олимпур бадтарин рӯзи зиндагии ман буд…”. Дар он вақт мо танҳо афсус мехӯрдем ва “ҳайф шуд” мегуфтем. Нависандаи маъруф Баҳманёр афсӯсу нолишҳоро дида, “Дар ҳайф намеғунҷад…” гуфта буд. Сипас, Лоиқ “Чашмҳои Олимпур”-ро навишту Озарахш “Аз паси ҷанозаи устод Муҳиддин”-ро.
23 сол гузашт. Имрӯз рӯзи марги мубаллиғ ва посдорандаи фарҳанги тоҷик, рассом, аккос, публитсист ва журналисти ғуррамарг Муҳиддин Олимпур аст. Ва мо 23 соли бебаҳор дорем…
КАТИБАИ ДУВВУМ
“Чашмҳои Олимпур”
Дошт дар оинаи чашмони худ
Аксҳои гунаи мову Шуморо.
Аксҳои зиндагии рӯсиёро,
К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро.
Дошт андар дурбини дидагонаш
Аксҳои наҷзу рангини замона…
(Лоиқ Шералӣ)
Муҳиддин Олимпурро аксарият пеш аз ҳама ҳамчун аккос мешиносанд. Лоиқ Шералӣ гуфта буд: “Олимпур ба ҷаҳон ба чашми дил менигарист. Бо чашми сар ва дурбин аз он акс мебардошт”. Ӯ давоми фаъолияти эҷодияш дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” акси садҳо инсонҳои некном ва фарҳангии дунёи илму адабро бардоштаву дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муаррифӣ шуд. Чунончи С. Назар ҳанӯз дар соли 2008 навишта буд: “Дар ин самт касе ба гарди саманди тезтаки истеъдоди ӯ нарасида ва намерасад”.
Ҳама аксҳои ӯ дар худ сухан доштанд ва бинандаро аз ҳодисаву воқеа, рӯзи гарму сард, мушкиливу пешравӣ, хандаву ғам хабар мекарданд. Ба қавли Ҳамза Камол, “Ӯ аксро ба хотири акс намебардошт. Ӯ аз зовияи ҳунар дунёи пиромунашро медид ва аксҳои Олимпур воқеан мунҳасир ба фард ҳастанд”. Дар аксҳояш бештар манзараҳоеро мебардошт, ки барои бинанда нав буданд ва ҷоеву макони наверо муаррифӣ мекарданд. Дар маҷмуаи аксҳояш, ки бо номи “Муҳиддин Олимпур — Бинишвари тоҷик” соли 1997 дар Лондон нашр шудааст, аз вазъи фарҳангу адаб, ҷангу ҷидол ва хурсандию ғамгинии охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми мардуми тоҷик қисса мекунанд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддини Олимпур аз ҳар ду майдон акс мебардошт. Аксҳояш симои ӯро ҳам нависанда, ҳам публитсист ва ҳам журналист муаррифӣ мекарданд. Дар он рӯзҳои мудҳиш бо воқеоти замон саҳифаҳои китобашро аз ранг пур мекард. Барои ояндагон, барои он ки мардум аксҳоро бинанду худ қазоват кунанд ва дар пеши таърих ба гунаҳкорон нафрат фиристанд. Аксҳои Муҳиддини Олимпур таърихи зиндаи мо буданд.
Чашмҳои Олимпур чизеро медиданд, ки мо дида наметавонистем. Чашмҳояш сеҳр доштанд. Ҷӯё буданд. Пӯё буданд. Меҳролуду зебобин буданд.
23 сол пеш акс мегирифт, аз сурати “фотошоп” кардашудаи имрӯз дида, беҳтару хубтар мебаромаданд. Дар ин бора журналисти маъруф Салими Аюбзод навиштааст: “Муҳиддини Олимпур то қарни фотошоп назист, аммо аксҳояш на он вақт, на имрӯз ва на фардо ба тағйиру такмили электронӣ ниёз надоштаанду нахоҳанд дошт”.
КАТИБАИ САВВУМ
“Пайвандгари дилҳо”
Дар мавриди башардӯстӣ ва фарҳангдӯстии Муҳиддин Олимпур хеле зиёд гуфтаанд ва қариб ки ҳамагӣ як мазмунро медиҳанд. “Дар тиннати ӯ заррае бухлу ҳасад набуд”. Ба гуфтаи фарзандаш Ёсуман Олимпур, “падари ман инсони меҳрубоне буданд ва ҳамеша хонаамон пур аз меҳмон, дӯстону рафиқонашон буд”.
Утоқи кории Муҳиддин Олимпур дар қабати аввали бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон воқеъ буд, ки дар хотираи Мансур Суруш чунин нақш бастааст: “… Зотан маънои зебоӣ ва ошёни ҳунар, макони нишасту мулоқотҳои меҳмонони эронию афғонӣ, амрикоиву фаронсавӣ буд. Дар он коргоҳ ба дару девори муайян аз аксҳои ранг ба ранг ва рафҳои пуркитоб дида дӯхта, сари қаҳва ва суҳбати гарми Муҳиддини Олимпури дӯстнавоз, ки пайваста аз ҳунар, шеър ва суруд ҳарф мезанад, кас лаҳзае бошад ҳам, нобасомониҳои рӯзгор ва ноҷӯриҳои зиндагиро фаромӯш месозад”.
Дар рафтору кирдор ва гуфтору осори публитсист, журналист ва аксбардор Муҳиддин Олимпур васфи дӯстӣ ва рафоқат бо намояндагони илму адаб, арзишҳои башарӣ, муқаддасоти инсонӣ ва арҷгузорию посдории фарҳанг мақоми хос дорад. Дар эҷоди публитсистии адиб мавзуи дӯстӣ ва рафоқати ҳамзабонон яке аз мавзуҳои аввалиндараҷа буда, мавқеи марказии онро ишғол кардааст. Олимпур ба инсоният бо чашми дӯстӣ назар карда, башариятро ба худ дӯст мешуморид. Ва хусусан, дар осораш васфи дӯстиву рафоқат бештар ба форсизабонони дунё зоҳир мегардад.
Садои Муҳиддин Олимпур садои дӯстӣ ва ҳамдилии ҳамзабонон буд. Ӯ бо овозаш тамоми марзу буми Тоҷикистонро тасхир карда, худро ба Олмону Амрико, Фаронсаву Эрону Афғонистон зад. Дар кишварҳои Шарқу Ғарб муждагоние аз рӯзгори мардуми тоҷик, аз ҳунару маданияти тоҷик дод ва ба қадри имконоташ аз он маконҳо ба Тоҷикистон овард.
Тураҷи Атобакӣ навиштааст: “Ба ёд дорам, ки ҳар ҳафта пас аз иҷрои барномаи телевизионии “Ситораҳои Шарқ” сели номаҳо аз чаҳор гӯшаи Тоҷикистон ба дафтараш мерасид. Ӯ дар ин барнома бо зиракӣ ва дорояти фарҳангӣ, Аҳмад Зоҳири афғонистониро бо Гугуши эронӣ ба суфраи тоҷикон мехонд ва аз ҳар ду пуле барои наздикии ҳар чӣ бештар месохт. Муҳиддин ҷаҳонро барои ҳама месохт. Инсони бузург, ҳунарманди самимӣ ва дӯсте вафодор буд”.
Муҳиддин Олимпурро ҳамчун шахсият маҳз инсондӯстӣ ва чеҳраофарии фавқулоддааш ба мардум шиносонидааст. Адиб дар шиносонидани ҳунармандону овозхонҳои Афғонистону Эрон ва умуман форсизабонон саҳми бузург дорад. Ӯ саҳмашро бо чеҳрасозӣ ва чеҳраофарӣ гузоштааст. Олимпур шахси фарҳангӣ ва ороставу перостае буд, ки мубаллиғи фарҳанги Шарқу Ғарб эътироф мешавад. Ба иттилои собиқ саркоргардони Телевизиони Тоҷикистон ва ҳамзамон коргардони барномаи “Ситораҳои Шарқ”, Муҳиддин Олимпур соли 1988 дар Телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кардааст. Барномаи “Ситораҳои Шарқ” ба Олимпур шуҳрати ғайриинтизор овард. Ӯ дар ин барнома кори дӯстдоштаи худ, яъне рӯзгори пурмуаммои ҳунармандони Шарқро ҷустуҷӯ мекард.
Ӯ дар зиндагии худ доимо дар талоши муаррифӣ кардани фарҳанги мо буд. Ва бешак метавон гуфт, ки умри худро сарфи муаррифии фарҳанги тоҷик кардааст. Ба ибораи Мухтор Боқизода, “ӯ пайвандгари дилҳо буд…”.
КАТИБАИ ЧАҲОРУМ
Ором бихоб
Шағолон ниқоби кирокашро ба рӯй кашида, бегоҳии 12-уми декабри соли 1995 Муҳиддин Олимпурро аз истгоҳи рӯ ба рӯйи Иттифоқи нависандагон ба мошинашон савор карда, аз болои пули дарёи Душанбе гузаштанд. Дар маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира”, яъне Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ду тир риштаи умри журналистро канданд.
Субҳи 13-уми декабр. Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷасади пурармони журналисти ғӯрамарг мехобид. Аксари донишҷӯёни ДМТ ҷасади хуншори ӯро дида буданд, аммо аз тарс ва ваҳми зиёд ба он наздик намешуданд. Солҳое буд, ки аз тарси хунхорон дар кӯча дасти бародаратро бо тарс мегирифтӣ, пас куҷо монад ҷасади журналистеро аз замин бардоштан…?
Соаташ дар дасти чап, ангуштарине дар ангушташ, дар ҷайбаш як дона “сникерс” ва 500 доллари амрикоӣ ва дар паҳлуяш камераи наворбардорӣ мегиристанд. Фиғон аз рафтани моликашон доштанд. Аз бесоҳибию корношоям шуданашон не, балки аз набудани Муҳиддин Олимпур фарёди бесадо доштанд. Нафрин ба қотилони наҳзатӣ мехонданд…
Пас аз чанде полисҳо омада, ҷасади шаҳидро бурданд. Аммо то ҳол аз ӯ ва маргаш мегӯянду мегӯем.
Муҳиддин Олимпур, агар ки сухани моро мешунавӣ, ба ту мегӯем, ки ором бихоб! Хобат бароҳат бошад! Ҷаллодон, қотилон, рӯсияҳҳо, номардон, чоплусон ва буздилон дар ин дунё ҷазояшонро диданд ва мо мунтазир ҳастем, ки дар маҳшар мағлуб шуда, ба дӯзахи чуқуртарин чиптаи ройгон мегиранд. Мо аз Худо умед дорем. Ва инсоният шоҳиди чӣ тавр нолишкунон ба дарвозаи ҷаҳаннам ворид шудани қотилону фармондеҳони маргат мешавад.
Ором бихоб, зеро қотилат Нозим Юнусов 12-уми июли соли 1999 дар деҳаи “Чашма”-и Кофарниҳон дар натиҷаи як амалиёти вижаи неруҳои Вазорати дохилии кишвар кушта шуд. 13-уми сентябри соли 1999 ҷасади қотили дигарат Муртазо Ҳомидовро ба хонаи падараш бурданд. Қотили сеюм Шарипов Насрулло соли 1998 дар Ленинград ба муҳлати 7 солу 1 моҳ ҳабс шуда буд, аммо баъдтар бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон оварда шуд. Тибқи маълумоти Суди Олии кишвар, 6-уми октябри соли 2008 Додгоҳи Олии кишвар Насрулло Шариповро ба 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ равонаи зиндон кардааст. Ҳамчунин, қотилони дигар, аз ҷумла Аслам Усмонов, Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов зиндонӣ шуданд.
Руҳат шод бод!
Ором бихоб!
Худованд раҳмат кунад!
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ