Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як мардест, ки қабл аз ғуруб ин ғурубро надидааст

(Миралӣ Раззоқ) 

Як лаҳза хомӯшӣ ва ниҳоят нидои хандае, ки пас аз тохту този зиёде дар пайроҳаи зиндагӣ аз вуҷуди кас мебарояд… 

Душвор аст вақте  шогирд дар ҳаққи устод менависад. Гумон мекунед, ки боз симои ҷиддӣ, вале меҳрубоне мегӯяд, «хато кардӣ». 

Як ривоят аст, ки тибқи он гӯё рӯзе Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар масҷид ба зикри Худо машғул буд. Ин ҳангом кӯдаке вориди масҷид мешавад. Имоми Аъзам Абӯҳанифа пеши кӯдак мехезад. Шогирдонаш мепурсанд, ки «устод чӣ шуда, ки ба ин бузургӣ пеши кӯдаке зону рост кардӣ?». Посух чунин буд: «падари ин кӯдак ба балоғат расидани сагро ба ман омӯзонида буд. Ӯ ба ман ҳаққи устодӣ дорад». 

Агар он чӣ ки устод Хуршеди Атовулло ба мо шогирдонашон таълим додааст, ба инобат гирем, пас ба гуфти Имом Абӯҳанифа умре сӯи хонааш набояд пой дароз кунем, ҳамон тавре ки сӯи қибла пой дароз карданро раво намебинем. 

…Аввалин маротиба ман Устодро зери ҷомаи сабз дидам. Он солҳо мӯй дошт ва хароб ҳам буд. Ҳамон тавре, ки имрӯз мегӯяд ба «бачаи кӯҳистонӣ» монанд буд. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки моро ба хушӣ пазируфту гуфт «бачаҳои кӯҳистониро дастгирӣ бояд кард».   

Агар хато накунам, ин вохӯрӣ соли 2008, дар яке аз рӯзҳои моҳи октябр рух дода буд. Аммо хуб дар хотир дорам, ки он рӯз сешанбе буд. Ин сабаби худро дошт. Бибиам мегуфт, ки деҳқон бояд ба гандуми расида, рӯзи сешанбе дос занад, то файзаш зиёд шаваду вақташ хуш. Ин расм аз ҳазрати Одам боқӣ мондааст. Ман ба ин ривоят арҷ гузоштам.

…Мо се нафар будем. Ману Ҷасуру боз як нафари дигар. Устод моро ба хушӣ пазируфт, новобаста аз он ки серкор буд. Рӯи мизи корияш дар як лаълича як себи газидаву як ноки сабзи сахту бедумча хобида буд. Суруди Аҳмад Зоҳир садо медод ва худи ӯ миёни дуди сигор менишаст. Аввалин чизе ки ба чашмам афтод, табассуми гарми ӯ буд. Аҷаб чеҳрае! 

-Журналист шуданӣ ҳастед?,- бо табассум пурсид устод.

Дигар чӣ ҳам мегуфтем. Бале, журналист шуданӣ ҳастем, вале чӣ тавр, намедонем. Устодони факултет аз Хуршеди Атовулло ном журналист зиёд мегуфтанд. Мо аз ӯ мисоли як қаҳрамони афсонавӣ тассурот доштем. Китоби «Хунро бо хун мешӯянд»-и ӯ бори дигар моро такон дод. Як сабаби ба «Фараж» омадану журналист шуданам ҳам ҳамин буд. Шиносоии ману устод аз ҳаминҷо оғоз гардид.

Ҳамин тавр, оғоз гардид даву този мо дар майдони рӯзноманигорӣ. Ва дигар мо будему диктофон, мо донистему компютер, мо будему рӯзнома. Дигар эҳсосоти мо, андешаҳои нопухтаи мо, принсипҳои норӯшани мо, рӯйи саҳифаҳо рехтан гирифт. 

Як замон устод гуфтанд, ки рӯзномаи нав таъсис медиҳем ва бояд ҳар кас номи мувофиқе пайдо кунад. Ном ёфт шуд: «Самак». Боз мову майдони беканори иттилоот ва пуршӯри рӯзноманигорӣ. Таъсиси чунин рӯзнома барои мо афсона буд. Дар гӯшаи хаёламон намеомад, ки мо ин рӯзномаро дар майдони рӯзноманигорӣ муаррифӣ мекунем. Бо шикампарвари миёни ҷомеа маъруфе дар баҳс мешавем, хоби мансабдори худкомаеро ҳаром мегардонем…

…Солҳо гузаштанд. Хуни зиндагии пуршур ях набаст. Ҳаёти рӯзноманигорӣ бароямон мушкилӣ эҷод мекард. Вале ҳамоно ду сухани устод шиори зиндагии мо буд: «Шогирдони ман набояд, ки номард бошанд»,  «Аввал ном баъд  нон». Ва то имрӯз ин гуфтаҳо шиори рӯзгори мост.  

…Зиндагии устод барои мо мисоли қаҳрамонҳои асарҳои детективӣ буду ҳаст. Зарбаҳои шадиди зиндагиро мардонавор паси сар кард. Агар хато накунам, 5 маротиба зери теғи ҷарроҳӣ хобидааст. Соли 2011 рӯзи Иди фитр устод бори чорум мавриди латукӯб чун рӯзноманигор қарор гирифт.

 Охири соли 2015 буд. Ман дар Руссия будам. Як шаб хоб дидам, ки устод бо мо шогирдонаш хайрухӯш мекунад. Субҳ хабар расид, ки устод дар беморхонаанд ва бори сеюм микроинсултро аз сар гузаронидаанд. Вале ғурур, ирода ва ҷасорат нагузоштанд, ки устод сар ба шонаҳо хам кунанд.  Ҳанӯз ҳам дар такопӯст.

 Яқин ки дуои касе мисоли куҳи азим пуштибони ӯст: шояд дуои дармондаест, ки мушкилашро осон кард, шояд дуои волидон, шояд дуои Оламафрӯз (писари хурдии устод) буд. Намедонам. Вале шодем, ки ӯ бо мост.

Устоди азиз, ҳеҷ гоҳ нагӯед, ки «афсус, ки зиндагӣ маро фиреб дод». Ва ҳамон тавре, ки Нодирпур мегӯяд, «зиндагиро бо макру ҳиллааш пеши пои марг фидо кунед»!

 ХУРШЕДИ олами журналистика бошед!

45 солагӣ муборак бошад устоди ман! 

 

Диловар САЛИМОВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here