Мушкилоти мардуми Афғонистон барои мо бегона нест…

29-уми марти соли 2021 Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истамбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамрайъӣ барои сулҳ ва рушд” номида шуд, бо иштироки 15 нафар вазири корҳои хориҷии кишварҳои узв дар Душанбе баргузор шуд.

Мавзуи меҳварии ин нишаст роҳи расидан ба сулҳ дар ҳамсоякишвари Афғонистон буд, ки беш аз 40 сол боз дар он ҷангу хунрезӣ идома дорад. Аслан, мушкилоти ин мардум ва ин кишвар барои мо бегона нест, зеро, агар ин кишвар ободу осуда набошад, мушкилоте дар ҳаёти мо ҳам пеш меояд ва пеш аз ҳама сармоягузоронро аз мо дур мекунад, ба ин андеша, ки ҳамсояи ноамне дорем. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллати мо масъалаву мушкилоти Афғонистонро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша дар миён мегузоранд.

Ин бор ҳам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъкид карданд, «ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад». Президенти кишварамон бо таҷрибаи ҷангу сулҳи Тоҷикистон хулоса карданд: «Фарҷоми тамоми ҷангҳо оштист».

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки дар ин нишаст хузур дошт, зикр кард: «Мо ҳеҷ гоҳ ноумед нестем». Мо низ умед дорем, ба замоне бирасем, ки сулҳ дар ин кишвар танинандоз бошад.

Як бардошти инҷониб аз нишасти мазкур дар бораи касбият ва ҷойгоҳи ҳамкасбони афғонистониамон буд. Онҳо бо ифтихор мегуфтанд, ҳатто дар шароити ҷангие, ки доранд, дар фаъолияти худ тақрибан мушкиле намебинанд. Аз ҷумла, ҳар хабару гузориши муҳимро ба мардум ба таври бисёр касбӣ расонида метавонанд ва ба ин васила дар огоҳии мардум саҳм мегузоранд. Мутаассифона, хеле аз ҳамкасбони мо дар ҳодисаҳои нохуши ин кишвар ҷони худро аз даст доданд. Бо ин вуҷуд, журналистони афғон ифтихор доштанд, ки сатҳи озодии сухан дар Афғонистон ҳатто аз хеле кишварҳои амн баландтар аст.

Чизе, ки мояи ифтихори журналистони тоҷик шуд, ин дар сатҳи баланд ва хеле хуб баргузор кардани чорабинии мазкур буд. Бархе аз журналистони тоҷик гуфтанд, ки хеле аз мансабдорони мо бояд тарзи баргузории нишастҳои матбуотиро аз вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин омӯзанд. Журналистони покистонӣ ба он нукта таваҷҷуҳ карданд, ки тадбирҳои амниятӣ дар ин нишаст хеле ҷиддӣ буданд. Масалан, агар 10 бор ба толор ворид шавӣ, ҳамин қадар тафтиш мекарданд. Ин хеле муҳим аст.

Зимнан, вақте дар бораи сабабҳои ҷанги Афғонистон суҳбатҳо мешуд, ба назари инҷониб, як паҳлуи аслӣ, яъне, аз ҳисоби ҷанг пулу сармоя кор кардани бархеҳо, нодида гирифта мешуд. Аз ин хотир, онҳо манфиатдоранд, ки дар ин кишвар амну осоиш набошад. Ба ин гуруҳи одамон пеш аз ҳама нашъаҷаллобон, тоҷирони силоҳ ва одамоне мисли онҳо шомиланд.

Хеле аз кишварҳои абарқудрат ҳам гӯё хостори сулҳ дар Афғонистонанду барои ин чорабиниҳое анҷом медиҳанд. На танҳо аҳолии азияткашидаи Афғонистон, балки коршиносону таҳлилгарон ҳамин саволи муҳимро дар миён мегузоранд: Оё ин кишварҳо дар ҳақиқат ҳавасманданд, ки сулҳ барқарор шавад? Саволи калидӣ ҳам ҳамин аст.

Таҳлилгарон навиштаанд, ки аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ бархе кишвару созмонҳо манфиат диданӣ буданду намехостанд, он ба зудӣ поён ёбад. Пешвои миллати мо бо командаи худ, ки содиқонаву самимона сулҳу осоиши мардумро мехостанд ва тарзи бозиҳои берунаро амиқан медонистанд, азхудгузаштагӣ карданду сулҳро интихоб карданд. Аз ин ҷост, ки дар Афғонистон ҳам Эмомалӣ Раҳмонро хелеҳо пешвои худ медонанд. Дар сафари ахири Пешвои миллат ба Бадахшон дидем, ки аз он сӯи дарё мардум дар бораи Президенти мо чӣ қадар бо муҳаббат суҳбат мекарданд.

Яъне, танҳо шахсияте мисли Эмомалӣ Раҳмон қодир аст, ки ба Афғонистон сулҳ орад. Оё бародарони афғонстонии мо чунин нафарро пайдо мекунанд? Саволи дигари матраҳ ин аст: Кӣ сулҳро ба Афғонистон меорад?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here