Монолог

Тақ-тақ…

Тақ-тақ…

Тақ-тақ…

Тақ-тақ…

Ҷаноби Тоҳирӣ, намедонам чӣ гуна ва бо кадом эҳсос ту ҳоло чор маротиба «тақ-тақ»-и якхеларо хондӣ, вале бовар кун, ки агар ҳамин «тақ-тақ»-ҳоро медидӣ, тамоман таассуроти дигар мегирифтӣ. Ба ҳар ҳол, ман, ки дӯсти туям, кӯшиш мекунам, ки хубтар фаҳмонам.

Мо пеш аз Наврӯз ба яке аз хонаҳои пиронсолони кишвар рафтем. Акнун мегӯям, ки он чор «тақ-тақ»-и боло аз киҳо буданд. Тасаввур кун, ки тақ-тақи аввал баланд садо дод ва он аз попӯшҳои ман мебаромад. Тақ-тақи дуюм назар ба аввалӣ садои пасттар дошт, ки аз ҳамкори ман буд. Тақ-тақи навбатӣ аз мудири хонаи пиронсолон буд, ки садояш устувору баланд мебаромад. Тақ-тақи охир аз пиразане буд ва он тавре ту нашунидӣ, қариб, ки садои гӯшрас надошт. Мо ба ҳамин  минвол вориди чанд ҳуҷраи хонаи пиронсолон шудем.

Ба як пиразани нуронӣ «оча» гуфта муроҷиат кардам, аз чашмонаш ашк рехт. Ҳам хандид ва ҳам гирист. Ба гумонам фарзандашро ба ёд овард.

Ба пиразани дигар гуфтам, чанд сомонӣ нафақа мегирад, хандида, «20 сомонӣ» ҷавоб гуфт. Дӯстам, ҳайрон нашав, истиқоматкунандагони хонаи пиронсолон ҳамагӣ чанд фоизи нафақаашонро мегиранд.

Ба пирамарди хомӯш, ки намедонам бо чӣ хаёлҳо банд буд, нигоҳ кардам, хандида гуфт: «Ҳеҷ камбудӣ надорам»!

Ба ду пирамарде, ки шоҳмот бозӣ карданӣ буданд, салом додам ва онҳо ба ҷойи ҷавоби саломам хандиданду ба бозӣ кардан даъват карданд. “Ин ҷо бо ҳамин вақтро нагузаронӣ, рӯз монанди сол сипарӣ мешавад”, — гуфт яке.

Ба пиразане, ки дар роҳрав қошҳояшро рост карда роҳ мегашт «чӣ ҳол доред?» гуфтам ва ӯ «бисёр ҳоли хуб, аз ин хубтар намешавад»,- гуфту рафт.

Ба пирамарду пиразане, ки миллаташон рус буду дар хуҷраи оилавӣ иқомат доштанд, нигоҳи дароз кардам, аммо онҳо «мо тоҷикем ва ҳамин ҷо давоми умрамонро сипарӣ мекунем»,- гуфта, баланд хандиданд. Вақте рус тоҷикам мегӯяду худашро дар ин кунҷи дунё орому озоду хуш ҳис мекунад, дигар ҷои гап нест.

Ба пиразани русе, ки «жикет» ва «ҷӯроб» мебофт бо ишораи қисмати маҳсули меҳнатат чанд сомонӣ аст, назар кардам, ӯ бо табассуми ба худ зебанда «сорок самани»,- гуфт.

Сипас ба назди марди ҷавоне, ки ҳамагӣ 35 сол дорад ва аз ду пойи равону як дасти гиро маҳрум аст, омадам ва аҳволпурсӣ карданӣ будам, ки «мо шукр мекунем, ки чунин Ватани ободу Президенти ғамхор дорем»,- гуфт ва аробачаи маъюбияшро ба кор дароварда, хӯрокхӯрӣ рафт.

Дар роҳрави калону васеи хонаи пиронсолон қадам мезадам, ки чашмам ба ҳуҷрае афтод. Бинам, пирамарде бо завқ телевизор тамошо дорад. Ба ӯ чизе нагуфтам, вай ҳам чизе нагуфт. Фаҳмида мешавад, ки шабакаҳои телевизионии мо ҳам чизе барои дидан доштаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар роҳрав мудир доир ба хислату хӯи истиқоматкунандагони хонаи пиронсолон чизҳои аҷиб нақл кард, ки ногоҳ аз пешамон акси Президент баромад. Беист ва баланд-баланд мехонам:

“Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Дар назди дари баромадгоҳ марди миёнсоле бо дидани мо табассум дар чеҳрааш дамид ва баробари наздик шудан, ҳарчанд кӯшиш кард, ки чизе бигӯяд, вале натавонист. Мо фаҳмидем. Ӯ моро «хуш омадед! Боз биёед» гуфт.

Мошин то сари роҳ меорад. Роҳкиро дароз мекунем ва баҳонаи меҳмон буданам карда, аз ҳақи хизматаш даст мекашад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бо вуҷуди он ки он ҷо бӯйи бекасӣ,  навмедӣ,  ғаму андӯҳ,  хокистари сухтаву сиёҳи орзуҳо, интизорӣ, тангдастӣ,  дастнигарӣ,  бекорӣ,  шабҳои бехобиву рӯзҳои дилтангӣ ва афсурдагиву озурдагӣ мекунад, боз лабҳои пурханда ва дилҳои саршор аз умед ҳаст, ки аз худ, аз Худо, аз Ҳукумат, аз Президент, аз саховатмандон ва умуман аз миллати тоҷик умеди тамомнашаванда доранд.

Сино ТОҲИРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here