Дар набард бо ҷаноби “зиндагӣ” боре шикаст хӯрдаед!? Ҷавоби аксарият ба ин савол “бале” аст.

Воқеан ҳам, шикаст дар ҷодаи пурпечутоби зиндагӣ ба ҳар шакле ба руҳияи инсон зарба мезанад. Гоҳо дар ин роҳ ноумед мешавӣ ва гоҳи дигар маҷбурӣ, то дубора бархезӣ ба хотири дасте, ки интизори туст, ба хотири азизоне, ки ҳастият барояшон маънои зиндагист…

Боре нафаре бароям гуфт, ки бовариро дурӯғ нобуд месозад, ишқро хиёнат ва инсонро беиродагиву ноумедӣ аз по меафтонад. Ин сухани ӯ он замон таваҷҷуҳи маро он қадар ҷалб накарда буд, то ин ки он ҳамаро таҷриба кардам. Ҳоло зери ҳар калимаи ин сатр имзо мегузорам, зеро он ҳақиқати бебаҳси ҳаёти имрӯзаи мост.

Зиндагӣ — монанди китобест, ки бо сипарӣ шудани ҳар рӯзи он дарсе, ҳикмате ва ҳақиқатеро меомӯзем, ки онро дар курсии мактабу донишгоҳ бароямон устоде наомӯзонда. Яъне, зиндагиро метавон бузургтарин устод низ номид…

Ба андешаи ман, зиндагӣ мисли баҳри пуртуғёну беканор аст, ки агар дар он шиновари моҳир набошиву бо руҳияи шикастнопазир ба пеш наравӣ, ё мавҷҳои он туро бозмедорад ё худ таслими он шуда, ғарқ мегардӣ…

Дар суҳбатҳо, нишастҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ иддае ҳамеша аз имрӯзи зиндагии хеш шиква мекунанд. Ҳол он ки, ба ҳар шакле набошад, шиква кори инсони заифу беирода аст. Дар боло гуфтаму онро боз такрор мекунам, ки зиндагӣ бечоранолӣ нест, балки он баҳри пуртуғён ё майдони набардест, ки агар лаҳзае дар ғафлат монӣ, яқинан нобуд мешавӣ. Танҳо оне пирӯз мегардад, ки ҳеҷ гоҳ таслим нашуда, фақат муборизаи беамон мебарад.

Оре, дар ин даҳр ҳеҷ роҳе ҳамвор нест ва ҳар кадоми моро дар ҳар қадам имтиҳоне интизор буда, моро зарур аст, ки бо иродаи қавӣ, ҳадафҳои мушаххас ва нерӯи бузургу шикастанопазир аз ин ҳама сарбаландона гузарем.

Ҳар боре, ки аз мушкилоти зиндагӣ хаста мешавам ё наздиктарин нафарони зиндагиям “теғи хиёнат”-ро ба қалбам зада, ошкоро дурӯғ мегӯянд, ман низ дар ин роҳи душвор лаҳзае бозмеистам. Аммо ба ҷойи шикаставу ноумед шудан, сухани тиллоии Мартин Лютер ба ёдам мерасад, ки чунин гуфта: “Агар парвоз карда наметавонед, давед, агар тавони давидан надоред, қадам занед, агар инро ҳам наметавонед, рӯи замин худро кашола кунед,- илоҷе ёфта, бояд ҳамеша ба пеш дар ҳаракат бошед!”.

Ин сатр барои ман ва шояд садҳо нафари дигар як сухан набуда, балки шиорест, ки ҳамарӯза аз рӯйи он амал мекунам(ем). Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳалли худро надошта бошад, ё дар ин замон ҳеҷ дурӯғу хиёнати нафаре беҷавоб нахоҳад монд…

Пас, бояд ноумед нашуд, зеро агар дасте раҳоямон кунад, ҳатман дар он дуриҳо дасти дигаре дар интизори мост, то ҳамсафари содиқамон бошад. Агар зери мушкиле роҳгум мезанем, яқинан он тарафи ҷода хушбахтие мунтазирамон аст. Ба ин маъно Конфутсий хеле гуфта, ки “дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз афсӯс хӯрдан лозим нест. Иттифоқ афтод, хулоса бароред ва зиндагиро идома диҳед”.

Яъне, набояд ба дирӯзи аз даст рафта афсӯс хӯрда, имрӯзу ояндаро ройгон сипарӣ кунем.

Дирӯз бароямон дарс, имрӯз бошад, фурсате барои амалӣ кардани фардои орзуҳост…

Доро СУҲРОБӢ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here