Монолог

Қонуни «ба ҳам зидҳо»-ро амиқ наомӯхтаам ва ба пуррагӣ тафаккур намекунам, аммо дар боби мафҳуми зиддият зиёд андеша меронам.

Аслан, худи зиддият чист? Магар инсон наметавонад бидуни он зиндагии худро пеш барад? Баъд аз майна гиҷ карданҳо ва дарди сар овардан ба давоми гардан, ба хулоса меоям, ки «на, зиддият махсус барои инсон, баҳри талошҳо ва эҳсоси мавқеъ кардани ӯ сохта шудааст». Яъне чӣ? Нафаҳмидӣ, ҷаноби Хоҷаев? Дарк накардӣ? Аз назари бандаи ганда, тавзеҳи нуктаи мазкур ин аст, ки ҳарчанд одамон баробарсатҳ, лучи модарзод ба дунё меоянд, аммо дере нагузашта, аз рӯи мавқеъ яке дигареро паси пушт мегузорад ва касе ба муҷарради омили нонавиштае нисбати нафари дигар афзалият пайдо мекунад. Ба маънои пӯстканда, аз он лучҳои модарзод баъдан яке аъло мехӯраду менӯшаду мепӯшад, дигаре фақирона ва ё миёна. Аз ин ҷо аллакай оғоз мегардад нишонаҳои зиддият. Аммо ин бадтарин амал аст, ки мо худ касе нестем, вале бо дигарон зиддият меварзем. Дар ин сурат, чун миёни ду нафар зиддият ба вуҷуд меояд, ҳатман як ҷониб бояд фурӯтан бошад. Набояд чунин гумошт, ки «ман, Хоҷаев, як нафари муътабар, зӯр, доно, доро, аз ҳама болоям ва дигарон бояд назди ман эҳсоси нотавонӣ кунанд».
Файласуфи англис Оскар Уайлд гуфтааст, ки «одами маълумотнок бо дигарон зиддият мекунад, шахси хирадманд бо худ». Фосилаи байни ин ду назар фарсахҳост, вале мантиқан, дуюмӣ идомаи андешаи аввал аст. Дар умум, ҳар ду назар ҳам воқеӣ ва исботшавандаанд. Ҳамин иқтибоси файласуф шояд аз ангуштнамо суханҳои пурҳикмате бошад, ки хеле писандам омад, дӯстам Хоҷаев. Онро бодиққат хондам, тарҷума кардам ва ба таври худ шарҳ додаву баҳри хеш хулоса баровардам. Яъне, одами маълумотнок аз камбудӣ, масалан аз мушкили иҷтимоие норозӣ мешавад ва муқобили дигарон, шояд як нафаре, ки қазия ба ӯ марбут аст, зиддият нишон медиҳад. Агар ин зиддият бидуни таҳқири тарафи муқобил ба миён ояд, гиреҳкушои мушкилӣ мегардад, агар баръакс, пас бояд шахси хирадманд ба кӯмак ояд. Ояду муқобили худ барояд, то зиддият ба моҷаро напечад. Гарчанде, Юрий Зарожнийи соҳибназар гуфтааст: «Муқобили ҳама баромадан на ба он андоза хавфнок аст, ки зидди худ бароӣ». Шояд ба ин маънӣ, ки дар ҳолатҳои беадолатона будани рухдод, пас аз хомӯш шудани моҷаро нафари муқобили худ баромадаро виҷдон азоб медиҳаду ба фикр фурӯ меравад: «Чаро сарфи назар аз нокасии он палид ман гузашт кардаву хомӯш истодам?». Вале шояд он «палид» низ ҳамин замон дар фикр ғӯттавар бошад, ки барои чӣ ғазаби худро нигоҳ надоштаву бе асосу далел зиддият ба вуҷуд овард ва нафари бегуноҳеро носазо гуфт?
Борҳо дучори зиддият шудаам, рафиқ Хоҷаев. Худро тамоман софи соф, бенуқсу уволак намеҳисобам. Шояд ҳолатҳое, ки бо айби банда зиддият ба миён омадааст, бештар бошанд. Баъзан ҳолатҳое ҳам буд, ки на ман зидди худ мебаромадам ва на рақибам муқобили худ. Дар ин сурат, муноқиша рух медод, ки доғаш муддати тӯлонӣ дар қалбҳову ёдҳо мемонд. Аммо зиёд саҳнаҳое низ буданд, ки шиносу ношинос бо баҳонаву айбҳои ночиз ва ҳатто бепоя нисбатам танз задаву кинояпардозӣ карда, дашном ҳам доданд. Ман чӣ кор кардам? Гоҳе «сари хамро шамшер намебурад» гуфтагӣ барин, канор рафтам. Гоҳи дигар «раҳмат» гуфтам, ба қавле худро «чумо» кардам. Мисли он, ки нафаре як шаттаи обдор ба қафои касе мезанаду шахси ҷабрдида мегӯяд: «Эъ, мебахшӣ рафиқ, қафоям дар поят бархӯрд». Мепурсӣ, ки ин ҳама канор рафтану «раҳмат»-у «мебахшӣ» гуфтанҳои дар назари аввал тарсомез чӣ таъсир расонида метавонанд? Таъсири бузург! Албатта, нафароне ҳастанд, ки «пӯсташон ғафс» аст. Вале, бовар дорам, қисми бештари одамон баъди шунидани «раҳмат» эҳсоси пушаймонӣ мекунанд. Барои ҳамин, маслиҳат аст, ки ту ҳам метавонӣ дар қиболи нафрину надомати рақибат аз «раҳмат» кор бигирӣ. Ин амали ба ҳеҷ ваҷҳ нанговар нест. Таҷриба намо, худат шоҳид мешавӣ. Зеро, хоҳу нохоҳ пушаймониву нанг бар дӯши нафаре меафтад, ки якум шуда ба пайдоиши фазои зиддият ва муноқиша мусоидат кардааст. Ба қавли Ҳилолии бузургвор:
Хасу хоре, ки оташ барфурӯзад,
Чу хезад шуъла, аввал худ бисӯзад.
Умуман, агар дар ҷараёни зиддият ҳамдигарфаҳмӣ зоҳир нашавад, қазия бо ниҳояти ногувор анҷом меёбад, ҷаноби Хоҷаев. Мазмуни ба воқеият наздики филми фантастикии «Сайёраи маймунҳо»-ро намуна меорам. Ҷанг миёни одамону қабилаи маймунҳо. Полковник фармони қатли маймунҳоро содир мекунад. Дар задухӯрди нахустин маймунҳо ғолиб меоянд. Сардори қабилаи маймунҳо — Сезар ба зердастонаш мефармояд, ки асиронро пушти аспҳо ресмонбанд кунанд. Баъд онҳоро бо чунин пайғом назди раҳбарашон мефиристад: «Ба полковник расонед, ки мо ҷангро намехоҳем. Бигзор ҷангалро ба мо вогузоранду бираванд». Сипас, дар посух ба тааҷҷуби мушовирони худ меафзояд: «Одамон бояд донанд, ки мо ваҳшӣ нестем». Аммо, ғайриинтизор, полковник амалиёти пинҳонӣ анҷом дода, зан ва писари калонии маймун Сезарро ба қатл мерасонад. Аз ин пас душвориҳои зиёд қабилаи маймунҳоро дунболагиранд. Кор ба ҷое мерасад, ки шумораи асосии онҳоро асир мегиранд ва корҳои вазнин мефармоянд. Сезар низ аз пайи интиқом рафтаву ба даст меафтад. Вақти паси панҷара будани сардори қабила, нафаре аз ҷинси одамӣ, духтарчаи гунге, ки маймунҳо ба хотири тани танҳо нобуд нашуданаш ӯро аз вайронае бо худ гирифта буданду муҳофизат мекарданд, барои Сезар об меорад. Баъдтар, ҳангоми сардори қабиларо аз панҷара берун кардан, назари полковник ба лӯхтакчае меафтад, ки духтараки гунг назди дӯсташ — маймун Сезар гузошта буд…
Охири филм фоҷиавӣ аст. Лашкари дигаре ба артиши полковник ҳуҷум мекунад. Сезар бо шитоб ба ҳуҷраи полковник медарояд. Мебинад, ки ӯ рӯи кат хобидааст, дастону даҳонаш хунолуд, лӯхтаки духтарчаи гунг дар паҳлуяш ва канортар ғилофи таппонча. Сардори қабила даст меёзад ва таппончаро аз ғилоф берун мекашад. Аммо раҳмаш меояд. Таппончаро рӯи миз гузошта, берун меравад. Аз қафояш садои тир. Полковник худкушӣ мекунад.
Анҷоми ин филми қаҳрамонӣ ғамангез аст. Гарчанде қабилаи маймунҳо раҳоӣ меёбанду ҳамроҳ бо духтарчаи гунг ба базму хушҳолӣ машғул мешаванд, маймун Сезар, ки сахт захмӣ шуда буд, вафот мекунад.
Чунин хулоса мебарояд, ки агар ҳамдигарфаҳмӣ миёни полковник ва Сезар ба вуҷуд меомад, зиддият тезутунд намешуду ҳарду зинда мемонданд.

Фазлиддин АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here