Нафратам меояд аз касе, ки дар рӯй «чун фарзандам медонистам» мегӯяду аз пас ханҷар ба шона мезанад…
Ғашам меояд аз дӯсте, ки баъди моҷарое роҳро дигар мекунад…
Безорам аз бародаре, ки боре додар нагӯяд…
Гурезонам аз хешованде, ки боре аз ҳолат напурсад…
Рамидаам аз ишқе, ки оқибат биёбонгардат кунад…
Вой бар ин замона
Ҳар чӣ ки шуд, мегӯянд «замона». Аҷаб замонаи шум ва берангубӯе. Падарро аз писар дур кард, амакро аз ҷиян. Бародар боре ҳоли додар намепурсад, ҳамсоя аз ҳамсояро. Дӯстиро мисли шохча ё мешикананд ва ё худ хушк мешавад. Дигар аз Лайливу Маҷнун хабаре нест. Вой бар ин замона!
Замоне яке гуфт, ки «мисли писарам дӯстат медорам», аммо ханҷаре зад, ки то ҳол пайи захмаш нарафтааст. Ана дӯстдории писар… Войи ин замона!
Шахсе гуфт, ки «ҳама вақт мо туро дастгирӣ мекунем», аммо баъди моҷарое роҳро дигар кард. Вой бар ин замона!
Бо яке бародар будем, аммо наздик ба ду сол мешавад аз ҳоли ҳамдигар хабаре надорем. Боре ман занг задам, аммо аз ӯ «муштарӣ занги шуморо интизор аст» ҳам наёмад. Ана бародар… Войи ин замона!
Лайливу Маҷнунро бошад, танҳо дар китоб ёфтан мумкин аст, ки аз ишқи пок ҳикоят мекунад. Чӣ шуд бар ин замона?!
Бузургсолон ба некӣ ёд мекунанд аз дӯстону ҳамсинфоне, ки 7 сол бо онҳо хонданд, аммо мо 11 сол дар як мизу курсӣ паҳлуи ҳам нишастем, лек имрӯз ва дар ин шароит хабаре надорем кӣ дар куҷост.
Чӣ шуд бар ин замона?!
Калонсолон аз ҳоли ҳамсояҳои худ қиссаҳо мекарданд, вале мо (шахсан ман) аз 4 ҳамсоя хабаре надорем. Шояд надонем кадом ҳамсоя чанд фарзанд дорад. Мегуфтанду мегӯянд, мо ҳангоми мевапазӣ шод будем, чун баҳонае буд барои дидорбинии пиронсолони деҳа ва агар меваи аввал бошад, онро комилан ба ҳамсояҳо тақсим мекардем. Имрӯз чӣ? Меваи напухта ба бозор… Чӣ шуд бар ин замона?!
Боре дар рӯзи ғалаба (9-уми май) дар чорабинӣ иштирок кардам, дар паси қаҳрамонон. Қаҳрамоне аз он рӯзгор ёд намуду қисса кард, ки «дар соли 2-юми ҷанг дар хона нони қоқ надоштам. Шабе дар тақ-тақ шуд. Баромадаму як миқдор хӯрока дидам. Ҳар тараф нигоҳ кардам, касеро надидам. Баъди чанд рӯзе ба ҷанг рафтам, аммо аз ҳоли хонаводаам хавотир будам. Ба худ мегуфтам, ки «ман дар ҷанг бимирам, онон аз бекасиву гуруснагӣ». Сипас фаҳмидам, ки ҳар як ё ду ҳафта худоҷӯе чунин кӯмак мекардааст». Мо чӣ? Ду дона биринҷ ва чаҳор литр равғанро ҳафтаҳо ба ТВ-ю радио ва матбуот мекашем. Донед, ки мо саховатмандем… Аҷаб замона!
Омӯзгорон нақл мекарданд аз устодону шогирдони қарни қаблӣ ва аз эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамдигар, ки қиссаҳое буд шуниданӣ. Аммо имрӯз омӯзгорро аз хонанда фарқ кардан душвор аст. Дар байн эҳтиром чӣ, аз гиребони устод гирифтанро ҳам шоҳид будам. Э войи ин замона!
Бо имомхатибе ҳамсуҳбат шудам. Ҳикояе кард, ки шахсе занг заду баъд аз салому аҳволпурсӣ гуфт: «Ҳазрат, ояте лозим барои хушбахтӣ, имрӯз бародарам зодрӯз дорад, дар болои торташ менависем». Имомхатиб ҳоли зоре дошт ва мегуфт: «Қуръон баъд аз марг ба ёд мерасад ва ё замонавӣ карда бар тортҳо истифода мебаранд». Ана огоҳии мо аз дину китоб… Пас войи ин замона!
«Гилеми худро кашидан аз об на ту тавонӣ, на ман тавонам»-и устод Лоиқ ҳоли зору низори моро гӯянда аст…
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ