Муовини собиқи раиси Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳодҳои худро ҳимоя карда натавонист.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчун раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 3 иҷлосияи парлумониро роҳбарӣ намуд. Ин барои мо то ҷое имкон фароҳам меорад, ки фарқ ва умумиятҳои иҷлосияҳои замони Шукурҷон Зуҳуров ва ӯро ҷустуҷӯ намоем.
Дар иҷлосияҳои парлумонии даъвати нав, агар Сайидҷаъфар Усмонзода — раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон набошад, бисёр душвор мешуд, ки мегуфтем дар онҳо муҳокима сурат мегирад. Оре, маҳз ин вакил аст, ки чун даъвати гузашта аз худ фаъолмандӣ нишон медиҳад, дар баъзе масъалаҳо суол ва ибрози андеша мекунад. Мисле, ки дигарон ё ҳанӯз ба кори парлумон одат накардаанд, ё ҳоло ҳам мондагии талошҳояшон барои мубориза ба курсии Маҷлиси намояндагон набаромадааст. Ин ҳам шубҳанок аст. Аввалан, хеле аз вакилони нав дар даъвати гузашта ҳам дар курсиҳои худ нишаста буданд, мисол Қудратов Рустам, Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло, Назирӣ Гулбаҳор Назир ва ғайра. Аммо ҳамон тавре таҳлилгарон дар вақти маъракаи интихобот навиштанд, он қадар талоши ҷиддиашон ҳам ба назар намерасид.
Дуруст, баъзе вакилон ин дафъа олимони ҷавон буда, шояд ба тартиби кори парлумон ҳанӯз ворид нашудаанд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки онҳо дар бахшҳои худ муваффақанд. Масалан аз Сарвиноз Маҷидоваи 34-сола мегӯянд умеди бештар доранд, ки аз ҳисоби Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз ҳавзаи Бохтар вакил шудааст. Ӯ соли 2009 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро хатм карда, то соли 2011 ходими хурди илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аммо ба сифати вакил ҳанӯз худро муаррифӣ накардааст…
Дар ин се иҷлосия, ки аллакай баргузор шуд, масоили ҷиддӣ бояд баррасӣ мешуд. Ба ҳар сурат, мавзуҳои пешниҳодӣ муҳим буданд.
Масалан, дар иҷлосияи ахир аз тарафи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба ташаккули соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 ва 26-уми декабри соли 2018 бармеоянд, равона шуда буд ва таҳияву пешниҳод гардид.
Икром Умарзода дар иҷлосия гуфт, ки лоиҳаи мазкур барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвари мо мусоидат мекунад, чун барои сайёҳон имтиёзҳои бештар дода мешавад. Дар замина, масъалаи депортатсия дар бисёр мавридҳо ба огоҳӣ иваз гардид. Акнун дар сурати риоя накардани муқаррароти дохилии кишвар, ки қаблан депортатсия мешуданд, ҳоло онҳо қаблан то 3 маротиба огоҳӣ мегиранд.
Пас аз хондани лоиҳа Матробиён Саодатшо Қосимзода, ки дар гузашта муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, изҳор намуд, ки лоиҳаи пешниҳодшуда 7 хатои имлоӣ дорад ва матни дуюм беш аз 6 хатои имлоӣ. Дар маҷмуъ, ба гуфтаи ӯ, матн услубан низ иштибоҳоти зиёд дорад. Ва таъкид бар он кард, ки ҳамаи камбудиҳоро ислоҳ кунанд ва баъдан лоиҳаи қонунро қабул кунем, яъне ба маъное, ки ҳоло саросема нашавем.
Раиси парлумон аз ӯ хост, ки мушаххас бигӯяд, кадом нуқсонҳо?
Икром Умарзода дар посух гуфт, ки «ростӣ, инҳоро ман аҳамият надодаам» ва илова намуд, ки хатоҳои имлоӣ ба ӯ дахл надоранд, чун ин паҳлуи масъаларо дигар вазоратҳо дидаанд.
Вакил Раҷабзода Равшан аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, рақами 19 чизи ҷолибе гуфт:
— Пешниҳоде, ки муҳтарам вакил мекунанд, ба Кодекси амалкунанда дахл дорад, эродҳои Шумо берун аз мавзуъ аст. Ба матни амалкунанда мо дигар кор надорем, чизе, ки аз Ҳукумат пешниҳод шудааст, мо онро баррасӣ мекунем. Хоҳиш мекардам, ки фақат моҳиятан савол пешниҳод шавад.
Спикери парлумон баҳсро сӯи дигар бурд:
— Вакили муҳтарам, лоиҳа дар Кумита муҳокима гардида буд?
Посухи Матробиён:
— Мо чунин лоиҳаро надидаем.
Вазири собиқи адлия Рустам Менглиев ба баҳс ҳамроҳ шуд:
— Муҳтарам раис, лоиҳа тибқи тақсимоти мансабӣ ба вакили мутасаддишуда буд. Аз муҳтавои пешниҳодшуда бармеояд, ки худи лоиҳа ба талаботи қонуни забон зид нест, балки моддаҳое, ки ба онҳо тағйирот ворид шуда буд, баъзе тағйиротҳои дигарро тақозо доранд. Фикр мекунам ин қисматашро мо метавонем дар доираи ташаббусҳои худ баррасӣ кунем, вале аз ташаббуси Ҳукумат наметавонем зиёд тағйирот ворид намоем.
Раис Маҳмадтоир Зокирзода ахиран аз кори парлумон норозигӣ кард:
— Камбудиҳоро бояд дар Шӯро баррасӣ мекардед, на дар ҷаласа!
Хулоса, пешниҳодҳои вакил қабул нагардид. Аммо қонун, албатта бе чуну чаро қабул гардид, гарчанде пас аз ҷаласаи парлумонӣ аксарияти вакилон гуфтанд, ки Зокирзода чунин ҳақро надошт, ки вакилро намонад, то ӯ дар мавзуҳои баррасишуда изҳори назар намояд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” яке аз қонунҳои асосӣ барои давлати соҳибистиқлол бояд бошад. Ана ҳамин тавр…
— Вакилон бояд андеша кунанд, ки онҳоро “ҳамту” наовардаанд ба курсии парлумон ва имтиёзҳои зиёд, ронандаву маоши 5-ҳазорсомонӣ, албатта барои хомӯш будан барояшон ҳалол нахоҳад буд,- мегӯянд мардум.
Вале аз Матробиён ҳамкасбонаш як нафари хеле донишманду забондон ва донандаи забонҳои порсии қадим, авастоӣ ва порсии миёна ном мебаранд ва таҳсилкардаи Бритониёи Кабир мебошад.
Пас аз ин парлумон чӣ метавон интизор шуд?
Воқеан, раиси пешинаи Матробиён — Гавҳар Шарофзода, ки низ вакил аст, бо кадом сабабе аз муовини пешини худ ҳимоят накард.
Аҷиб…
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Ба маҷлис гар фасод тарвиҷ карданд,
Зи парлумону то “думо” биносем.
Касе фатво агар бар имло дод,
Ӯро истода сар то по биносем.
Шунидам дӯш Суннат зор мегӯфт,
Ба ройи пучи “кондидо” биносем….