Монолог

 “Кори бузургеро анҷом бидеҳ, ҷойи он, ки кори бузургеро ваъда медиҳӣ”.

Пифагор

 Фикр мекунам, ки ин гуфтаи файласуфи юнонӣ Пифагор ниёзе ба шарҳу тавзеҳ надорад, ҷаноби Хоҷаев. Қариб монанд ба ҳамон пандҳои ниёгони мост, ки талқин мекунанд, то “аз осмон ситора овардан”, “муҳайё сохтани шири мурғу пойи мор” ва ё “саёҳат бурдан ба пушти куҳи Қоф”-ро ваъда надиҳем.

Аслан, ваъда додан ба ман писанд аст. Зеро, чун ваъда медиҳӣ, нафареро ба муддати начандон тӯлонӣ ҳам бошад, хурсанд мекунӣ. Дар он лаҳзаҳо шояд ӯ худро дар осмони ҳафтум ҳис мекунад ва аз ғояти шавқу шӯр дар куртаи худ намеғунҷад. Вале агар боз бузургӣ кардаву ба ваъдаат вафо намоӣ, дучандон бартарият хоҳам дод ба ту. Аммо, агар вафо накардӣ чӣ? Ӯ ҳатман дилшикаста хоҳад шуд. Барои ҳамин, ман ҳеҷ гоҳ ба касе он чизеро, ки қудратам намерасад ва дар амалӣ сохтанаш оҷизу нотавонам, ваъда намедиҳам. Масалан, вақте зиндагиат миёна ва даромадат моҳ ба моҳ сару нӯг аст, набояд ба маъшуқаат хонаи сеошёнаи иборат аз ҳавзи оббозӣ дар ошёнаи сеюм ваъда диҳӣ. Ва агар ӯ ҳам, ки дӯстат медораду аз вазъияти ту воқиф аст, набояд ваъдаи висол бо шарти бунёди чунин бино диҳад. Ва агар, дӯст медораду мушкиле пешорӯяш ҳаст, гуфтани он, ки “ҳоло омода нестам, дар садсолагӣ ба ту мерасам” беҳтар аст аз ваъдаи ҳавоии “сеошёна бо ҳавзи оббозӣ”. Гарчанде ин баҳона менамояд, аммо баҳонаи мусбату мусоид аст. Яъне, дар чунин ҳолатҳо бояд бо сар фикр кард. Вагарна, чунин хулоса ҳосил мешавад, ки на ту дилбохтаӣ, на ӯ ва ин қабил “бозиҳо” ахиру оқибат шуморо аз ҳам дур меафкананду дӯстии муқаррариатонро ҳам барҳам мезананд.

Ин сухани донишманди фаронсавӣ Пйер Буаст — “ваъдаҳои дурӯғин зиёдтар аз радсозиҳои кушоду равшан асабонӣ мекунанд” мақбули ман аст, дӯстам Хоҷаев. Аммо, тавре дар мо — мардуми тоҷик мегӯянд, “рӯйи одам гарм аст”. Ҳамин аст, ки гоҳо хотирбинӣ мекунем, ғурурамон роҳ намедиҳад, наметавонем “не” гӯем ва худноогоҳ иҷрои кореро, ки метавонад дарди сарамон шавад, ваъда медиҳем. Бадии кор ин аст, ки натиҷаҳои ваъдаҳо на ҳамеша софу маълуманд. Дақиқан, намедонӣ баъди ваъдаҳои бесомон чӣ интизори туст. Монанд ба пешгӯиҳои бодуҳавосанҷҳо…

Чун дар бораи ҷуръати “не” гуфтан надоштан зикр кардам, мехоҳам намунае орам. Боре бо донишҷӯе дар суҳбат нишастам. Вақте оид ба парвариши тан, обутоби бадан сухан дар миён афтод, ҳикояте хеле ҷолибу ҷаззоб пеш овард. Нақл кард, ки ҳамсабақе доштаанд бо лақаби Беҳрӯзи бодак. Беҳрӯз ба синну сол аз ҳамсабақон ду сол бузург будаву гоҳу ногоҳ «бодакӣ», яъне худро воҳима мекардааст. Мегуфтааст, ки дар ким-кадом толори беҳад тамизу муосири варзишӣ ба обутоби бадан машғул аст. Донишҷӯи шиноси ман хоҳиш кардааст, ки ӯро низ ба толори варзишӣ роҳнамо шавад. Ваъда додааст, ки ҳатман чора мебинад ва ин ваъда рӯздармиён чанд моҳ тӯл кашидааст.

— Намедонистам, ки Беҳрӯз ба ман ваъдаи дурӯғин додааст. Як рӯз аз қафояш поида рафтам. Воқеан, ба бинои толори варзишӣ ворид шуд. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифту ман ҳам даромадам. Чӣ дидам? Толори берангубору дилгиркунандае бо лавозимоти фарсудаи варзишӣ. Баъд фаҳмам, ҳамсабақамон асосан на барои обутоби бадан, балки барои саршӯии ройгон мерафтааст ба толор. Зеро он танҳо як бартарият дошт, ки бисёри дигар толорҳои варзишӣ надоштанд: ҳуҷраи шустушӯйи бадан. Барои он, ки сирри пӯшида фош нашаваду шарм надорад, ҳамсабақам кӯшиш мекард ваъдаи додааш ба гӯшаи фаромӯшӣ равад,- гуфт бо истеҳзову ханда ҷавони донишҷӯ.

Ба ҳамин монанд ваъдаҳо бисёранд, рафиқ Хоҷаев. Асосан, моро аз кӯдакӣ ба ваъда моил мекунанд. Пеш аз ҳама волидон, ки барои хуб хондану ботамиз шуданамон подошҳои зиёд ваъда медиҳанд. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, зеро масалан ман ҳосили ваъдаҳои бисёрро дидаам. Агар барои хониши хубу аълоям асп ваъда карда бошанд, ҳадди ақал хар туҳфа кардаанд. Муҳим ин ки, ваъда пойдарҳаво намондааст.

Аммо баъзан одамонеро вомехӯрем, ки занг задан, омаданро ваъда медиҳанду гуфтаашонро иҷро намекунанд ва мисли аблаҳ соатҳои тӯлонӣ интизор шуда меистӣ. Ин аллакай хотимаи хуб нест.

Умуман, вақте ваъда медиҳӣ, бояд иҷро намоӣ, чунки ваъдаҳо умедворкунандаанд.

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here