Баъзан саволҳое пайдо мешаванд, ки даруниянд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро наметавон ба ҳар нафари дилхоҳ дод.

Муносибати ду нафари маъмулии дар гузашта бо ҳам қарину бе ҳам наметавонистагӣ — устод ва шогирд дар ҳоли ҳозир чунон сард шудааст, ки шогирд аз пушти устод, устод аз паси шогирд борони дашномро мерезанд. Ва ҳоло дар ин шароит унс гирифтан ва якдигарфаҳмию ба ҳамдигар эътимод доштани як шогирду як устод бисёр камёфт аст.

Хушбахтона, муносибати Сино бо устодаш Абдурауф, ки дар донишгоҳ ба ӯ лексия мехонд, берун аз дидору вохӯриҳои расмӣ ҳам гарму самимӣ буд. Онҳо ҳар вақте ки сухани мегуфтанӣ пайдо мекарданд, сари ҳар ду — се рӯз бо ҳам вохӯрда, суҳбат менамуданд.

Сино субҳи содиқи имрӯз ба устодаш Абдурауф занг зада, хоҳиш кард, ки агар имкон дошта бошад, ба макони доимияшон, яъне Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон” ояд. Онҳо омаданд. Вохӯрданд. Нишастанд. Чун қоидаи маъмулӣ ҳар нафаре, ки занг зад, ҳамон гапро оғоз мекунад, яъне он нафар гапи гуфтанӣ дорад.

Инак, Сино оғоз кард:

— Устод, дилам аз одаму олам мондааст. Рӯзҳоям бо фикри бад шом мешаванду шомҳоям бо гумони бад рӯз. Фикр мекунам дар зери абри сиёҳ қарор дорам ва дигар ҳеҷ гоҳ офтоби нурофарро дида наметавонам, аниқтараш он болои сари мо намеояд. Бо ҳар нафаре, ки вомехӯрам, аз шароити бад, аз беқадрӣ, аз беэътимодӣ, аз ноадолатӣ ва аз тамоми буду шудаш шикоят мекунад. Шумо хуб медонед, ки ман бо кадом одамон вомехӯраму суҳбат мекунам…

— Ба хайр бошад, ба ту чӣ шудааст?,- устод Абдурауф сухани шогирдашро бурида, савол дод, зеро то ин ҷо чӣ гуфтани Синоро нафаҳмид.

— Устод, бубинед,- Сино пас аз чанд сония оғоз кард,- як нафар бо нӯги сӯзан чоҳ меканад, аммо дар ин баробар ба нони хӯрдан зор аст. Нафари дигар бошад, рӯз то шом дар таги кондитсионер мешинад, корҳои бади мекардааш ба худу Худо маълуманд, вале маоше мегирад, ки он ҳатто ба хонаву мошини бодабдаба расидааст. Бубинед, як нафар миллатро аз нобудшавӣ наҷот доданист, яъне ӯ ба насли наврас таълиму тарбия дода истодааст, аммо касе ба вай ҳатто нимнигоҳе накарда, дар дафтари магазинчиҳо номаш дар рӯйхати аввали қарздорон аст. Иловатан, агар аз мағозачӣ пурсон шавӣ, ки “муаллим чӣ гирифтааст?”, бо заҳрханде ҷавоб мегӯяд: “Як халта орд, панҷ литр равған ва ду кило шакар”. Нафари дигар бошад, соҳибдипломест, ки номи ихтисосашро фаромӯш кардааст, вале ҷойи кору маоше дорад, ки ҳатто профессори 80-сола онро орзу намекунад, аниқтараш орзу карда наметавонад. Бубинед, як нафар пинҳонӣ-пинҳонӣ ғами ин давлату миллатро мехӯрад, фикри беҳбудиро мекунад, худашро фидо кардааст, аммо дар бадтарин шароит зиндагӣ мекунад. Нафари дигар бошад, ба ҳар имзояш нарх мондааст, духтаракони корафтодаро утоқи бечароғ медарорад, фукаш болои равған аст, зиндагиаш аз хӯрдану хобидану ҳоҷатхона рафтан иборат аст, вале қадру қиммате дорад, ки дар миёни орзуҳои дигарон онро пайдо кардан ғайриимкон аст. Бубинед, як нафар рӯзмарра коре мекунад, ки агар ба ин ҷомеа фоидааш нарасад, зиёнаш ҳам нарасонад, машрути зиндагияш хона-кор-хона буда, доимо дар фикри дигаргун кардани фикру зикри атрофиён аст, аммо аҳволаш чунон бад аст, ки ба болои рухсатӣ гирифтан, барои ҳаққи қалам менависад, то ки иҷорапулияш барояд. Нафари дигар бошад, нишонеро намедонад ва аз худ нишоне ҳам намондаву монда ҳам наметавонад, вале дар «салон»-и сабукравҳое ба Варзобу Қаратоғу Ҳафткӯлу Ромит меравад, ки дасти чанд нафарро дароз кунем ҳам, ба он ҷойҳо намерасад. Бубинед, як нафар дар роҳи илм рафтанист, олим шуданист, вале ба ҷойи он ки фикри давоми таҳқиқашро кунад, дар андешаи бо кадом пул харидани халтаи орду чи гуна пардохтани қарзи семоҳаи иҷорааш аст. Нафари дигар бошад, бо ҳаромхӯриву ҳаромгардӣ хуни садҳо нафарро макида, барои ҳар як муҳру имзо садҳо нафарро маҷбур мекунад, ки даҳҳо километр роҳро тай карда, дар назди дари кабинеташ соатҳо интизор шуда, болои ин ҳама ҷайбҳоро холӣ карда раванд, вале ӯ ҳатто ба набераи семоҳа дар батни келини хурдиаш буда ҳам хона харидааст. Бубинед, як нафар ҳам рӯз ва ҳам шаб дар кор аст, аммо боз бо дуди талхи сигор ба фикри меҳмонҳои пагоҳ меомада сар ба сукут рафтааст. Нафар дигар бошад, панҷ рӯзи ҳафта дар кабинети кондитсионердор дам мегираду ду рӯзи дигар берун аз шаҳр истироҳат мекунад, вале дар “бардачок”-и мошинаш пачка-пачка пул хобидааст…

Агарчи Сино гапашро ба охир нарасонида буд, вале Абдурауф аз ҷояш хест. Ӯ ин суханҳоро гуфта, дур шуд:

— Ҳолати қарор доштаи “як нафар” ва “нафари дигар”-и гуфтаи ту натиҷаи қонуни нонавиштаи табиатанд. Ҳар нафаре, ки барои осоиши худ кореро, ҳатто кори некеро ҳам анҷом бидиҳад, дар як дунё не, балки дар ду дунё подошашро мегирад. Ҳаргиз осоиш ва лаззати ин дунёро фикр накун. Ва чизи аз ҳама муҳим: хуб нигар, ки дар пушти корҳои мекардаи “як нафар” ба ҷуз пул боз чиҳо истодаанд?

1 бинависед

  1. Онро додаанд, х,амин ч,ош додаанд, Онро ки нест ваьда ба фардош додаанд))) бьхьр бьгард, сагьра, ситеза макун.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here