Монолог
Барои умедворӣ кашидан ҳатман бояд асосу замина вуҷуд дошта бошад.
Барои чӣ умедвориро бар асосҳо пайванд медиҳам? Ҳоло хоҳӣ фаҳмид, ҷаноби Хоҷаев. Аммо бидуни тезисшумориҳои бешумори як, ду, се, чор ва ғайраҳо… Чунки, ҳар як банд дар навбати худ эзоҳ мехоҳад. Ман бошам, намехоҳам худро ба пеш овардани чандин тезис андармон созам. Ду-се намунаи хулосадор кифоя аст.
Инак, намунаи якум: Замоне падар дар боби ояндаи писари хурдӣ, яъне бародари аз ҳама кӯчаки банда — Ҳамроз сухан дар миён овард. Бо кунҷковӣ аз худ ва мо суол кард, ки “оянда кӣ мешуда бошад?”. Бидуни андеша, бадоҳатан гуфтам: “Инсони хуб, ояндабин, босавод, пешрав мешавад”. Барои ин гуфта асос доштам. Кам гап мезад, пуртаваҷҷуҳ ва мулоҳизакор буд, бисёр мутолиа мекард, аз муаллимонаш тавсиф мешунид. Муҳимтар аз ҳама, қилиқҳои ноҷо надошт ва «дарди сар» намешуд. Касе аз бадгӯияш шикоят надошт ва шукр, ҳоло ҳам надоранд. Зинаи магистрантии донишгоҳро тай мекунад, аммо, шояд ба назари ман, аллакай як нафари комилу мустақил шудааст. Зеро, умедвории ҷиддӣ дорам. Ба ҷуз ин, гуфтаи падар хотирмон аст, ки “хонад, олим нашавад ҳам, одам мешавад”.
Намунаи дуввум: Рӯзе подабон будам. Бузи алое миёни хорбуттаҳо таваллуд кард. Бузғоларо аз мавзеи нобоб ба ҷойи ҳамвор кӯч додам ва худ болои теппае баромадам, ки аз он ҷо гирду атроф пурра намудор буд. Акнун ҳама ҷоро медидам. Чӣ дидам? Ғайричашмдошт, дидам, ки лошахӯре болҳои худ паҳн карда, дар мавзеи таваллуди бузғола чарх мезанад. Ҷойи фикр нест. Ҳадафи лошахӯр маълум аст. Мехоҳад бузғоларо сайд кунад. Башиддат давидам. Чанд бор буттаҳои гуногуни гулу гиёҳ ба пойҳоям печидаву рӯи замин ба фуку бинӣ ҳам задам. Аммо боз хеставу давидам. Умедвор будам, ки лошахӯр барои чанг задан ба ҷисми заифи навзод фурсат намеёбад. Вале, расиданам мисли ҳамон нӯшдору пас аз марги Суҳроб шуд. Вақте расидам, аллакай каргас бузғоларо дар панҷаҳояш маҳкам кардаву ба ҳаво хест. Модарбуз бо ҳаяҷон маъос мезад, гоҳ ба мавзеи қарордошти бузғолаи рабудашуда медавид ва гоҳ миёни хорбуттаҳо, он ҷо, ки бузғолаи дуввумро таваллуд кардааст. Лошахӯр аз назар дур шуд. Навзоди дигарро ба ҳамворӣ баровардам ва хаёлам сӯйи навзоди сайдшуда парвоз кард. Ояндаи он ҷонвар дигар тасаввурнокарданӣ буд…
Бегоҳӣ шуд. Подаро бо ҳай-ҳӯй ва ҳуштаккашиву нидоҳои “ҳаҳ”, “ҳей”, “ай”, “чай” ҷониби деҳа рондем. Он вақт банда соҳиби ҳафт “набера” будам. Зеро, дар подаи ҳар нафар, ки чанд буз ва ё гӯсфанд бор меовард, лиҳозо шахси подабон “бобо”-и навзодҳо маҳсуб меёфт.
Ҳамин тавр, мани “бобо” як-як бузғолаҳои навзодро тақсим мекардам. Чун навбат ба соҳиби бузи ало расид, бузғоларо қабул кард, аммо ба чеҳрааш ким-кадом муаммо фаромаду чизе гуфтан мехост. Зуд дарк кардам ва шонс додам, ки аввал гап занад. Гуфт:
— Ин бузи мо фақат дугоник мекард.
Гуфтам, ки бузашон воқеан ду бузғола таваллуд карда, аммо яке луқмаи лошахӯр гашт. Ғайри интизори ман, чунин изҳор дошт:
— Ҳеҷ гап не, буз будаст, ҷони одам не. Ин дафъа дугоникашро мегирем, агар дар насибамон бошад.
Чун умедвориашро аз оянда бо гӯши худ шунидам, дигар он ҳама фикру ташвишҳои “чӣ мешуда бошад?”, “соҳиби буз чӣ мегуфта бошад?” маро батамом тарк карданд ва бо хотири осуда равонаи хона шудам.
Ниҳоят, намунаи саввум: Замони донишҷӯӣ духтараке хубчеҳра майли ошноӣ бо ман кард. Албатта, на ҳамчун дӯст, балки фаротар аз он. Вале ман ба ӯ шефта набудам. Эҳтиром мекардаму меписандидамаш, аммо на ба он маънӣ, ки ӯ дар хаёл дошт. Боре бо нозу ишваи ошиқона сухан оғоз кард:
— Ба фикри ту, зан бояд чӣ гуна бошад, ки ӯро дӯст доранд?
Ва бидуни он, ки посух шунавад, илова намуд:
— Ман зани дӯстдоштанӣ шуда метавонам?
Намедонам, шояд корам хато буд ва ё дуруст амал кардам, ки ба ин маънӣ танзомез гуфтам: “Ҳамаи занҳо арзиши худро доранд. Фақат барои бархе чанд саду ҳазорҳо сомонӣ медиҳӣ, аммо барои дигаре ҷонатро”.
Шояд умедвор буд, ки ҳамин ҳоло ба тавсифаш мепардозам ва ӯро дар ҷойгоҳи беҳтарин зебосанами ҷаҳон мебинам? Шояд умед дошт, ки ба гуфтаам чанд ибораи дигар зам кардаву ҷонамро нисораш месозам? Намедонам. Аммо, дақиқан, дидам, ки рӯй турш кард ва бесадо маро бо ман гузошту рафт. Каме хиҷил ҳам шудам…
Яъне, умедвории олӣ ҳамин аст, ки ҷойи поятро дониста гузорӣ, аз касе чизе умедвор бошӣ, ки ақаллан фоизаке ҳадди иҷро шуданаш имконпазир бошад, дӯстам Хоҷаев. Аз се намуна, ки овардам, ҳар се намунаҳои “безарар” ҳастанд. Яъне, на ба ман хатар доранд ва на барои мухотабонам. Дар намунаи аввал образи бародари ман меистад, ки умедворам, марди мардона хоҳад шуд. Дар намунаи дуввум образи як нафар ҳамдеҳаи ман, ки умед дорам, соҳиби бузғолаҳои зиёди дугоник хоҳад гардид. Дар намунаи охир образи як нафар зан — олиҳа, ки умедворам, аллакай ҳамсафари ҳаётии худ, шахси аз ман дида созгору намунавӣ ва болотару волотару мақбули дилашро ёфтааст. Ба қавли дигар, “як дари пӯшидаву сад дари кушода”.
Вале умедвории холӣ кадом аст, рафиқ Хоҷаев? Фикр мекунам, намунаи беҳтарину содаву оддии ин суол умедворӣ аз ҷавон шудани фарди пир аст. Гарчанде мӯйу ришу мӯйлабу абрӯи сафедро метавон бо нақши ранг сиёҳ намуд, аммо намешавад кулли аъзоро ислоҳ кард. Ва бо ислоҳи мунаққашоти пирӣ ҷавон нахоҳӣ шуд.
Ин гуна умедвориҳо ниҳояти мусбат надоранд ва метавонанд дилхоҳ шахси умедвори чунин хаёлҳои кайҳониро ба ноумедӣ тела диҳанд.
Фазлиддин АСОЗОДА, “ФАРАЖ”