Ё чӣ тавр хомӯш буданро омӯзем?

Робия пас аз анҷом додани кори хубе ҳеҷ гоҳ ба нафари корафтода бо нигоҳи раҳматталаб чанд дақиқа наменигарист. Баръакс, баъди чунин амал худро қадре сабук ҳис карда, гӯё болу пар мебаровард ва аз пайи корҳои худ мешуд.

Ӯ медонист, ки аз панҷ маротиба паст-паст тарафи баъзе кондуктор ҷумлаи “бақияи маро диҳед” гуфтан дида, ҳамеша пеш аз савор шудан ба хатгард дар дасти худ як сомонию шаст дирам гирад, хубтар аст.

Ӯ медонист, ки аксари кӯдакони имрӯз, ки бештар ба фазои маҷозӣ майл доранд ва то қадре аз китоб дур шудаанд, аз маҷбур кардан ё истинтоқ кардани фарзанд барои китобхон шуданаш, авлотар аст, агар худаш китоберо гирифта баланд-баланд бихонад. Зеро вай аз таҷрибаи омӯзгориаш медонист, ки яке аз роҳҳои хубу ҷолиб барои китобхон шудани кӯдак ҳамин омил аст.

Ӯ медонист, ки ҷумлаи “то бадӣ накунем, ба қадри хубиамон намерасанд”, барояш бегона аст. Амалҳои анҷом медодаашро, ки хубӣ кардан ба дигарон буданд, назди худу виҷдони худ қарзи одамӣ мешуморид ва ҳеҷ гоҳ аз онҳо ёд намекард. Ва боз барои он ки атрофиён хубиҳояшро қадр кунанд, ҳеҷ фикр ҳам намекард. Зеро, ба андешаи вай, Офаридгор моро барои хубӣ кардану меҳрубон будан дар ин дунё офаридааст.

Ӯ медонист, ки баъди нашри ҳар мақолааш шакли электронии онро ба 10 шабакаи иҷтимоӣ гузоштану рӯнамоӣ кардан ба ҷуз сарфаи вақт ва хира кардани табъаш дигар коре нест. Аз ҳамин сабаб корҳои фоидаовартареро иҷро мекард.

Ӯ медонист, ки ҳаёташ, вақти дар ихтиёр доштааш ба ҷуз он ки худаш қадр накунад, ҳеҷ нафаре барои сонияҳои аз даст рафтаи вай парвое надорад. Барои ҳамин барои ба қадри вақташ расидан бе дод гуфтан, ҷанг кардан ва ногап шудан бо дигарон хомӯшу ором худ ҳар дақиқаи умрашро қадр мекард.

Тавре мебинед, барои кам гап задан ё ба истилоҳи дигар, пургӯӣ накардан, аз мо чизе намеравад. Танҳо бояд одамвор зист.

Ҳар нафар метавонад корҳои хубӣ кардаашро думболагир шуда, аз атрофиён раҳмат талаб кунад, вале ин ба ҷуз хира кардани табъ ва пургӯӣ кардан дигар коре нест. Ё ҳар нафар метавонад барои бақияпулиаш, барои китоб нахондани фарзандаш, барои маоши камаш, барои ҳамсояҳои дағалаш, барои иҷораи ҳангуфташ, барои муаллими писараш, барои бӯйи бади партови назди бинои истиқоматиаш, барои… дод гӯяд, ҷанг кунад, ногап шавад ва пургӯӣ кунад. Лекин дод гуфтану ҷанг кардану ногап шудан — ин маънои сергапӣ ё пургӯии моро дорад, ба болои ин, аз мо асаб ва қувва сарф мешавад. Магар беҳтар нест, ки орому осуда зиндагӣ кунем? Магар беҳтар нест, ки худамонро шинохта, ба қадри доноӣ ва тавоноиямон сухан кунем? Магар беҳтар нест, ки аз рӯз то бегоҳ дод гуфтан дида, хомӯш ва бо табъи болида гаштугузор кунем?

Барои ин ҳама моро мебояд аз касе чизе интизор нашавем. Дар бобати ҳар сухани атрофиён, ки аксар ба мо умуман дахл надоранд, сахт наандешем. Гуноҳу савоби дигаронро “коммент” накунем. Ва барои он ки дигаронро маломат накунем ва сояҳои зиёдеро аз девор натарошем, бояд ҳар амалу сухани мо дар худ “дум” надошта бошад. Яъне дар ҳар амалу суханамон барои “коммент” кардани дигарон ҷой намонем.

Фикр мекунам то андозае ба саволи боло ҷавоб гирифтед. Яъне рӯзгори Робия барои пургӯӣ накардану ором зистани ҳар яки мо метавонад таъсири мусбат расонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here