Шахсиятҳои дунё доир ба технология чиро медонанд, ки мо намедонем?

Созандаи ширкати “Ipone” Стив Ҷобс гуфта буд: “… Мо ба кӯдаконамон иҷозати истифодабарии технологияи муосирро намедиҳем…”.

Ба иттилое, ки Билл Гейтс дар як мусоҳибааш додааст, фарзандонаш то 14-солагиашон тамоман ҳуқуқи истифодабарии технологияро надоранд ва пас аз синни 14-солагиашон дар як шабонарӯз танҳо 2 соат аз он истифода мебаранду халос.

Шон Паркер, яке аз асосгузорони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” гуфта буд: “Ягона танҳо Худо медонад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба майнаи сари кӯдакон чӣ таъсир мерасонанд”.

Ба инҳо монанд бисёре аз шахсиятҳои дунё намегузоранд, ки фарзандонашон ба технологияи муосир наздик шаванд. Пас, саволе пайдо мешавад, ки онҳо чиро медонанд, ки мо намедонем?

Техникаву технология: телефон, планшет, компютер, дастгоҳи аккосӣ… барои Фаршед ҳаммаънои оксиген буданд. Одамон агар дар як дақиқа 16 маротиба аз оксиген нафас гиранд, Фаршед дар ин муддат ба 4 хабари дар телефонаш омада ҷавоб медод, ба планшеташ 4 барнома насб мекард, бо компютераш 4 амали мехостаашро иҷро мекард ва ба воситаи суратгиракаш 4 акси “гӯё” мебардошт. Албатта, дар хаёлаш. Бепарда: набудани технология марги вай буд. Ӯ аз доштаҳояш, ки саропо барояш зарар меоварданд, нафас мегирифт. Бо онҳо хоб мекард. Онҳо восита мешуданд, ки субҳ бедор шавад. Бо шарофати онҳо гузаштани вақтро пайхас намекард. Ва умаман, зиндагиашро ба онҳо бахшида буду ҷудоӣ аз онҳоро тасаввур карда наметавонист.

Дар ин баробар, Хуршед бо андаке фарқият аз Фаршед кору зиндагӣ мекард. Ҳама он чизе, ки Фаршед дошт, дороии Хуршед аз вай зиёдтар буд, вале барояш телефону ноутбук вазифаву рисолати муайян доштанд: телефон барои ба шахсони зарурӣ занг задану ноутбук барои дарсу корҳои заруриро кардан буд. Ӯ хуб медонист, ки телефон барои 10 соат дар “Instagram” аксу “коммент” мондан нест. Вай дар зеҳнаш ҷой дода буд, ки ноутбук махсусан барои филмтамошокунӣ ихтироъ нашудааст.

Дар интиҳои кор Фаршед, ки умрашро беҳуда ва зоеъ гузаронидааст, пушаймон шуда буд, зеро дарк кард, ки корҳои то ин замон кардааш танҳо бар зарари ӯ будаанд.

Акнун меоем ба сухане, ки гуфтан мехоҳем: Аввалан, мо омода нестем ба истифодабарии техникаву технологияи муосир. Зеро он дар худ дунёи дигарро дорад ва мо чӣ қадаре, ки истифода кунем, ба он мисли ботлоқ ғарқ мешавем, аммо сериамонро намебинем. Мо дар интернет худамонро идора карда наметавонем. Мо чӣ ҷустану чӣ гирифтанамонро намедонем. Тасаввур кунед, чанде пеш субҳгоҳон бо овози хурӯс аз хоб бедор мешудем, вале ҳоло агар ба кор, дарс, маҷлис… дер монем, ҳатман, ки беибо ва норозиёна айбро аз худ дур карда, ба сари телефону планшетамон мезанем, ки онҳо рисолаташонро иҷро накарданд, яъне моро аз хоб нахезониданд.

Барои Фаршед нашудан бояд бо технологияи муосир, махсус бо навъҳое, ки дар хона дорем, хуб шинос шавем.

Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here