Мо онро чӣ гуна мефаҳмем?

 

Бо вуҷуди он ки таътилро бо ду ҳарфи т менависем, набояд тутала хонда шаваду бо т т ҷаъмбасташ кунем.

Хушбахтона, чанде пеш соли таҳсили 2018-2019 дар макотиби миёнаву махсус ва олии кишвар ба итмом расид. Доир ба хонандагони макотиби миёнаи ҷумҳурӣ ҳаминро гуфтан зарур аст, ки бо сабаби чанд соли қабл салоти ҷанозаи занги охирро хондан, ҳоло пас аз 11 соли якҷо буданҳо ба хонандагон мегӯянд: “Имрӯз дарсҳои шумо тамом шуд, аз фалон рӯз имтиҳонҳоятон оғоз меёбанд! Тамом! Хайр!”. Толибилмони макотиби махсуси касбӣ ҳам ба ҷуз даводаву ташвишҳои корҳои хатм дигар чизеро ба ёдгор намегиранд, агар ки фаҳмише гирифта бошанд, хушбахт ҳастанд. Донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо низ ҳеҷ навгонӣ ва дигаргуниеро намебинанд. Ташвишу изтироб насиби онҳо мегардаду халос. Боз хушбахтона, дар ин баробар хонандагону донишҷӯён имтиҳоноташонро ҳам супурданд. Ва ба қавле таътили тобистона оғоз шуд.

Таътил оғоз шуд. Таътиле, ки бисёриҳо дар интизораш буданд. Таътиле, ки оғозшавияш барои баъзеҳо хубу барои баъзеҳои дигар бад аст. Таътиле, ки қисме танҳо ду моҳи бекорӣ, истироҳат, оворагардӣ, берун аз ҳама қолабҳо мешиносанд ва қисми дигар баръакс. Таътиле, ки дар он ба назар мерасад, ки ҳар нафар кӯшиши онро истифода кардан намекунад.

Аслан таътил чист? Замонест, ки байни дарсҳо дар ихтиёри толибилмон гузошта мешавад. Муддатест, ки барои барқароршавии руҳиву ҷисмонӣ пешбинӣ шудааст. Лаҳзаест, ки набояд онро беҳуда гузаронид. Моҳҳоест, ки бо истифодаи дурусти онҳо мо метавонем синфи нав ё курси навамонро аз варақи тоза оғоз кунем. Вақтест, ки на барои хоб ё бекорӣ, балки барои ҳаракат ба мо дода мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки таътилро мардуми дунё ҳар кадоме ба таври худ, ба қадри дарку фаҳмиши худ фаҳмида, онро мегузаронанд. Дар ин ҷараён мо низ истисно нестем ва бешубҳа метавон гуфт, ки таътили тоҷикона бисёр мураккаб буда, мардуми мо дар бораи он фаҳмиши гуногун доранд ва онро ба тарзу намудҳои ба худу атрофиён хос мегузаронанд. Аз ҳама аҷибаш ин ки, дар гузаронидани таътил баробарӣ ва якрангӣ тамоман мушоҳида намешавад, зеро ҷайбҳо баробару якранг нестанд.

Яке сӯйи модараш нигариста, бепарвоёна мегӯяд: “Ба падарам гӯед, ки ман имсол ҳам таътиламро дар Италия намегузаронам”. Садои дигареро бошад, падараш бо оромӣ аз гӯшаки телефон мешунавад: “Додо, ина дарсову имтиҳонҳоям тамом шуданд ва шукр, ки ҳамаашро бе ягон мушкилӣ паси сар кардам. Ният дорам, ки дар таътил хона наояму коре ёфта, қарзи бонкро диҳем, ҳамон қарзеро, ки барои маблағи шартномаи донишгоҳамро супурдан гирифта будед”. Саввумӣ таътил шудааст мегӯяду ба қавле хӯрда мегардад. Чаҳорумӣ бошад, каме дам гирам гуфта, ба ким-кадом корҳо машғул мешавад. Панҷумӣ чӣ кор карданашрову шашумӣ чӣ гуна вақташро сарфа карданро намедонанд. Ва ин рӯйхатро метавон давом дод, зеро фаҳмишҳо зиёданд, аммо…

Таътилро ҳар яки мо дар даруни ҳамин қолабҳо мефаҳмему медонем ва фикри ғолиб ҳам ин аст, ки бисёр кам вохӯрдан мумкин аст нафаронеро, ки аз ин қолаби муайян берун фикр кунанд, ба истиллоҳ, қолабшикан бошанд.

Вале бояд дар назар дошт, ки таътил доштан ё ба таътил баромадан маъноеро надоранд, ки пурра вақти дар ихтиёр доштаатро ба хоб, истироҳат, гандумдаравӣ, лагер, саёҳат… гузаронӣ, балки ба мо вазифаву машғулиятҳои зиёдеро вогузор хоҳад кард.

P.S. Доир ба чӣ гуна гузаронидани таътил ҳатман хоҳем гуфт.

Добавить комментарий